Матлуба НУРМАТОВА,
омӯзгор, шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд,
Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон

 

Ҷумла аз рӯйи меъёрҳои таърихан шаклгирифтаи грамматикӣ воситаи асосии баёни фикр аст. Ба ибораи дигар, ҷумла яке аз воҳиди асосии забон буда, фикри нисбатан пурраро ифода мекунад.

Ҷумлаи сода як қисми муҳимми сохтори наҳвӣ ба шумор меравад. Ҷумлаҳои содаро аз ду ҷиҳат –  сохту таркиб ва  мақсаду оҳанг ба хелҳо ҷудо мекунанд. Дар ҳолати тасниф аз рӯйи таркиб иштироки аъзои ҷумла ба назар гирифта мешавад, вале дар вақти аз ҷиҳати маъно ба қисматҳо ҷудо кардани онҳо ба мақсаду матлаб ва оҳанги ҷумла диққат дода мешавад.

Ҷумлаҳои сода вобаста ба иштироки сараъзоҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: дутаркиба ва яктаркиба [5].

Пажуҳиши анҷомдодаи мо нишон дод, ки Унсурулмаолии Кайковус дар асари машҳури хеш «Қобуснома» ҷумлаҳои содаи дутаркибаро нисбат ба ҷумлаҳои содаи яктаркиба бештар истифода кардааст. Ҷумлаи содае, ки дар ташкили он ҳарду сараъзо иштирок менамоянд, ҷумлаи содаи дутаркиба ном дорад. Мисол: «Ӯ тавонгаронро фармуд» [7, 19]. «Ва об тез ҳамеомад» [7, 24]. «Ҳорунаррашид омад» [7, 35].

Ҷумлаи содае, ки танҳо аз як сараъзо ташкил меёбад, ҷумлаи яктаркиба ном дорад [2, с. 206]. Дар ин хели ҷумла ҳамаи калимаҳо дар атрофи як сараъзо муттаҳид  мешаванд. Мисол: «Ба чӣ маълум кунӣ» [8, 38 ]. «Далели дигар» [7, 39].

       Таснифи ҷумлаҳои сода аз ҷиҳати маъно ва оҳанг дар «Қобуснома»

Гӯянда метавонад фикр, мақсад ё ҳиссиёти худро ба шеваҳои гуногун: хабар, ҳикоя, амр, савол ё хитоб  ифода кунад. Аз ҳамин ҷиҳат, аз рӯйи мақсаду ният ва оҳанг ҷумлаҳои сода ҳикоягӣ, саволӣ, амрӣ ва хитобӣ мешаванд.

Ҷумлаи ҳикоягӣ. Гӯянда ё нависанда ба воситаи ин хели ҷумла ягон ҳодисаву воқеаро нақл мекунад, фикреро тасдиқ ё инкор менамояд.

Ҷумлаҳои ҳикоягӣ дар «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус барои нақлу баёни муътадили ҳодисаю воқеа истифода шудаанд:  «Саҳл боз ба хона рафт» [7, 151]. «Саҳл як сол дар Бухоро дар зиндон буд» [7, 151]. «Бузургони оламро ба шамшер фармонбардорӣ меомӯзем» [7, 152]. «Султон Маҳмуд аз ин сухан тира шуд» [7, 143].

Ҷумлаҳои ҳикоягиро аз рӯйи маъно ва ифодаи аъзо дар «Қобуснома» ба гурӯҳҳои зерин тақсим кардан мумкин аст:

  1. Ҷумлаҳое, ки дар онҳо соҳиби амалкунандаи кор шахс аст. Ин навъ ҷумлаҳо муносибати гуногуни маъноӣ дошта, дар «Қобуснома» серистеъмоланд.

Ҷумлаҳои мазкур ба хелҳои зерин ҷудо мешаванд:

а) Ахбори одӣ (шахс ва амали ӯ): «Султон дилтанг шуд» [7, 157].

б) Муносибати ду ё зиёда шахс (яке дар нақши мубтадо ва дигар дар нақши пуркунанда ё муайянкунанда): «Амир эшонро хилъат фармуд» [7, 90].

  1. Ҷумлаҳое, ки дар онҳо мубтадо исми ҷондори ғайришахс аст ва сухан дар бораи он меравад: “Аспи неку марди некро баргирад” [8, 90]. «Ва аспи зоғ чашмшабкӯр буд» [8, 78].

III. Ҷумлаҳое, ки дар онҳо амалкунанда ашё аст: «Мулки Гелон ба ҷаддон туро з-ӯ ёдгор омад…[8, 10]. «Замон гузаранда аст» [8, 12]. Ҷаҳон ба ҳикмат ороста шуд [8, 15].

  1. Ҷумлаҳое, ки мубтадо номи амал аст: «Ва танҳо нишастан аз ҳамнишини бад авлотар» [8, 96].

Дар ин чор гурӯҳи ҷумлаҳои ҳикоягии зикршуда ифодаи мубтадо хусусиятҳои хос дорад. Мубтадоҳои ҷумлаҳои гурӯҳи I бо исм, ҷонишин ва ҳиссаҳои дигари нутқи исмшуда, гурӯҳҳои II ва III бо исм ва гурӯҳи  IV бо масдар ифода ёфтаанд.

Дар ҷумлаи содаи хуллас задаи мантиқиро хабар қабул менамояд. Аъзои пайраве, ки задаи мантиқӣ қабул намудааст, бештар пеш аз хабар ҷой мегирад ва кашидатар талаффуз мешавад.

Ҷумлаҳои ҳикоягӣ аз ҳамдигар бо исти кӯтоҳ ҷудо мешаванд, дар нутқи муассир ин фосила дарозтар мегардад: «Аҳмад ҳеҷ чиз натавонист кардан» [7, 143]. «Аҳмад рафт» [7, 144]. «Саҳл боз ба хона рафт» [7, 151].

Дараҷаи модалияти мансуби ҳама гуна ҷумлаҳои сода ба дараҷаи замон сахт алоқамандӣ дорад. Хусусияти объективии модалият дар он ифода мешавад, ки ба воситаи ҷумла дар бораи ашё ва ҳодисаҳои олами ҳастӣ, ки ба таври ҳақиқӣ дар яке аз замонҳо мавҷуд мебошад, хабар дода мешавад. Дараҷаи модалияти объективӣ, асосан, хосси ҷумлаи ҳикоягӣ буда, хабари онҳо, одатан, бо сиғаи хабарии феъл ва ҳиссаҳои номии нутқ бевосита ё бавосита ифода мешаванд: «Ман аз шариат берун натавонам шуд» [7, 111]. «Хасм табассум кард» [7, 112]. «Кӯдак зар ба устод намуд» [7, 116].

Маънои модалияти субъективӣ дар ҷумлаҳое, ки хабарашон аз сиғаи хабарӣ иборат аст, ба омилҳои зиёди луғавию грамматикӣ вобаста мебошад. Ин ҳодиса, пеш аз ҳама, ба сохт ва таркиби ҷумла алоқаманд аст.

Феълҳои модалии хостан, тавонистан, ёрастан, боистан, шоистан дар шакли тасдиқ ва чи дар шакли инкор дар таркиби хабари ҷумлаҳои ҳикоягӣ меоянд, ки инро дар «Қобуснома» низ вохӯрдем: «Мардум аз сухан шунидан сухангӯ шавад» [с. 39].

  1. Ҷумлаҳои содаи ҳикоягие, ки маънии зарурат ва ногузирро ифода мекунанд. Дар ин гуна ҷумлаҳо ба вазифаи хабар калимаҳои ҳатмӣ, зарур, лозим, даркор, ногузир, матлуб, шарт ва ғайра, ҳам дар шакли холис ва ҳам бо бандакҳои хабариву феълҳои ёридиҳанда меоянд: «Баъд аз се рӯз ба хонаи худ омадан даркор» [8, 144]. «Замоне мунтазири ӯ будан лозим» [8, 144] .
  2. Ҷумлаҳои содаи ҳикоягие, ки маънои эътимоду боварӣ доранд. Ба вазифаи хабари ин ҷумлаҳо калимаҳои бешубҳа, яқин, бегумон ва амсоли инҳо меоянд: «Онро шаранге бегумон шумор» [7, 104]. «Банди ӯ хира мадон ва бегумон бош» [7, 14].

Ҷумлаи саволӣ. Дар ҷумлаи саволӣ фикр ва мақсади гӯянда ба тариқи пурсиш ифода мешавад. Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи ҷумлаи саволӣ дар он аст, ки шунавандаро ба додани маълумот водор менамояд ва ба ин восита гӯянда аз ҳамсуҳбати худ ягон чизро фаҳмида, чизеро аниқ мекунад.

Ҷумлаҳои саволӣ аз рӯйи маънову мазмун ба хелҳои зерин ҷудо мешаванд:

а) Ҷумлаҳои содаи саволии хосса.

Ҷумлаҳои содаи саволии хосса яке аз гурӯҳҳои серистеъмоли ҷумлаҳои саволиро дар «Қобуснома» ташкил медиҳанд. Ин гурӯҳи ҷумлаҳои саволии аслӣ ҳатман ҷавоб талаб мекунанд: «Вай куҷо рафтааст?» [8, 113]. «Ин мард бад-ин бахилӣ ин сахо чаро кард?» [8, 116] «Ин сахо чист?» [8, 116]. «Дар куҷо истиқомат карданӣ ҳастӣ?» [6, 81]. «Ин кист?» [6, 94].

Ҷумлаҳои саволии хосса на танҳо пурсишро ифода мекунанд, балки тобишҳои модалии тааҷҷуб, шубҳа, нобоварӣ, гумон, ҳайрат ва ғайра, дошта метавонанд: «Чаро аз Фатҳ хабаре нест?» [7, 100]. «Чӣ шуд?» [7, 91]. «Шояд ҳамон шабро ба хотир оварда бошад?» [7, 93]. «Ин пиразан аз кай боз ба Ғазнин расад?» [7, 158].

б) Ҷумлаҳои содаи саволии риторикӣ.

Ҷумлаҳои содаи саволии риторикӣ ҷавоб талаб намекунанд. Саволи риторикӣ (рамзӣ) ба худи саволдиҳанда маълум аст. Ҷумлаҳои содаи саволии риторикӣ маънии инкорро низ ифода мекунанд. Аммо чунин хели ҷумлаҳои содаи саволӣ дар «Қобуснома» хеле кам истифода шудаанд: «Магар аз оби Даҷла сер шудӣ?» [7, 25].

Ҷумлаҳои саволии риторикӣ, на танҳо дар муколама, балки дар монолог низ кор фармуда мешаванд ва ба савол ҷавоб талаб намекунанд (савол метавонад бе ҷавоб монад). Аз рӯйи ифода ва мазмун баъзан ба ҳам мувофиқат намекунанд (яъне, ифодаи тасдиқ маънои инкор ва баръакс ифодаи инкор маънои тасдиқро дода метавонад): «Чӣ хоҳам аз Худои азза ва ҷал(л)» [8, 160]. «Дӯстӣ кай андар дили вай буд?» [8, 102].

в) Ҷумлаҳои содаи саволии водоркунанда.

Ҷумлаҳои саволие ҳастанд, ки ҷавоб талаб намекунанд, фикрро тасдиқу инкор намекунанд, балки шунавандаро ба амале водор менамоянд: «Чӣ тавонам кард?» [8, 158] «Эй писар, аввал бидон ҷавонмардӣ чист?» [8, 165] «Ин ҷавонмардро чӣ ҷавоб бояд дод?» [7, 170].

Қобили қайд аст, ки дар «Қобуснома» ҷумлаҳои риторикӣ истифодаи бештаре доранд, ба хотири он ки асари мазкур маводди панду насиҳатӣ ва ахлоқиро дар бар мегирад. Муаллиф тавассути ин гурӯҳ ҷумлаҳо диққати хонандаро ба фикри гуфтааш ҷалб карда, суханашро тақвият медиҳад.

Хулоса, Унсурулмаолии Кайковус дар  «Қобуснома» аз хелҳои гуногуни ҷумлаи сода моҳирона истифода кардааст ва сохту таркиб, тарзи ҷумлабандиҳои нависанда ба сохти наҳвиёти забони адабии имрӯзаи тоҷикӣ хеле наздик аст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки «Қобуснома» ба забони тоҷикӣ навишта шудааст. Ба ҳамин маънӣ шарқшиноси маъруф Е. Э. Бертелс гуфтааст: «Метавон ба итминон изҳор дошт, ки забони таълифи асар дар он давр забони адабии Эрон набуд, балки забоне буд, ки  асосан, дар ҳудуди салтанати Сомониён, ки аксари сокинонашон тоҷикон буданд, истифода мешуд. Он забони Рӯдакӣ ва Фирдавсист».

Адабиёт:

  1. Мирзоев А. Грамматикаи забони тоҷикӣ. Қ. 2. Синтаксис. / А. Мирзоев. – Сталинобод, 1948. – 356 с.
  2. Ниёзмуҳаммадов Б. Грамматикаи забони тоҷикӣ. Синтаксис / Б. Ниёзмуҳаммадов.– Душанбе, 1952. – 102 с.
  3. Ниёзмуҳаммадов Б. Ҷумлаҳои сода дар забони адабии ҳозираи тоҷик. / Б. Ниёзмуҳаммадов. – Сталинобод, 1960. – 233 с.
  4. Норматов М. Ҷумлаҳои содаи яктаркиба. / М. Норматов.– Душанбе, 1989. – 87 с.
  5. Рустамов Ш. Раззоқ Ғ. Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. Ҷ. 2. / Ш. Рустамов, Ғ. Раззоқ. – Душанбе: Дониш, 1986. – 225 с.
  6. Унсурулмаолии Кайковус. Қобуснома. (Таҳрири Мирзо Муллоаҳмадов). –Душанбе: Маориф, 1979. – 191 с.
  7. Унсурулмаолии Кайковус. Қобуснома. (Таҳрири Мирзо Муллоаҳмадов). Теҳрон: 2001. – 192 с.
  8. Унсурулмаолии Кайковус. Қобуснома (Таҳияи Мирзо Муллоаҳмадов). – Душанбе: Суннатулло, 2007. — 354 с.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *