Маориф омили асосии пешрафти давлат ва наҷоти миллат мебошад. Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҷиҳати вусъат бахшидани фаъолияти он мунтазам тадбирҳои судманд андешида мешавад. Имрӯз дар муассисаҳои таълимӣ имконоти мусоид барои омӯзиш ва фарогирии донишҳои муосир фароҳам оварда шудааст. Дар шароити ҷаҳонишавӣ омӯзиши технологияи замонавӣ муҳим буда, ба дарку маърифат ва дарёфти донишҳои муосир мусоидат мекунад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста талош менамояд, ки муассисаҳои таълимӣ бо технологияи замонавӣ таъмин гарданд ва хонандагону донишҷӯён аз он ба таври самаранок истифода намоянд. Дар зимн, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (аз соли 2003 то инҷониб) қабул гардидааст, ки аз як тараф, дар таъмини муассисаҳои таълимӣ бо компютер ва дигар воситаҳои техникии таълим мусоидат кунад, аз ҷониби дигар, ба дарку маърифат ва истифодаи дурусти онҳо такони ҷиддӣ мебахшад. Ҷаҳони имрӯз моро водор мекунад, ки дар раванди таълим технологияро фаровон истифода кунем, онро дуруст омӯзем ва дарку маърифат намоем ва ба фазои ҷаҳонии таҳсилот ворид гардем. Ҳамзамон, бо қарори Ҳукумати мамлакат 31 августи соли 2022 Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2042 тасдиқ гардид, ки гоми дигар барои пешрафи маорифи миллӣ маҳсуб меёбад. Доир ба қабули консепсияи мазкур ва ҳадафу вазифаҳои он суҳбате доштем бо директори Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Гулзода, ки фишурдаи онро пешниҳоди хонандагон мегардонем.
– Устоди муҳтарам, нахуст перомуни Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2042 чанд сухан мегуфтед.
– Гузариш ба таҳсилоти рақамӣ тавассути технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ (ТИК) дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тағйир додани шаклу усулҳои таълим ва ба талаботи замон мутобиқ намудани он мебошад. Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2042 бо дарназардошти рушди ҷомеа ва навсозии низоми ҷаҳонии таҳсилот таҳия гардидааст ва он ба рушди соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ такони ҷиддӣ мебахшад. Дар он арзишҳои миллию умумибашарӣ, эҳёи дарки худшиносии таърихӣ, ҳуввият ва анъанаҳои миллӣ, дастовардҳои илмию техникӣ ва ғайра ба инобат гирифта шудааст. Дар баробари ин, консепсия тамоюли рушди низоми таҳсилоти рақамиро дар шароити муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ва ташаккули фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ амалӣ мегардонад ва имкон фароҳам меорад, ки ислоҳоти соҳаи маориф дар самти рақамикунонӣ таъмин гардад. Аз ин ҷост, ки Барномаи амалӣ намудани ТИК-и муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 таҳия гардид.
— Маълум мегардад, ки он ба рушди соҳа мусоидати амиқ менамояд ва маорифи кишварро ба марҳалаи нав ворид мекунад. Мақсад ва вазифаҳои консепсия аз чӣ иборат аст ва татбиқи амалии он чӣ натиҷаро ба бор хоҳад овард?
— Мақсад аз гузариш ба таҳсилоти рақамӣ ноил шудан ба сифати нави таълим тавассути ҷорӣ намудани технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилотӣ, тағйир додани шакл ва усулҳои таълим, таъмини сифат ва сайёр будани хизматрасониҳои таълимӣ, баланд бардоштани эътирофи низоми миллии маориф ба ҳисоб меравад. Таҳсилоти рақамӣ дар соҳаи маориф дар баланд гаштани тахассуси омӯзгорон дар соҳаи технологияҳои рақамӣ, рушди омӯзиш бо истифодаи технологияҳои муосир ва онлайнӣ, татбиқи барномаҳои таҳсилотии рақамӣ, дарки низоми нави маориф, таҳияи меъёрҳои фаъолияти муҳити иттилоотию таълимӣ бо дарназардошти стандартҳои давлатӣ ва ҷаҳонӣ, таҷдиди назар, ташаккул ва танзими усулҳои истифодаи ТИК дар таълим, зиёд намудани таҷҳизоти техникии муассисаҳои таҳсилотӣ барои татбиқи ТИК-и муосир дар раванди таълим, таҳия ва ба низом даровардани муҳити ягонаи таълими рақамӣ дар Тоҷикистон, ҷорӣ намудани усулҳои нави таъмини мутахассисони омӯзгорӣ ба кор тавассути истифодабарии ТИК, дастрасии ҳамаи иштирокдорони раванди таълим ба технологияҳои рақамӣ бо мақсади такмили раванди таълим ва истифодаи технологияҳои таълими фосилавӣ ва оммавӣ гардонидани принсипи «таълим дар тамоми умр» равона гардидааст.
Консепсия мутобиқ ба стратегияҳо ва низому сиёсати миллии рушди рақамӣ, инчунин, равандҳои банақшагирӣ ва арзёбӣ дар соҳаи маориф таҳия шудааст. Он унсурҳои рақамиеро, ки дар барномаҳои давлатӣ зикр гардидааст, дар худ дарҷ намуда, дар як шакли мукаммал ба ҳам овардааст, ки ба рушди «эконизом»-и таҳсилоти рақамӣ мусоидат мекунад. Консепсия дар асоси ин модел ва амалияҳои беҳтарин мунтазам дар се сатҳ амалҳоро баррасӣ ва пешниҳод менамояд:
- эҷоди муҳити дорои омилҳои мусоид барои ба даст овардани фарогирӣ ва устувории рақамикунонии соҳа;
- такмили омилҳои имкондиҳандаи таҳсилоти рақамӣ тавассути пешниҳоди дастрасӣ ба Интернет ва шабакаи ягонаи таҳсилот, инчунин, рушди инфрасохтор, таҷҳизот, барномаҳои рақамӣ, воситаҳои зарурӣ барои дастрасӣ, банақшагирӣ ва рушди иқтидори зарурӣ;
- ноил гардидан ба натиҷаҳои таълим тавассути рақамикунонии раванди таълим, маводи таълимӣ ва коркардҳои ба воситаҳои арзёбӣ мувофиқ.
Сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ба истифодабарии технологияҳои иттилоотӣ ва таҳияи маводи муосир дар муассисаҳои таҳсилотӣ, ба баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ, таъсиси махзани ягонаи рақамии маводи таълимии электронӣ, рушди заминаҳои муосири моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба воситаи мунтазам аз нав таҷҳизонидани онҳо бо техникаву технологияҳои ҳозиразамон ва ташкили саҳифаи ягонаи иттилоотии соҳаи маорифи ҷумҳурӣ нигаронида шудааст.
Дар шароити муосир таҳкими заминаҳои моддию техникӣ, таъмини муассисаҳои таҳсилотӣ бо техникаи компютерӣ, ташкили шабакаҳои иттилоотӣ ва пайвастшавии онҳо ба шабакаи Интернет яке аз самтҳои муҳимми сиёсати соҳаи маориф ба шумор меравад.
- Амалӣ намудани ҳадафҳои консепсия ва татбиқи таҳсилоти рақамӣ, пеш аз ҳама, аз шароити техникии муассисаҳои таълимӣ вобаста аст. Ба назари шумо, вазъи муассисаҳои таълимӣ, умуман, низоми маориф барои гузаштан ба таҳсилоти рақамӣ дар кадом сатҳ қарор дорад?
- Муҳити таҳсилоти рақамии муассисаҳои таҳсилотӣ бояд фазои ягонаи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва воситаи муассири идоракунии сифати амалигардонии барномаҳои таҳсилотӣ барои ҳамаи субъектони раванди таълиму тарбия гардад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки соли 2023 дар доираи амалигардонии барномаҳои давлатии татбиқи ТИК дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон – муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо 84732 компютер, 12962 принтер, 1272 сканер, 4762 тахтаи электронӣ ва 4359 проектор таъмин гардиданд. Имрӯз дар муассисаҳои таҳсилотӣ 5842 синфхонаи технологияи иттилоотӣ ташкил гардида, аз фанни мазкур 5284 омӯзгор, аз ҷумла, 4504 нафар бо таҳсилоти олӣ ва 780 нафар бо таҳсилоти миёнаи касбӣ ба хонандагон дарс медиҳанд. Барои баланд бардоштани самаранокии кори омӯзгорон ва сатҳи дониши хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ташкил намудани китобхонаи мутамаркази электронӣ зарур мебошад. 361 муассисаи таҳсилоти умумӣ дорои китобхонаи электронӣ буда, 2540 муассисаи таҳсилоти умумӣ тавассути ADSL, WiMAX, Dial-Up, Optic, Wi-fi ба шабакаи Интернет пайваст мебошанд. Зарур аст, ки муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз тариқи ройгон ба низоми электронии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва дигар китобхонаҳои электронӣ пайваст карда шаванд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии ҷумҳурӣ ҳамагӣ 3002 компютер, аз ин теъдод 2647 компютер барои истифода дар синфхонаҳои таълимӣ, 1619 компютер барои истифодаи хизматӣ қарор дорад. 105 синфхонаи компютерӣ ва компютерҳое, ки ба шабакаи Интернет пайваст гардидаанд, 445 ададро ташкил медиҳад. Инчунин, 150 тахтаи электронӣ, 233 проектор, 23 факс, 217 сканер, 335 нусхабардор барои тарғибу оммафаҳм гардонидани раванди таълиму тарбия истифода бурда мешавад.
Айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ ҳамагӣ 6262 компютер, аз ин теъдод 3543 компютер барои истифода дар синфхонаҳои таълимӣ, 1871 компютер дар истифодаи хизматӣ қарор дорад. 161 синфхонаи компютерӣ ва компютерҳое, ки бо шабакаи Интернет пайваст гардидаанд, 1596 ададро ташкил медиҳад. Барои оммафаҳм намудани раванди таълиму тарбия 535 тахтаи электронӣ, 648 проектор, 31 факс, 433 сканер, 998 нусхабардор мавриди баҳрабардорӣ қарор дорад.
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ бошад, ҳамагӣ 22918 компютер, аз ин теъдод 9342 компютер барои истифода дар синфхонаҳои таълимӣ, 8993 компютер барои истифодаи хизматӣ қарор дошта, инчунин, адади синфхонаи компютерӣ 392 ва компютерҳое, ки бо шабакаи Интернет пайваст гардидаанд, 11195 ададро ташкил медиҳад.
- Барои иҷрои амалии консепсия чӣ мушкилот вуҷуд дорад ва дар муассисаҳои таълимӣ чӣ корҳоро бояд анҷом дод?
- Муассисаҳои соҳаи маориф дар фаъолияти худ бо мушкилии компютерҳо, низомҳои амалиётӣ, серверҳо ва шабакаҳои куҳна мувоҷеҳ мебошанд. Дар маҳалҳо таносуби кормандон ва адади компютерҳои навтарин мувофиқат намекунад. Ба муассисаҳои таҳсилотӣ таҷҳизоте намерасад, ки таълимро берун аз синфхонаи компютерӣ ба роҳ монанд. То ҳол барномаи заминавии марказии рақамӣ вуҷуд надорад, ки таҳсилоти рақамӣ ва маводи таълимиро барои тамоми ҷонибҳои манфиатдор дастрас намояд. Низоме бояд таъсис дода шавад, ки роҳҳои нигоҳдорӣ, таъмир ва навсозии таъминоти барномавӣ (хусусан, низомҳои амалиётӣ барои пешгирӣ кардани хавфҳо)-ро танзим карда тавонад. Барои истифодаи осон ва тӯлонии таҷҳизоти куҳна бояд ба барномаи иловагӣ бо рамзи аввалияи кушода бартарӣ дода шавад. Ба истифодаи дубора ва таъмири таҷҳизот таваҷҷуҳ кардан муҳим мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як муассиса бояд оид ба хизматрасонии ҳаррӯзаи дастгоҳҳои рақамӣ маълумот ва марказҳои ТИК имконияти мусоидат ба хизматрасонӣ ва таъмири онҳоро дошта бошанд. Бо дарназардошти муҳимияти ин нукта, бо дастури роҳбарияти Вазорати маориф ва илм аз ҷониби масъулини Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия дар ин самт корҳо идома ёфта, умед аст, ки ба дастовардҳои назаррас ноил мегардем.
Ҳамчунин, бо дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илм портали ягонаи маориф таъсис меёбад. Дастрасӣ ба портали мазкур ва маводи омӯзишию методӣ ройгон буда, тамоми муассисаҳои таҳсилотӣ ба он пайваст хоҳанд шуд. Тадбири мазкур ба хонандагон имкон медиҳад, ки ба маводи таълимии аз ҳама босифат ва навтарин дастрасӣ пайдо намоянд.
– Дар гузаштан ба таҳсилоти рақамӣ иҷрои кадом амалҳо муфид хоҳад буд?
- Дар ин самт рушди таҳсилоти рақамӣ ва ҷорӣ намудани ТИК дар раванди таълим аз авлавиятҳо дониста мешавад. Ин омил имкон фароҳам меорад, ки низоми таълиму тарбия такмил ёбад, усулу равиши пайдарпайии омӯзиш ба фазои иттилоотӣ ва ташаккули салоҳияти хонандагону донишҷӯён таъмин гардад. Дар баробари ин, идоракунии иттилоот яке аз вазифаҳои асосӣ ва қисми муҳимтарини рақамикунонӣ дар соҳаи маориф ба ҳисоб меравад. Низоми идоракунии иттилоот дар соҳаи маориф таҷдиди назар гардида, бо технологияи нав ба фаъолият оғоз намояд. Дар зимн, таҷҳизоти нав (планшет, компютер ва низоми идоракунии таълим) дар муассисаҳои таълимӣ босамар истифода шавад.
Барои навсозии компютерҳо, серверҳо ва таҷҳизоти шабакавии корӣ ва таъмини пайвастшавии боэътимод ба шабакаи Интернет мушкилоти бузург вуҷуд дорад. Чӣ қадаре ки таҷҳизот бештар истифода шавад, ҳамон қадар муҳиммияти мавҷуд будани дастурамалҳои стандартӣ оид ба истифода, хизматрасонии техникӣ ва таъмири он ба миён меояд, чунки банақшагирии харидорӣ ва насби таҷҳизот дар сатҳи миллӣ дар асоси самаранокӣ ва хароҷот амалӣ мегардад. Аммо амалишавии он бояд тибқи тартиби муқарраргардида мутамарказ бошад. Ин омил мушкилоти ҳифзи иттилоот дар кишварро бартараф намуда, аз қатъи дастрасӣ ба иттилоот дар ҷумҳурӣ низ пешгирӣ мекунад.
– Дар боло зикр намудед, ки портали ягона таъсис дода мешавад. Мегуфтед, ки вазифаи он аз чӣ иборат аст ва чӣ аҳамият дорад?
- Дар робита ба портали ягонаи маориф, ки бояд ба ҳамагон имконияти дастрасӣ ба мавод ва шабакаҳои рақамиро таъмин намояд, зарурати ҷорӣ гардидани низоми ҷиддии кафолати сифат, муқаррарсозии усулу методи таъминкунандаи истифодаи технология ва сифати маводи дар он ҷо нигоҳдорӣ ё ҷойгиршаванда ба миён меояд.
Портал дар худ маводи таълимии рақамиро ҳифз менамояд ва муҳассилин онро ба осонӣ дастрас менамоянд. Яке аз ин китобхонаи электронӣ мебошад. Китобхона дар сервер ҷойгир мешавад ва хонандагон аз он ройгон истифода менамоянд. Ба ҷуз ин, хонандагон имкон пайдо мекунанд, ки китобҳоро тавассути телефони мобилӣ ва планшет истифода намоянд. Инчунин, дарсҳои видеоӣ ҷой дода мешаванд, раванди дарси омӯзгоронеро, ки таҷрибаи хуб доранд, ба навор гирифта, дар сервер ҷой медиҳем ва ба хонандагон пешниҳод менамоем. Хонандагон метавонанд тавассути телефон ё планшет дарсҳоро тамошо намоянд. Наворҳо дар шакли диск низ ба хонандагон пешниҳод мегарданд.
– Оё татбиқи таҳсилоти рақамӣ ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим такони ҷиддӣ мебахашад ва дар раванди татбиқи он вазифаҳои омӯзгор тағйир меёбад?
– Бо амалӣ шудани таҳсилоти рақамӣ формати (шакли) идоракунии муассисаҳои таҳсилотӣ тадриҷан тағйир меёбад. Дар оянда рӯзномаҳои электронӣ, тахтаҳои электронӣ бо мундариҷаи интерактивӣ, компютерҳо ва планшетҳо истифода мешаванд. Таҳсилоти рақамӣ муассисаҳои таҳсилотиро бо усул ва воситаҳои таълими классикӣ маҳдуд намекунад, балки раванди он васеътар шуда, ҳарчи бештар хонандагону донишҷӯён ҷалб гардида, шароит барои азхуд кардани дониш бештар мегардад.
Дар баробари ин, муассисаҳои таълимӣ бояд бо Интернети баландсуръат таъмин гарданд. Хонандагону донишҷӯён дар раванди таълим аз захираҳои интернетӣ истифода бурда, аз он маълумоти заруриро дарёфт мекунанд. Ҳамзамон, хонандагону донишҷӯён нусхаҳои электронии китобу дастурҳои дарсиро зуд дастрас намуда, китобхонаҳои электронӣ бартарӣ пайдо менамоянд. Дар китобхонаҳо нусхаҳои электронии китобҳои дарсӣ ҷой дода мешавад ва муҳимтар аз ҳама, технологияи рақамӣ имкон медиҳад, ки мундариҷаи таълим аз ҳисоби татбиқи технологияҳои нав такмил дода шавад.
Бо амалӣ гардидани таҳсилоти рақамӣ вазифаҳои омӯзгор низ тағйир меёбад. Омӯзгор дар ин шакли таҳсил нақши «миёнарав»-ро мебозад. Ӯ шахсиятест, ки донишро мустақиман интиқол медиҳад ва хонандагону донишҷӯён бошанд, бояд ҳар як амалро бодиққат «нусхабардорӣ» кунанд. Дар ин маврид омӯзгор бояд дар баробари таълим бештар роҳбаладӣ ва мустақилона иҷро кардани кореро пешниҳод кунад.
- Бо амалӣ гаштани Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маориф ба чӣ пешравиҳо ноил мегардад ва барои омӯзишу азхуд намудани барномаҳои таълимӣ чӣ афзилиятҳо фароҳам оварда мешавад?
- Низоми маориф ба низоми Ҳукумати электронӣ ворид карда мешавад ва хизматрасониҳои таълимоти электронӣ барои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарчи бештар дастрас мегардад. Барномаҳои таълимӣ ба шароити тағйирёбандаи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва пешрафти илмию техникӣ мутобиқ ва мутахассисони ба талботи бозори ҷаҳонӣ омода карда мешаванд. Сатҳу сифати таълим баланд гардида, теъдоди нашрияҳои чопшаванда дар раванди таълим ва гардиши ҳуҷҷатҳо дар низоми маориф кам мешавад. Дастрасӣ ба маводи зарурӣ барои гузаронидани дарсҳо сода ва тезонида шуда, раванди назорати дониши хонандагону донишҷӯён ба низом дароварда мешавад. Такмили муттасилонаи тахассусии омӯзгорон дар асоси усулҳо ва технологияҳои нави таълим ҷорӣ мегардад.
Хонандагону донишҷӯён бештар мустақилона кор мекунанд. Онҳо худашон маълумотро ҷустуҷӯ мекунанд, ҳамзамон, истифодабарӣ ва татбиқи онҳоро низ фаро мегиранд. Истифодаи китобҳои дарсии электронӣ ба таври васеъ ба роҳ монда мешавад. Иттилову маълумоти навтарин ҳамеша дар дасти хонандагону донишҷӯён қарор мегирад ва истифодаи технологияҳо ба рангин гузаштани дарсҳо мусоидат хоҳад кард.
Аз ин рӯ, таҳсилоти рақамӣ қадами устувор барои ворид шудан ба таҳсилоти ҷаҳонӣ мебошад ва он имкон фароҳам меорад, ки дастрасӣ ба маводи таълимию методӣ ва бадеӣ осон гардад ва донишу ҷаҳонибинӣ ва маърифати хонандагону омӯзгорон такмил ёбад ва технологияи иттилотию коммуникатсиониро ба таври назаррас азхуд намоянд.
- Ташаккур барои суҳбат.
- Саломат бошед.
Мусоҳиб
Насриддин ОХУНЗОДА