Олим БУХОРИЕВ,
ходими пешбари илмии Институти забон ва адабиёти
ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ

Андешаҳо перомуни мақолаи “Дор адаби дарси муаллим нигоҳ”
(“Маърифати омӯзгор”, 2026, №2.–С. 51)

Муаллифи мақолаи “Дор адаби дарси муаллим нигоҳ” (“Маърифати омӯзгор”, 2026, №2. –С. 51) Ҷангибеки Улфатшоҳ сари ин масъала, ки дар низоми таълиму тарбия унсури таълим афзалият дорад ё тарбия, назари нисбатан ҷолиб, вале то андозае баҳсбарангезеро матраҳ кардааст. Ин баҳс аз он ҷиҳат ҷолиб ба назар мерасад, ки муаллиф асли моҳият ё шинохти воқеии матлаби дар мақола баёншударо ҳамчун як масъалаи фарогир ва дорои аҳаммияти иҷтимоӣ арзёбӣ менамояд. Муаллиф бо тамоми кӯшишу талош, ироаи далелу бурҳонҳо ва назарпардозиву назарсанҷиҳо мехоҳад исбот намояд, ки унсури тарбия дар низоми маориф аз афзалиятҳои бештар бархӯрдор аст. Хулосаи мухтасари дидгоҳи муаллифи мақола ин аст, ки дар ҷараёни таҳсил, агар ба тарбияи хонанда диққати бештар дода шавад, натиҷаи кори таҳсил самарабахштар мегардад.

Албатта, ҳар инсон ҳақ дорад, ки доир ба ҳар масъалаи муҳимме, ки ба пешрафти кори таълиму тарбия иртибот дорад, назари худро баён намояд. Гоҳе як масъалаи нисбатан ҷузъӣ, ки аз сари ихлосу эътимод ба дурустии он бовар дорем, бароямон хусусияту моҳияти меҳварӣ пайдо мекунад ва дар маркази дидгоҳи мо қарор мегирад. Масалан, дар асрҳои миёна аксари одамони рӯйи замин мавқеи сайёраҳои низоми шамсиро аз нигоҳи заминмеҳварӣ (геосентризм) арзёбӣ мекарданд ва чунин мепиндоштанд, ки Замин меҳвари сайёраҳо ва ситораи Офтоб буда, ҳамаи онҳо дар гирди Замин давр мезананд. Дидгоҳи офтобмеҳварӣ, ки бар пояи донишҳои аз нигоҳи замонӣ нисбатан нав бунёд гардида буд, ақидаи инсонҳоро нисбат ба ин масъала комилан дигаргун кард. Чунин ба назар мерасад, ки муаллифи мақолаи болозикр аз нигоҳи тарбиямеҳварӣ ба шарҳу тавзеҳи масъалаи таълим ва тарбия пардохтааст. Бинобар ин, дар пиндори ӯ як масъалаи ҷузъӣ (тарбия) дар муқоиса бо як матлаби куллӣ (илм) моҳияти меҳварӣ пайдо мекунад. Инъикоси воқеиятҳо (рӯйдодҳои табиӣ ва иҷтимоӣ) дар зеҳни мо ба шакли объективӣ (он гуна, ки ҳастанд) сурат намегирад. Инсон дар асоси имконоту тавоноиҳои зеҳни худ воқеиятҳоро шарҳу тавзеҳ медиҳад ё тасвир менамояд. Бинобар маҳдудиятҳои зеҳни худ мо наметавонем, рӯйдодҳоро бо тамоми хусусиятҳояшон дарку маънидод намоем. Аз ин рӯ, мо дар бораи рӯйдодҳо тасаввуроти нисбӣ ва дар аксари мавридҳо якҷониба дорем. Агар ба ин масъала аз дидгоҳи илммеҳварӣ назар афканда шавад, бардоште комилан дигар ва нисбатан дурусту аз ҳар ҷиҳат судманд ба даст меояд.  

Дарку шинохти моҳияти мафҳуми тарбия ба мо имкон медиҳад, ки бо каме диққати бештар ба шарҳи мазмун ва моҳияти истилоҳи тарбия бипардозем. Истилоҳи тарбия ба маҷмуи меъёрҳои рафторие далолат мекунад, ки дар заминаи таҷрибаҳои тулонии зиндагии инсон ба вуҷуд омада, бо маҳаки ақл ё ба таъбири беҳтар, тавассути қолабҳои содаи илмӣ (таҳлилу муқоисаву натиҷагирӣ) санҷида шуда, баъд аз он, ҳамчун меъёрҳои стандартии рафтори дуруст ё нодуруст арзёбӣ гардидаанд. Бинобар ақидаи таҷрибагароёни ғарбӣ ашёҳо, падидаҳои табиӣ ва рӯйдодҳои иҷтимоӣ танҳо баъд аз шинохта шудан барои инсон арзиши вуҷудӣ пайдо мекунанд. Масалан, як дарахт, пеш аз он ки мафҳум ва моҳият пайдо кунад, мавриди озмоиш қарор мегирад. Ашё (дарахт) аввал тавассути чашм мушоҳида мешавад. Баъд аз он, иттилооти хоми дарёфтшуда барои коркард (таҳлилу таҷзияву муқоисаву номгузорӣ) ба мағз фиристода мешаванд. Мағз ба таври худкор (автоматӣ) иттилооти навро бо маҷмуи маълумоти дар махзани ҳофиза мавҷудбуда муқоиса мекунад. Агар ин иттилоот дар ҳофиза собиқаи қаблӣ надошта бошанд, ашёи мавриди баррасӣ номгузорӣ ва дар ҳофиза, ки махзани донишҳои наву куҳани инсон аст, нигаҳдорӣ мешаванд. Дар натиҷа, ашёҳо ҳамчун воқеиятҳои мавҷуд шинохта мешаванд.

Рафторҳои инсон низ пас аз баррасиву таҳлилу таҳқиқ мафҳуму моҳият пайдо мекунанд. Хубӣ ва зиштии рафтори инсон замоне мушаххас мегардад, ки онҳоро дар муносибатҳои иҷтимоӣ борҳо таҷриба кунанд ва манфиату зарари ин кирдорҳоро ошкор намоянд. Рафторҳои мусбати инсонӣ, ба монанди хирадмандӣ, инсондӯстӣ, ватандӯстӣ, хайрхоҳӣ, саховатмандӣ, ҷавонмардӣ, шуҷоату далерӣ, масъулиятшиносӣ ва ҳазорон хусусиятҳои неки дигар шахсияти инсони бедормағзу худшиносу созандаро ташаккул медиҳанд. Кирдорҳои манфии инсонӣ, аз қабили нодонӣ, худписандӣ, кинатӯзӣ, бетарафӣ, фурсатталабӣ, манфиатхоҳӣ, бемасъулиятӣ ва монанди инҳо шахсияти инсони ҷоҳилу гумроҳу ҳангоматалабро месозанд. 

Ҳамин тавр, тамоми падидаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла, рафторҳои мухталифи инсон дар ҳавзаи муносибатҳои иҷтимоӣ, то замоне ки аз ҷиҳати илмӣ шинохта нашудаанд, арзиши вуҷудӣ пайдо намекунанд. Бо баёни содатар, пеш аз он ки як рафтори иҷтимоии инсон хуб ё бад баҳогузорӣ шавад, он муддати мадид дар озмоишгоҳи таҷрибаҳои иҷтимоӣ санҷида мешавад ва ҷанбаҳои муфиду манфиатовар ё музирри худро ошкор мекунад. Баъд аз ин санҷиши илмӣ рафтори иҷтимоӣ ҳамчун як падидаи муфид ё музир арзёбӣ шуда, дар ҳавзаи кирдорҳои матлуб ё номатлуб мавқеи худро пайдо мекунад. 

Пас, инсон танҳо аз раҳгузори илм метавонад ба мафҳум ва моҳияти ашё, падидаҳои табиӣ ва иҷтимоӣ, бахусус, рафторҳои мутафовити худ, ки мавзуи асосии тарбия ба шумор мераванд, ошно гардад ва аз рамзу рози офоқ (табиат) ва анфус (равон, ботин) огоҳӣ дошта бошад. Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ илм (хирад)-ро “чашми ҷон”, нахустин унсури офариниш ва сарчашмаи шинохти ҳастӣ медонад:

Хирад чашми ҷон аст, чун бингарӣ,

Ту бечашм шодон ҷаҳон наспарӣ…

Нахустофариниш хирадро шинос,

Нигаҳбони ҷон асту они сипос.

Илм ба инсон имкон медиҳад, ки бо такя ба абзорҳои шинохт (чашму гӯш) мустақилона ба ҷаҳон бингарад ва хубу бади онро бишносад. Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ба посдорони илму адаб таъкид мекунад, ки инсон аз роҳи дарки мустақилонаи ҳастӣ ба истиқлоли фикрӣ мерасад:

Чашм дорӣ, ту ба чашми худ нигар,

Мангар аз чашми сафеҳе бехабар.

Гӯш дорӣ, ту ба гӯши худ шунав,

Гӯши гӯлонро чаро бошӣ гарав.

Хулосаи гуфтори мо ин аст, ки илм асоси ҷаҳоншиносии инсонро ташкил медиҳад. Инсон ба воситаи илм мафҳуму моҳияти мавҷудоти ҳастиро дарк мекунад. Ба таъбири беҳтар, ашё ва падидаҳои моддию маъноии ҳастӣ танҳо ба воситаи илм арзёбӣ мешаванд. Декарт бо баёни ин ақида, ки “ман меандешам, пас, ман ҳастам” арзиши ҳастии инсону андеша (илм)-и онро баробар арзёбӣ мекунад. Пири равшанзамири Балх, ки асрҳо пеш аз Декарт ин омӯза (назария)-ро бо умқу вусъати бештар баён карда буд, инсону андешаашро яке медонад:

Эй бародар, ту ҳамон андешаӣ,

Мобақӣ ту устухону решаӣ.

Гар гул аст андешаи ту, гулшанӣ

В-ар бувад хоре, ту ҳимай гулханӣ.

Аз дидгоҳи Мавлоно, андеша (илм) арзиши амалӣ ва вуҷудии инсонро дар зиндагӣ ошкор мекунад. Агар инсон “андешаи гул” (илми муфиду созанда) дошта бошад, рӯзгораш гулшан (ободу зебо) мешавад ва агар соҳиби донишҳои хоргуна (хому каммоя) бошад, ҳаёташ ба гулхан (бадбахтию нокомӣ) мубаддал мешавад.

Пас, илм меҳвари аслӣ ё офтоби тобонест, ки дар маркази фаъолиятҳои муфиду созандаи инфиродӣ ва иҷтимоии инсон қарор дорад. Илм бо неруи ҷозибаи хеш тамоми афкору аъмоли инсониятро назму низом бахшида, ҷомеаи инсониро ба самти саодатмандию хушбахтии пойдор ба ҳаракат дармеоварад. Бояд гуфт, ки одобу ахлоқ низ бахше аз фаъолиятҳои иҷтимоии инсон ба шумор меоянд, ки мазмуну моҳияти онҳо дар партави нури илм шинохта мешаванд ва пас аз ин, муҷовизи истифода шудан ё нашуданро дарёфт мекунад.

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *