28 апрели соли 2026 дар дафтари Лоиҳаи «Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари иттилоотӣ барои шарикони рушди лоиҳаи мазкур, ки бо маблағгузории Бонки Осиёии Рушд амалӣ мегардад, баргузор шуд.

Семинар таҳти унвони «Пешбурди ҳалли устувори энергетикӣ ва таҳкими меъёрҳои сохтмонӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор шуда, дар кори он намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, шарикони рушд, инчунин мутахассисони соҳаҳои сохтмон ва энергетика иштирок намуданд.
Дар қисми ифтитоҳӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовинони вазир, намояндагони Бонки Осиёии Рушд ва шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла, Бонки Ҷаҳонӣ, ЮНИСЕФ ва ЮНЕСКО, иштирок намуда, суханронӣ карданд.
Семинарро вазири маориф ва илм ифтитоҳ намуда, таъкид дошт, ки рушди инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ бо истифода аз ҳалли устувори энергетикӣ ва татбиқи стандартҳои муосири сохтмонӣ яке аз самтҳои афзалиятноки ислоҳоти соҳаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Дар доираи лоиҳа сохтмони биноҳои иловагӣ барои омӯзиши фанҳои дақиқ (блокҳои STEM) бо риояи меъёрҳои муосири сохтмонӣ ба нақша гирифта шудааст. Ин меъёрҳо талаботи ҳатмиро дар самтҳои бехатарии сохторӣ, устуворӣ ба офатҳои табиӣ ва самаранокии энергетикӣ дар бар мегиранд. Аз ҷумла, дар доираи такмили меъёру қоидаҳои сохтмонӣ ба ҷанбаҳои калидии татбиқи стандартҳои сохтмонии устувор ба зилзила, обхезӣ ва дигар хатарҳои табиӣ бо дарназардошти хусусиятҳои минтақаҳои гуногуни кишвар, истифодаи инфрасохтори «сабз» ва технологияҳои каммасрафи энергия, аз ҷумла, насби панелҳои офтобӣ ва системаҳои муосири гармидиҳӣ, ҷорӣ намудани системаҳои муосири гармидиҳӣ, вентилятсия ва ҳаводиҳӣ (HVAC) барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълим дар тамоми фаслҳои сол, таъмини бехатарии сӯхтор, мавҷудияти баромадгоҳҳои изтирорӣ ва фароҳамсозии дастрасии пурра барои шахсони дорои имконияташон маҳдуд, истифодаи маводҳои сохтмонии экологӣ ва камкарбон, ки ба коҳиши таъсири манфӣ ба муҳити зист мусоидат мекунанд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Ҳамзамон, ба масъалаҳои таъмини инфрасохтори обтаъминкунӣ ва беҳдошт, аз ҷумла, ташкили иншооти алоҳида барои духтарон ва писарон, инчунин таъмини дастрасӣ ба оби нӯшокии бехатар, диққати махсус дода шуд.
Зикр гардид, ки тарҳрезии биноҳо бо дарназардошти устуворӣ ба тағйирёбии иқлим амалӣ гардида, омилҳои муосири муҳандисӣ, аз ҷумла, баланд бардоштани қобилияти тобоварӣ ба сарбориҳои иловагӣ, ба назар гирифта мешаванд.
Дар баромадҳои намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ ва ЮНИСЕФ аҳаммияти муҳити таълимии бехатар, фарогир ва мутобиқ ба талаботи замони муосир ҳамчун омили калидии таъмини таҳсилоти босифат таъкид гардид.
Дар қисми муҳокимаи муштарак иштирокдорон табодули таҷриба намуда, роҳҳои таҳкими ҳамкорӣ ва беҳтар намудани сифати лоиҳакашӣ ва сохтмони муассисаҳои таълимиро баррасӣ карданд.
Қобили зикр аст, ки Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба татбиқи Лоиҳаи «Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика» бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2023 ба имзо расидааст. Лоиҳа дар сатҳи ҷумҳурӣ амалӣ гардида, 20 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии интихобшударо дар бар мегирад. Ҳамзамон, дар доираи лоиҳа муассисаҳои таълимии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ҳамчун марказҳои такягоҳӣ барои рушди инфрасохтор ва такмили ихтисоси омӯзгорон интихоб гардидаанд.
ПЕШБУРДИ ҲАЛЛИ УСТУВОРИ ЭНЕРГЕТИКӢ ВА ТАҲКИМИ МЕЪЁРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ img
ПЕШБУРДИ ҲАЛЛИ УСТУВОРИ ЭНЕРГЕТИКӢ ВА ТАҲКИМИ МЕЪЁРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ img
ПЕШБУРДИ ҲАЛЛИ УСТУВОРИ ЭНЕРГЕТИКӢ ВА ТАҲКИМИ МЕЪЁРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ img

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *