Абдуғанӣ МУҲАММАДИЕВ,

омӯзгори мактаби №29,

ноҳияи Деваштич

Саҳаргоҳони рӯзҳои охир баъзе хонандаҳо ба дарсҳо дертар меоянд. Ресмони назорату да холатро аз эътидол дарозтар гузоштаем-чӣ? Дар ин маврид низ эътидолу низоме бояд риоя шавад? Чаро дер меомада бошанд? Фаразан, роҳи байни хонаи Сайфулло ва мактаб дур асту ба ҳамин сабаб ба дарс дертар расида меояд. Дертар омадани Наргису Мастураро, ки аз дами дарвозаашон бинои мактаб менамояд, сабаб чист?
Имрӯз низ ба дарси аввал даромада дидам, ки се шогирд ҳанӯз наомадаанд. Баъди се-чор дақиқаи ба синф даромаданам, Сайфуллою Дилнигор омаданд, аммо аз байн даҳ-дувоздаҳ дақиқа гузашта бошад ҳам, аз Мафтуна дараке нест. Аз ҳаммизаш Мухбира, ки ҳамсояашон низ ҳаст, дар вақти як лаҳза танаффуси мобайнидарс пурсидам:
Мухбира, ба Мафтуна чӣ шуд? Барои чӣ имрӯз ба дарс наомад?
Вай туфлиҳояшро гум кард, барои ҳамин наомад, — чашмонашро нимпӯш карда, дасти то ин дам зери манаҳаш тиргакро аз банд ба пеш хамонда, хеле фориғболона ва бепарво ҷавоб дод Мухбира.
Наход ғайр аз ҳамон туфлиҳояш ягон пой афзори дигар надошта бошад?
Пойафзор чиз-кӣ? – ба ҷойи посух гар дондан савол дод Мухбира.
Маънии калимаи “пойафзор”-ро шарҳ до дам ва баъдан ҷавоби суоламро шунидам:
Боз дораду ҳамон пойафзори мактабра виашро кофта гаштааст.
“Пойафзори мактабравӣ?”.
Чанд калимаи дар тахта навиштаамро Ниги наи Сабур, Ҷамолиддин, Фирдавс, Исфандиёр, Мухбира ва Абдумаҷид хонданд. Сонӣ назди тахтаи синф рост истода, ҳарфҳои дарсҳои гузашта омӯхтаро аз варақаҳо, ки ба шаклҳои дастнавис ва чопӣ навишта, ба девори тарафи муқобили тирезаҳо дар се рада часпонидаам, бо ишорачӯб не, бо суханҳое аз қабили:
ҳарфи панҷуми қатори дуюм кадом аст?
ҳарфи дар паҳлуи рости ин ҳарф буда чӣ?
се варақа чаптар аз ин ҳарф кадом ҳарф аст?
нишон дода пурсидам.
Ҳангоми пурсиш ва ҳарфнишондиҳӣ, ки қариб ҳамаро сар ба сар машғул дошт, садои кушодашавии дари синфхона баланд шуд: дари иллатӣ ба фарши сементии долон дармонда, нимво гашт. Ҳама тарафи дар нигаристем. Ман аз ҷойи истодаи худ тавассути роғи дар як қисми остини дасти касеро, ки аз дастаи пушти дар медошт, дидам. Аз паси дар овози оҳистаи беҷуръатонае омад:
Мумкин? гуфта, Мафтунаи аз чизе хавотир аз дар даромад.
Ӯ бо сари каме хам, гардани миёни китфон фурӯкашида, чашмони рамида, вале теғкашида, яъне, дар ҳолати баъзе бачаҳои гуноҳе содир кардаи мунтазири коҳишу сарзаниш рост ба ман менигарист. Чанд лаҳзаи қаблиро фаромӯш карда будам ва ба ёдам наёмад, ки чаро ӯ ба дарс дер кард. Фақат ба таъсири ишораи қиёфааш ба пойи лучаш нигаристам ва ба дунболи дидан бе заррае мулоҳиза кардани вазъият пурсидам:
Барои чӣ пойи луч омадӣ?
Баробари пурсиши сабаби ба дарс дер омада наш бо садои Мухбира гӯё ба гӯши ҳушу идрокам расид. Ҳанӯз Мафтуна ба ҷавоб гуфтан даҳон накушода, воқеа пурра ба дарки дигар хонандаҳо нарасидаву дар замирашон аксуламалеро ба ҳа ракату туғён наоварда, бо оҳанги таъкидии оми рона нигоҳамро аз рӯйи Мафтуна ҷониби синф гардонда гуфтам:
Гузар, ба ҷоят бишин!
Шояд ба таъсири лаҳзаи охирин ғайримунтазира зуд ба вазъияти ғайричашмдошт рухдода ворид шуданам ва сари вақт ваҷоҳати заруриро гирифта, “гузар, ба ҷоят шин” –гуфтанам хандаи бачаҳо сар назада, ба сурати гул кардани табассум дар симои ду-се нафар басанда шуд. Баро бари амри манро шуниданашон табассум ҳам аз симояшон сутурда гашт: гӯё ҳодисаи завқангезу хандаоваре рӯй надода бошад, сарҳояшонро ба рӯйи китобҳояшон, ки акнун ҳарфҳои аз варақаҳо нишондодаашонро аз он ҷуста ҳисоб мекарданд, хам карда, машғулияти то омадани Мафтуна сар кардаашонро давом доданд. Дар як нафас Мафту на низ бо такон хӯрдани камару тағйир ёфтани аҷиби нигоҳ ва ҳаракати сартопойи пайкар хо тири то ҳол парешону хавотирашро ҷамъ карда, ҷониби мизаш равон шуд. Ӯ дар як лаҳзаи дигар бо равиши ҳамчунон ҳамвор ва хеле сабук ба на зди мизаш бирасид. Фақат вақте ки китобҳояшро рӯйи мизаш гузошта, акнун тараддуди нишастан мекард, Мухбира ба ӯ гуфт:
Ҳе-ей, туфлиҳоят дар хонаи мо!
Дар куҷо-о?
Ҳо-о, дар пеши…
Дар назди чӣ?…
Охири сухани Мухбираро нашунидам. Ба Мафтуна гуфтам:
Мафтуна, гашта раву туфлиҳоятро пӯшида, зуд ба дарс биё!
Вақти танаффус аз синфхона набаромадам. Худро андармон ва машғули корҳо карда нишастам: канӣ бинем, оё нафаре дар мавриди пойлуч ба мактаб омаданаш Мафтунаро ба масхара мекашад ё на? Шӯхиҳо буд, хандаю хушҳолиҳо буд, аммо на аз ҷиҳати ин воқеа.
Сатрҳои пушти саҳифаро навишта, дафтарро дар рӯйи сандалӣ гузошта берун баромадам. Зери дарахтони рӯйи ҳавлӣ хеле гардиш кардам: парандаҳо – гунҷишку майнаҳо бо қиючув ба ло шҳо нӯл зада, нӯши ҷон мекарданд.
Баъди баргаштан аз “сайри боғ” сатрҳои болоро бори дигар хондаму дар як гӯшаи хаёлам хира-хира гумоне пайдо шуд: шояд воқеа аз шумули ҳодисаҳои майда-чуйдаи ғайри қобили таваҷҷуҳ аст ва ба кори таълиму тарбия иртиботе надорад? Кирои перомуни он мулоҳиза рондан ва майна об карда, рӯйи варақ бозгӯ кардан нест? Чаро кори кучак ҳисоб шавад? Сохтмони мулоҳиза рондану бозгӯ кардан набошад? Охир, ҳар гуна иморати бузургу боҳашамат аз хишту порасангҳои бешумори дар алоҳидагӣ ночизу камарзиш ва назарногир оғоз мешавад-ку. Чаро мо дар бунёди кулбаяки худ аз ин чизҳо истифода набарем?
Ғайр аз ин, як ҷиҳати дигар мебошад: бо мурури замон рӯзе фаро мерасад ва инҳо, ки ба таъбири устод Лоиқ гӯем, ҳоло “ҳама ҷамъ ҳам чу дарё” ҳастанд, бо тақозои айём ва маҷбуриҳои зиндагӣ хоҳу нохоҳ аз ҳамдигар “чу шохоба ҷудо” хоҳанд шуд. Ҳар гоҳе ба муносибате ҷамъ омада, ба суҳбати якдигар расанд, гирди дастархоне нишаста ҳодисаҳои дар айёми бачагию наврасиашон рӯйдодаро бо дилгармӣ ва кайфияти гуворо ба ёду хотир хоҳанд овард (Зимнан, қадрдонӣ, улфатӣ ва дигар муносибатҳои софу беғаш ва беға разонаи гурӯҳҳои хурд, аз қабили ҳамсабақону ҳамкорон, зинаи аввали кохи ҳамдиливу ваҳдати ҷамъият нест магар?).
Ва агар дар яке аз чунин ҷамъомадашон ё ягон маъракаашон маро – муаллими аввалина шонро даъват карда монанд, дафтарро таги каш гирифта, ба суҳбаташон ҳозир хоҳам шуд. На виштаҷоти дафтарро хондан барояшон ҷолибу марғуб хоҳад буд. Онҳо дар паси ҳар сатри на виштаҷоти дафтар хеле аз ҳодисаву рӯйдодҳои ин рӯзҳоро, ки бегумон, аз назари ман пинҳон монда, ё таваҷҷуҳамро ҷалб накарда, ё ба сабаби тангии фурсат ё бо сабабҳо рӯйи варақҳо бозгӯ ношуда мемонад ва аз хотири худашон низ фа ромӯш хоҳад шуд, бо шавқи зиёд ва эҳсоси гуворо ба ёд хоҳанд овард.
Оё танҳо ҳамин ҳадафи ба назари аввал ночиз иҷоза намедиҳад, ки аз ҳодисаҳои гуворою ногувор, ҳаракату сухангӯиҳои хеле табиӣ, вале алҳол содадилона ва дар айни замон софу самимиашон, аз падидаҳои ҷолиб ва дигаргуниҳои назарраси ҳар рӯзи зиндагии ҳамагон набошад ҳам, нафаре чанд аз онҳо чун “шингиле намуна аз боғи калон” дар авроқи дафтар навишта монам ва чанд дафтари ҳошия унвонкардаамро низ пур созам?
Ва боз, одам хотираи ҳар чӣ қадар қавӣ до шта бошад ҳам, рӯйдодҳои рӯзмарраро комилу пурра, мӯ ба мӯ, бо ҷузъиёташ ба зеҳну хотирааш фаро гирифта наметавонад. Ҳатто басо ҷузъиёти барои тараққию пешравӣ зарурӣ, ба раванди ҳа водис нақшгузорро надида, ё мулоҳиза накарда мемонад. Гузашта аз ин, хотира чизе нест, ки ҳама ҳодисаҳои қабулкардаашро то охири умри соҳибаш муддати мадиде бекамукост нигоҳ до шта тавонад.
Инсоният чунон ки олимон ҳадс мезананд, дар ибтидо барои ба масофаи дуре расондани хабаре хатро ихтироъ ва роҳандозӣ кард. Баъдан ихтирои бузургашро барои ба шакли китоб даровардани мушоҳидаҳои аз табиату зиндагӣ бардошта ва донишҳои дар ин замина бавуҷудоварда, яъне, сабти хотироту донистаҳои худ мувофиқкунонд гӯем, хато нахоҳем кард. Бале, фарзанди инсон ба шарофати дониши бавуҷудоварда ва хотираи китобиаш рӯзҳои гузаштаву ҳаводиси он рӯзҳо ро фаромӯш накарда ба зиндагии ҳам осон ва ҳам душвори имрӯза, ба тараққиву пешравиҳои тааҷҷубовари илмиву техникии хеш мушаррафу ноил гашт.
Қариб ҳар рӯз ба ҳаёти инсонҳо ворид шу дани навгонии илмиву фановарӣ оё реша бар донишҳои содалавҳонаи бавуҷудовардаи ода мони дунёи қадим надорад? Аз донишҳои содалавҳонаи ибтидоӣ, ки ба назари як навраси огоҳи имрӯза шояд гӯлона ва хандаовар менамояд, ғизо гирифта, ба сатҳи имрӯзааш расидани ҳунару дониш ва илмро ҳар каси ботааммул равшан та саввур карда метавонистагист.
Як хулосаи мантиқӣ аз навиштаи боло, ки дар зери шуурам шакл гирифта, рӯ зад. Оё як инсони мушаххас аз айёми тифлӣ то овони камолоти ҷисмониву равониаш ба ҷиҳати маърифати одаму олам ва фаро гирифтани дониш, яъне, шинохти ҷаҳон роҳи ҳазорсолаҳо паймудаи инсониятро дар як умри одамӣ тай намекунад? Яъне, ба иборати дигар гӯем, оё раванди дар давоми асрҳо доир ба ҳодисаҳои табиат, шинохти кайҳону ху дии худ донишҳо пайдову ғун кардани инсоният дар тӯли умри як шахси муайян, аз нотавонии баъди таваллуд, то нерумандиву тавоноӣ ва фарзонагии давраи камолоти ӯ такрор намеёбад?.
«Аз гап гап мебарояд» гуфтагӣ барин мулоҳизаҳои камрабти боло аз куҷое дар мағзи сарам пайдо шуд ва аз нӯги қалам ба рӯйи ва рақҳо фурӯ рехт. Мехостем, ки барои ба вуҷуд овардани як манзараи мукаммал хеле муҳим будани қайди рӯйдодҳои ҷузъи рӯзгорро таъ кид намоем. Аммо, дафтар барои худам, ки ҳаст, барои кӣ таъкид мекунам ин нуктаро?
Пас, сатрҳои болоро хат занем, ё варақро аз дафтар канда гирем? Не, хат намезанем. Бигзор, варақ низ дар ҷояш истодан гирад.
Дар як навиштори ҳаҷман хурд мо аз мушоҳидаҳои бисёр дар бораи як воқеаи хурди содае, аз қабили ҳодисаҳои хурди назарногиру камарзиш гап сар карда, ба шарҳи ҳамчунон содаи чанд мавзуи калон: чигунагии хотира; ихтирои хат; аз донишҳои содалавҳонаи ба назари як навраси имрӯза гӯлона гузашта, расидани инсоният ба до нишҳои муосир ва чанд хулосаи дигар расидем, ки баъзе нонавишта монд. Омӯзгорон, чи ҷавону чи баркамол, аз ҷиҳати назарӣ ё амалӣ медонанд, ки донистану ба инобат гирифтан ва кор бастани ҳар кадоме аз ин мулоҳизаҳо, агарчи дар назари аввал ноҷӯру парокандаанд, дар маҷмуъ, дар кори таълиму тарбия ҷойгоҳи хеле устувор доранд. Даъво бедалелу тира монд? Асли ҳадаф – натиҷаи имконпазир муҳим аст, ки ба он ишорае нашуд? Натиҷаҳои боровар, чунон ки гумон меравад, зи ёданд. Кадомҳо? Натиҷаи аввалину хурдтарин ин хоҳад буд, ки омӯзгори ботаваҷҷуҳ аз мулоҳизаи аҳвол вобаста ба сатҳи донишу доираи таваҷҷуҳ ва жарфои пазириши шогирд – хонандаи синфи як ё даҳу ёздаҳ, барои ҳар кадоме ки рӯ ба рӯ бошад, лаҳни мувофиқи гуфтору сатҳи баёни дархӯр ин тихоб мекунад. Чунин аҳвол, бешак, ба мондагор шудану манфиатбор гаштани бисёр дарсҳо мусоидат хоҳад кард.
Аммо, чунин ангезишу печиши ғайримуқаррариву ғайриодатӣ, вале гоҳе ногузири андешаҳо моро чӣ илқо мекунаду куҷо мебарад, ба кадом бо здеҳи лоиқи таваҷҷуҳ мерасонад? Шояд хонандаи муҳтарами ин сатрҳо андешаи равшану хулосаи устуворе дорад?
Дар сатрҳои боло, ғолибан, шаф-шаф зиёд шуд. Намедонам, ки шафтолу гуфтем ё не? Мо худ баъди солҳо аз хондани ин сатрҳо ҳаловате хоҳем бардошт. Оё ба димоғу мазоқи хонандаи эҳтимолӣ бӯю таъми шафтолу мерасида бошад? Ё ӯ чунин ангезишу ба ҳам печиданҳои андешаҳои ба зоҳир бесарунӯгро айб гирифта, як равиши бесуди мулоҳизарониву хулосабарорӣ медонад?
Мо тахмин мекунем ва итминон дорем, ки ин мавзуъ аз нигоҳи мавриддониву ҳадафгузорӣ ва боровариву натиҷарасӣ бар асоси рӯйдодҳои та содуфӣ, сазовори як баҳси муфассалу мукаммал мебошад, ки дар ин навиштор ба баъзе паҳлуҳои он ишорае рафт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *