Different science equipments on white background illustration

Гулчеҳра БОБОНИЁЗОВА,
Умар УМАРОВ,
Умед РАҶАБОВ,
устодони кафедраи методикаи таълими
физикаи факултети физикаи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

Бо мақсади расонидани ёрии методӣ баҳри татбиқи самараноки муносибати босалоҳият ба таълими физика мо тасмим гирифтем, ки ба ҳамкасбони хеш сохтори нақша-конспекти дарси яксоата аз фанни физикаро таҳия ва пешниҳод намоем. Нақша-конспекти дарси яксоата барои синфи 8 бо дарназардошти талаботи муносибати босалоҳият ба таълим тартиб дода шудааст.

Шарҳи пурраи ҷузъҳои нақшаи намунавии дарс:

  1. Номи мавзуъ, асосан, мувофиқи нақшаи тақвимӣ ва мавзуъҳои китоби дарсӣ мураттаб мешавад. Дар баробари номи мавзуъ миқдори соатҳои машғулият пешниҳод карда мешавад.
  2. Салоҳиятҳо аз стандарти фаннӣ мувофиқи ҷадвали салоҳиятҳо оварда мешаванд. Салоҳиятҳоро такроран дар чандин дарсҳо то охири сол овардан имконпазир аст.
  3. Мақсадҳои таълим (дарс) барои як дарс таҳия шуда, дар худ хусусиятҳои салоҳият ва мундариҷаи таълимро фаро мегирад. Мақсадҳои таълим мушаххас, санҷидашаванда, иҷрошаванда ва мувофиқ мебошанд. Мақсадҳои таълим аз нигоҳи хонанда мураттаб мегарданд ва ба саволи «Хонанда чӣ кор карда метавонад?» ҷавоб мегардонад. Он имкон медиҳанд, ки самтҳои асосии дарс (равиш, методҳо) муайян гарданд. Ҳангоми мураттаб намудани мақсади дарс мазмуни маводди барнома ва китоби дарсӣ, ташаккул додани дониш, маҳорату малака, сифатҳои шахсият ва тарзу усулҳои фаъолияти фикриро ба назар мегиранд.
  4. Барномаи дарс муайянкунандаи мазмуну мундариҷа ва фаъолиятҳои асосии омӯзгору хонандагон дар дарс мебошад. Барномаи дарс имкон медиҳад, ки мундариҷаи асосӣ аз дуюмдараҷа ҷудо карда шавад.
  5. Воситаҳои аёнӣ вобаста ба навъи дарс ва методҳои таълим интихобу омода шуда (воситаҳои техникии таълим, китоби дарсӣ, маводди дидактикӣ, намоиши таҷрибаҳо, филмҳои таълимӣ), аз онҳо ҳамчун манбаи ахбор истифода мебаранд.
  6. Санҷиши дониш (пурсиши вазифаи хонагӣ)-ро омӯзгор тавассути ташкил кардани кори мустақили хонандагон бо мақсади такмил додани салоҳиятҳои онҳо ташкил мекунад. Санҷишро бо роҳи саволу ҷавоб, иҷрои кори мустақилонаи хонандагон, худсанҷию ҳамдигарсанҷӣ гузаронидан тавсия дода мешавад.
  7. Ташаккул додани салоҳиятҳо ҷузъи асосии дарс буда, вақти зиёдро талаб мекунад ва самараи дарс низ ба мазмуну мундариҷаи ҳамин ҷузъ вобаста аст. Дар он мафҳумҳои нави барои омӯхтан пешниҳодшуда, усулҳои азхуд кардани онҳо, тарзи фаъолияти омӯзгору хонандагон нишон дода мешавад; тарзу воситаҳои ташаккул додани салоҳиятҳо, ривоҷ додани фаъолияти дарккунии хонандагон ба назар гирифта мешаванд; мазмуни кори мустақилонаи хонандагон (ҳалли масъала, ба саволҳо ҷавоб гардондан), шарҳи таҷриба ва маводде, ки хонандагон бояд истифода баранд, возеҳ нишон дода мешавад.
  8. Баҳодиҳӣ, асосан, ҷамъбасти дарс буда, баъзан ҳамчун воситаи арзёбӣ (ташаккулдиҳанда ва ҷамъбастӣ) шарҳ дода мешавад. Усул ва воситаҳои арзёбӣ вобаста ба салоҳиятҳо ва мақсадҳои таълимии дарс интихоб ва пешниҳод мегарданд. Ҷамъбасти дарс аз ҷузъҳои зерин иборат буда метавонад: устувор кардану инкишоф додани салоҳиятҳо тавассути мустақилона татбиқ кардани дониш дар ҷараёни ҳалли машқу масъалаҳо; ба хонандагон нишон додани татбиқи ин амалиёт барои омӯхтани саволгузорӣ, ҷавобёбӣ, таҳлили ҳалли масъалаҳо, ислоҳ кардани ғалатҳо; дар хонандагон ташаккул додани мустақилият, хушгуфторӣ, хушхаттӣ, тарзи дуруст баён кардани фикр, луғатсозӣ, маънои мафҳумҳоро шарҳ додан; муайян кардани усулҳои робита бо хонандагон, назорат кардани иҷрои кори мустақилона; ба салоҳиятнокии хонандагон баҳои муносиб гузоштан.
  9. Супориши хонагӣ ташкил кардани кори мустақили хонанда аст, аз ин рӯ, омӯзгор ба хонандагон вазифаи хонагӣ супурда, бояд чӣ кор кардани онҳоро низ фаҳмонад. Масалан, такрори маводди дарс ё ҷузъи он, кашидани расм, нақша, сохтани тамсила, график ё гузаронидани таҷрибаю ҳалли масъала ва ғайра.

Дар асоси гуфтаҳои боло намунаи нақша-конспекти дарси яксоатаро меорем.

  1. Мавзуъ. Конвексия – 1 соат
  2. Салоҳиятҳо:

— Салоҳияти таълимӣ-маърифатӣ.

— Салоҳияти ғоявӣ-маънавӣ.

— Салоҳияти таълимӣ-таҳқиқотӣ.

  1. Мақсадҳои таълим (дарс).

Бо омӯзиши мавзуъ хонандагон бояд:

— мафҳуми конвексияро ҳамчун як навъи гарминақлкунӣ шарҳ диҳанд;

— ҳодисаи конвексияро дар мисоли газҳо ва моеъҳо тавсиф кунанд;

— сабаби ба амал омадани насими баҳр ва шаббодаро шарҳ диҳанд;

— сабабҳои дар ҷисмҳои сахт ба амал наомадани конвексияро шарҳ дода тавонанд;

— нақли энергияро тавассути конвексия шарҳ диҳанд;

— навъҳои конвексияро тасниф намоянд;

— доир ба татбиқи мафҳуми конвексия масъалаҳои сифатӣ ва озмоишӣ ҳал кунанд;

— принсипи амали радиаторҳои гармкунандаи биноҳоро шарҳ диҳанд.

  1. Барномаи дарс. Озмоиш мувофиқи расми 12-и китоби дарсӣ (синфи 8), муоинаи мисолҳои конвексия, шарҳи мафҳуми конвексия, озмоиш мувофиқи расми 13-и китоби дарсӣ, таснифи навъҳои конвексия, кор бо матн ва расми китоби дарсӣ, мушоҳида, муқоисаву таҳлил ва алоқаманд намудани мазмуни мавзуъ бо ҳаёти воқеӣ сурат мегирад.
  2. Воситаҳои аёнӣ. Китоби дарсӣ барои синфи 8 (расмҳои 12-13), таҷрибаҳо аз рӯйи расмҳои 12 ва 13.
  3. Санҷиши дониш (пурсиши вазифаи хонагӣ). Саволу ҷавоб тавассути блитс-пурсиш (пурсиши кӯтоҳи интихобӣ):
  • Аз сими металлӣ гузаштани гармиро шарҳ диҳед.
  • Ба андешаи шумо оё ҳамаи ҷисмҳо гармиро як хел мегузаронанд?
  • Ҷисмҳоеро номбар кунед, ки гармигузаронии хуб (бад) доранд.
  • Ба фикри шумо ҷисмҳое, ки гармиро бад мегузаронанд, бо кадом мақсад истифода бурда мешаванд?
  • Доир ба гармигузаронӣ аз таҷрибаҳои ҳаррӯзаатон мисолҳо оред.

Кор бо тестҳо:

  1. Чаро барфи ғафси ковок ғаллаи тирамоҳиро аз сармо муҳофизат мекунад?

А. Барфи ковок дар дохилаш ҳаво дорад. Ҳаво гармиро бад мегузаронад.

Б. Барфи ковок энергияи дохилии зиёд дорад.

В. Барфи ковок гармиро хуб мегузаронад.

С. Барф сафед аст.

  1. Қайчӣ ва қалами рӯйи миз ҳарорати якхела доранд. Чаро дасти мо қайчиро назар ба қалам хунуктар ҳис мекунад?

А. Қайчӣ назар ба қалам энергияи дохилии камтар дорад.

Б. Қайчӣ гармиро назар ба қалам хубтар мегузаронад.

В. Қайчӣ назар ба қалам энергияи дохилии зиёдтар дорад.

С. Қайчӣ назар ба қалам гармиро бад мегузаронад.

  1. Барои он ки лаб насӯзад, чойи ҷӯшро бо зарфи алюминӣ нӯшидан лозим аст ё бо пиёлаи чинӣ?

А. Бо зарфи алюминӣ, зеро он гармиро бад мегузаронад.

Б. Бо пиёлаи чинӣ, зеро он гармиро бад мегузаронад.

В. Бо зарфи алюминӣ, зеро он гармиро хуб мегузаронад.

С. Бо пиёлаи чинӣ, зеро он гармиро хуб мегузаронад.

  1. Ташаккул додани салоҳиятҳо.

І. Масъалагузорӣ. Бо мақсади хотиррасон кардани донишҳои пешинаи хонандагон ва ба вуҷуд овардани вазъияти ҷустуҷӯ дар синф ба хонандагон бо саволҳои зерин муроҷиат кардан тавсия дода мешавад.

Саволҳо:

  1. Шарҳ диҳед: аз чӣ сабаб либоси дар болои оташдон овезонбуда зудтар хушк мешавад?
  2. Сабаби ба амал омадани шамолро шарҳ диҳед.
  3. Ба фикри шумо барои чӣ обро аз поён гарм мекунанд?

ІІ. Масъалагузорӣ. Ба хонандагон масъаларо гузошта, натиҷаи онро бо блитс-пурсиш (пурсиши кӯтоҳи интихобӣ) ҷамъбаст кардан тавсия дода мешавад.

Масъала. Агар мо дастамонро ба болои оташдони гарм ё болои лампаи фурӯзон нигоҳ дорем, ҳис мекунем, ки аз онҳо ҷараёни ҳавои гарм ба боло мебарояд.

Фирфираки хурди қоғазине, ки болои лампаи фурӯзон гузошта шудааст, бо таъсири ҳавои гарми болобароянда чарх мезанад.

Агар шабона дар соҳили кӯл истем, вазидани шаббодаро ҳис мекунем. Сабаби ҳамаи ин чист?

ІІІ. Кори дунафара.

Аз рӯйи расмҳои 12 ва 13-и китоби дарсӣ озмоиш гузаронида, бо истифода аз матн онҳоро шарҳ диҳед.

 

Расмҳои 12 ва 13 (аз китоби дарсии синфи 8)

ІV. Шиносоӣ
бо мазмуни мавзуъ.
Лексияи хурд. Хонандагонро ба тариқи суҳбат бо мазмуни
маълумот оид ба ҳодисаи конвексия шинос кардан тавсия дода мешавад.

Мазмуни
мухтасари лексияи хурд:

Дар ҷараёни
суҳбат омӯзгор саволҳои мутааллиқи гармигузаронӣ, қувваи архимедӣ ва аз гармӣ
васеъ шудани ҷисмҳоро бо хонандагон муҳокима карда, таҷрибаҳоро доир ба
конвексия мисол меорад. Сипас, таҷрибаҳои расмҳои 12 ва 13-ро, ки хонандагон
иҷро кардаанд, шарҳ дода, зикр менамояд, ки чунин намуди нақли гармиро
«конвексия» мегӯянд. «Конвексия» аз калимаи лотинӣ
гирифта шуда, маънои кӯчидан ё гузарониданро дорад. Бо ҷараёни моеъ ё газ
интиқолёбии гармиро «конвексия» меноманд.

Баъдан,
тавассути муҳокимарониҳо хонандагонро ба хулосае меорад, ки дар вақти конвексия
гармиро худи ҷараёни газ ва ё моеъ «мегузаронад». Конвексия дар ҷисмҳои сахт
рӯй намедиҳад. Ба мо маълум аст, ки ҳар як зарраи ҷисми кристаллӣ дар назди
зарраҳои дигар бо ҷозибаи пурзӯри мутақобил нигоҳ дошта мешаваду танҳо дар як
нуқта лаппиш мекунаду халос. Аз ин рӯ, ҳангоми гарм кардани ҷисми сахт дар он
ҷараёни модда – ҷараёни конвексионӣ ба амал омада наметавонад. Энергия дар
ҷисмҳои сахт бо роҳи гармигузаронӣ интиқол меёбад.

Ду навъи
конвексияро аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Конвексияеро, ки мо тавассути таҷрибаҳои
боло муоина намудем, конвексияи табиӣ ё озод меноманд. Агар газ ё моеи
номунтазам гармшударо бо насос ё чӯбча омезиш диҳем, конвексияи маҷбурӣ ба амал
меояд.

Илова бар ин,
мисолҳои конвексияро дар табиат ва техника муқоиса карда, фоида ва зарари онро
нишон додан боиси васеъ ва устувор гардондани дониши хонандагон доир ба
конвексия мегардад.

V.
Мустаҳкамкунии дарс.

Кори гурӯҳӣ

Гурӯҳи 1.
Расми 14-и китоби дарсиро шарҳ диҳед.

Гурӯҳи 2.
Масъалаи зеринро ҳал кунед:

Барои чӣ шуълаи
шамъ дар лаҳзаи бешамолӣ шакли амудӣ мегирад?

Гурӯҳи 3.
Масъалаи зеринро ҳал кунед:

Чаро камераи
хунуккунандаи яхдонро дар қисми болоии он ҷойгир мекунанд?

8. Ҷамъбасти
дарс.

Ҷавоби
хонандагонро доир ба супориши боло муҳокима карда, хулосаи дуруст баровардан
тарзи самарабахши ташаккул додани мафҳуми конвексия мебошад.

9. Супориши
хонагӣ.

Ба вазифаи
хонагӣ илова кардани иҷрои «озмоиш дар хона» аз манфиат холӣ нест.

Арзёбӣ. Дар
рафти дарс фаъолияти таълимии хонандагонро мушоҳида намуда, дараҷаи ба
салоҳиятҳо ноил гаштани онҳоро муайян кунед. Натиҷаҳои фаъолияти таълимии
хонандагонро аз рӯйи савол ва супоришҳо арзёбӣ карда метавонед.

Намунаи саволу
супоришҳо:

1. Барои чӣ
ҳавои болои шамъи фурӯзон ҷой иваз мекунад?

2. Сабаб
чист, ки дудкаши хиштӣ назар ба дудкаши металлӣ ҳаворо хубтар мекашад?

3. Шамоли
сахти бодбезаки электрӣ (вентилятор) эҳсосоти салқинӣ ба вуҷуд меоварад. Магар
бо ёрии ин шамол яхмосро дар шакли сахт нигоҳ доштан мумкин аст?

4. Расмҳои
зеринро шарҳ диҳед.

Хулоса, татбиқи муносибати босалоҳият дар таълими физика имкон фароҳам меорад, ки раванди дарс аз шакли анъанавии танҳо дониш додан ба муҳити фаъоли омӯзиш, таҳлил, мушоҳида ва татбиқи амалии дониш табдил ёбад. Дар чунин раванд хонанда на танҳо маълумоти назариявиро аз худ мекунад, балки қобилияти фикрронӣ, таҳқиқ, мушоҳида, муқоиса, хулосабарорӣ ва истифодаи донишро дар ҳаёти воқеӣ низ ташаккул медиҳад.

Нақша-конспекти пешниҳодшуда ҳамчун намунаи муосири ташкили дарси яксоата аз физика ба омӯзгорон имкон медиҳад, ки фаъолияти таълимиро бо дарназардошти талаботи стандартҳои давлатӣ, салоҳиятҳои фаннӣ ва хусусиятҳои психологии хонандагон ба роҳ монанд. Дар он ҳамаи ҷузъҳои асосии дарс, аз муайян намудани мақсадҳои таълим то арзёбӣ ва супориши хонагӣ ба таври мантиқӣ ва пайдарпай ба ҳам алоқаманд гардидаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *