Замира САФАРОВА,
докторант (PhD)-и Институти илмҳои гуманитарии
ба номи академик Б.Искандарови
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Мутобиқи банди 1-и моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатро муайян месозад, ки он қисман дар Паёмҳои Cарвари давлатамон низ инъикоси худро меёбанд. 

Паёми солонаи Президент ҳамчун маълумоти расмии солона доир ба вазъи кишвар дар самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат буда, ҳамзамон, дар он таҳлилҳо ва нуктаи назари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба самтҳои стратегии рушди Тоҷикистон дар ояндаи наздик ифода мегардад. Паём дар баробари муқаррароти дорои хусусияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва идеологӣ, ҳамчунин, дарбаргирандаи пешниҳодҳои мушаххас, ки ба фаъолияти қонунгузории парлумон марбут аст, мебошад.

Дар муайян намудани сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ Паёми Президент аҳаммияти хосса дорад. Он на танҳо  вазъи кишвар ва мавқеи он дар ҷаҳонро арзёбӣ мекунад, балки афзалиятҳои дарозмуддат, аз ҷумла, дар соҳаи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, сиёсати хориҷӣ ва дохилӣ, дар соҳаи маориф, амният ва мудофиаро муайян менамояд. Қобили зикр аст, ки дар амалӣ кардани ин афзалиятҳо талошҳои бунёдкорона ва  ҷидду ҷаҳди тамоми ҷомеа тақозо карда мешавад.

Яке аз омилҳои асосӣ ва муҳимме, ки ба таъмин намудани рушди устувор ва босуръати мамлакат мусоидат мекунад, ин танзими ҳуқуқии саривақтӣ ва ҳамаҷониба мебошад. Аз ин лиҳоз, қонунгузорро мебояд талошҳояшро пайваста ба такмил додани қонунгузорӣ ва ҳамқадами ислоҳоти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ будани қонунгузорӣ равона созад.

Дар Паёми имсолаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бархе аз масъалаҳои муҳимми ҳуқуқӣ ифода шудаанд. Алалхусус, ин ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ки дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар нақши калидӣ дорад. Ҳамзамон, бо мақсади тақвият бахшидани ин масъалаи калидӣ дар кишвар Барномаи  таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 амалӣ шуда истодааст. 

Ҳамчун мутахассиси соҳаи таърих ва ҳуқуқшиносӣ гуфта метавонам, ки ин ташаббус хеле ҳам бамаврид аст, зеро таҷрибаҳои ҳаррӯзаи кориамон шаҳодат бар он медиҳанд, ки шаҳрвандони кишвар, алалхусус, гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа дар масъалаи болозикр бо мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ мегарданд. Огоҳ набудан ва надонистани қонунҳои амалкунандаи кишвар ба он оварда мерасонад, ки шаҳрвандон ва гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа дар вазъиятии барои онҳо муҳим дар ҳолатҳои ногувор мемонанд. 

Ҳамзамон, паст будани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеа ба баланд шудани нишондоди қонуншиканиҳо дар ин ё он соҳа оварда мерасонад. Зеро саводнокии ҳуқуқӣ ин маънои донистани уҳдадориҳои худ ва роҳҳои ҳифзи онҳо мебошад. Дар ин ҷаҳони бо суръати баланд тағйирёбанда ва раванди беисти муҳоҷирати глобалӣ ҳар як шахс бояд ҳуқуқу уҳдадориҳои худро мушаххас донад. Танҳо маърифат ва саводнокии ҳуқуқии инсон гарави боз ҳам мустаҳкам гардидани қонуният ва эҳтироми он аз тарафи шаҳрвандон хоҳад буд. Ин нуктаи муҳим аз тарафи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз гардид: “Таъмин намудани дастрасӣ ба адолати судӣ ва иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, муҳокимаи ошкоро ва одилонаи судӣ ба таҳкими қонуният, пешгирӣ кардани содиршавии ҷиноят, эҳтиром ба қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамояд”. Дар ҳақиқат ҳам, ба шарофати маърифату саводнокии ҳуқуқӣ шахс метавонад ба таври созанда мушкилотеро, ки ҳангоми муошират бо дигарон ба миён меоянд, ҳал кунад. Танҳо дар асоси саводнокии ҳуқуқии ҳар як шахс муносибатҳои шаҳрвандон дар ҷомеа ба як низоми ҳуқуқӣ мубаддал хоҳанд гашт ва заминае барои барпо намудани як давлати дорои имкониятҳои устувору ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта хоҳад шуд.

Таъминоти волоияти қонун яке аз масъалаҳои дигари калидӣ дар низоми ҳуқуқии давлат ба ҳисоб меравад. Зеро волоияти қонунро ҳамчун меҳвари фаъолияти мақомоти ҳокимияти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ шуморидан мумкин аст. Дар ин самт, Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳон хеле бамаврид қайд намудаанд, ки “Ҷорӣ намудани технологияҳои муосири электронӣ дар фаъолияти судҳо низ аз ҷумлаи корҳои муҳим мебошад ва бояд дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида шаванд”. Бешубҳа, технологияи муосири электронӣ дар фаъолияти судҳо ва дигар сохторҳои дахлдор яке аз дигар равандҳои басо бамаврид ва актуалӣ шуморида мешавад, зеро ин раванд ба муроҷиати шаҳрвандон ба ин ё он мақомоти дахлдор ҳам аз ҷиҳати сарфаи вақт ва ҳам аз ҷиҳати сарфаи молия мусоидат намуда, ҳам як шаффофияти муайянеро дар ин ҷода эҷод хоҳад кард.

Аз ин лиҳоз, пешниҳоди Сарвари давлатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба эълон кардани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” саривақтӣ ва муҳим буда, итминони комил дорем, ки ин иқдом дар такон бахшидани рушди устувори кишвар ва низоми ҳуқуқии он таъсири мусбат мерасонад.

Таҳлилҳо собит менамоянд, ки ба таври самаранок баргузор намудани чорабиниҳо дар самти маърифати ҳуқуқӣ ва иҷрои дастурҳои Паёми Пешвои миллат масъалаҳои зеринро ба бор меоварад:

— Бо эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” донишу малакаи кормандони мақомоту сохторҳои гуногун, инчунин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомотҳои судӣ ва прокуратура такмилу тақвият дода шуда, дар кори ин сохторҳо усулҳои нав, ки ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқанд, ворид хоҳанд гашт ва таваҷҷуҳи бештаре ба волоияти қонун дода шуда, соҳаи қонунгузории кишварамон ҳамрадифи ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа бештар такмил хоҳад ёфт.

— Эълон гардидани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” такони ҷиддӣ барои тақвият бахшидан ва баланд бардоштани саводнокии ҳуқуқии тамоми шаҳрвандони кишвар, алалхусус, гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа хоҳад буд. Чунин иқдом бори дигар тамоми сохтору мақомоти давлатиро, аз ҷумла, мақомоти ҳифзи ҳуқуқро водор месозад, ки дар иҷро намудани масъулиятҳояшон вобаста ба баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии шаҳрвандони кишвар талошҳои зиёдтар аз худ нишон диҳанд.

Бешубҳа, маърифату саводнокии ҳуқуқӣ яке аз воситаҳои калидӣ барои мустаҳкам гардонидани ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар мебошад. Бо такя ба суханони Сарвари кишварамон бояд бори дигар таъкид намуд, ки ҳар фарди дорои номусу дид, андешаву афкори шахсӣ дар зебову обод намудани кишварамон, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии халқамон ва вусъат бахшидани обрӯи Ватани азизамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми худро гузорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *