Гавҳар ОДИНАЕВА, 
муовини директор оид ба корҳои тарбиявии
МТМУ №16-и ноҳияи Рӯдакӣ
35 сол барои таърихи миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик фосилаи чандон тулонӣ нест, аммо барои давлати ҷавону соҳибистиқлоли Тоҷикистон ин муддат сарнавиштсоз, муайянкунанда ва тақдирсозу тақдирофар гардид. Кишвари офтобию биҳиштосоямон дар ҳамин фосилаи нисбатан кӯтоҳи таърихӣ роҳи пурпечутобу сангин, вале пурифтихори давлатсозиро тай намуда, имрӯз ба марҳилаи рушди чашмгир ва пешрафти тамоми самту соҳаҳо ворид шудааст.
Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик танҳо як сана ё воқеаи сиёсӣ нест. Ин арзиши муқаддас, рамзи озодӣ, нишонаи худшиносӣ ва пояи асосии бунёди давлатдории миллӣ мебошад. Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: «Истиқлолу озодӣ барои мардуми Тоҷикистон гаронтарин неъмат ва пурқиматтарин сарвати зиндагӣ мебошад. Зеро ин падидаи нодири таърихӣ ба мо барои бунёди давлати мустақил, ҷомеаи озод ва мутамаддину пешрафта, эҳёи воқеии забон, таърих, фарҳанг ва дигар суннату арзишҳои чандинҳазорсолаи миллӣ имконият фароҳам овард».
Оре, аз таърих бояд дарс ва таҷриба андӯхт. Агар ба оғози солҳои соҳибистиқлолии кишвар назар афканем, мебинем, ки кишвар дар вазъи ниҳоят душвор қарор дошт: ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, фалаҷ шудани иқтисод, коста гардидани низоми идоракунӣ ва сарсониву ноумедии мардум. Аммо бо иродаи қавӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тавонист аз ин гирдоби хатарнок раҳо ёбад ва масири ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва пешрафтро интихоб намояд.
Имрӯз, пас аз 35 соли Истиқлоли давлатӣ, мо шоҳиди дигаргуниҳои амиқу фарогир дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мегардем, ки ҳама аз баракати соҳибихтиёрӣ ва натиҷаи заҳмату меҳнат ва талоши сокинони сарбаланди мамлакат мебошанд. Давлате, ки аз харобаҳои ҷанг сар бардошт, имрӯз ба як кишвари рӯ ба инкишоф табдил ёфтааст. Рақамҳо худ гувоҳи ин ҳақиқатанд. Тавре аз Паёми навбатии Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии кишвар (16.12.2025) бармеояд, танҳо дар даҳ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар афзоиш ёфта, ба 173 миллиард сомонӣ расидааст, ки ин нишонаи возеҳи рушди устувори давлат мебошад. Афзоиши даромади аҳолӣ то 165 миллиард сомонӣ, коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ то 19 фоиз ва баланд гардидани умри миёнаи аҳолӣ то 77 сол гувоҳи возеҳи он аст, ки Истиқлоли давлатӣ ба беҳбудии воқеии сатҳи зиндагии мардум замина гузоштааст.
Яке аз самтҳои муҳимми пешрафти кишвар дар солҳои истиқлол бунёдкориву созандагӣ мебошад. Имрӯз тамоми қаламрави Тоҷикистон дар доираи эълон гардидани соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» ба майдони сохтмон ва ободонӣ табдил ёфтааст. Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 29 ҳазор иншоот ба нақша гирифта шуда буд, ки то имрӯз қисми зиёди он ба истифода дода шудаанд. Сохтмони иншооти соҳаи маориф, аз ҷумла, кӯдакистону мактаб, синфхонаҳои иловагӣ, донишгоҳу донишкадаҳо ва дигар муассисаҳои таълимӣ ва омӯзишӣ барои суръат бахшидан ба раванди тараққиёти кишвар заминаи мусоид фароҳам овардааст. Чунин раванд ва силсилаи иқдомоти нек бозгӯи онанд, ки бунёдкориву ободонӣ ва саҳмгузорӣ дар пешрафти Ватани маҳбуб ба фарҳанги зиндагии мардум табдил ёфтааст.
Дар баробари ин, рушди саноат ҳамчун пояи асосии иқтисоди миллӣ дар маркази диқати сиёсати давлатӣ қарор дорад. Танҳо дар ҳафт соли охир беш аз 2600 корхонаи саноатӣ бунёд гардида, зиёда аз 87 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 66 миллиард сомонӣ расидааст, ки ин нишондиҳандаи гузариши тадриҷӣ ба иқтисоди саноатӣ мебошад. Ҳамзамон, солҳои охир ворид намудани технологияҳои рақамӣ ба иқтисодиёт ва рушди зеҳни сунъӣ суръати хосса касб намудааст, ки ин нишонаи ҳамқадамӣ бо замон маҳсуб меёбад.
Дар баробари пешрафти иқтисодӣ, масъалаҳои иҷтимоӣ низ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Роҳбарияти Олии давлат ва Ҳукумати кишвар қарор доранд. Баланд бардоштани музди меҳнат, зиёд шудани маблағгузорӣ ба соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ нишондиҳандаи он аст, ки ҳадафи аслии давлат ба беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум нигаронида шудааст. Барои мисол, танҳо барои соҳаи маориф ва илм дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба даҳ соли пеш панҷуним баробар зиёд аст.
Дар ҳақиқат, Истиқлоли давлатӣ арзиши бузург аст. Ин арзиш ва муқаддасот, пеш аз ҳама, ба маърифати миллӣ, худшиносӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ такя мекунад. Дуруст гуфтаанд, ки агар миллате таърихи худро надонад, наметавонад ояндаи худро созад. Аз ин рӯ, таваҷҷуҳ ба фарҳанг, эҳёи анъанаҳо, нашри осори классикӣ ва тарбияи насли худогоҳ аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ, хусусан, вазифа ва рисолати аввалиндараҷаи омӯзгорону тарбиягарони насли нав ба ҳисоб меравад.
Тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарини ниҳодҳои ҷамъиятӣ мебошад. Мактаб, оила ва ҷомеа бояд якҷо амал намуда, насли навро ҳамчун шахсиятҳои соҳибмаърифат, ватандӯст ва масъулиятшинос ба камол расонанд. Зеро маҳз ҷавонон идомадиҳандагони роҳи истиқлол ва бунёдгарони фардои кишвар мебошанд.
Имрӯз, дар шароите, ки ҷаҳони муосир бо равандҳои мураккаби сиёсиву фарҳангӣ ва таҳдидҳои гуногун рӯ ба рӯ аст, ҳифзи ҳувияти миллӣ ва арзишҳои фарҳангӣ ба яке аз масъалаҳои калидӣ табдил ёфтааст. Таъсири фарҳангҳои бегона, иттилооти носаҳеҳ ва равандҳои ҷаҳонишавӣ метавонанд ба шуури наврасону ҷавонони мо таъсири манфӣ расонанд. Маҳз дар ҳамин замина, масъалаи ифтихори ватандорӣ ва ҳувияти миллӣ аҳаммияти вижа пайдо мекунад. Ватандорӣ танҳо эҳсоси ифтихор аз гузашта нест, балки дарки масъулият барои имрӯз ва фардои Ватан аст. Ҳоло ҳар як наврасу ҷавон бояд дарк намояд, ки истиқлол ба осонӣ ба даст наомадааст ва ҳифзи он заҳмат, дониш ва садоқат талаб мекунад. Аз ин рӯ, тақвияти худшиносӣ, эҳтиром ба таърих, забон ва фарҳанги миллӣ бояд дар меҳвари сиёсати тарбиявӣ қарор дошта бошад.
Эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» низ аз ҳамин зарурат бармеояд. Таҷрибаи таърихии Тоҷикистон нишон дод, ки танҳо дар фазои сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмӣ метавон ба рушду пешрафт ноил гардид.
Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди кишвар бояд дарк намояд, ки истиқлол танҳо дастоварди гузашта нест, балки масъулияти имрӯзу фардо низ ҳаст. Ободии Ватан аз хонаи ҳар яки мо, аз кӯча ва маҳалли зисти мо оғоз меёбад. Маҳз бо чунин муносибат метавонем Тоҷикистони азизро боз ҳам ободу зебо гардонем.
35 соли соҳибистиқлолӣ фурсати андеша, натиҷагирӣ ва муайян кардани роҳҳои оянда мебошад. Роҳи тайшуда собит намуд, ки миллати тоҷик дорои иродаи қавӣ, фарҳанги ғанӣ ва неруи созанда аст. Акнун вазифаи мост, ки ин дастовардҳоро ҳифз намуда, барои наслҳои оянда Тоҷикистони боз ҳам пешрафтаву шукуфоро ба мерос гузорем.
