Бо расидан ба Истиқлоли давлатӣ кишвари мо гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ гардид, ки он оқибатҳои ногуворро ба бор овард. Дар ин ҳолати хатарзо ва гирдоби ҷангу хунрезиҳо ҳазорон нафар кушта шуданд ва садҳо ҳазор бехонумон гаштанд. Ҷанги шаҳрвандӣ иқтисоди кишварро фалаҷ кард, ба тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ таъсири манфӣ расонд ва давлат дар ҳолати рукуд қарор дошт, мардум аз ояндаи дурахшони кишвар ноумед буданд. Дар ҳамин лаҳзаи ҳассос ва сарнавиштсоз шахсияте зарур буд, ки ҳастии хешро баҳри таъмини сулҳу ваҳдат равона созад ва барои расидан ба тинҷию оромӣ талош намояд. Манфиатҳои миллатро аз манфиатҳои шахсӣ боло гузорад ва муҳимтар аз ҳама, сиёсатмадори қавииродаву ватандӯст бошад. Чунин шахсият, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки бо такя ба азму иродаи мардум баҳри расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ хидмати арзанда намуданд. Дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олӣ интихоб гардиданд ва баъдан ҳамчун Сарвари давлат аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ ҳастии хешро баҳри таҳкими ваҳдати миллӣ бахшиданд. Ва инро метавон дар аввалин Муроҷиатномаи хеш ба мардуми тоҷик тасдиқ кард, ки зикр намуданд: “Ман ба хонадони Шумо сулҳ меорам ва то охирин фирории иҷборӣ ба Ватан бар нагардад, осуда нахоҳам буд!.. Ман барои амну амонии халқу Ватани азизам ҳозирам ҷони худро қурбон кунам!”

          Ҳадаф ва маслаки Сарвари давлат таъмини сулҳу субот ва фароҳам овардани зиндагии шоиста барои мардум маҳсуб меёфт. Барои расидан ба ин ҳадафҳои олӣ аз тамоми неру ва имкониятҳо истифода намуданд. Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон киштии шикастаи давлату миллатро аз ғарқшавӣ наҷот бахшиданд, ҷон дар гарав гузоштанду ба душман даст доданд, ҷинояткорони силоҳбадастро авф карданд, беш аз як миллион гурезаю муҳоҷири иҷбориро ба Ватан баргардониданд, сулҳу ваҳдат ва суботу оромиро дар мамлакат танинандоз карданд. Пешвои миллат давлатдории навини тоҷиконро поя гузоштанд, рукнҳои онро бунёд намуданд, низоми ҳуқуқиву молиявии кишварро устувор карда, артиши миллиро таъсис доданд. Маҳз бо талошу пайкор ва хидматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” ба тасвиб расид, ки пайки шодӣ ва умеду боварии мардумро ба фардои дурахшони кишвар бештар намуд. Ҳамин сулҳу субот ва тинҷию оромист, ки кишвари мо дар ҳама соҳаҳо ба пешравиҳои чашмгир ноил гардид. Имрӯз ба ҳар гӯшаву канори мамлакат сафар намоем, шоҳиди он мегардем, ки дар мамлакат раванди бунёдкориҳо бомаром идома дорад ва мардуми сарбаланди тоҷик бо дили гарму дасти тавоно дар пешравии давлат саҳми босазо мегузоранд. Баъди расидан ба ваҳдати миллӣ се ҳадафи стратегӣ – расидан ба истиқлоли энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар назди давлат муайян карда шуд. Барои амалӣ намудани ин тадбирҳои судманд аз тамоми имконот истифода карда шуд ва дар ҳазораи нав кишвари мо ба марҳалаи ҷадид ворид гардид. Бунёдкориҳои азим дар кишвар вусъат ёфт, дар як муддати кӯтоҳ кишвари мо аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо гардид ва Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ табдил ёфт. Рафтуомади мардуми кишвар дар ҳамаи фаслҳои сол таъмин гардид, ки ин омил, аз як тараф, ба пешравии минтақаҳои кишвар мусоидат намояд, аз ҷониби дигар, дӯстиву рафоқат, меҳру муҳаббат ва ҳамбастагии ҷомеаро бештар намуд. Аз ин ҷост, ки дар шаҳру навоҳии мамлакат сухан танҳо аз сулҳу ваҳдат ва созандагиву бунёдкориҳо мебошад.

        Мушкилоти энергетикӣ дар кишвар бартараф гардид ва дар ин миён даҳҳо неругоҳҳои барқии обии бузург ва миёнаву хурд, аз ҷумла, “Сангтӯда -1” ва “Сангтӯда -2” бунёд гардиданд. Ду чархаи Неругоҳи барқи обии “Роғун” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт ва бо истифода додани иқтидории пурраи он Тоҷикистон ба бузургтарин содиркунандаи неруи барқ дар минтақа табдил меёбад. Дар баробари ин, ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар эълон гардид, ки ин имкон фароҳам меорад, ки Тоҷикистон ба кишвари саноативу аграрӣ табдил ёбад. Ва мо шоҳиди онем, ки дар гӯшаву канори мамлакат бунёди корхонаҳои бузург бомаром ҷараён дорад.

        Дар кишваре, ки сулҳу субот ҳукмфармост, ҳатман дар ҳама самтҳо пешравӣ мешавад. Дар ин миён метавон аз рушди соҳаҳои маориф ва илм ёдовар шуд. Дар замони соҳибистиқлолӣ, махсусан, баъди расидан ба сулҳу ваҳдат соҳаи маориф ба таври назаррас рушд намуд. Сарвари давлат дар ҳар сафари хеш ба шаҳру навоҳии мамлакат ҳатман чанд муассисаи нави таълимиро бо тамоми шароити замонавӣ мавриди истифода қарор медиҳанд. Дарвоқеъ, дар муассисаҳои таълимӣ барои омӯзишу фарогирии донишҳои муосир шароиту имконоти мусоид муҳайё карда шудааст ва тадриҷан сатҳу сифати таълим баланд мегардад. Пешвои миллат дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат (21.12.21) таъкид карданд, ки “дар 30 соли истиқлоли давлатӣ 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Ҳоло шумораи умумии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ба 2 миллиону 200 ҳазор нафар расидааст. Дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 173 муассисаи таълимии типи нав – литсей, гимназия, мактаби президентӣ, мактаби байналмилалӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат, инчунин, 196 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумии хусусӣ бунёд гардида, ба истифода дода шуданд. Дар ин муассисаҳо 150 ҳазор нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 39 муассисаи таълимии нав ва дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ 28 муассиса бунёд гардид ва шумораи онҳо мутаносибан ба 144 ва 41 расонида шуд”.

        Аз ин маълум мегардад, ки Сарвари давлат ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд ва баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълим тадбирҳои судманд меандешанд. Инчунин, як қатор стратегия, қонун, қарор ва барномаҳои давлатӣ қабул гардидааст, ки ба пешрафти соҳаи маориф такони ҷиддӣ бахшидаанд.

    Ҳамин аст, ки дастоварди хонандагони тоҷик дар озмуну олимпиадаҳои бонуфузи байналмилалӣ назаррас мебошад ва дар ин самт Тоҷикистон дар қатори давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон қарор дорад.

        Ҳамчунин, илми тоҷик низ рушду инкишоф ёфт. Таъсиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳқиқу пажуҳиш дар ҳама бахшҳои илмро густариш бахшид ва таваҷҷуҳ ба илмҳои бунёдӣ бештар гардид. Он рӯз дур нест, ки илми тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи шоиста пайдо мекунад.

    Пешвои миллат забони тоҷикиро ба минбари баландтарини олам –Созмони Милали Муттаҳид бароварданд, Тоҷикистонро чун як давлати муосир нишон доданд ва бо ташаббусҳои башардӯстонааш маҳбуби оламиён гардонданд. Воқеан, ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат доир ба мушкилоти глобалии сайёра, аз ҷумла, вобаста ба обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хуш пазируфта шудаанд.

      Сарвари давлат ҳар ҷо рафтанд, аз сулҳу ваҳдат сухан ба миён оварданд ва худро чун сулҳпарвар муаррифӣ карданд. Вақте аз нодиртарин падидаи ҳаёти тоҷикон дар 26 соли охир сухан мегӯем, пеши назар симои бошаҳомати фарзонафарзанди миллат, абармарди олами сиёсату маърифат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меояд. Тоҷикистон бо ташаббусҳои наҷибу башардӯстона, рушди тиҷорат, таъмини амният, суботу оромӣ, густариши сайёҳӣ, татбиқи ислоҳот дар мақоми ифтихорӣ карор дорад ва амнтарин кишвари минтақа шинохта гардидааст. Табиист, ки дар раванди бошитоби ҷаҳонишавӣ миллатҳову кишварҳое устувор мемонанд ва муқовиматпазир мешаванд, ки мардумаш дар паноҳи давлату ҳукумат бошанд ва авлату ҳукуматашон дар паноҳи мардум. Хушбахтона, ҳамин ваҳдат миёни мардуму Ҳукумати кишвар дар заминаи эътимоду боварии байниҳамдигарӣ ба миён омадааст. Ва ин ҳама бархоста аз сиёсати созандаву ваҳдатофар ва роҳнамоиҳои ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *