Эраҷ ИБРОҲИМЗОДА,
муовини декан оид ба корҳои тарбиявии
факултети дипломатия ва сиёсати
Академияи идоракунии давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳояшон ба масъалаҳои марбут ба ҷавонон диққати махсус дода, онҳоро ояндаи кишвару миллат муаррифӣ мекунанд:  

«Бо дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳаллу фасли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусту оқилона аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошанд, ки таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, зеро Тоҷикистон худ кишвари ҷавонон аст». [4]

Ҷавонони Тоҷикистонро мебояд, дар баробари ҳамаи дастгириву кӯшиш ва меҳрубониҳои Сарвари давлат дар ҳамаи самту соҳаҳо пешсафу муваффақ ва дар роҳи тарғиби манфиатҳои миллии мамлакатамон ҳиссагузор бошанд. Ҷаҳонишавӣ ҳамчун падидаи муосир дар нимаи дуюми асри XX зуҳур карда, минбаъд дар асри XXI ба авҷи аълои тараққиёти худ расид.[1] Он дар ибтидо ҳамчун падидаи нав бештар тарафҳои мусбат зоҳир намуда, аҳолиро бо маданияти пешрафтаи ҷаҳонӣ шинос намуда, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва истифодаи оқилонаи имконоти илму техникаи муосирро тақозо менамуд. Аммо дар асри нав олами Ғарб аз ҷаҳонишавӣ ҳамчун силоҳи пуриқтидор дар роҳи заифгардонии сатҳи маданиятнокӣ ва аз байн бурдани фарҳангҳои миллии баъзе давлатҳо истифода бурданд. Имрӯз қисме аз тамаддуни мамлакатҳое, ки таърихи начандон тӯлонӣ доштанд, дар натиҷаи омили ҷаҳонишавӣ аз байн рафт. Ҳатто, баъзеи ин давлатҳо забону урфу одатҳои худро аз даст доданд. 

Дар замони муосир ҷаҳонишавӣ бештар ба давлатҳои кучак ва аз лиҳози иқтисодӣ сусттараққикарда таъсири зиёд мерасонад. Давлатҳои ғарбӣ барои паҳн намудани идеология ва урфу одатҳои худ аз ҳар роҳу восита истифода бурда, бештар қишри осебпазири ҷомеа, яъне, ҷавононро туъмаи ҳадафҳои худ месозанд. Мутаассифона, баъзе ҷавонони сустирода фирефтаи чунин домҳо гардида, тарғибгарони пешсафи фарҳанги бегона мешаванд. 

Дар баробари ин рухдодҳо ҳар як ҷавони мамлакатро зарур аст, ки ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба гӯши ҷон шунида, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Зарур аст, ки ҷавонон, пеш аз ҳама, аз таърихи бою рангини миллати куҳанбунёди тоҷик огоҳ бошанд ва тамоми кӯшишу ғайрати худро ҷиҳати ҳифзи он равона созанд. Бо донистани таърих натанҳо ба як ҳадаф ноил мегардем, инчунин, бо донистани ҳодисоту воқеоти гузаштаи миллат сабақи таърихие мегирем ва дар оянда хатову иштибоҳҳои ниёгони худро такрор нахоҳем кард. 

Ғайр аз ин, ҷавононро мебояд ҷиҳати муаррифии фарҳанги ғании миллати тоҷик забонҳои хориҷиро аз худ намуда, имконоти таърихиву сайёҳӣ ва таъриху фарҳанги бойи кишварро барои ҷаҳониён муаррифӣ намоянд. Тоҷикистон дар минтақа аз ҷумлаи давлатҳое ба ҳисоб меравад, ки маконҳои таърихиву саёҳатии бисёр дорад ва қисмати зиёди ин ёдгориҳо ба рӯйхати ёдгориҳои ҳифзшавандаи ЮНЕСКО шомил карда шудаанд. 

Дар баробари ҳамаи ин моро зарур аст, ки дар замири ҷавонон ҳисси ватандӯстӣ ва ҳувияти баланди миллиро бедор намоем. Бо ин мақсад, дар кишвар соли ҷорӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” қабул карда шуд. 

Қабули қонуни мазкур дар шароити кунунии ҷаҳон саривақтӣ ва бисёр хушнудкунанда ба шумор меравад. Зеро хиради азалии тоҷикон бори дигар аз худ дарак дода, роҳи ягонаи пешгирии нобудшавии фарҳангу маданияти миллиро пайдо намуд. Бо тарғиби ватандӯстӣ ва тарбияи ин эҳсос дар замири аҳолии кишвар Тоҷикистон ба мамлакате табдил меёбад, ки аксари аҳолии онро ҷавонони садоқатманд ба давлату миллат ва Ватани азиз ташкил менамояд. 

Замони муосир, хусусан, фазои ҷаҳонишавӣ ҳар як халқу миллатро ба андешае овардааст. Тазоду танишҳои замони охир аз якояки мову шумо зиракии баланди сиёсӣ ва донишҳои амиқу навтарини замонро талаб мекунад, то дар баробари маданияту фарҳанги бегона аз маданияту фарҳангии миллат хеш, чун меросбарони он ҳифз намоем ва дар роҳи муаррифии он дар саросари сайёра муваффақона қадам гузорем. Барои амалӣ намудани ин ақидаҳо ва нақшаву барномаҳои Ҳукумату давлат қишри асосӣ ва пешсаф маҳз қишри ҷавонон ба ҳисоб меравад. Тарбияи ватандӯстӣ дар шароити муосир ин раванди ҳадафмандона, аз ҷиҳати маънавӣ муайяншудаи тарбияи шаҳрвандон барои фаъолият ва ҳамкорӣ дар ҷомеаи демократӣ, фаъолияти меҳнатии ташаббускор, иштирок дар идоракунии корҳои арзишманд, амалӣ намудани ҳуқуқу уҳдадориҳо ва баланд бардоштани масъулияти сиёсиву ахлоқӣ мебошад. Таҳсилоти шаҳрвандӣ-ватандӯстӣ ба ташаккул ва инкишофи шахсе мусоидат мекунад, ки сифатҳои баланди шаҳрвандӣ ва ватандӯстии кишварро дошта бошад. [3] Тарбияи ватандӯстии насли наврас ҳамеша яке аз вазифаҳои муҳими мактаби муосир будаву ҳаст, зеро барои хонандагон ва ҷавонон айёми наврасиву ҷавонӣ давраи пурмаҳсулест барои омӯзишу таҳсил ва тарбия ёфтан дар рӯҳияи худшиносию ватандӯстӣ. Тарбияи ватандӯстӣ ҳамчун ташаккули тадриҷӣ ва устувории муҳаббати хонандагон ба Ватан фаҳмида мешавад, ватандӯстӣ яке аз муҳимтарин хусусиятҳои шахсияти ҳамаҷониба рушдёфта мебошад. Мактаби муосир бояд дар ташаккули чунин шахсияти ватандӯсту меҳанпараст саҳми назаррас дошта, фарҳанги пешрафтаи маънавӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсиро ба онҳо омӯзонад …

Тавассути чунин тадбирҳо мо имкон пайдо мекунем, ки дар ояндаи наздик дар ҳамаи сохторҳои кишвар ба кадрҳое рӯ ба рӯ гардем, ки ҳисси баланди ватандӯстӣ ва эҳтироми арзишҳои миллиро доро бошанд ва ба ҳар гуна роҳе набошад, дар роҳи ҳифз ва ташаккули он ҳаракат намоянд. Ҷавонон, ки 70 дарсади аҳолии кишварро ташкил медиҳанд, қувваи муҳимтарин ва асосии пешрафти ҷомеа ба ҳисоб мераванд ва расидан ба ҳадафҳои болозикр тавассути қувваи ҷавонон ин аз ояндабинии роҳбари оқилу нуктадони кишварамон шаҳодат медиҳад. 

Адабиёт:

1. Алиев Ҳ.Б. Тарбияи ватандӯстӣ. [Манбаи электронӣ]: https://ravshanfikr.tj/shinokhti-masoili-i-timo-va-sijos/tarbiyai-vatand-st.html. (санаи муроҷиат: 25.09.2023)

2. Давлиёрова Сафаргул, Тарбияи ватандӯстӣ — омили ташаккул ва рушди худшиносии миллӣ. Маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» №2, (14), 2023

3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” аз 24 декабри соли 2022, № 1920.

4. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 23.12.2022. [Манбаи электронӣ]: http://www.president.tj/node/29823. (санаи муроҷиат: 25.09.2023)

5. Суҳроби Р. “9 ёдгории таърихии Тоҷикистон ба Феҳристи ЮНЕСКО ворид шуд.” [Манбаи электронӣ]: http://khatlon-ruznoma.tj/. (санаи муроҷиат: 25.09.2023).


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *