Шуҳрат РАҶАБОВ,
дотсенти кафедраи технологияи
истеҳсолоти химиявии факултети химияи
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,
номзади илмҳои техникӣ

Абуалӣ Ҳусейн ибни Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Сино машҳур бо номи Абуалӣ Сино — яке аз бузургтарин донишмандону пизишкони ҷаҳон ба шумор рафта, ҳамчун ахтаршинос, кимиёдон, заминшинос, мантиқдон, риёзидон, физикдон, равоншинос, файласуф ва муаллими бузурги форсу тоҷик муаррифӣ гардидааст[1].

Ибни Сино беш аз 450 рисола дар бобҳои мухталифи илм навиштааст, ки то замони мо танҳо 240-и он маҳфуз мондаанд. Ин рисолаҳо аксар соҳаҳои гуногуни илмро фаро  гирифтаанд, аз ҷумла, 150-и он марбут ба илми фалсафа ва беш аз 40-и дигари онҳо ба соҳаи пизишкӣ бахшида шудаанд. Маъруфтарин асарҳои ӯ «аш-Шифо» ва «ал-Қонуну фи-т-тиб» ҳастанд, ки аз бузургтарин донишномаҳои тахассусӣ ва фалсафӣ буда, дар донишгоҳҳои Урупо то садаи XIX тадрис мешуданд. Дар китобхонаҳои давлатӣ ва шахсии олам 162 асари ӯ нигоҳ дошта мешавад. Муҳимтарин асарҳои Абуалӣ ибни Сино китобҳои «Ал-Қонун», «Китоб-уш-шифо», «Донишнома», «Китоби инсоф», «Ал-Ҳикмат-ул-машриқия», «Ан-Наҷот», «Ишорот ва танбеҳот» мебошанд. Ӯ ба забони форсии тоҷикӣ беш аз 30 рисолаву китоб дар илмҳои гуногун офаридааст, ки муҳимтаринашон «Донишнома», «Рисолаи набз», «Рисолаи илми пешин ва барин», «Мантиқи форсӣ», «Ҳалли мушкилот- ул-маъния», «Рисолаи тамсилоти форсӣ» ва ғайра мебошанд [4].

Сино дар рушди илми тиб саҳми бениҳоят арзандае гузоштааст, ки дар ҷаҳон ҳамчун падари пизишкии мудерн ва дорушиносӣ шумурда мешавад.

Дар асари худ бо номи «Китоб-уш-шифо» олим вобаста ба хосиятҳои шифобахш будани бисёр гулу гиёҳҳо ва маводҳои табиӣ маълумотҳои муфид фароҳам овардааст. Яке аз чунин маводҳои ба мо маълуму машҳур ин нафт мебошад. Вобаста ба хосиятҳои шифобахшии нафт ба ҳар гуна бемориҳо Сино таҳқиқоти зиёде гузаронида, хусусиятҳои онро дақиқ намудааст [6,7].

Ибни Сино мизоҷи нафтро гарм ва дар дараҷаи чорум муайян намуда, онро ба ду навъ ҷудо мекунад. Нафти сафед (парафин), ки хосияти шифобахшии зиёд дорад, ба маҳкамаҳои (тромби) раги хунгард шифо мебахшад. Нафти сиёҳ дар дигар самтҳои хоҷагии инсон низ истифодашаванда аст. Нафтро гарм намуда, ба бадан бимоланд, дарди бофта ва мушакҳоро даво мебахшад. Малҳами он барои шамолхӯрдагии гӯш ва гулӯ низ муфид аст. Нафт метавонад дарди чашм ва обравӣ аз чашмро зимни шамолхурдагӣ даво бахшад, инчунин, нафт барои табобати нафастангӣ ва сулфаи куҳна муфид аст. Беморон метавонанд, ки як миқдори ками онро бо оби гарм бинӯшанд. Нафт дарди рӯдаҳо ва бодҳоро таскин мебахшад, агар аз он шамъча (свеча) сохта истифода кунанд, кирми рӯдаҳоро мерезонад. Инчунин, истифодаи нафт пешоб ва ҳайзро меронад ва бодҳои дар масона ва сардии (воспалений) бачадонро даво мебахшад. Молидани он ба ҷойи газидаи ҳар гуна ҳашароти заҳрдори зараррасон шифобахш мебошад [8].

Дар китоби “Канзи шифо”-и Ҳомидҷон Зоҳидов аз таҳқиқоти Абуалӣ ибни Сино маълумотҳо зиёд оварда шудааст, ки мегӯяд: “Нафт рутубати равғании тундбӯй аст, ки аз қаъри баъзе заминҳо монанди зифт ва қир ҷӯшида бармеояд. Нафт ду навъ мешавад, сиёҳ ва сафед. Нафти сафед беҳтар ва латифтар аст ва аз сабаби латофаташ зуд ба ҳаво омехта мегардад. Вале нафти сиёҳ ба он андоза латиф нест, балки фақат бо тақтир сафед мегардад. Мизоҷи нафт дар дараҷаи чорум гарм ва хушк аст”. 

Вобаста ба хосиятҳои шифобахшии он Ҳомидҷон Зоҳидов дар “Канзи шифо” қайд намудааст, ки нафт ҳамчун даво аз аксари равғанҳо қавитар аст. Агар инро бинӯшанд ва бимоланд, гиреҳҳоро мекушояд, зуд таъсирбахш аст, гудозандаи сахтиҳо ва давои ҳамаи бемориҳои аз сардӣ баамаломада мебошад. 

Нафтро бимоланд, каҷ шудани рӯй, фалаҷ (шахшудани ними бадан), ларзак, кузоз (столбняк), карахтшавии пойҳо, суст ва нотавон шудани аъзо ва аксари дарду иллатҳои дигари сард ва тармизоҷро шифо мебахшад; бодҳоро пароканда мекунад, яъне, таҳлил медиҳад, дарди буғумҳо ва монанди инҳоро ба ибро меоварад. 

Агар онро дар чашм бикашанд ё бимоланд фаромадани зардобро ба даруни гавҳараки чашм шифо мебахшад ва гули чашмро нест мекунад. Онро нимгарм дар гӯш чаконанд, карии гӯш ва бодҳои даруни онро, ки садоҳои гуногунро ба амал меоваранд, дафъ мекунад. Нафтро каме бихӯранд, сулфаи куҳна, зуднафасӣ, дамкӯтаҳӣ, зиқ-ун-нафас, хун қай кардан ва бавосирро шифо мебахшад, сангҳои гурда ва хичакро майда карда мерезонад, кирмҳои меъда ва мақъадро хориҷ мекунад, бодҳои узвҳои дарунии шикамро таҳлил медиҳад, дарди рӯдаҳоро сокин мекунад ва сӯзиши пешобро сиҳат мекунад. 

Пахта ва ё латтаро ба нафт олуда аз пушт бимонанд, ҳам дар инсон ва ҳайвонот кирми рӯдаҳоро мерезонад. Истеъмоли нафт барои одамони гарммизоҷ зарар дорад, дарди сар мекунад ва давои ин зиёнаш сирко ошомидан аст; ба шуш ҳам зиён мекунад, дар ин ҳолат катиро бихӯранд, зарараш ислоҳ меёбад. Миқдори як бор ошомидан аз нафти сафед дар як рӯз аз 1 то 2,25 грам ва аз сиёҳи он то 4,5 грамм аст. Хоҳ сафед ва хоҳ сиёҳи онро бихӯранд, ҳамаи навъҳои заҳрро аз бадан дафъ мекунад [8].


Адабиёт

1. Ахадова М. А. Арифметическая часть «Книги знания» Ибн Сины. Геометрическая часть «Книги знания» Ибн Сины // Учёные записки Бухарского госпединститута. — 1964. — № 12.

2. Джибладзе Г. Н. Системы Авицены: Абу Али Ибн-Сина. Экзотерический очерк. (Некоторые обобщения и материалы). — Тбилиси, 1986.

3. Диноршоев М. Натурфилософия Ибн Сины. — Душанбе, 1985.

4. Завадовский Ю. Н. Абу Али Ибн Сина: Жизнь и творчество. — Душанбе, 1980.

5. Лютер И. О. Метафизика Ибн Сины: угол — отношение, качество, положение или всё-таки количество? // Историко-математические исследования. — 2003. — № 8(43). — С. 278—302.

6. Петров Б. Д. Ибн Сина (Авиценна). — М.: Медицина, 1980.

7. Сагадеев А. В. Ибн Сина (Авиценна). — М., 1985.

8. Большая энциклопедия нефти и газа. Электронный ресурс, режим доступа: URL: http://www.ngpedia.ru

9. Ҳомидҷон Зоҳидов “Канзи шифо” – Душанбе: “Ирфон”, 2013.- 850 саҳ.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *