Ҷамшед КАРИМЗОДА,
«Маърифати омӯзгор»

Сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ аз зумраи чеҳраҳои таъсиргузор дар сарнавишти миллати тоҷик ба шумор рафта, дар ташаккули худшиносии миллӣ ва рушди маърифати ҷомеа нақши мондагор гузоштааст. Ҳаёт, фаъолият ва эҷоди адиб бо раванди бедории фикрӣ ва ташаккули худшиносии миллӣ алоқаманд аст. Аз ин рӯ, гиромидошти мероси адабии ин шахсияти бузург ва шиносоии насли ҷавон бо осораш баҳри тарбияи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ амри зарурӣ ҳисоб меёбад.

 Бо ин мақсад, бо ташаббус ва иштироки кормандони маҷаллаи “Маърифати омӯзгор” дар арафаи зодрӯзи нависандаи номдор сайри гурӯҳи донишҷӯёни ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ба Осорхонаи адабии устод ташкил ва баргузор шуд.

Осорхонаи адабии Садриддин Айнӣ дар шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Ҳамза Ҳакимзода, ҳавлии №1, рӯ ба рӯйи Майдони «Истиқлол» ҷойгир мебошад. Ин мавқеи марказӣ ба ин макон аҳаммияти бештар дода, онро ба яке аз нуқтаҳои муҳимми фарҳангӣ ва маърифатии пойтахт табдил додааст. Нависанда дар ин ҳавлӣ солҳои охири ҳаёти худро (1951-1954) сипарӣ намудааст.

Дар ин сайри фарҳангӣ донишҷӯён имкон пайдо карданд, ки бо мерос ва муҳити воқеии фаъолияти нависанда шинос шаванд. Осорхонаи адабии Садриддин Айнӣ аз соли 1963 ба фаъолият оғоз карда, ҳамчун маркази муҳимми ҳифз ва омӯзиши мероси адабии ин шахсияти номдор шинохта шудааст. Ифтитоҳи он бо иштироки шахсиятҳои маъруфи илмӣ ва фарҳангӣ сурат гирифтааст. Аз ҷумла, академик Муҳаммад Осимӣ осорхонаро расман кушода, Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров аз аввалин меҳмонони он ба шумор меравад. Ин муассиса дар тули фаъолияти худ ба яке аз ганҷинаҳои арзишманди фарҳанги миллӣ табдил ёфта, дар муаррифии ҳаёт ва эҷодиёти адиб нақши муҳим мебозад.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ ба рушди минбаъдаи ин муассисаи фарҳангӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои осорхона азнавсозӣ шуда, соли 2018 ба муносибати 140-солагии адиб мавриди истифода қарор гирифт. Ин навсозӣ имкон дод, ки шароити нигоҳдорӣ ва намоиши маводду осор беҳтар гардад ва имконоти илмӣ ва маърифатии осорхона густариш ёбад.

Гуфтанист, ки мероси пурғановати ин макон барои ташаккули ҷаҳонбинӣ, рушди тафаккури таҳлилӣ ва боло бурдани сатҳи маърифати ҷомеа аҳаммияти муҳим дошта, ҳар як асари устод Айнӣ имкони дарки амиқтари воқеият ва омӯзиши равандҳои иҷтимоиро фароҳам меорад.

Сохтори осорхона аз чанд ҳуҷраи мавзуӣ иборат аст, ки ҳар як бахш марҳилаи муайяни ҳаёт ва фаъолияти эҷодии нависандаи забардастро инъикос мекунанд. Чунин тартиб имкон медиҳад, ки бинанда бо пайдарҳамии мантиқӣ ба олами зиндагии адиб ворид гардида, онро аз дидгоҳи таърихӣ ва маънавӣ дарк намояд.

Ҳуҷраи “Самарқанд” ба давраи муҳимми ташаккули шахсияти Айнӣ бахшида шудааст. Дар ин бахш маводди тасвирӣ, ҳуҷҷатӣ ва ёдгориҳои марбут ба муҳити иҷтимоии замони зиндагии адиб ҷой дода шудаанд. Дар ҳамин қисмат нимпайкараи нависанда ҳамчун рамзи эҳтиром ҷойгир гардидааст.

Дар ҳуҷраҳои дигар ашёҳои шахсӣ, аз ҷумла, мизи корӣ, айнак, қалам, асбобҳои навишт ва таҷҳизоти чопӣ гузошта шудаанд. Ин ҷузъиёт имкони дарки тарзи кори эҷодӣ, интизоми шахсӣ ва муҳити зеҳнии адибро фароҳам месозанд. Ҳамчунин, аксҳои оилавӣ ва аксҳо аз раванди сафар ва иштирок дар чорабиниҳо робитаҳои иҷтимоӣ ва муҳити фаъолияти ин шахсияти шинохтаро барои бинанда равшан мекунанд.

Китобхонаи шахсии адиб, ки дорои садҳо нусха китоб мебошад, яке аз бахшҳои муҳимми осорхона ба шумор меравад. Ин китобхона сатҳи баланди фарҳанги мутолиа ва доираи васеи ҷаҳонбинии нависандаро инъикос менамояд.

Имрӯз ин боргоҳ ва қадамҷои шахсияти бузург барои бинанда имкони дарки ҳамзамони ҷанбаҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва зиндагии шахсии адибро фароҳам меорад. Муҳити осорхона эҳсоси робитаи зиндаро бо гузашта бедор месозад ва дар ташаккули ҷаҳонбинии бинандагон ва насли нав нақши муҳим мебозад.

Дар ҷараёни боздид донишҷӯён доираи донишҳои худро оид ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёт ва фаъолияти устод Садриддин Айнӣ густариш дода, андешаҳои худро оид ба ҳаёт, фаъолият, эҷод ва осори гаронарзиши адиб иброз намуданд. Андеша ва гуфтори донишҷӯён сабт ва дар шакли маводди видеоӣ тавассути саҳифаҳои иҷтимоии маҷаллаи “Маърифати омӯзгор” пешниҳоди дӯстдорони илму адаб гардид.

Донишҷӯи факултети филологияи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Манижа Самадзода оид ба асари “Ёддоштҳо” андешаронӣ кард. Дар баромад ӯ ба хусусиятҳои жанрӣ, арзиши таърихӣ ва аҳаммияти адабии асар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, онро ҳамчун манбаи муҳимми шинохти воқеияти иҷтимоӣ ва фарҳангии давраи охири асри XIX ва ибтидои асри XX арзёбӣ намуд.

— Асари “Ёддоштҳо” дар низоми мероси адабии Садриддин Айнӣ мақоми махсус ва меҳварӣ дорад. Ин асар намунаи барҷастаи насри ёддоштӣ-таърихӣ буда, зиндагиномаи шахсии муаллифро бо тасвири фарогири ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаи тоҷик дар давраи таҳаввулоти таърихӣ пайванд медиҳад, — гуфт М. Самадзода.

Оид ба қиссаи “Марги судхӯр”-и устод Айнӣ назари донишҷӯ Муҳайё Муҳиддинзода сабт гардид. Ӯ ин асарро ҳамчун намунаи барҷастаи насри танқидии муаллиф арзёбӣ намуда, ба инъикоси ҷараёнҳои манфии иҷтимоӣ, аз ҷумла, зулми иқтисодӣ, сарватпарастӣ ва беадолатии иҷтимоӣ тавассути образҳои бадеии воқеӣ таваҷҷуҳ зоҳир кард. Гуфта шуд, ки қиссаи “Марги судхӯр” дар низоми насри муосири тоҷик ҳамчун яке аз намунаҳои барҷастаи равияи танқиди иҷтимоӣ ҷойгоҳи устувор дорад. Ин асар дар баробари арзиши бадеӣ, дорои муҳтавои амиқи иҷтимоӣ ва таҳлилӣ буда, воқеияти таърихӣ ва муносибатҳои нобаробари иҷтимоии даврро инъикос менамояд.

Донишҷӯёни дигар низ доир ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёт ва фаъолияти эҷодии адиб андешаҳои худро баён доштанд, ки муҳити осорхона дар ин лаҳзаҳо ба фазои зиндаи гуфтугӯи маърифатӣ табдил ёфт.

Аз ҷумла, донишҷӯ Кибриё Гуреззода ғазали «Гули сурх»-ро бо қироати муассир пешкаш намуд, ки фазои ин сайрро ранги эҳсосӣ ва эстетикӣ бахшид. Ҳамзамон, дигар донишҷӯён низ бо бардоштҳои гуногун роҷеъ ба нақши адиби номдор дар рушди адабиёти муосири тоҷик сухан ронданд.

Аз сайр дар Осорхонаи адабии устод Садриддин Айнӣ ва тамошои мероси пурғановат ба чунин хулоса расидем, ки  ин макони фарҳангӣ робитаи гузаштаро бо имрӯз пайваст намуда, дар ташаккули ҳисси ифтихори миллӣ нақши бузург мебозад. Пас, месазад, ки ҳар як нафар аз ин макони фарҳангӣ боздид намояд, то барои худ ҷаҳони маънӣ бардошт кунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *