Матбааи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон китоби дотсенти донишгоҳ Асадулло Шарифзодаро аз чоп баровард.

«Фарҳанги тафсирии истилоҳҳои матема тика» аз ҷумлаи китобҳое мебошад, ки ба илми математика бахшида шудааст. Мақсад аз таълифи чунин луғат дар шакли мухтасар, бо дар назар дошти паҳлуҳои гуногуни истилоҳот, маънидод намудани мафҳумҳои маъмули соҳаҳо ва фаслҳои мухталифи илми математика мебошад.

Ҳангоми таълифи он, қабл аз ҳама, талаботи мактаб ва ҷомеаро ба истифодаи ин ё он истилоҳ ба эътибор гирифтем. Аз анбӯҳи зиёди мафҳумҳои математикӣ онҳоеро ҷудо кардем, ки дар истифодаи мактаб, матбуоти даврӣ ва адабиёти илмӣ қарор доранд. Яъне, истилоҳҳое интихоб шудаанд, ки дар таълим ва кори амалии ҳа марӯза заруранд.

Фарҳанги мазкур, барои муҳандисон ва донишомӯзони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, аз ҷумла, донандагони илмҳои физика, табиатшиносон, механикҳо, биологҳо, иқтисоддонҳо, намояндагони фанҳои техникӣ, ки дар кори ҳаррӯзаи хеш аз усулҳо ва методҳои математикӣ истифода мебаранд, тавсия дода мешавад. Вай ба толибилмоне низ зарур аст, ки барои таълим гирифтан аз соҳаҳои илмҳои дақиқ ба ҷумҳурии мо омадаанд ва хоҳиши бо забони тоҷикӣ бо адабиёти илмӣ техникӣ шинос шуданро доранд. Ҳангоми таълифи фарҳанги мазкур талаботи омӯзгорону толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ низ ба эътибор гирифта шудааст.

Бо назардошти гуногун будани талаботи истифодабарӣ дар фарҳанг истилоҳот аз соҳаҳои мухталифи илми математика ворид карда шудаанд. Истилоҳот аз математикаи элементарӣ, таҳлили математика, соҳаҳои мухталифи геометрия, алгебра ва назарияи ададҳо, назарияи эҳтимолият ва омори математикӣ, боз якчанд фанни бо математика ҳамҷавор интихоб шудаанд. Дар китоб мафҳумҳо ва истилоҳоти хислати методологӣ дошта, асосноккунии математика, мантиқи математика ҳам ҷой дода шудаанд.

Аз байни чандин ҳазор истилоҳ ва мафҳумҳои математикӣ, ки дар адабиёти илмию таълимӣ ду чор меоянд, зиёда аз 3000-тояшон дар фарҳанги зикршуда тафсири мухтасари худро пайдо кардаанд.

Мафҳум ва истилоҳотро аз ҷиҳати серистеъ молӣ метавон ба се гурӯҳ ҷудо кард. Гурӯҳи як умро онҳое ташкил медиҳанд, ки барои доираи васеи истифодабарандагон пешбинӣ шудаанд. Гурӯҳи дуюм барои истифодаи ашхоси соҳибкасб тавсия дода мешавад. Гурӯҳи сеюм аз истилоҳҳо ва мафҳумҳое иборатанд, ки барои муҳаққиқони соҳа, аспирантон, унвонҷӯёну олимон заруранд.

Барои равшану возеҳ, пурраву фаҳмо гашта ни мафҳум ва истилоҳҳо расм, нақшаҳову гра фикҳои баъзе аз функсияҳо, хатҳои каҷи алоҳида тасвир карда шудаанд.

Дар охири китоб дар шакли “Иловаҳо” за мимаҳо ҳамроҳ карда шудаанд, ки зиёда аз 350 ихтисоротро якҷоя бо шарҳу тавзеҳот дар бар ги рифтаанд.

                                                                                                                        Асадулло Ш.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *