Номвар ҚУРБОН,
муовини директор оид ба илм ва таълими
Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика
ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
номзади илмҳои техникӣ, дотсент

Масоили глобалии экологӣ яке аз мушкилоти азими аср буда, дар баробари дигар хатарҳо ин мушкилот дар асри ҷадид дар рӯ ба рӯйи башарият қарор гирифтааст. Ин муаммо, алалхусус, мушкилоти марбут ба обу иқлим ҳамеша дар меҳвари Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Тавъам ба ин, Сарвари давлати тоҷикон зимни суханрониҳои хеш аз минбарҳои баланди минтақавӣ ва байналмилалӣ ба мушкилоти глобалии экологӣ, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардаанд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, баҳри бартараф намудани онҳо пешниҳоду хулосаҳои дақиқ манзур менамоянд. Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварӣ ва роҳнамоии Пешвои миллат дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари ташаббускору пешсафи ҳалли масъалаҳои обу иқлим эътироф гардидааст.

Аз баррасии мушкилоти тағйирёбии иқлим ва шиддат ёфтани офатҳои хусусияти гидрометеорологидошта, чун хушксолию камобӣ дар солҳои охир оғоз гардидани Паёми Роҳбари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз як тараф мубраму ҳалталаб будани масъаларо нишон диҳад, аз ҷониби дигар барои ҳамеша дар меҳвари сиёсати экологии Пешвои миллат қарор доштани ин муамморо собит менамояд. Аз ҷумла, дар Паёми Сарвари давлат, ки дар таърихи 28.12.2023 ироа гардид, чунин омадааст: «соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он — хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид» [10].

Оре, давоми солҳои охир, махсусан, тобистони соли 2023 якбора боло рафтан ҳарорати ҳаво ва тамоми меърёҳову натиҷаҳои интизориро убур намудани қимати афзоиши ҳарорат боиси ташвиши сокинони кураи арз гардид. Зеро тибқи маълумоти Созмони Ҷаҳонии Обуҳавошиносӣ (WMO)[5], агар солҳои 2012-2021 гармтарин даҳсола дар таърихи ченкуниҳо тавассути асбобҳои метеорологӣ ба қайд гирифта шуда бошад, аз соли 1850 инҷониб, солҳои 2016 ва 2020 аз ҳама солҳои гарм маҳсуб мераванд, зеро болоравии ҳарорат дар моҳи июли соли 2023 ченаки мазкурро убур кард. Ҳарчанд, ҳарорати миёнаи ҷаҳонӣ дар соли 2022 аз қимати миёнаи ҳарорат давоми солҳои 1850-1900 ба андозаи 1,15°С афзудааст, ҳарорати миёнаи глобалӣ дар моҳи июли соли 2023 ба 16,95°С расидааст, ки назар ба қимати то ин вақт рекордии ҳарорати моҳи июл (соли 2019) 0,33°С баланд мебошад[8]. Зиёда аз ин, ҳарорати ҳаво дар моҳи июли соли 2023 нисбат ба ҳама ҳароратҳои моҳҳои июли солҳои 1991-2020 ба андозаи 0,72°С гармтар буд. Ҳамчунин, ҳарорати миёнаи шабонарӯзии сатҳи баҳр дар арзҳои 60°-и шимолӣ ва ҷанубии Уқёнуси ҷаҳонӣ низ барои фасли гармои солҳои мушоҳидавӣ дар сатҳи рекордӣ боқӣ монда, ин қимат моҳи июли соли 2023 ба 20,94°C расидааст, ки аз қимати мутлақи соли 2016 (20,95°C) танҳо 0,01°C пасттар мебошад. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо, дар асоси маълумотҳои Хадамоти Иттиҳоди Аврупо оид ба тағйирёбии иқлим «Коперник» (Copernicus Climate Change Service), аз ҷониби муаллиф тамоюли хаттии афзоиши ҳарорати миёнаи ҳаво барои санаҳои якуми моҳҳои июли солҳои 1943-2023 таҳия гардидааст.

Ҳарорати миёнаи ҷаҳонӣ (°С) дар моҳҳои июли солҳои 1943-2023

Дар баробари ин, тибқи маълумоти Хадамоти Иттиҳоди Аврупо оид ба тағйирёбии иқлим «Коперник» [2], ҳарорати миёнаи глобалии сатҳи баҳр аз қимати миёнаи ҳарорати солҳои 1991-2020 ба андозаи 0,51°С баланд буда, моҳи июли соли 2023 ҳарорати сатҳи об дар Атлантикаи Шимолӣ аз қимати миёнаи ҳарорати сатҳи Уқёнуси ҷаҳонӣ 1,05°С гарм буд. Албатта, афзоиши ҳарорати сатҳи Уқёнуси ҷаҳонӣ аз пайдоиш ва ташаккули мавҷҳои гарми баҳр вобаста аст, зеро дар ин давра, дар ҷануби Гренландия, баҳри Лабрадор ва ҳавзаи баҳрҳои Қарибу Миёназамин мавҷҳои гарм пайдо шуда, дар тарафи экватории шарқии уқёнуси Ором бошад, шароитҳои ташаккули ҳодисаи Эл-Нино (тағйирёбии ҳарорати қабати сатҳи об дар қисми экватории уқёнуси Ором, ки ба иқлим таъсири намоён мерасонад) вусъат ёфтанд. 

Агар чанд даҳсола қабл тағйирёбии шадиди иқлим дар ин ё он гӯшаи кураи арз ба назар мерасид, давоми солҳои охир тағйирёбии иқлим аз қуллаҳои кӯҳсор то қаъри уқёнус доман густурда, миқдори хушксолӣ, обхезӣ ва мавҷҳои гармӣ бағоят афзудааст ва инчунин, коҳишёбии яхҳои баҳрии Антарктида ба ҳадди рекордии худ расидааст. Аз рӯйи «Ваъзи иқлими ҷаҳонӣ дар соли 2022» [5], дигаргуншавии иқлим дар миқёси пурраи хушкӣ, уқёнус ва атмосфера ба амал омада, ягона омили таҳрикдиҳандаи чунин тағйирот ба дараҷаи рекордӣ расидани партови газҳои гулхонаӣ мебошад. Сарфи назар аз таъсири сардшавии ҳодисаи Ла-Ниня (шабеҳи сарди Эл-Нино буда, ба иқлими глобалӣ таъсир мерасонад ва раванди муқаррарии обу ҳаворо халалдор месозад), давоми солҳои 2020-2023 баландшавии ҳарорати глобалӣ ба назар мерасад. Ҳарчанд гармшавии глобалии иқлим сол аз сол вусъат меёбад, се соли охир аст, ки мавҷҳои сарди Ла-Ниня низ мунтазам ба вуҷуд омада, ба ҳолати иқлими глобалӣ таъсир мерасонанд. Бо вуҷуди таъсири амиқ доштани ҳодисаи Ла-Ниня ба раванди гармшавии иқлим, ки маъмулан ба пастшавии ҳарорати ҳаво ва сардшавии оби баҳру уқёнусҳо меорад, соли 2022 яке аз солҳои гарм дар таърихи мушоҳидаҳои метеорологӣ сабт гардидааст. Ба андешаи олимон маҳз зери таъсири сардшавии себораи Ла-Ниня ҳарорати миёнаи ҷаҳонӣ дар соли 2022 назар ба қимати миёнаи ҳарорат барои солҳои 1850-1900 тақрибан 1,15°C афзудааст.

Бино бар иттилои Созмони Ҷаҳонии Обуҳавошиносӣ оид ба иқлими мавсимии глобалӣ [7], ки маълумотҳоро доир ба таъсири ҳамдигарии омилҳои асосии таҳрикдиҳандаи иқлим, чун Лаппиши Атлантикаи шимолӣ, Лаппиши Арктика ва Диполи уқёнуси Ҳинд пайваста навсозӣ ва интишор менамояд, бори аввал давоми 7 сол аст, ки ҳодисаи Эл-Нино дар минтақаи тропикии уқёнуси Ором ташаккул ёфта, боиси якбора баландшавии ҳарорати глобалӣ ва халалдоршавии шароити обу ҳаво мегардад. Аз ҷумла, СҶО дар нимаи дуюми соли 2023 идома ёфтани ҳодисаи Эл-Ниноро бо эҳтимолияти 90%, дар ҳолати муқаррарӣ боқӣ мондани Эл-Нино-Лаппиши ҷанубӣ — 10% ва пайдоши ҳодисаи Ла-Ниняро ба эҳтимолияти 0% пешбинӣ карда буд. Зиёда аз ин, тибқи арзёбии СҶО, эҳтимол (98%) дорад, ки ҳарорати глобалӣ давоми солҳои 2023-2027 низ дар сатҳи гармиҳои рекордӣ боқӣ мемонад. Зеро далелҳои метеорологӣ нишон медиҳанд, ки давоми 50 соли охир ҳар як панҷсолаи оянда нисбат ба панҷсолаи гузашта гармтар мебошад.

Зикр намудан ба маврид аст, ки Эл-Нино дар баробари афзоиши ҳарорати глобалӣ, маъмулан ба тағйироти зерини иқлимӣ дар манотиқи гуногуни кураи арз, чун афзоиши шароити хушкиҳо дар ҷануби Африқо ва баъзе манотиқи Саҳрои Кабир, зиёдшавии боришот дар қисми экватории шарқи Африқо, коҳишёбии боришот дар Осиёи Марказӣ, Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, афзоиши боришот дар ҷазираҳои шарқию марказии уқёнуси Ором ва канораҳои силсилакӯҳҳои Ҳиндукуш, зиёдшавии хушкиҳо дар шимоли Бразилия, шиддатёбии боришоти сел дар Амрикои Марказӣ, шимоли Перу, Эквадор ва навоҳии шимолӣ ва ҷанубу шарқии Амрикои Шимолӣ оварда мерасонад. Бар хилофи Эл-Нино, Ла-Нина одатан оқибати баръакси он, яъне пастшавии ҳарорати глобалиро дорад, ки пайомадҳои он чунин аст: дар тарафи ҷануби Африқо боришот аз меъёр зиёд мешавад, дар қисми экватории шарқи Африқо шароити хушкиҳо меафзояд, дар Осиёи Марказӣ, Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ боришот аз меъёр зиёд мегардад, дар шимоли Бразилия боришот аз меъёр меафзояд, дар савоҳили навоҳии марказӣ ва шарқии уқёнуси Ором шароити хушкиҳо нисбат ба меъёр бештар мегардад ва дар ҳавзаи баҳри Қариб тӯфонҳо шиддат меёбад.

Ин далелҳо суханони Пешвои миллатро дар бораи хусусияти глобалӣ касб кардани тағйирёбии иқлим, пайомадҳои харобиовар доштани гармшавии иқлим ва ба мушкилоти аввали ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтани он комилан собит менамоянд, ки зимни ироаи Паём фармудаанд: «Солҳои охир тағйирёбии иқлим дар миқёси сайёра ба мушкилии аввалиндараҷа табдил ёфта, Тоҷикистонро низ таҳти таъсири манфии худ қарор додааст» [10]. Тибқи мушоҳидаҳои Идораи миллии аэронавтика ва фазои кайҳонии (NASA) ИМА агар соли 2022 панҷум соли гармои рекордӣ бошад, аз рӯйи мушоҳидаҳои Хадамоти федералӣ оид ба гидрометеорология ва мониторинги муҳити зисти Россия (Росгидромет) [12], аз соли 1891 инҷониб, тобистони соли 2023 на танҳо барои ин кишвар, балки барои Нимкураи шимолӣ сеюм соли гарми рекордӣ ба қайд гирифта шудааст. Махсусан, моҳи августи соли 2023 дар таърихи мушоҳидаҳои метеорологии Россия, Африқои Шимолӣ ва Арктика гармтарин моҳ буда, барои Канада ва Чин мақоми дуюм ва дар ИМА ва Ҳиндустон ҷойи сеюмро ишғол менамояд.

Тобистони соли 2023 қимати миёнаи ҳарорати ҳаво қариб дар ҳама қитъаҳои замин аз меъёри давраи нави базавии метеорологӣ (солҳои 1991-2020) баланд буда, нишондиҳандаи баландтарини ҳарорати миёнаи мавсимӣ дар қисми осиёии Россия, Африқои Шимолӣ ва Канада ба қайд гирифта шуда, дар ин фасл мавҷҳои гармии рекордӣ тамоми марзи Аврупоро фаро гирифтанд. Тибқи иттилои СҶО [5], дар баъзе манотиқи Аврупо гармии шадид бо шароити бениҳоят хушки обу ҳаво омезиш ёфта, боиси марги беш аз 15 000 нафар аҳолии кишварҳои Испания, Олмон, Британия, Фаронса ва Португалия гардид.

Тавъам ба ин, бинобар гармшавии глобалии иқлим Африқои Шарқӣ ба хушксолии шадид дучор гардида, миқдори боришот нисбат ба панҷ мавсими пайдарпайи боронгариҳо хеле коҳиш ёфтааст, ки тӯлонитарин хушксолиҳо давоми 40 сол мебошад. Тибқи арзёбиҳо [5], то моҳи январи соли 2023 беш аз 20 миллион нафар аҳолии минтақа бар асари хушксолӣ ба норасоии шадиди маводи ғизоӣ рӯ ба рӯ гардиданд. Тобистони соли 2023 дар тамоми шаҳрҳои Аврупо тамоми рекордҳои пешин шикаста шуда, ҳаво аз 500 соли охир хушктар буд. Мавҷҳои гарми 70-рӯза дар аксари навоҳии Чин мушоҳида гардида, ҳарорат аз 40°C боло рафтааст.

Дигаргуншавии шадиди шароити обу ҳаво ва иқлим боиси шиддат ёфтани офатҳои табиии хусусияти гидрометеорологӣ мегардад ва аз ин рӯ, бар асари гармшавии якбораи ҳарорати ҳаво дар соли 2022, дар моҳҳои июл-август дар як қатор кишварҳо, ба монанди Покистон, Австралия ва Бразилия боришот ва обхезиҳои азим ба қайд гирифта шуданд. Бар асари ин офатҳо дар Покистон зиёда аз 1700 кас ҷон бохта, 33 миллион нафар зарар диданд, қариб 8 миллион аҳолӣ муҳоҷири экологӣ шуданд ва дар маҷмуъ, хисороти иқтисодии офатҳои иқлимӣ 30 миллиард долларро ташкил дод [5]. Мувофиқи маълумоти метеорологӣ намнокии ҳаво дар моҳи июл нисбат ба меъёр 181% ва дар моҳи август – 243% зиёд буда, дар таърихи мушоҳидаҳои иқлимшиносии Покистон давраи аз ҳама намнок сабт шудааст. Дар ин муддат боришоти рекордӣ дар Бразилия боиси пайдоиши ярчу обхезӣ ва фавти беш аз 100 нафар гардид.

Аз навиштаи болоӣ бармало мегардад, ки гармшавии глобалии иқлим ва инчунин, ҳамроҳшавии падидаҳои Эл-Нино ва Ла-Ниня бо тағйирёбии иқлим боиси миқдоран ва ҳудудан афзоиши ҳодисаҳои фавқулодаи обу ҳаво гардида, марзи географии аксар кишварҳо, аз ҷумла, Тоҷикистонро фаро мегирад ва осебпазирии онҳоро ба дигаргуншавии иқлим бештар мегардонад. Ҷумҳурии Тоҷикистон чун кишвари осебпазир ба раванди тағйирёбии иқлим нисбат ба кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар хисорот мебинад. Суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём зикр намуданд, ин нуктаро равшан ва собит менамоянд: «Дар кишвари мо ҳар сол офатҳои табиӣ, аз ҷумла, хушксолӣ, омадани сел, фаромадани тарма ва ярч ба аҳолӣ ва иқтисоди кишвар зарари зиёд мерасонанд» [10]. Воқеан, ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат аст, зеро давоми солҳои 2001-2022 дар ҳудуди Тоҷикистон ба ҳисоби миёна ҳар соле 483 офати хусусияти иқлимидошта ба амал омадааст, ки хисороти зиёди иқтисодӣ ва инчунин, ҷонӣ доштаанд. Аз ҷумла, давоми солҳои 2018-2022 2118 офат ба амал омадааст, ки аз ҳама бештар ҳодисоти сирф гидрометеорологӣ, чун тарма (54,25%), сел (15,39%), сангрезӣ (8,50%), шамоли сахт (4,58%), баландшавии сатҳи об (3,92%), борони сел (2,74%) ва ярч (2,27%) ба қайд гирифта шудаанд. Барои дурустии ин рақамҳо дар асоси омори солонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муаллиф гистограммаи солонаи ҳаводиси табиии гидрометеорологии солҳои 2001-2022-ро таҳия кардааст.

Тағйирёбии иқлим на танҳо ба афзоиш ва шиддатёбии офатҳои табиӣ, балки бештар аз он ба олами набототу ҳайвонот ва инчунин, солимии аҳолӣ таъсири манфӣ дорад. Маҳз бо дарназардошти паёмадҳои манфии тағйирёбии иқлим ва гармшавии он барои ҳаёти инсон, Пешвои миллат дар Паёми хеш (21.12.2021) иброз намуданд: «Вобаста ба тағйирёбии иқлим, баландшавии бесобиқаи ҳарорати миёнаи кураи Замин ва пайомадҳои манфии он барои ҳаёти инсон, олами ҳайвоноту наботот ва пиряхҳои кишвар олимони мо омӯзиш, таҳқиқ ва мониторинги доимиро дар ин самтҳо ба роҳ монда, роҳу усулҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро якҷо бо олимони минтақа ва ҷаҳон коркард ва амалӣ намоянд» [11]. Яке аз омилҳои асосии таҳрикдиҳандаи тағйирёбии иқлим, ки ба олами набототу ҳайвонот ва солимии аҳолӣ таъсири манфӣ дорад, олудагии ҳаво буда, аз ҳисоби афзоиши миқдори чангу ғубор, партови газҳои гулхонаӣ ва дигар аэрозолҳо дар таркиби атмосфера ба амал меояд. 

Тибқи иттилоъномаи СҶО оид ба чангҳои атмосфера [6], ҳамасола ба атмосфера ~2 миллиард тонна чангу ғубор ворид мешавад, ки агар як қисми он раванди табиӣ бошад, қисми аъзамаш дар натиҷаи истифодаи нодурусти захираҳои табиӣ, аз ҷумла обу замин ба амал меояд. Тӯфонҳои қуму чанг дар ҳудуди беш аз 150 кишвар, пеш аз ҳама, дар кишварҳои Африқои Марказӣ, Осиёи Марказӣ, Осиёи Шарқӣ, Ховари Миёна, Амрикои Шимолӣ ва ҳавзаи баҳри Қариб ба амал омада, ба саломатии аҳолӣ, афзоиш ва ҳосилнокии рустаниҳо, муҳити зист ва дигар соҳаҳои иқтисодӣ таъсири манфӣ мерасонад [9]. Инчунин, қабати ғафси чангу ғубор ба таркиби ҳавои атмосфера ворид шуда, шаффофии онро коҳиш медиҳад ва ба инъикоси радиатсияи дарозмавҷ аз сатҳи Замин (албедо) монеа мешавад, ки пайдоиши эффекти гулхонаӣ ва гармшавии иқлим натиҷаи он мебошад. Тӯфонҳои қуму чанг хатари хеле бузург ва ҷиддӣ дошта, махсусан, солҳои 2019-2020 онҳо дар миқёси хеле васеъ паҳн гардиданд. Азбаски ~55% партови чангу ғубор дар саросари ҷаҳон аз Саҳрои Кабир ба амал меояд, консентратсияи баландтарини миёнаи солона дар бархе навоҳии Африқои Шимолӣ, Марказӣ ва сипас, дар нимҷазираи Араб, пуштакӯҳҳои Эрон, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва шимолу ғарби Чин ба қайд гирифта шудааст.

Ҳамзамон, тағйирёбии шароити обу ҳаво ва дигаргуншавии иқлим на танҳо ба интиқоли чангу ғубор ба минтақаҳои гуногун, балки ба паҳншавӣ ва интиқоли бемориҳо (табларза, вараҷаи Рифт-Валли ва ғайра), ки ба тағйирёбии ҳарорат, реҷаи боришот ва намнокӣ ҳассосанд, муосидат менамояд. Бино ба иттилои Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (WHO) [4], таъсири ҳодисаи Эл-Нино ба паҳншавии табларза бештар дар манотиқи гирифтори эпидемияи он, ки шароити иқлимии минтақа маъмулан ба афзоиши бемории мазкур мусоид аст, ба назар мерасад. Яъне, Эл-Нино ба динамикаи паҳншавии табларза зимни тағйир ёфтани реҷаи боришот ва динамикаи ҳарорат низ таъсир мерасонад. Зеро дар натиҷаи боришоти зиёд дар минтақаҳои хушк кӯлмакҳо пайдо мешаванд ва зимни хушсолиҳо дар ноҳияҳои намнок минтақаҳои алоҳидаи обҳои доимӣ ба вуҷуд меоянд ва албатта, ҳар ду тағйирот ба пайдоиши маконҳои нав барои хурӯҷи хомӯшакҳои вараҷа мусоидат менамоянд. Доир ба алоқамандии байни Эл-Нино ва бемории табларза бошад, дар ноҳияҳои ҷанубии Африқо, Осиёи Ҷанубӣ ва Амрикои Ҷанубӣ аз тарафи кормандони СҶТ далелҳои зиёде ба қайд гирифта шудаанд.

Дар асоси мушоҳидаҳои метеорологӣ, ҳисобҳои риёзию компютерӣ ва коркарди амсилаҳои гардиши умумии атмосфера оид ба ҳолат ва дурнамои иқлим, айни замон танҳо як консепсияи аз ҷиҳати илмӣ таҳияшуда, яъне, назарияи гармшавии глобалии иқлим аз ҳисоби таъсири антропогенӣ дар натиҷаи зиёдшавии таъсири эффекти гармхонавии атмосфера ҷой дорад, ки дар он таъсироти антропогенӣ бо тағйирёбии табиии иқлим алоқамандӣ пайдо мекунанд. Зеро маълумоти Идораи миллии тадқиқоти уқёнус ва атмосфераи (NOAA) ИМА [3] нишон медиҳанд, ки қимати миёнаи асоситарин гази гулхонаӣ – дуоксиди карбон (СО2) танҳо давоми солҳои 2016-2017 ба андозаи 2,2±0,1 ppm афзуда, соли 2017 ба қимати рекордии 405,0±0,1 ppm расидааст. Аз соли 2015 то соли 2016 дуоксиди карбон 3,0 ppm/сол зиёд шудааст, ки қисман ба ташаккул ёфтани шароити Эл-Нино дар охири соли 2015 алоқаманд мебошад. Бо вуҷуди ин, агар солҳои 60-уми асри пор афзоиши солонаи СО2 дар атмосфера 0,6±0,1 ppm буд, давоми даҳсолаҳои охир зиёдшавии солонаи он ба андозаи 2,3 ppm/сол расидааст.

Мусаллам аст, ки соҳаҳои асосии партовкунандаи СО2 ба атмосфера саноат ва энергетика мебошанд, аз ҷумла, танҳо соли 2019 дар тамоми кишварҳои ҷаҳон 37%-и неруи барқ аз ҳисоби сӯзиши ангишт тавлид карда шудааст. Бинобар ин, зимни Конференсияи 26-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP26) [1], ки аз 31 октябр то 12 ноябри соли 2021 дар шаҳри Глазго (Шотландия, Британия) баргузор гардид, беш аз 40 кишвар уҳдадор шуданд, то тибқи ваъдаҳои қаблӣ аз ангишт даст кашанд. Маврид ба зикр аст, ки кишварҳои асосии истифодабарандаи ангишт Лаҳистон, Ветнам ва Чили буда, маҳз ҳамин кишварҳо уҳдадории мазкурро қабул кардаанд. Вале баъзе аз бузургтарин кишварҳои истифодабарандаи ангишт, ба монанди ИМА ва Чин чунин уҳдадориро напазируфтаанд. Дар доираи уҳдадории алоҳида 20 кишвар, аз ҷумла, ИМА ваъда додаанд, ки маблағгузориро барои лоиҳаҳои афзункунандаи сӯзишвории истихроҷшаванда дар хориҷа то охири соли 2022 қатъ мекунанд. Аз ин рӯ, кишварҳои аз нигоҳи саноат рушдкардаро зарур аст, ки чунин лоиҳаҳои сӯзишвории истихроҷшавандаро, ба монанди ангишт, нафт ва гази табиӣ, бидуни истифодаи технология барои нигоҳ доштани партовҳои CO2 татбиқ нанамоянд.

Азбаски ангишт яке аз бузургтарин омилҳои ифлоскунандаи ҳавои атмосфера ва муҳити атроф ба ҳисоб меравад, аз ин рӯ, имзокунандагони созишнома уҳдадор шудаанд, ки тамоми намудҳои сармоягузориро барои тавлиди неруи барқ аз ҳисоби сӯзиши ангишт дар дохил ва хориҷи кишвар қатъ намоянд. Аз ҷумла, ҷониби Британияи Кабир иброз дошт [1], ки ин кишварҳо ба мувофиқа расиданд, то тавлиди неруи барқро аз ҳисоби сӯзиши ангишт дар солҳои 2030 барои кишварҳои аз нигоҳи саноатӣ пешрафта ва дар солҳои 2040 барои кишварҳои рӯ ба рушд қатъ намоянд. Ҳамчунин, даҳҳо созмони минтақавию байналмилалӣ низ ба созишномаи мазкур имзо гузоштанд ва чанд бонки бузург ҳам розӣ шуданд, то маблағгузории саноати ангиштро қатъ кунанд. Сарфи назар аз ин, дар Чин ва дигар кишварҳои бузурги истифодакунандаи ангишт ба уҳдадорӣ оид ба қатъ намудани истифодаи ангишт дар дохили кишвар розӣ нашуданд. Чунин ҳолат аз он шаҳодат медиҳад, ки бораи марҳила ба марҳила қатъ кардани саноати истихроҷ ва истифодаи нафту газ ҳанӯз алтернативаи комиле вуҷуд надорад.

Яке аз усулҳои асосӣ ва муосир ҷиҳати кам кардани партови газҳои гулхонаӣ, коҳиш додани таъсироти антропогенӣ ба тағйирёбии иқлим ва нигоҳ доштани тозагии ҳавои атмосфераю муҳити атроф татбиқи амалии «иқтисоди сабз», истеҳсоли «энергияи сабз» ва дар маҷмуъ, тақвият бахшидани «рушди сабз» мебошад, ки дар ин маврид низ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маврид мефармоянд: «Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» ҷиҳати бунёди неругоҳҳои барқӣ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва то соли 2030 ба ҳаҷми на кам аз 1000 мегаватт расонидани иқтидорҳои алтернативии истеҳсоли «энергияи сабз», яъне, бо истифодаи захираҳои офтобиву бодӣ тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.

Бо амалисозии тадбирҳои зикршуда соли 2032 истеҳсоли барқ дар кишвар пурра аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда, яъне, 100 фоиз бо «энергияи сабз» таъмин гардида (ҳоло 98 фоиз), дар ин замина аз рӯйи меъёрҳои байналмилалӣ то соли 2037 партови газҳои гулхонаӣ то ҳадди ниҳоӣ коҳиш дода мешавад. Яъне, Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи «иқтисоди сабз» соли 2037 воқеан ба «кишвари сабз» табдил меёбад» [10].

Аз ин ҷо равшан мешавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварӣ ва роҳнамоии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масири мубориза бо мушкилоти глобалии экологӣ, алалхусус, тағйирёбии иқлим ҳаракати комилан дуруст дошта, бо назардошти манофеи экологӣ, иқтисодӣ ва беҳзистии аҳолӣ қабул ва амалӣ намудани барномаи мушаххаси давлатӣ оид ба кабудизоркуниро яке аз роҳҳалҳои бунёдӣ дар ин самт меҳисобад. Дар баробари ин, яке аз ҳадафҳои меҳварии сиёсати хориҷии экологии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои оянда, ки баҳри ҳифзи кураи арз ва беҳзистии сокинони он нигаронида шудааст, андешидани тадбирҳои дурусту саривақтӣ ҷиҳати ҳалли масоили мубрами ҷомеаи байналмилалӣ, аз қабили мутобиқшавӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он, коҳиш додани партови газҳои гулхонаӣ, кам кардани норасоии маводи ғизоию оби нӯшокӣ ва ғайра мебошад. Маҳз бо ин мақсад, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсафи ғояҳои ҷаҳонии об, иқлим ва экология ба нақша гирифтааст, ки дар доираи татбиқи Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» то соли 2037 партови газҳои гулхонаиро то ҳадди ниҳоӣ коҳиш дода, бо амалинамоии барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунӣ барои давраи то соли 2040, дар ин муддат ба «кишвари сабз» табдил меёбад.

Адабиёт

1. COP26: More than 40 countries pledge to quit coal // URL: https://www.bbc.com/news/science-environment-59159018

2. Copernicus Climate Change Service. Global air and ocean temperatures reach new record highs, 8 August 2023 // URL: https://climate.copernicus.eu/ july-2023-global-air-and-ocean-temperatures-reach-new-record-highs

3. NOAA. 2017 State of the climate: Atmospheric carbon dioxide // URL: https://www.climate.gov/news-features/featured-images/2017-state-climate-atmospheric-carbon-dioxide

4. WHO. El Niño Southern Oscillation (ENSO) // URL: https://www.who.int/news-room/fact-sheets/detail/el-nino-southern-oscillation-(enso)

5. WMO – No.1316. State of the Global Climate 2022. — Geneva, Switzerland, 2023. – 49 p.

6. WMO. Airborne Dust Bulletin. No.4 – May 2020 // URL: https://library.wmo.int/idurl/4/57466

7. WMO. Global Seasonal Climate Update // URL: https://www.wmolc. org/gscuBoard/list

8. WMO. July 2023 is set to be the hottest month on record, 27 July 2023 // URL: https://wmo.int/news/media-centre/july-2023-set-be-hottest-month-record

9. WMO. New international coalition to combat sand and dust storms, 6 September 2019 // URL: https://public-old.wmo.int/en/media/news/new-international-coalition-combat-sand-and-dust-storms

10. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», 28.12.2023 // URL: http://president.tj/node/32191

11. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», 21.12.2021 // URL: http://president.tj/node/27417

12. Федеральная служба по гидрометеорологии и мониторингу окружающей среды. Изменение климата. Информационный бюллетень. — №105. – октябрь-ноябрь 2023 г. // URL: http://www.global-climate-change.ru/index.php/ru/bul-izmenenie-klimata/archive-of-bullet

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *