Раҳматшо РАҲМАТЗОДА,
омӯзгори мактаби №35-и
ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Равоншиносӣ калиди тиллоии инкишофи ақл, зеҳн, хотира, шавқу завқ, ирода, қобилият, фаъолият, умуман, ҳамаи протсессҳои инкишофёбист. Шарти асосӣ дар он аст, ки мо ба ҳамгироии ҳиссиёту ирода ва протсессҳои маърифатии шахс (эҳсос, идрок, хотир, таффакур, нутқ, хаёл) ва хусусиятҳои равонии шахс (мизоҷ, характер, қобилият) ва ғайра, диққати ҷиддӣ диҳем. Аз ҳама асосиаш ҳиссиёти руҳбахш мебошад, зеро ки одамро фаъол мегардонад, ҳаёту фаъолияташро беҳтар мекунад ва қувваю ғайрати одамро зиёд мекунад.

Чаро мо аз ин қувваю ғайрати худодод камтар истифода мебарем?

Дар таърих оид ба таъсири ин гуна ҳиссиёт ва аҳаммияти он мисолҳо фаровонанд.

Ҳангоме ки Диагори Юнонӣ мефаҳмад, ки се писараш дар бозиҳои олимпӣ ҷойи аввалро гирифтаанд, аз эҳсосоти хурсандӣ шодимарг мешавад. Драмманависи номии Юнон Софокл дар зери садои пурхурӯши кафкӯбии ҳаводоронаш, ки истеъдоди ӯро эътироф ва тақдир мекарданд, аз таъсири эҳсосоти руҳбахш дилкаф шуда буд. 

Ривояте аст, ки Абуҳанифа гуфт: “Рӯзе дар айёми ҷавонӣ бар Шеъбӣ гузор кардам ва ӯ нишаста буд, маро ба сӯйи худ хонду гуфт: 

-Ба наздӣ кӣ меравӣ?

Гуфтам:

-Ба фалон ҷой меравам (яъне, бозор).

Гуфт:

-Манзурам бозор нест, мақсадам рафтан ба назди олимон аст.

Гуфтам:

-Ман ба назди олимон кам рафтуомад дорам.

Гуфт:

-Ин тавр макун, ту бояд дар илм назар кунӣ ва бо олимон ҳамнишин бошӣ, зеро ман заковат, ҳушёрӣ ва ояндаи бузургро дар ту мебинам.

Абуҳанифа гуфт:

Сухани ӯ он қадар дар қалбам асар кард, ки дигар рафтан ба бозорро тарк карда, роҳи маҷлиси олимонро гирифтам”. 

Ана ҳамин чаҳор калимаи асосӣ (заковат, ҳушёрӣ ва ояндаи бузург) эҳсосоти Абуҳанифаро ба дараҷаи олӣ расонидааст. Ҳамин чаҳор калима, ки боиси эҳсосоти руҳбахш гардидаанд, вайро дар ҷаҳон ба қуллаи баланди бузургӣ расонидааст.

Ҷузҷонӣ нақл намудааст: “Рӯзе шайх (Ибни Сино) дар ҳуҷраи амир Алоуддавла нишаста буд ва Абумансури Ҷаббон — луғатшинос ва забондон ҳам ҳузур дошт. Дар забон масъалае пеш омад, ки шайх ҳарчи ёдаш омад, дар ин бора гуфт. Абумансури Ҷаббон ба ӯ рӯ оварда гуфт: “Дар воқеъ, ту файласуф ва ҳаким ҳастӣ, вале дар забон ту чизе нахондаӣ, ки боиси қабули каломи ту бошад”.

Шайх аз ин сухан ба қаҳр омада, бо эҳсосоти олии руҳбахш ба омӯхтани китобҳои луғат машғул шуд ва дар забон ба пояе расид, ки мисли он кам иттифоқ меафтод. Ӯ се қасида иншо карда, дар онҳо лаҳзаҳои дар луғат камёфтро ба кор бурд ва се китоб навишт. Абумансури Ҷаббон пас аз ин пушаймон шуда, бахшиш пурсид.

Ҳиссиёт ҳамаи ҷиҳатҳои фаъолияти равоншиносии одам: эҳсос, идрок, фикр ва хаёл, ҳамаи намудҳои фаъолияти ӯро фаро мегирад ва ба онҳо тобиши муайян медиҳад.

Академк И.П.Павлов нишон додааст, ки одам  системаи тому ягонаест, ки ӯ худро идора карда ба тартиб медарорад ва тағйир ҳам медиҳад. Дар ин тағйирдиҳӣ, пеш аз ҳама, эҳсосоти руҳбахш нақши калидӣ дорад. Шахс  дар зери ин таъсироту ҳамгироӣ ва дигар протсессу ҳолатҳои равонӣ худашро тағйир додан метавонад, ба шарте  ки таъсироти мувофиқ расонида шавад. Дар таъсироти мувофиқ расонидан эҳсосоти руҳбахш нақши калидию тиллоӣ дорад. Ҳар қадар ин таъсирот бештару чуқуртар шавад, илҳоми шахс пайдо шуда, дар ҳамгироӣ шахсро ба сӯи қаҳрамонӣ мебарад. Ҳамаи ободкориву созандагӣ, қаҳрамониву бузургиҳо бар асари ҳамин эҳсосоти руҳбахш рух додаанду боз ҳам рух хоҳанд дод.

Тамоми бузургону қаҳрамонҳо дар таъсири ин эҳсосот ба қуллаи мурод расидаанд. Эҳсосоти руҳбахшро «арсаи нангу номуси миллат» гӯем ҳам, хато намекунем. Ҳамаи ашхосе, ки дорои эҳсосоти руҳбахшанд, масъулиятшиносанду дорои виҷдони олӣ буда, хазинаи тиллоии ҷамъиятӣ мо мебошанд.

Маҳорати олии омӯзгорӣ дар он аст, ки мо аз ҳамгироии эҳсосоти руҳбахш бо дигар ҳолатҳо ва протсессияҳои равонӣ мувофиқи мақсад истифода намоем. Эҳсосоти руҳбахш, пеш аз ҳама, ба ирода ҳамгиро буданаш шарти асосист, зеро ҳангоми ин ҳамгироӣ хонанда дар зери таъсири эҳсосоти баланд дар назди худ мақсад мегузорад, ки бо қатъият донишомӯзиро давом дода, ба душвориҳо тоб меорад, яъне, суботкорӣ нишон медиҳаду  аз  кори беҳуда даст мекашаду худдорӣ намуда, ҷасуронаву мардона барои ба мақсади арзишмандаш расидан кӯшишу ғайрат менамояд. Пеш аз ҳама, манфиати ин ҳамгироӣ дар он аст, ки диққати хонанда устувор мешавад ва беҳтар дарк менамояд. Ҳамзамон, дониши гирифтааш дар хотираш муддати дароз мемонад. Ин ҳамгироӣ хонандагонро ба муваффақиятҳои донишомӯзӣ ҳидоятгар мешавад. Хонанда аз ин руҳбаланд гардида, ба эҳсосоти бештаре фаъолият менамояд, ки дар натиҷа қобилияташ зиёд мешаваду фаъолияташ самарабахш ва боз бештар шавқу ҳавас ва робитааш ба донишомӯзӣ афзун мешавад. Донишу маҳорат ва малакааш ба одати донишомӯзӣ табдил меёбад, ки ин аст занҷири тиллоиӣ эҳсосоти руҳбахшӣ донишомӯзиву ба муваффақиятҳои бузург ноил гаштан. Одат қувваи бузурги ҷозибае дорад, ки шахсе агар ба донишомӯзӣ одат кунад, дигар ҳамеша илм меомӯзаду то охири умр аз донишомӯзӣ даст кашида наметавонад. Аксарияти олимону бузургон дорои ин гуна одати тилоиӣ донишомӯзианд. Натиҷаи ин одат аст, ки ба мақсади арзишманди гузоштаат ноил мешавӣ ва меваи шаҳдрези истеъдодро, ки дараҷаи олии донишомӯзӣ аст, ба бор меорад. Суоле ба миён меояд, ки чаро мо аз ин эҳсосоти руҳбахши қаҳрамониву бузургӣ ва оламорову оламгире, ки шахсони дорои ин эҳсосотро ба қуллаи баланди мурод    мерасонад, ниҳоят кам истифода мебарем?  Бесабаб нест, ки Камоли Хуҷандӣ гули андешаашро ин тавр иброз намудааст:

 

Ҷаҳоне  пур зи мақсуд аст, роҳе равшану пайдо,

Дареғо ташналаб хоҳем мурдан бар лаби дарё.

Касе, к-аз талъати хуршед ҷуз гармӣ намебинад,

Дило маъзур дораш, ки дорад чашми нобино.

Ин эҳсосотро дар дил парвариш диҳему мақсадҳои арзишманд гузорему дар ин майдони бузургиву қаҳрамонӣ барои халқу   кишвари худ хизмати арзанда намоем. Ашхоси  таърихие, ки дорои ин гуна эҳсосотанд, ба мисли Шерак, Муқаннаъ, Темурмалик ва дигарон ҳатто, дар лаҳзаҳои муҳимтарин аз душманон натарсида, ба қаҳрамониҳои бемислу монанд ҷонашонро барои озодиву ободии халқу кишварамон бахшидаанд. Бояд қайд намуд, ки эҳсосоти руҳбахш илҳоми касро ба авҷ меораду руҳу илҳоми тозаи созанда мебахшад. Дар ин ҳангом масъулияту виҷдон ҳамгиро шуда, илҳоми эҳсосотро ба дараҷаи олӣ мерасонад. Ин ҳамгироӣ асоситарину бузургтарин қуввае ба бор меорад, ки онро майдони фароху васеи қаҳрамониву ҷасурӣ ва бузургӣ  номем,  хато намекунем. Ин майдони “Тоҷикистон ба пеш!” аст. Танҳо мардони дорои эҳсосоти руҳбахш,  ба мисли  Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар қаҳрамонон ин майдонро зеббахши ҷаҳон, яъне, ҷаҳонзебу ҷаҳоноро мегардонанд. Асоситаринаш ин маҳорати омӯзгорӣ ва сабаби муваффақиятҳои беҳтарини ҳар як муаллим илми равоншиносиро донистану онро дар амал татбиқ кардани омӯзгорон аст. Аз ин лиҳоз, муҳим аст, ки ба дунёи ба худ хоси кӯдакон ва дигар шогирдон сарфаҳм рафтанро ҷустуҷӯй намуда, ба онҳо бодиққат, хайрхоҳона ва ғамхорона муносибат карда, ҳамзамон, оқилона бо оҳанги ниҳоят таъсирбахши беғаразона калом намудан калиди муваффақиятҳост. Муҳим аст, ки равиш ва ҷараёни фаъолият ва сабабҳои муваффақиятҳои донишомӯзиро омӯзем, таҳлил намоему ба хулоса оем. Баҳаяҷоноӣ ва руҳбаландии эмотсионалӣ бояд нуқтаи асосии ҳар гуна кори тарбиявию таълимӣ бошад. Ҳамаи он чизҳое, ки талабаҳо ҳангоми дарс дар ҳолати руҳбаландӣ, мавҷуд будани шавқу завқ ва ҳиссиёти мусбат аз худ  мекунанд, нағз фаҳмида шуда, мисли нақше бар санг мемонаду муддати дароз ба хотир гирифта мешавад ва дар чунин шароит худи фаъолияти таълимӣ сермаҳсултар мешавад.  Муҳим аст, ки ба хонандагон таъсироти амиқу жарфи ҳидояткунанда бахшем. Дар  кори  таълиму тарбия қобилияти ба талаба таъсири бевоситаи эмотсионалию иродавӣ расонида тавонистан бароио мӯзгор хеле муҳим мебошад. Ин гуна лаёқат ба сифатҳои шахсии омӯзгор вобастааст. Бояд қайд намуд, ки барои ба эҳсосоти руҳбахши хонандагон таъсир расонидан  оҳанги махсуси ҳидояткунанда, ба ваҷдоранда нақши калидӣ дорад. Ҳамзамон, қобилияти ба воситаи нутқ равшану аниқ, бо оҳанги руҳбаландкунандаву ба ваҷд оранда ифода карда тавонистани шиору ҳиссиёт хусусияту маҳорати ниҳоят муҳимми омӯзгори ботаҷриба мебошад. Барои таъсири амиқ расонидан нутқи  омӯзгор бояд васеъ ва образнок буда, оҳанги равшан ва тобиши эмотсионалӣ дошта бошад. Протсессҳои равонӣ шартҳои  зарурии фаъолияти одам мебошад. Ҳамаи фаъолиятҳои одам бо диққат, идрок, тафаккур ва  дигар протсессҳои равонӣ, ки бе он ягон хел фаъолияти одам вуҷуд дошта наметавонад, алоқаманданд. Алоқамандӣ ва вобастагии байниҳамдигарии протсессҳои равонӣ ва  фаъолият бояд ҳамгиро карда  шаванд,  ки ин ҳамгироӣ метавонад, натиҷаи беҳтарин  диҳад. Ҳамгироӣ дар замони муосир барои  ҳамаи соҳаҳои донишомӯзӣ ниҳоят муфид аст. Ба таври умумӣ қайд кунем, соҳаи  эмотсионалии шахсиро (ҳиссиёт ва ирода) бо протсессҳои маърифатии шахс (эҳсос, идрок, хотир, тафаккур, нутқ ва хаёл), ҳамзамон, бо хусусиятҳои равонии шахс (мизоҷ, характер, қобилият) ҳамгиро намудан калиди тиллоии маҳорати ҳамгироии омӯзгорӣ аст. Дар ҳолати ҳамгиро намудани ин эҳсосот ирода ва дигар  протсессҳои маърифатӣ ва хусусиятҳои равонии шахс меваҳои (шаҳдрези) ин ҳамгироиро ба бор меорад.

Эҳсосоти руҳбахш ба ҳамаи протсессҳои  маърифатӣ ва хусусиятҳои равонӣ ҳамроҳ   шуда, ба ҳамаашон дар асоси ҳамгироӣ тобиши муайян ва муваффақиятҳои беназир мебахшад. Аз ин  лиҳоз, ашхоси дорои эҳсосоти  баланди руҳбахш захираи тиллоии ҷамъиятӣ  мо мебошанд, ки дар ҳамаи замонҳо қаҳрамонию  бузургӣ нишон додаанд, нишон дода истодаанд ва нишон хоҳанд дод. Муҳимтаринаш он аст, ки ашхоси дорои эҳсосоти баланди руҳбахш доимо омодаи онанд, ки барои миллату давлати худ ҷонашонро дареғ надоранд ва Тоҷикистони азизамонро ба биҳишт табдил  диҳанд. Ба мисли Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар қаҳрамонони ҳамаи давру замонҳо. Ин эҳсосот қаҳрамонҳои зиёдеро ба вуҷуд оварду оварда истодааст ва дар оянда низ хоҳад овард. Ҳамин эҳсосот дар оянда захираҳои тиллоии беҳисоб ва ашхоси  масъулиятшиносу бавиҷдонро ба мо хоҳад  бахшид. Муҳим аст, ки аз ин эҳсосот оқилона, дурандешона ва бомаҳоратона истифода  намуда, аз шиори “Тоҷикистон ба пеш!” ҳадафмандона истифода барему Ватани азизамонро  ба биҳишти ҷовидон табдил диҳем. Калиди тиллоии масъалаҳои равоншиносӣ фаҳмонидани алоқамандии  ҳолатҳои равонӣ ва ҳамгироии онҳо ба протсессҳои равонӣ мебошад. Дар хонандагон пайдо кунонидани таассуроти мусбати эмотсионалӣ ҳамеша ба манфиати кор аст. Сифати асосии ҳиссиёти руҳбахш аломати махсус ва зарурии муносибати эмотсионалии шахс аст. Тараққиёти равонии бачаро  омӯхта истода, бояд қонуният ва хусусияти  асосии пешрафти равонии ӯро ошкор кард,  сабабҳои маҳз ҳамин хел ҷараён ёфтани тараққиёти бачаро сарфаҳм  рафт ва дар асоси чуқур омӯхтани ин  усулҳои такмили минбаъдаи протсесси тарбия ва таълими бачаро дар оила ва  мактаб  пешбинӣ  кард. Ба  тарафҳои  равонии   бачаҳо  на  танҳо  дониш,  маҳорат  ва  малакаҳои  омӯзгор,  балки хислатҳои маънавӣ-равонии шахсияти ӯ таъсири   калон мерасонад. Дар рафти таълиму тарбия омӯзгор ба  шууру  ҳисси хонандагон таъсири мақсадноки педагогӣ мерасонад. Омӯзгор  нисбат ба ҳар як хонанда бодиққату хайрхоҳ буданаш  муҳим аст. Дар баробари ин, шахсияти бачаро ҳурмат кунад, хусусиятҳои фардӣ-равонии ӯро ба ҳисоб гирифта, тамоми кӯшишро  баҳри тарбияи характер ва иродааш  бахшад.

Чӣ тавр эҳсосоти руҳбахшро талқин ва  таъсирбахш метавон  кард: 

1) Бо оҳангҳои баваҷдоранда, ҳидояткунанда, ғамхорона, дилсӯзона муносибат  кардан.

2) Маҳорати суханронӣ дар ҳамгироӣ бо мимика (мимика – ҳаракатҳои  ифоданоки рӯй, ки ҳиссиёту муносибати одамро инъикос  менамояд).

3) Пантомимика – ҳаракатҳои ифоданоки бадан, вазъияти ҷасади одам ва имо, ки ҳиссиёт ва муносибати  одамро  инъикос  менамояд.

4) Равшану эмотсионалӣ ифода ёфтани  нутқ.

5) Ба оҳангҳои махсуси гуногуни руҳбаландкунанда, илҳомбахшанда,  диққатҷалбкунанда ҳамгиро  намудани мимика ва  пантомимика.

6) Ҳолати  руҳии бардам  шавқу ҳаваси талабаҳоро нисбат ба машғулиятҳо баланд  мекунад, онҳоро ҳассостар ва ба хотир гирифтани маводро хубтар мекунад.

7) Бо ёрии машқҳои пайдарпай дар  хонандагон ташаккул додани эҳсосоти  руҳбахш.

8) Мунтазам  хонандагонро  ҳавасманд  намуда, илҳом  бахшидану  ҳидоят  намудану дастгирӣ кардан.

9) Чунин  шароиту  имконияте ташкил  кардан муҳим аст, ки хонандагон бештар  ба муваффақиятҳои  донишомӯзӣ шарафёб шаванд.

10) Ташкили мусобиқаҳою озмунҳои  гуногун  ва  иштироки фаъолу салоҳиятнокии  хонандагон  дар  ин  озмунҳо.

11) Хонандагони сустхону камфаъолро дастгирӣ  карда, бо супоридани вазифаҳои  одитарин, дар  навбати аввал, онҳоро ба  комёбиҳо рӯ ба рӯ  кардану оҳиста-оҳиста  супоришҳоро мураккабтар  намудан.

12) Дастгириву ҳавасмандкунии муваффақиятҳои гуногуни хонандагон, ҳатто, мувафаққиятҳои хурдтарини онҳоро қадр  карда, ҳавасманд  намудан.

13) Дар  кори  таълиму тарбия қобилияти  ба талаба  таъсири  бевоситаи  эмотсионаливу иродавӣ  расонида  тавонистани  омӯзгор  ниҳоят  муҳим аст.

Баъзе суолҳо  оид ба  ҳамгироӣ:

1) Чӣ ба эҳсосот  таъсир  мерасонад?   -Дарк.

2) Чӣ ба дарк таъсир  мерасонад? -Шавқу  ҳавас.

3) Чӣ ба шавқу  ҳавас таъсир  мерасонад?  -Талабот.

4) Чӣ ба талабот таъсир  мерасонад? -Маром ё сабабҳои  водоркунанда.

5) Чӣ ба маромҳо таъсир  мерасонад? Донистани зарурат ва аҳаммиятнокии маромҳо.  Чаро  одам  назди худ  ин  ё  он  мақсадро  мегузорад?

Мақсад гузоштан  кам аст.  Бояд  сабабҳои  гузоштани мақсадҳоро донист,  яъне  маромҳо одатан  мақсадҳоро  бо  ягон  сабабе  мегузоранд.  Ба  мақсад  расидан  натиҷаи  амали  иродавӣ  аст. Аз ҳама муҳимаш хонандагонро  дилпур  кардан ва эҳсосоти  руҳбахш бахшида, ба майдони шоистагии  бузургӣ  ворид кардан  аст.

Аҳаммияти ҳиссиёт дар ҳаёт ва фаъолияти одам бениҳоят калон аст. Ҳиссиёт барои  бартараф  намудани душвориҳо  дар  таълим  ва фаъолияти  эҷодӣ ёрӣ мерасонад. Ҳиссиёт  аксар вақт рафтори  одам,  гузошта  шудани  ин  ё  он  мақсадҳои ҳаётиро  муайян  мекунад.

Дар ҳамгироии  эҳсосоти руҳбахш ва  ирода мо фаъолияти худро бошуурона идора менамоем. Шуур таъминкунандаи  мақсаднокии одам  аст. Ниҳоят муҳим аст,  ки ҳам хонандагону ҳам омӯзгорон мақсадҳои арзишманд гузоранд. Мақсаднокии ҳадафрас дар ҳамгирои эҳсосоти  пурзӯри  руҳбахш барои ба  мақсад  расидан, ҳамзамон, муттасил ва суботкорона  саъю  кӯшиш  кардан, машқ  кардан  ва  меҳнати мураттаб ба натиҷаҳои ҳайратовар расонида метавонад.

Асоситаринаш ин аст, ки иродаи қавӣ бо  ҳамгироии эҳсосоти руҳбахш ба сӯйи донишу маҳорату малака  ҳидоятгар аст. Одат, ки калиди тиллоии донишомӯзӣ аст, моро ба сӯйи  қуллаи баландтарини бузургӣ ҳидоятгар мешавад. Хотири эмотсионалӣ шарти муҳимтарини тараққиёти одам мебошад. Ҳиссиёт асоси шаклгирии ақлу заковат буда, кӯдакони дорои ҳиссиёти баланд, доно, кунҷков, чаққон, зирак ва пухта мешаванд.

Кӯдаконе, ки эҳсосоти баланд ва масъулияти хуби фаҳмидан доранд, ҳамеша дар донишомӯзӣ муваффақанд. Шавқу ҳавас, майлу  рағбат, суботкорӣ, кӯшишу ғайрат, фаъолият,  зеҳн, диққат, хотир, ирода, хулоса ҳамаи ҳодисаҳо ва ҳолатҳои равонии одам бо эҳсосоти  руҳбахш алоқаи ногусастанӣ дорад.

Асоситаринаш он аст, ки мо аз қувваю  имконияти захиравӣ ва фаъолияти болидаруҳии  хонандагон ба таври доимӣ истифода барем. Агар истифода набарем, он гоҳ ба пастшавии шавқу ҳаваси маърифатӣ ва суст гардидани ҳиссиёти ақлӣ мерасонад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, онҳое, ки дорои ҳиссиёти баланди руҳбахшанд, аълохон мебошанду ҳар  қадар эҳсосоташон баланд бошад, ҳамон қадар дар озмунҳо ҷойи намоёнро мегиранд. Ин шахсон захираи тиллоии ҷамъиятанд.

Баъзе  масъалаҳо:

1) Дар кори таълиму тарбиявӣ маҳорати ба талаба таъсири бевоситаи эмотсионалӣ — иродавӣ расонида тавонистани  омӯзгор ниҳоят муҳим аст.

2) Барои тараққиёти ҳиссиёти олии  бачаҳо ҳиссиёти ахлоқӣ, ақлӣ ва эстетикӣ   муассисаи таълимӣ бояд шароит муҳайё  созад.

3) Мақсаднокӣ бо ҳамгироии иродаи қавӣ ва эҳсосоти руҳбахш дар инкишофи  хонанда нақши калидӣ дорад.

4) Бодиққату пурра дарк намудан,   фаъолона фикр кардан, эҷодкорона дар  амал  татбиқ кардан роҳ ба сӯйи эҷодкорӣ  аст.

5) Маҳорати (такти) педагогии моҳиронаи мақсадноки ҳадафрас ҳидояти тиллоии донишомӯзист (такти педагогӣ — маҳорат,  мудохила, муносибат, амал ва таъсир).

6) Бо омӯзгорон бояд дар ҳар талаба  ёфтани ҳамон ҷиҳати хубу мусбате, ки  ҳангоми таълиму тарбияи ӯ ба он такя намудан лозим меояд, кӯшиш намоем.

7) Дарёфти далелҳои муҳимтарине, ки  ба тараққиёти хонандагон таъсир кардаанд (барои дар оянда таъсири бештар расонидан).

8) Ба қадри имкон муайян намудани  сабабҳои дағалии кӯдакон ва ислоҳи ин   сабабҳо.

9) Ба ҳисоб гирифтани хусусиятҳои   фардию равонии кӯдакон, диққати ҷиддӣ  додан ва кӯшиш намудан баҳри тарбияи   характеру иродаи онҳо.

10) Ба шууру ҳиссиёти хонандагон   таъсири мақсадноки педагогию равонӣ расонидани омӯзгор.

11) Диққати  асосӣ додан ба роҳҳои одат  намудани хонандагон ба донишомӯзӣ.

12) Барои ҳамгироии майл, шавқу  завқ, кӯшишу ғайрати хонандагон ба донишомӯзӣ ва ҳамзамон, барои ҳамгироии эҳсосоти руҳбахш бо илҳоми эҷодии хонандагон кӯшиши доимӣ ба харҷ додан.

13) Ҷустуҷӯ намудани имкониятҳои ба  дунёи рангинии кӯдакон сарфаҳм рафтану   ба эҳсосоти руҳбахши хонандагон таъсироти амиқ расондан.

14) Бо ҳамгироии эҳсосоти руҳбахш бо  идрок ва дигар ҳолатҳо ва хусусиятҳои   равонии кӯдакон, онҳоро салоҳиятнок, фаъол, масъулиятшинос ва дорои виҷдони  олӣ намудан.

15) Баъзан дар мубориза ба муқобили  қафомонӣ шароитҳое омода намудан   муҳим аст, ки хонандаи сустхони камфаъол   якчанд маротиба баҳои мусбат гирифта  тавонад, зеро боварии хушнудона ва ба  беҳтар шудани сифати дониши талаба сабаб мешавад, хонанда фаъол мегардад.

16) Ҳолати руҳии  хуб хоҳиши ҳамеша  беҳтар фаъолият карданро пайдо мекунад.

17) Ба иродаи қавӣ ва устувории хонандагон диққати ҷиддӣ додан, зеро ирода ҳоким ва назораткунандаи ҳиссиёт аст.

18) Устувории ҳиссиёт бо чуқурии ҳиссиёт дар ягонагӣ зоҳир мешавад, ки рағбат  ном дошта, барои афзудан ва дарозмуддат шудани қувваи эҳсосоти хонандагон нақши   калидӣ дорад.

19) Муваффақияти фаъолият, ҷавоби  дурусти талаба дар дарс, кори хушсифат  иҷрошуда, муддати дароз хушнудӣ ва ҳолати эҳсосоти руҳбахшро ба вуҷуд меорад.

Талабот заминаю сарчашмаи фаъолияти  одам мебошад. Талаботи заиф дар раванди  чандинбора қонеъ гардиданашон нисбатан   устувор мешаванд. Пас аз ин маром, яъне  қувваи ботинии шахсро меноманд, ки ӯро барои иҷро гардонидан ин ё он талабот водор  мекунад. Дар ин ҳамгироӣ шавқу ҳавас оғоз  меёбад, ки муносибати ҳисси инсонро  ба объектҳое ифода мекунад, ки ба талаботи устувори одам алоқаманданд. Шавқу ҳавас дар сурати  устувор гардиданашон ба талабот мубаддал  мегардад. Агар бо рағбати устувор талаботро   ба ҷо орем, он гоҳ рафта-рафта донишу маҳорату малакаи хонандагон ба истеъдод мубаддал мешавад. Ин аст занҷири тиллоии мақсадноки ҳамгироии ҳадафрас.

Бо   рағбат  ба  сӯйи мақсад  майл  кардан, ки бо ҳиссиёти баланду наҷиб қувват дода   шудааст, барои бартараф кардани ҳар гуна  душворӣ ва ба ҳар маҳрумӣ  тоб овардан  имкон медиҳад.

Шартҳо ва сабабҳои бедор ва афзун кардани эҳсосоти руҳбахши хонандагон.

1) Муҳимтарин шарте, ки хонандагон   мепазиранд ва маъқул мекунанд, ин аст, ки  вақтҳои зарурӣ хонандагонро аз рӯйи  адолат таърифу тавсиф мекунанд ва ба онҳо  баҳои сазовор медиҳанд.

2) Ҳар қадар муваффақият пайдо шавад, ҳиссиёт ҳамон қадар пурқувват, чуқур  ва дарозмуддат мешавад, ки ин рағбати донишомӯзист.

3) Илҳоми хонандагонро бо ташкили   мусобиқаҳои гуногуни донишомӯзӣ бо эҳсосоти руҳбахш ҳамгиро намудан.

4) Барои ҳамгироии илҳому эҳсосот тамоми шароитро омода  намудан,   зеро  илҳом  эҳсосотро меафзояду, эҳсосот илҳомро ва ин ҳамгироӣ заминаи муваффақиятҳои минбаъда хоҳад  буд.

5) Дар хонандагон тарбия намудани   ҳамгироии майл, шавқу ҳавас ва рағбати донишомӯзӣ бо роҳҳои  ҳавасмандкуниҳои ҳархела занҷири тиллоии таъсироти эҳсосоти руҳбахш мебошад.

6) Ҳамеша аз паи мақсадҳои наҷиби  оламоро будан натиҷаи масъулиятшиносӣ   ва виҷдони баланд аст.

7) Хотири эмотсионалӣ шарти   муҳимтарини тараққиёти шахс мебошад.

Ғизои тиллоии эҳсосоти руҳбахш ва  илҳоми ҷаҳонзебу ҷаҳоноро ҳидоят кардану ба муваффақиятҳои бузург ноил шудан  аст.

Эҳсосоти руҳбахш дар ҳамгироии илҳом  дар тамоми давру замонҳо майдони васеи  шоистагӣ, бузургӣ ва қаҳрамонӣ буд, ҳаст ва  хоҳад монд. 

Бо шиори оламорои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикистон  ба  пеш!”   ҳамроҳ  шуда,  кишварамонро ҷаҳонзебу ҷаҳоноро мегардонем!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *