Иззатулло АБДУЛЛОЕВ,
омӯзгори МТМУ №45-и
ноҳияи Айнии вилояти Суғд

Рушди босуръати илм ва технология боиси пешрафти ҷомеаи навин гардида, аҳли маорифро вазифадор менамояд, ки усулҳои таълимро ба замони нав мутобиқ созанд. Омӯзгоронро зарур аст, ки вобаста ба пешрафти замон назария ва амалияро коркард ва пешниҳод намоянд ва хонандагони имрӯза дар асоси он таълими самаранок ва босифат гиранд.

Барои дарёфти усули нави кор ва сохтори технологияҳои нав омӯзиши фанни нақшакашӣ асоси воқеӣ гузошта метавонад, зеро ҳамаи техникаю технологияи нав, иншооти хурду бузург нахуст дар рӯйи нақша бунёд мешавад. Бинобар ин, баҳри омӯзиши ин фанни муҳим диққати махсус бояд дод. Вогузор намудани тадриси фанни нақшакашӣ ба мутахассисони баландихтисосу варзида ба манфиати кор аст.

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим ва ба натиҷаҳои назаррас расидани раванди он стандартҳои фанниро таҳия ва қабул намудааст, ки стандарти фанни нақшакашӣ барои синфҳои 8, 9 аз ҷумлаи он мебошад. Дар шароити муосири зудтағйирёбанда омӯзгорон бояд дар кори худ ҳисси масъулиятшиносӣ нишон дода, масъалаҳои мураккаби илми замонавиро дарк карда, мушкилоти гуногуни таълимию ҳаётиро пешгӯйӣ ва ҳал карда тавонанд.

Бо ҳамин мақсад хостам, ки барои ташаккули дониши графикию амалии омӯзгорон роҳу усулҳои дар амал татбиқ намудани проексияи фронталии диметриро бо мисолҳои ҳаётӣ ва эҷодӣ шарҳ диҳам ва ба онҳо равшанӣ андозам.

Дар барномаи таълимии синфи 8, ки проексияи аксонометрии ҷузъҳои геометрӣ ва техникиро меомӯзонем, омӯзиши проексияи фронталии диметрӣ хеле кам баррасӣ шудааст.Бинобар ин, барои омӯхтани проексияи фронталии диметрӣ ҳам омӯзгорон ва ҳам хонандагон мушкилӣ мекашанд.

Проексияи фронталии диметрӣ ва изометриро якҷоя проексияҳои аксонометрӣ меноманд. Барои омӯхтани тарзу усулҳои сохтани проексияи фронталии диметрии мукааб (куб) мо бояд аз модел ва расмҳои таълимӣ, ки дар расми 1 (а, б, в) тасвир шудаанд, истифода намоем. Дар расми 1 (а) чоркунҷаи мунтазам тасвир шудааст. Қисми нонамоёни он (яъне, қисми пушт) ҳангоми истифодаи дурнамо ба хатти уфуқӣ ва нуқтаи марказии F наздик шуда, дар шакли хурдшуда проексия мегардад.

Дар натиҷа, нурҳои проексионӣ дар қуллаҳои паҳлуии мукааб ба таври мувозӣ гузашта, проексияи марказиро ҳосил мекунанд. Меҳварҳои координатии x, y ва z, ки дар расми 1 (а) нишон дода шудаанд, дар проексияи фронталии диметрӣ чунин ҷойгир мешаванд: меҳвари x ба таври уфуқӣ, меҳвари z ба таври амудӣ ва меҳвари y нисбат ба меҳвари уфуқӣ таҳти кунҷи 45° равона мегардад. Кунҷҳои 45° ва 90° одатан бо ёрии гунё (асбоби ҳандасавӣ барои муайян кардани кунҷҳои рост ва каҷӣ) сохта ё нишон дода мешаванд.

Меҳвари y-ро таҳти кунҷи 45° ба тарафи чап нисбат ба хатти уфуқӣ идома медиҳем. Рӯйи пеши мукаабро, ки аз нуқтаҳои a, b ва c ташкил шудааст, дар меҳвари x ва баландии онро дар меҳвари z ба шакли чоркунҷаи мунтазам тасвир менамоем. Аз қуллаҳои чоркунҷа хатҳоеро, ки ба меҳвари y мувозӣ мебошанд, мекашем. Ин хатҳо дар проексияи фронталии диметрӣ бо андозаи ду маротиба кӯтоҳшуда тасвир карда мешаванд (расми 1 (в)).

Барои сохтани проексияи фронталии диметрии такя, аввал, меҳварҳои координатиро месозем (расми 2 (а)). Сипас, асоси онро бо хатҳое, ки ба самти y мувозӣ мебошанд, таҳти кунҷи 45° ба тарафи чап нисбат ба хатти уфуқӣ мекашем ва аз нуқтаи о ба тарафи рост дар самти меҳвари x ба андозаи 50 мм идома медиҳем. Аз меҳвари о хатҳои ба меҳвари амудии z мувозӣ гузаронида мешаванд, ки аз қуллаҳои асосӣ гузашта, нисбат ба ҳамдигар параллел мебошанд (расми 2 (б)).

Дар расми 2 (в) қисмҳои баландии параллелопипеди росткунҷа гузошта шуда, қисми болоии такя сохта мешавад. Баъд хатҳои нолозим пок карда мешаванд (расми 2 (г)). Сипас, меҳвари симметрия муайян гардида, нимдоира бо радиуси R12 тасвир карда мешавад (расми 2 (д)).


Дар анҷом андозаҳои ҳақиқии такя гузошта мешаванд (ниг. расми 2).

Зикр кардан ба маврид аст, ки сохтани проексияи фронталии диметрӣ мувофиқи қоидаҳои асосии стандарти давлатӣ СЯҲК (системаи ягонаи ҳуҷҷатҳои конструкторӣ) ба тариқи дар боло зикршуда иҷро карда мешавад.

Аҳаммияти омӯзиши проексияи фронталии диметрӣ:

  1. Тасаввуроти фазоии хонандагонро ҷиҳати сохтани проексияҳои аксонометрӣ ташаккул медиҳад;
  2. Технологияи дурусти сохтани проексияи фронталии диметрии ҷузъҳо ва маснуотро меомӯзанд;
  3. Дар хонандагон маҳорати омӯхтани воситаҳои аёниро тақвият мебахшад;
  4. Хонандагон дар хусуси мувофиқи стандартҳо (СЯҲТ) сохтани тасвирҳои аёниро меомӯзанд ва маълумот дода метавонанд;
  5. Қоидаҳои сохтани проексияҳои аксонометриро шарҳ дода метавонанд;
  6. Дар хусуси истифодаи тирҳои координатӣ маълумот дода метавонанд.

Проексияҳои аксонометрӣ, ки меҳварҳои х, у, ва Z-ро ташкил медиҳад, меҳварҳои аксонометрӣ номида мешавад. Проексияҳои аксонометрӣ ба тасвирҳои аёнӣ тааллуқ дошта, тирҳои координатии онҳо аз якдигар фарқ мекунад. Омӯзгорони фанни нақшакаширо зарур аст, ки нозукиҳои сохтани проексияи фронталии диметриро ба шогирдон дуруст таълим диҳанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *