Сайфиддин КАМОЛЗОДА,

мудири шуъбаи инноватсия ва технологияи таълими

Академияи таҳсилоти Тоҷикистон,

Азим БАЙЗОЕВ,

сармутахассиси шуъбаи инноватсия ва технологияи таълими

Академияи таҳсилоти Тоҷикистон

        Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Мамлакат (аз 26 декабри соли 2018) чунин таъкид карданд: “Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем”.

      Ҳамчунин, Пешвои миллат вобаста ба тарбияи мутахассисони ҷавобгӯй ба талаботи замони муосир зимни таҷлили Рӯзи дониш иброз намуданд: “Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳалли масъалаҳои рушди соҳаи маориф ва илм, фароҳам овардани шароити муосир барои таълиму тарбияи наслҳои ояндасози Ватан ва омода намудани кадрҳо барои иқтисоди миллӣ то имрӯз бисёр иқдомоти созанда ва ба оянда нигаронидашударо амалӣ гардонид. Зеро давлатро танҳо мутахассисони соҳибтаҷриба ва шахсони дорои дигар ихтисосҳои замонавӣ, яъне, кадрҳои баландихтисос обод мекунанд”.

       Ҳадафи асосии Ҳукумати мамлакат ва Пешвои миллат аз таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи маориф аз он иборат аст, ки сифати таълиму тарбия дар тамоми зинаҳои таҳсилот, махсусан, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баланд бардошта шавад.

       Бо мақсади мусоидат ба татбиқи ин ҳадафҳо, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон тадбирҳои гуногуни амалӣ андешидааст, аз ҷумла, масъалаи дастгирӣ ва таъминоти методии омӯзгоронро, ки омили аз ҳама муҳим дар баланд бардоштани сифати таълиму тарбия маҳсуб меёбад, мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор дод. Натиҷаҳои омӯзиш аз он далолат мекунанд, ки дастгирӣ ва таъминоти методии омӯзгорон тибқи талаботи таҳсилоти муосир роҳандозӣ нашуда, дар ин ҷода ҳанӯз ҳам мушкилу норасоиҳо ба мушоҳида мерасанд.

        Дар ҳақиқат, баланд бардоштани сифати таҳсилот дар миқёси байналмилалӣ аз муҳимтарин омилҳои тайёр кардани мутахассисони варзида ва рақобатпазир дар бозори ҷаҳонии меҳнат эътироф гардидааст. Сифати таҳсилот ва омодасозии кадрҳои баландихтисоси рақобатпазир ба сатҳи омодагии тахассусии омӯзгор ва таъминоти ӯ бо шароиту технологияҳои муосири педагогӣ вобастагӣ дорад.

       Дар муносибати босалоҳият ба таълим масъалаи арзёбии сифати таҳсилот, умуман, салоҳиятҳо, аҳамияти хосса касб мекунад. Мафҳуми “сифат”, аз як тараф, барои низоми таҳсилот хеле муҳим ва пурарзиш бошад, аз тарафи дигар, мушкилфаҳм ва доманадор боқӣ мемонад.

        Масъалаи механизми баргардон кардани нишондиҳандаҳои миқдорӣ ба нишондиҳандаҳои сифатӣ масъалаи дигари ҳалталаб ба ҳисоб меравад. Ниҳоят, дар баробари омилҳои таъсиррасон ба сифати таҳсилот, ба назар гирифтани натиҷаҳои ҳақиқии таълим ҳамчун яке аз нишондиҳандаҳои асосии он бояд баррасӣ шавад.

       Одатан, нишондиҳандаҳои пешрафти хонандагон, яъне, баҳоҳое, ки хонандагон аз фанҳои гуногун ба даст меоранд ва онҳо дар ҳуҷҷатҳои расмӣ (рейтингҳо, баҳоҳои нимсола ва солона, имтиҳонҳо, ҳуҷҷатҳои хатм ва дипломҳо) сабт меёбанд, ба сифати нишондиҳандаи сифати таълим ба назар гирифта мешавад. Ҳар қадар ки миқдори баҳоҳои хубу аъло бештар бошад, ҳамон қадар сифати таҳсилот дар муассисаи таълимӣ беҳтар дониста мешавад. Ба андешаи мо, чунин тарзи муносибат ба муайян намудани сатҳи донишу сифати таҳсилот кофӣ нест.

       Барои дурусттар муайян намудани сифати таҳсилот дар муассисаи таълимии мушаххас бояд ҳар як омили таъсиррасони он аз рӯйи меъёрҳо ё нишондиҳандаҳо ва методҳои мушаххас арзёбӣ гардад. Аз байни омилҳои таъсиррасони сифати таҳсилот, муайян намудани сатҳи таъминот бо маводи таълимию методӣ ва заминаи моддӣ-техникӣ, ҳамчунин, ҳайати омӯзгорон нисбатан осонтар аст. Бинобар ин, дар ин миён масъалаи муҳим муайян намудани сифати дастурҳои методӣ ва бо онҳо таъмин будани ҳар як омӯзгор, сатҳи салоҳиятҳои касбии худи омӯзгорон ва дараҷаи мукаммалии механизми арзёбии салоҳиятҳои хонандагон аст.

      Омӯзиши ин масоил аз ҷониби мутахассисон собит сохт, ки сифати дастурҳои методие, ки барои омӯзгорон таҳия ва чоп мешаванд, аз нигоҳи талаботи таҳсилоти муосир ва муносибати босалоҳият ба таълим на он қадар ҷавобгӯ буда, теъдоди нашрашон бениҳоят кам аст ва бо ин сабаб аксари омӯзгорон ба ин дастурҳои методӣ дастрасӣ надоранд. Ин яке аз он омилҳоест, ки ба ташаккули муттасили сатҳи салоҳиятнокии касбии омӯзгор монеа мегардад, зеро дар муассисаҳои таълимӣ, ки аксаран дар музофот қарор доранд, роҳу воситаҳои дигари дастгирии методии омӯзгорон вуҷуд надорад, ба истиснои иттиҳодияҳои методии фаннӣ, ки онҳо низ ба таври намоишкорона баргузор мешаванд.

     Вобаста ба ин масъала, таъкид бояд кард, ки қисми зиёди омӯзгорон то ба имрӯз оид ба роҳу усул ва технологияи татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим тасаввуроту огоҳии амиқ надоранд, бо ин сабаб дарсу машғулиятҳо ба таври анъанавӣ баргузор мешаванд. Аз ин рӯ, сатҳи мавҷудаи ташаккули салоҳиятҳои касбии омӯзгорон, махсусан, дар минтақаву маҳалҳо водор месозад, ки дар самти дастгирии методии омӯзгорон дар ин ҷода тадбирҳои мушаххас андешида шаванд, зеро омӯзиши масъала аз он шаҳодат медиҳад, ки дарвоқеъ, имрӯз омӯзгорон аз ҳама бештар ба дастгирии методӣ эҳтиёҷ доранд.

       Дар иртибот ба мазмуни дастурҳои методии оид ба татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим таҳиягардида, омӯзиш ва таҳқиқи масъала нишон дод, ки то имрӯз дар дарку фаҳмиши муносибати бослоҳият ба таълим мушкилот ҷой дорад. Фаҳмиши ғалати бо навоварӣ аз он сар задааст, ки мо муносибати босалоҳиятро ҳамчун як низоми нав ба назар мегирем. Аз ин рӯ, дар дастурҳои методӣ ва бисёр суҳбатҳо сухан аз муқоисаи низоми наву куҳна, бартариҳои низоми нав ба низоми анъанавӣ меравад. Аз ин ғалатфаҳмӣ ҳар чи зудтар бояд раҳо ёбем ва дигаронро низ раҳо созем.

      Бори дигар таъкид мекунем, ки муносибати босалоҳият ба таълим тағйир додани муносибат ба тарзу усул ва ҳадафҳои таълим буда, дар муносибати нав таъмини иштироки фаъолонаи хонанда, аз ҷараёни таълим берун намондани ҳеҷ яке аз хонандагон, ба роҳ мондани нақши роҳнамоии омӯзгор дар мадди назар аст.

      Маҳз нақши ҳалкунанда доштани омӯзгор дар ҷараёни таълим гувоҳи он аст, ки омили асосии баланд бурдани сифати таҳсилот сатҳи касбияти мувофиқи омӯзгор аст. Ба ибораи дигар, дар меҳвари мафҳуми сифати таҳсилот омӯзгор қарор дорад. Аз ин ҷо метавон хулоса кард, ки дастгирии ҳамаҷониба ва махсусан, дастгирии методиву иҷтимоии омӯзгорон омили асосии баланд бардоштани сифати таҳсилот мебошад.

      Хушбахтона, дар доираи татбиқи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2030 Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд якчанд лоиҳаи дастгирии татбиқи стратегияро амалӣ карда истодааст, ки дар меҳвари онҳо маҳз муайян намудани омилҳои асосии баланд бардоштани сифати таҳсилот ва дастгирии методии омӯзгор меистад. Натиҷаҳои аввалини татбиқи ин лоиҳаҳо далели онанд, ки муҳимтарин роҳи ҳалли ин масъала дастгирии ҳамаҷонибаи омӯзгорон ба ҳисоб меравад.

        Ба роҳҳои дастгирии омӯзгорон, ба хотири баланд бардоштани сатҳи касбияти онҳо омилҳои зеринро дохил кардан мумкин аст:

  1. Таҳияи стандарту барномаҳои таълим ва роҳнамои омӯзгор дар асоси муносибати босалоҳият ба таълим. Вобаста ба ин, бояд махсус қайд кард, ки шароити муосир тақозо мекунад, ки барои самаранок ба роҳ мондани ҷараёни таълиму тарбия ҳар омӯзгор бояд ба бастаи маводи таълимӣ, ки аз китоби дарсӣ, барномаи таълим, нақшаи намунавии тақвимӣ, роҳнамои омӯзгор, стандарти фаннӣ, маводи иловагии таълим (аз ҷумла, дар шакли электронӣ) ва маводи аёнӣ бархӯрдор бошад.
  2. Таҳияи китобҳои дарсӣ ва арзёбии онҳо. Дар назар аст, ки дар баробари таҳияи китоби дарсии ҷавобгӯйи талаботи замони муосир, масъалаи арзёбии ҳамаҷонибаи он низ ба миён гузошта шудааст. Китоби дарсӣ аз муҳимтарин василаест, ки бо ёрии он омӯзгор фаъолияти омӯзгории худро ба роҳ мемонад. Аз ин рӯ, китоби дарсӣ ҳар қадар хубу босифат таҳия шуда бошад, ҳамон қадар фаъолияти самараноки омӯзгорро таъмин карда метавонад.
  3. Таҷдиди назар ба арзёбии салоҳиятҳо ва натиҷаҳои таълим. Дар робита бо ин, қайд кардан бамаврид аст, ки бояд механизми баргардониши нишондиҳандаҳои миқдорӣ ба нишондиҳандаҳои сифатӣ муайян ва мушаххас гардад, барномаҳои компютерии таъсири мутақобилаи ин омилҳо таҳия ва истифода шаванд.
  4. Дастгирии дохилимактабии омӯзгор. Яке аз омилҳои муҳимми рушди сатҳи касбияти омӯзгор, ҷалб намудани вай ба курсҳои такмили ихтисос ва ташкили низоми муттасили такмили маҳорати касбӣ дар заминаи муассисаи таълимӣ аст. Ҷараёни ҷаҳонишавӣ ва ҳамгиройӣ дар соҳаи таҳсилот аз низоми маорифи ҳар кишвар тақозо мекунад, ки ба чолишҳои нав ба нави замон аксуламали воқеӣ ва саривақтӣ нишон диҳад. Ин таҷдиди назар роҳу василаҳои баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорро ба миён мегузорад. Дастгирии дохилимактабӣ ё худ маҳаллии омӯзгорон яке аз роҳҳоест, ки маводи методии амалӣ сохтани он аз ҷониби мутахассисони Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ таҳия гардидааст. Омӯзгорон бо роҳи ширкат дар дарсҳои ҳамдигар, аз нав эҳё кардани фаъолияти шуроҳои методӣ, ба таври объективона ва мунтазам гузаронидани иттиҳодияҳои методии фаннӣ дар муассисаҳои таълимӣ, давра ба давра ташкил ва баргузор кардани семинарҳои омӯзишӣ ва ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадам метавонанд сатҳи касбияти худро мунтазам баланд бардоранд.
  5. Ҳавасмандии донишҷӯён-омӯзгорони оянда ба касби омӯзгорӣ. Масъалаи дастгирии методии омӯзгорон бо ҷараёни тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ алоқаи ногусастанӣ дорад. Он аз бедор намудани шавқу ҳавас ба касби омӯзгорӣ дар коллеҷу макотиби олии омӯзгорӣ бояд оғоз шавад, зеро муваффақ будани ҳар омӯзгори ҷавон ба сатҳи омодагии ибтидоии ӯ вобаста аст. Аз ин рӯ, бо ҷалби мутахассисон аз чор муассисаи таҳсилоти олии касбии равияи омӯзгоридошта, ки ба тайёр кардани омӯзгорон машғуланд (ДМТ, ДДОТ ба номи С. Айнӣ, ДБЗХТ ба номи С. Улуғзода ва ДСРТ) гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудаанд. Ин гурӯҳҳои корӣ дар самти такмили фаъолияти таҷрибаи педагогии донишҷӯён ва дигар самтҳои баланд бурдани сатҳу сифати омодагии омӯзгорони ҷавон ба фаъолияти педагогӣ корро шуруъ кардаанд.
  6. Баланд бардоштани нақши нашрияҳои соҳаи омӯзгорӣ дар дастгирии методии омӯзгорон. Масъалаи муҳимми дигар, ки ба таҷдиди назару такмил ниёз дорад, нақши нашрияҳои соҳаи омӯзгорӣ, махсусан, маҷаллаҳои “Маърифати омӯзгор”, “Маорифи Тоҷикистон” ва “Масъалаҳои методикаи таълим” дар ин самт аст. Таҳлили муҳтавои маводе, ки дар ин нашрияҳо ба табъ мерасанд, нишонгари он аст, ки ҳадафу вазифаҳои ҳар яке аз онҳо дақиқ нест. Дар ҳамаи ин нашрияҳо мақолаҳои яксони ба истилоҳ, ба методикаи таълим бахшидашуда ба нашр мерасанд. Аввалан, сифати аксари онҳо ба талабот ҷавобгӯ нест. Сониян, беҳтар аст, ки мундариҷа ва муҳтавои маҷаллаи “Масъалаҳои методикаи таълим” тибқи самтҳои алоҳида ба роҳ монда шавад, яъне, мақолаҳо дар шумораҳои алоҳида бо дарназардошти гурӯҳҳои фаннӣ (филология, фанҳои дақиқ, ҷомеашиносӣ ва ғайра) ба табъ расанд. Ин имконияти истифодаи маводи маҷалларо аз ҷониби омӯзгорон беҳтар месозад. Ниҳоят, мавқеи ҳар яки онҳо ва самти фаъолияти онҳо бояд дақиқ муайян шавад.

      Ҳамин тариқ, дар шароити кунунии кишвар дастгирии методии ҳамаҷониба ва ҳадафманди омӯзгорон аз муҳимтарин омилҳои баланд бардоштани таҳсилот буда, вазифаи масъулон ва кормандони соҳаи маориф дар ҳамаи сатҳҳо ва зинаҳо мусоидат ба амалӣ шудани ин амри наҷиб аст.

       Омӯзиши масъала собит сохт, ки дар самти дастгирии методии омӯзгорон, ки омили муҳимми баланд бардоштани сифати таҳсилот аст, мушкилу норасоиҳои зерин вуҷуд доранд:

  • Мафҳуми “сифати таҳсилот” то ба имрӯз дақиқ муайян карда нашудааст ва ҳар як омӯзгор ва дигар масъулони соҳа ин мафҳумро дар сатҳи фаҳмишу таҷрибаи худ тавсиф мекунанд;
  • Масъалаи муҳимми дигар, мукаммал набудани нишондиҳандаҳо (меъёрҳо)-и муайянкунандаи сифати таҳсилот аст, ки то кунун механизми ба нишондиҳандаҳои сифатӣ баргардонидани нишондиҳандаҳои миқдорӣ мавҷуд нест;
  • Сатҳи таъминот бо маводи таълимию методӣ ва заминаи моддӣ-техникӣ, ки аз омилҳои асосиву таъсиррасони сифати таҳсилот маҳсуб меёбад, дар умум, ба талаботи таҳсилоти муосир ҷавобгӯ набуда, андешидани тадбирҳои мушаххаси амалиро тақозо дорад;
  • Бо маҷмуи маводи таълимӣ (барномаи таълим, нақшаи намунавии тақвимӣ, роҳнамои омӯзгор, стандарти фаннӣ, дастурҳои таълимиву методии таблиғкунандаи технологияи муосиру инноватсионии таълим, маводи иловагии таълим, аз ҷумла, дар шакли электронӣ) ва маводи аёнӣ таъмин набудани омӯзгорон, ки шароити муосири таҳсилот тақозо мекунад;
  • Ба таври объективона ва мунтазам нагузаронидани иттиҳодияҳои методии фаннӣ дар муассисаҳои таълимӣ, давра ба давра ташкил ва баргузор накардани семинарҳои омӯзишӣ, ки метавонанд дар ташаккули сатҳи касбият ва такмили маҳорати касбии омӯзгор ҳаматарафа мусоидат кунанд;
  • Хеле кам мавриди омӯзиш ва таблиғ қарор додани таҷрибаи пешқадами омӯзгорони навовару ташаббускор дар сатҳи муассисаи таълимӣ то Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва дар фаъолияти омӯзгорон роҳандозӣ накардани он, аз ҷумла, мавриди омӯзиш қарор надодани таҷриба ва методи таълими ғолибони озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон”;
  • Ба таври бояду шояд ба роҳ намондани дастгирии дохилимактабии методии омӯзгорон;
  • Бо теъдоди нисбатан кам нашр шудани адабиётӣ методӣ ва дар дастрасии омӯзгорон дар минтақаву маҳалҳо қарор надоштани онҳо ва ғ.

                                                                                     Пешниҳод:

  1. Ба ниёзҳои воқеии омӯзгор ва талаботи муносибати босалоҳият ҳамоҳанг сохтани сифат ва мазмуну мундариҷаи маводи дар маҷаллаҳои соҳавӣ (“Маърифати омӯзгор”, “Маорифи Тоҷикистон”, “Масъалаҳои методикаи таълим”) нашршаванда ва мушаххас намудани самти фаъолияти онҳо.
  2. Баргузор намудани семинари серӯзаи омӯзишӣ барои кормандони раёсатҳои дахлдори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим.