Сурайё Қосимова,
омӯзгори кафедраи методикаи таълими
истеҳсолӣ ва фанҳои гуманитарии
коллеҷи муҳандисиву омӯзгории
шаҳри Душанбе

Сарвари маорифпарвари мо — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маорифро соҳаи афзалиятнок шуморидаанду қадру эътибори муаллимро боло  бардоштаанд, ки ин баҳои олӣ ба заҳмати муаллим аст.

Яке аз суханварони баркамоли қарнҳои пешин, ки бо номи Амир Хусрави Деҳлавӣ маълуму машҳур аст, бузургӣ ва мақоми  шоёни муаллим — таълимдиҳанда ва мураббии инсониятро сутуда, раҳнамои ҳаётро “Дурру ҷавҳари пок ва зевари хок”-номидааст, ки басо муносибу шинам ифода ёфта, ҷавҳари одамиро муқаррар менамояд. Агар гӯянд, ки шоири озода покизагии ахлоқ, ҳимматбаландӣ, накукорӣ ва илмпарварии омӯзгорро шарафу фазилати инсониаш шуморида, муаллимро “Чарх туро баҳри шараф сохта!” -гӯён муроҷиат намояд, яқин донед, қадру қиммат ва эътибори устоди раҳнамои некхоҳ воқеан, хеле бузургу олист.

Дар деҳаи Туғгози ноҳияи Ишкошим хонаводае ба сар мебарад, ки қариб ҳамаи узви он касби пурифихори омӯзгориро пеша кардааст ва мардуми деҳа онҳоро чун оилаи омӯзгорон мешиносанду эҳтиромашонро  ба ҷо меоваранд.

Ин оилаи муаллим Қурбоналӣ Гулмирзоев мебошад, ки ҳоло мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №12-и ноҳияи мазкур ба номашон гузошта шудааст.

 Ин маънои онро дорад, ки аҳли ин оилаи омӯзгор ҳиссаи худро дар таълиму тарбияи насли наврас гузоштаву гузошта истодаанд. Яке аз духтаронаш солҳои дароз ба ҳайси омӯзгор, муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ, мудири кафедраи методикаи таълими истеҳсолӣ ва фанҳои гуманитарии коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе мебошад.

Мехостам дар бораи омӯзгори фидокоре ба хонандагони маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» чанд ҳарфи меҳр бигӯям. Сухан дар бораи шахси соҳибмаърифат, равшанфикр, дурандеш, худшинос, худогоҳ, меҳрубону ғамхор ва ҳидоятгари шогирдон Саврибегим Гулмирзоева  меравад.

Номбурда аз соли 1991,  пас хатми Институти омӯзгории ба номи Т.Г.Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С Айнӣ) ба касби пуршарафи омӯзгорӣ машғул мебошад ва чӣ тавре ки Саййидо гуфааст:

Саййидо, бар сари намоён ҷо намудам хомаро,

Сар ба пояш мениҳам, ҳар кас сухан мепарварад.

Ин каломи пурмаъниро омӯзгори хушсалиқа, муаллимаи забону адабиёти тоҷик, донандаи хуби ихтисоси хеш Саврибегим Гулмирзоева хуб дарк намудааст. Муаллимаи соҳибмактабу болаёқат, забондӯст ва шогирдпарвар дар суҳбат гуфт, ки забоншиносони номвари ҷумҳурӣ устодони ӯ ба шумор мераванд!

То тавонӣ аз лаби соҳибсухан файзе бубар,

Ин садаф аз ҳам ҷудо гардад, гуҳар ояд бурун.

  Муаллим, устод, омӯзгор, вақте ки ин мафҳумҳоро ба забон меорем, ҳиссиёти аҷибе моро фаро мегирад ва пеши назар симои шахси пуркору фидокор меояд, ки бо тамоми ҳастиаш насли наврасро ба роҳи рост  ҳидоят мекунад. Инчунин, чеҳраи нуронии шахсе намудор мегардад, ки тамоми ҳаёти хешро баҳри таълиму тарбияи кӯдакон ва насли наврас  бахшидааст. 

Омӯзгор шахсест, ки кӯдакро ба дунёи илму дониш меорад ва ҳидоятгари ӯ ба олами илму дониш боқӣ мемонад. Сарчашмаи ҳамаи хушиҳо, ободии ҳамаи  маҳфилҳо, бузург гардидани шогирдони баркамол маҳз меҳнати устодону омӯзгорон мебошад.

Омӯзгору муҳандис, духтуру шоир, нависанда, рӯзноманигору барномасоз ва дигар соҳибкасбони ҷомеа – ҳама парвардаи оғӯши биҳиштосои муаллим мебошанд.

Муаллима яке аз он духтарони деҳот аст, ки қоидаҳои нонавишта, вале вуҷуддоштаро шикаста, ба роҳи орзуҳои хеш қадамҳои устувор гузоштаанд, касби падариро пеша намуданд ва сазовори номи омӯзгор гардидаанд.

Саврибегим Гулмирзоева беш аз 30 сол мешавад, ки ба тарбияи  насли наврас машғул мебошад ва ҳазорон нафарро  дар руҳияи  худшиносиву худогоҳӣ ва арҷ  гузошан ба арзишҳои умумибашарӣ тарбия карда, шуълаи оташи илму  фанро  дар дили онҳо фурӯзон кардааст. Дар назди донишҷӯён обрӯву эътибори бузург дорад ва аз пешаи омӯзгориаш шод буда, бе шогирдон худашро тасаввур карда наметавонад.

Шогирдони зиёди муаллима имрӯз дар соҳаҳои гуногун муваффақ гардидаанду онҳо чун шахсони бунёдкор, худшинос, худогоҳ ва ҷомеасоз ба халқу ватани хеш хизмат мерасонанд. Онҳо бо ифтихор исми муаллимаро бо забон меоранд. Миннатдории хешро изҳор менамоянд ва арҷ мегузоранд, ки маҳз  бо ҳидояти  ин шахси соҳибхирад ба мақсади хеш расидаанд. Муаллима дар давоми солҳои корӣ ба ҳайси ҷонишини дирекор оид ба корҳои тарбиявӣ дар коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе чандин сол кор кардааст ва аз соли 2020 то инҷониб мудири кафедраи методикаи таълими истеҳсолӣ ва фанҳои гуманитарии коллеҷи мазкур фаъолият карда истодааст.

Аҳли назар ва қаламу табъ дар васфи чунин устодони баркамоли ҷодаи маърифат, ки беҳтарин солҳои умри азизи худро ба шуғли писандидатарини олам ва дар ин роҳи душвору пуршебу фароз ба ҷое расиданд, шеъру достонҳои зиёде эҷод намудаанд.  

Одатан мегӯянд: «Поянда бод устоде, ки бо меҳри худ дар дили шогирд ошён дорад!” Ба ин маънӣ, ошёни меҳри муаллима Саврибегим Гулмирзоева  дар баландиҳост, дар қалби чандин насли толиби илмҳост, ки ӯ сабақу фазл омӯхта, ба камол расонидааст. Собиқ шогирди таълимдида ва устоди баруманд  имрӯз худ устоди соҳибкасб мебошад.

Ба шогирдӣ касе, к-у шод гардид,

Расад рӯзе, ки худ устод гардид.

-Ҳикмати халқ маънии баланд дорад, — гуфт муаллима пас аз суҳбати хотирмон – дар фикри як сол бошӣ, ғалла бикор, дар андешаи 10 сол бошӣ, ниҳол шинон ва дарахт бипарвар, агар умеди садсолаҳо дошта бошӣ, шогирд тарбия намо, ки кору шуғли муносиб пайдо намояд ва ҳосили тиллоӣ ба бор оварад. Яъне, ақли пешрафта ба кашфу ихтироъ ноил мешаваду чизе меофарад.

Яке аз шогирдони муаллима Сафарова Фариштамоҳ, ки ӯ низ дар коллеҷ кор мекунад, иброз дошт:

— Ростӣ, ман муаллима Саврибегимро дӯст медораму самимона эҳтиром мекунам ва то имрӯз барои ман ҳамчун бонуи намуна мебошанд,  чунки маро аз давраи донишҷӯӣ тарбия карданд ва маҳз бо ҳидояти ӯ ба ҳаёти мустақилона қадам гузоштам.

Шогирди дигари муаллима Раҷабова Муборак аз соли 2015 то инҷониб бо он кас якҷоя фаъолият мекарданд. Мавсуф иброз дошт:

— С. Гулмирзоева ҳамчун модар маро тарбия карда ба камол расонид. 

Саврибегим Гулмирзоева, воқеан, дар масъалаҳои гуногуне, ки ба раванди фаъолияти коллеҷ, рушду пешрафти он дахл дорад, маслиҳату пешниҳодҳояшро дареғ намедорад.

Тамоми ҷашну чорабиниҳо, маҳфилу маросимҳои муҳим бо иштироки ин омӯзгори фидокору собиқадор баргузор мегарданд.

Як чизро хотиррасон карданиам, ки дар давоми соли таҳсили 2021-2022 бо ташаббуси муаллима зиёда аз 10 маротиба мизи мудаввар, конференсияҳои илмию назариявӣ гузаронида шуданд. Дар баробари таълиму тарбияи насли наврас дар тарғиби сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар фаъолона саҳми хешро мегузорад ва ҳар як ташаббусе, ки пешниҳод мешавад, онро бо самимият истиқбол мегирад. Чанде пеш муаллима дар кафедра конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Забони миллат-ҳастии миллат”-ро ташкил ва баргузор намуд, ки дар сатҳи баланд гузашт. 

Вақте ки  мо аз муаллима пурсидем, ки маҳз чаро омӯзонидани фанни забони тоҷикиро касб кардед, посух ҷиддӣ буд: 

-Забони модарӣ забонест, ки бо он шоирони бузург, ба монанди Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Сино ва дигар бузургон сухан гуфтаанд. Ҳамзамон,  илова намуд: 

Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,

 Донистани сад забон осон гардад.

Гулмирзоева Саврибегим муаллимаи одӣ нест, ҳарчанд зиндагии одӣ ва муқаррарӣ дошта дар хобгоҳи донишҷӯён зиндагӣ дорад ва боз ба тарбияи донишҷӯёне, ки дар хобгоҳ зиндагӣ мекунанд, машғул мебошанд. Агар ба рафтор гуфтор меҳнати содиқонааш назар кунем дар тамоми баромадҳояш хизматҳои Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мисол оварда, заҳматҳои шабонарӯзии ӯро ба шогирдонаш мефаҳмонанд ва ҳамеша ба шогирдони зуд таъкид мекунад, ки бештар омӯзанд, заҳмат кашанду фаъолият намоянд ва дар рушду нумуи кишвари биҳиштосоямон саҳми арзандаи худро гузоранд.

Табиист, ки ҳар заҳматеро подошест, бо назардошти меҳнатҳои бенуқсон  дар  ҷодаи тарбияи насли наврас заҳмату фидокориҳо ва хизматҳои муаллима дар соҳаи маориф бо нишони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, унвони муаллими калон Ифихорномаҳои Вазорати  ва илм, Вазорати меҳнат, муҳоҷиратва шуғли аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сипосномаҳои   Мақомоти Ҳокимияти давлатӣ   қадрдонӣ намудааст.

Воқеан зиндагиномаи  омӯзгори собиқадор Гулмирзоева Саврибегим Қурбоналиевна рӯзгоре барои ибрат аст  ва ба итминони комил гуфта метавонам, ки ин мисраҳои шоири зиндаёд  Қаҳрамони Тоҷикистон  Мирзо Турсунзода маҳз баҳри ин гуна занони бохирад, созанда бахшида шудаанд.

Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,

Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб бо Гулмирзоева Саврибегим, ки ҳамеша ба донишҷӯён дарси ибрат, мардонагӣ, хештаншиносӣ меомӯзад, барори кор орзумандем. 

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *