Файзуллоҷон САФАРОВ,
докторанти ДМТ, номзади илмҳои техникӣ
Маърифати иттилоотӣ ва устувории рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо амалӣ гардидани ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон дар ҳаёти ҳаррӯза робитаи мустақим доранд. Ҳатто, вақте ки таъсири онҳо фавран ва ба таври ошкор эҳсос намешавад. Дар муҳити саршор аз иттилоот, аз ҷумла, дар шароити паҳншавии маълумоти бардурӯғ, ғалат ва ғаразнок маърифати иттилоотӣ ба шахс имкон медиҳад, ки иттилоотро ҷустуҷӯ, арзёбӣ, истифода ва ҳатто, дар доираи меъёрҳои ахлоқӣ эҷод намояд. Ҳамин қобилиятҳо заминаи қабули қарорҳои асоснок ва бартараф кардани осебпазирии иттилоотиро фароҳам месозанд.
Дар айни замон устувории рақамӣ (киберустуворӣ) танҳо ба «донистани технология» маҳдуд намешавад, балки маҷмуи иқтидорҳои фардӣ ва институтсионалиро дар бар гирифта, ба низомҳо ва истифодабарандагон имкон медиҳад, ки фишорҳо, ҳамлаҳо ё нуқсонҳои кибериро пешбинӣ кунад, ҳангоми рух додани ин мушкилот муқовимат нишон диҳад, барқарор шавад ва ба шароити нав мутобиқ гарданд. Аз ин рӯ, маърифати иттилоотӣ ва киберустуворӣ дар кишвар бояд ҳамчун масъалаи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва амниятӣ фаҳмида шавад. Ин равиш бо дидгоҳи сиёсатгузории байналмилалӣ низ ҳамоҳанг аст, ки хавфи амнияти рақамиро, ҳамзамон, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ арзёбӣ мекунад ва тақвияти устувориро ҳамчун унсури калидии эътимод дар табдили рақамӣ мешуморад.
Аҳаммияти ин самтҳо дар сиёсати давлатӣ низ возеҳ инъикос ёфтааст. Аз ҷумла, солҳои 2025–2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардидааст. Ҳамзамон, барои заминагузории меъёрӣ-барномавӣ Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумат аз 30 декабри соли 2019, №642 қабул шуда, инчунин, Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025 қабул ва амалӣ гардид.
Татбиқи пайгиронаи ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва барномаҳои давлатӣ дар якҷоягӣ бо баланд бардоштани сатҳи маърифати иттилоотӣ ва малакаҳои киберустувории аҳолӣ, ба ташаккули ҷомеаи рақамии масъул, рушди устувори иқтисодӣ ва таҳкими амнияти давлат мусоидат менамояд. Дар баробари ин, таҳия ва татбиқи барномаҳои махсус барои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла, пиронсолон, маъюбон ва сокинони минтақаҳои дурдаст ҷиҳати таъмини дастрасии онҳо ба технологияҳои рақамӣ ва имконоти онлайн муҳим аст. Ин барномаҳо бояд ба омӯзиши асосҳои компютерӣ, истифодаи интернет, бехатарии онлайн ва мубориза бо қаллобӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ равона карда шаванд.
Маърифати иттилоотӣ чист?
Маърифати иттилоотӣ (ё саводнокии иттилоотӣ) маҷмуи дониш, малака ва рӯйкардҳоест, ки ба шахс имкон медиҳад ниёз ба иттилоотро дарк кунад, онро пайдо намояд, бо меъёрҳои интиқодӣ арзёбӣ кунад, самаранок истифода барад ва дар сурати зарурат иттилоотро дар шаклҳои гуногун эҷод ва мубодила намояд. Ин фаҳмиш дар адабиёти байналмилалӣ ҳамчун яке аз пояҳои асосии ҷомеаи иттилоотӣ арзёбӣ мешавад, зеро ба шаҳрвандон барои расидан ба ҳадафҳои шахсӣ, иҷтимоӣ, касбӣ ва таҳсилӣ қудрат мебахшад.
Шахсе, ки сатҳи баланди маърифати иттилоотӣ дорад, одатан, метавонад масъалаҳоро таҳлил кунад, манбаъҳо ва нуқтаи назарҳои гуногунро муқоиса намояд, эътимоднокӣ ва арзиш (value)-и иттилоотро дар заминаи истеҳсол, муаллифӣ, мақсад ва манфиатҳои эҳтимолӣ арзёбӣ кунад, инчунин, дар истифодаи иттилоот ба меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ (масалан, истинод, ҳуқуқи муаллиф, истифодаи одилона) риоя намояд. Ин дидгоҳ бо равишҳои муосири методологии таълими саводнокии иттилоотӣ дар муҳити таҳсилоти олӣ ва омӯзиши якумрӣ ҳамсон аст.
Бо дарназардошти афзоиши ҳаҷм ва суръати гардиши маълумот дар фазои рақамӣ, инчунин, паҳншавии иттилооти ғалат ва бардурӯғ, маърифати иттилоотӣ ҳамчун маҷмуи салоҳиятҳои калидӣ барои иштироки фаъол дар ҷомеа ва таъмини сифати қабули қарорҳо аҳаммияти хосса мегирад. Аз ин ҷиҳат, он на танҳо барои муваффақият дар таҳсил ва касб, балки барои амнияти иттилоотӣ ва устувории иҷтимоӣ низ аҳаммият дорад (масалан, коҳиши осебпазирӣ аз манипулятсияи иттилоотӣ ва тавоноии санҷиши далелҳо).
Аз лиҳози педагогӣ рушди ин салоҳиятҳо бояд марҳилавӣ ва пайгирона аз синни мактабӣ оғоз ёбад ва дар зинаҳои минбаъда (таҳсилоти миёна, олии касбӣ ва омӯзиши якумрӣ) бо мураккабшавии вазифаҳо тақвият дода шавад. Дар ин раванд, муассисаҳои таълимӣ метавонанд саводнокии иттилоотиро ба барномаҳои таълимӣ, супоришҳои таҳқиқотӣ, кор бо манбаъҳо ва баҳодиҳӣ ворид намоянд. Ҳамзамон, китобхонаҳо ва марказҳои иттилоотӣ ҳамчун шарикони институтсионалӣ метавонанд, тавассути тренингҳо, семинарҳо ва дастгирии методӣ ин маҳоратҳоро тақвият бахшанд.
Дар маҷмуъ, маърифати иттилоотӣ «калиди муваффақият дар асри иттилоот» ба маънои илмист: он ба шахс имкон медиҳад дар муҳити иттилоотии мураккаб роҳёбӣ кунад, қарорҳои асоснок қабул намояд ва ҳамчун шаҳрванд дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва касбӣ бо масъулият ширкат варзад. Барои ҳамин, сиёсати соҳа бояд ба ҳамгироии ин салоҳиятҳо дар низоми таҳсилот, омодасозии омӯзгорон, тавсеаи барномаи китобхонаҳо ва ҳамкории байнисоҳавӣ такя намояд.
Ҷустуҷӯ ва дастрасӣ: донистани роҳҳои пайдо кардани иттилооти боэътимод аз манбаъҳои гуногун (китобҳо, интернет, пойгоҳҳои додаҳо).
Арзёбӣ ва таҳлил: қобилияти фарқ кардани иттилооти дуруст аз иттилооти бардурӯғ, санҷидани манбаъҳо ва муқоиса кардани далелҳо.
Истифода ва татбиқ: истифодаи иттилоот барои ҳалли масъалаҳо, қабули қарорҳо ва эҷоди донишҳои нав (аснод ва муснад).
Ахлоқ ва ҳуқуқ: риояи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ ҳангоми истифодаи иттилоот (махфият ва ҳуқуқи муаллиф).
Амнияти рақамӣ: донистани усулҳои ҳифзи маълумоти шахсӣ ва истифодаи бехатар аз технологияҳои рақамӣ (шабакаҳои ҷусторию иртиботии бегона ва месенҷерҳо).
Чаро маърифати иттилоотӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон муҳим аст?
Дар шароити муосир, ки технологияҳои иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ шаклҳои муошират, ба кор бурдани хабар ва қабули қарорҳоро босуръат тағйир медиҳанд, рушди маърифати иттилоотӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти хос пайдо мекунад.
Ин зарурат дар Тоҷикистон бо хусусиятҳои демографӣ ва динамикаи истифодаи интернет боз ҳам муҳимтар мешавад: мувофиқи гузориши минтақавии UNICEF, дар Осиёи Марказӣ зиёда аз 50%-и аҳолӣ то 30-сола мебошанд (Тоҷикистон низ дар ин ҷойгоҳ қарор дорад). Ҳамзамон, тибқи арзёбии DataReportal, дар поёни соли 2025 сатҳи нуфуси интернет дар Тоҷикистон тақрибан 66,4% (бо тахмини 8,4 млн истифодабаранда) буд, ки ин нишондод афзоиши дастрасии рақамиро инъикос мекунад. Дар чунин муҳит, набудани салоҳиятҳои арзёбии интиқодии иттилоот метавонад паҳншавии хабарҳои бардурӯғ/ғалат, инчунин, таъсирпазирӣ аз манипулятсияҳои иттилоотиро зиёд намояд. Аз ин рӯ, UNESCO маърифати медиа ва иттилоотиро (MIL) ҳамчун маҷмуи салоҳиятҳо барои фарқгузории иттилооти боэътимод аз иттилооти нодуруст — misinformation, иттилооти ғалат — disinformation ва роҳёбӣ дар муҳити онлайн медонад.
Ҷанбаи дигар – амният. Афзоиши хидматрасониҳои рақамӣ ва муоширати онлайн боиси болоравии хавфҳои киберӣ (махсусан, фиребҳои онлайнӣ ва “phishing”) мегардад. Масалан, дар ҳисоботи солонаи IC3 (FBI) барои соли 2025, “phishing/spoofing” (қаллобӣ) аз ҷумлаи намудҳои маъмултарини ҷиноятҳои интернетӣ аз рӯйи шумори муроҷиатҳо зикр шудааст. Аз ин рӯ, омӯзиши амалӣ дар самтҳои санҷиши манбаъ, гигиенаи рақамӣ (ҳифзи маълумоти шахсӣ, паролҳои қавӣ, маҳдудсозии дастрасӣ, гузариш ба системаи ҷусторию иртиботии мустақили миллӣ) ва истифодаи аутентификатсияи бисёромила (MFA) барои рафъ кардани осебпазирӣ аҳаммияти амалӣ дорад. CISA (Агентии амнияти киберӣ ва ҳифзи зерсохторҳои ИМА) татбиқи MFA (гирифтани ҳувияти бисёрфакторӣ)-ро ҳамчун яке аз таҷрибаҳои асосии ҳифзи ҳисобҳо ва маълумот тавсия медиҳад.
Ниҳоят, маърифати иттилоотӣ ва саводнокии рақамӣ барои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии Тоҷикистон низ заминаи муҳим мегузорад. Дар иқтисоди рақамӣ талабот ба малакаҳои рақамӣ (ҳам умумӣ ва ҳам ихтисосӣ) меафзояд ва сиёсати рушди малакаҳо метавонад ба бозори меҳнат, маҳсулнокӣ ва инноватсия таъсири мусбат расонад. Аз ин лиҳоз, ворид кардани ҷузъҳои маърифати иттилоотӣ ба барномаҳои таълимӣ (аз мактаб то донишгоҳ), инчунин, ташкили тренингҳои оммавӣ тавассути китобхонаҳо ва марказҳои иттилоотӣ механизми асосноки баланд бардоштани устувории иҷтимоӣ, амнияти рақамӣ ва рақобатпазирии иқтисодӣ маҳсуб мешавад.
Алгоритми кӯтоҳи «5 С» барои санҷиши хабар ва паёмҳо
Барои он ки дар муҳити саршор аз ахбор саргардон нашавем, метавонем аз як формулаи хеле одӣ истифода барем: – «5 С»: сарчашма, сана, сабаб, санад, саломатии мантиқ. Ин формула, махсусан, дар шабакаҳои иҷтимоӣ кумак мекунад, ки пеш аз қабул кардани иттилоъ саволҳои дуруст диҳем.
1. Сарчашма: муаллиф ё ташкилот кист? Оё ӯ масъулият ва таърихи эътимоднок дорад? Барои истифодаи сарчашма чӣ натиҷа моро интизор аст?
2. Сана: матлаб кай нашр шудааст? Оё он рӯзмарра аст ё аз воқеаи куҳна истифода мебаранд? Бознашр аст ё тағйрёфта?
3. Сабаб: чаро ин хабар паҳн мешавад? Барои кӣ ва ё барои чӣ? Оё мақсад огоҳӣ аст ё таъсир/фурӯш/тарсондан ё фишор?
4. Санад: далел ва ҳуҷҷат дар куҷост (рақам, иқтибос, истинод, ҳуҷҷати расмӣ)?
5. Саломатии мантиқ: оё хулосаҳо бо далелҳо мувофиқанд ё мантиқ доранд?
Асбобҳои одӣ барои санҷиши зуд
Ҳангоми шубҳа се санҷиши зуд аксар вақт кофист: (а) ҷустуҷӯи баръакси тасвир барои муайян кардани манбаи акс/видео; (б) ҷустуҷӯи калимаҳои калидӣ бо иловаи номи ҷой/сана; (в) муқоисаи хабар бо эълонҳои расмӣ ё ВАО-и боэътимод. Ин амалҳо вақти зиёдро намегиранд, вале хатарро ба таври назаррас кам мекунанд.
Чек-листи шахсӣ барои
амнияти рӯзмарра:
1) Барои ҳисобҳои муҳим MFA фаъол аст.
2) Паролҳо дароз ва такрорнашавандаанд (беҳтараш бо менеҷери парол).
3) Пайвандҳоро аз паёмҳои номаълум намекушоям; аввал доменро месанҷам.
4) Маълумоти ҳассосро (корт, ҳуҷҷат, ҷойгиршавӣ) дар гурӯҳҳо намефиристам.
5) Навсозии телефон/компютер ва барномаҳо мунтазам аст.
6) Нусхаи эҳтиётӣ аз файлҳои муҳим дорам (ҳадди ақал як ҷойи ҷудо).
Устувории иқтисодӣ, пешбурди соҳаҳои инноватсионӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣ дар сатҳи миллӣ то андозае ба сатҳи маърифати иттилоотӣ ва саводнокии рақамии аҳолӣ вобаста аст. Бинобар ин, саҳми давлат дар такмили дониш ва малакаҳои шаҳрвандон (таҳсил, такмили ихтисос, барномаҳои огоҳонӣ ва дастгирии инфрасохтори омӯзишӣ) ҳамчун сармоягузории стратегӣ арзёбӣ мешавад. Далелҳо нишон медиҳанд, ки малакаҳои рақамӣ барои пешрафти инноватсия дар иқтисоди рақамӣ ва барои фаъолияти устувори инфрасохторе, ки давлат, тиҷорат ва истифодабарандагон ба он такя мекунанд, аҳаммияти калидӣ доранд. Ҳамзамон, таҳкими саводнокии рақамӣ ва огоҳии киберамниятӣ ҳамчун ҷузъи рушди қобилиятҳои миллӣ барои баланд бардоштани амният ва устувории рақамӣ арзёбӣ мегардад. Танҳо тавассути чунин муносибати ҳамоҳангшуда метавон ба сатҳи баланди маърифати иттилоотӣ ва саводнокии рақамӣ ноил гардид ва устувории иқтисодӣ, пешбурди соҳаҳои инноватсионӣ ва таъмини амнияти иттилоотиро дар сатҳи миллӣ таъмин намуд.
