Аминҷон ЗАРИФӢ,
омӯзгор, ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд

Устод Садриддин Айнӣ қаҳрамонест, ки на танҳо бо «Намунаи адабиёти тоҷик» адабиёти беш аз ҳазорсола, забони ноби тоҷикӣ, таърихи «Исёни Муқаннаъ», «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик», «Маънои калимаи тоҷик»-ро ба ҷаҳониён баён сохт, балки бо китоби «Таҳзиб-ус-сибён»-и худ аввалин дастури усули нави таълимиро бо забони тоҷикӣ  барои тоҷикону дигар ақвоми Осиёи Миёна ба ёдгор гузоштааст. Таъсири «Наводир-ул-воқеъ»-и аллома Аҳмади Дониш, «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзо Сироҷиддини Ҳаким, рӯзномаҳои «Ҳабл-ул-матин» (Ҳиндустон) ва «Чеҳранамо» (Қоҳира), ки бо забони форсӣ  дар ибтидои асри ХХ нашр мешуданд, ба ҷаҳонбиниву тафаккури ислоҳотхоҳию маорифпарварии устод Айнӣ  хеле бузург буда, асоси кушодани мактаби усули нав дар ҳавлии Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим дар соли 1908 гардидааст.

Китоби «Таҳзиб-ус-сибён» на танҳо барои усули нави таълим китоби дарсӣ буд, инчунин, барои ташаккули зеҳният, омӯзиши забон, шинохти қадри мактабу омӯзгор, аҳаммияти илму дониш, эҳтироми падару модар, васфи дӯстӣ, некиву накукорӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ дар руҳу равони кӯдакон таъсиру мақоми шоиста дошт. Дар қисмати дуюми ин китоб барои хониш қиссаи «Хонадони хушбахт» ҷой дода шуда, устод Айнӣ аз номи модар дар мактуб ба фарзанд дурбинонаю маърифатпарварона чунин менигорад: «Нури дидаи ман! Аз ту танҳо хоҳиш дорам, ки ин аст: дар роҳи хондан саъй кун, ғайрат кун! Одам шав! Баъд аз он ба қадре, ки метавонӣ, дар Ватан ва аҳли ватани худ ва ҳам миллати худ хидмат намоӣ! Ба ман ҳамин шараф бас аст, ки дар дунё як ходими донишманд ба миллат ёдгор гузорам».

Тамоми осори насрию назмии устод аз ғояи баланди маърифатпарварӣ дар самти таблиғи мактабу маориф ва таҳаввулу ислоҳоти ин соҳа иншо шудааст. Дар ашъори бо сабки равону сода иншошудаи ин аллома васфи мактаб ҷойгоҳи хосса дорад. Мактабро файзи Яздону кони ирфон ё ҷоне бар ҷисм баён сохтани устод Айнӣ инқилоби хирад баҳри беҳбудии рӯзгор ва роҳи раҳоӣ аз ҷаҳолат ва фақру нодории мардуми Шарқи мазлум буд:

Аз файзи Яздон хон аст мактаб,

Бар лаъли ирфон кон аст мактаб.

Беҷон ҷасадро қадре набошад,

Ҷисм аст инсон, ҷон аст мактаб.

Ё об аст мактаб, нон аст мактаб, гуфтани устод Айнӣ ҳикмати беҳини рӯзгорон аст, ки об чун сарчашмаи ҳаёт ва нон боиси зиндагӣ ва ирфон бақои ном аст. Саъд (некуфол) аст мактаб, хайр (нек, хуб) аст мактаб фармудани устод ё дар моҳии ҷон об аст ирфон, бар мурғи ирфон дон аст мактаб, нигоштан таносуби нозукбинонаю дарёфти ҳамбастагии ду нуктаи нозук ё ду чизи ба ҳам пайванди ҳаётӣ доштааст, ки яке бе дигар набитвонад. Дар шеъри дигар, ки бо матлаи:

Рӯи иродат матоб аз дари мактаб,                                                     

То ки шавӣ комёб аз дари мактаб… оғоз мешавад, устоди нозукбину гавҳаршинос бо вожаву таъбирҳои халқӣ моҳияти масъаларо ошкору бо дард баён сохта, харобии ахлоқ, ташнагӣ дар водии ғафлат, хорию залилӣ, илмгурезӣ, беҳунарӣ ва дар зери абри ҷаҳолат буданро маҳкум сохта, роҳи наҷотро аз дари мактаб мебинад:

Ташналабӣ то ба кай ба водии ғафлат,

Хез, биё, нӯш об аз дари мактаб!

Бо амали кимиёю фанни саноат

Хок шавад мушки ноб аз дари мактаб.

Маснавии «Эй монда қадам ба роҳи мактаб, Олист мақому ҷоҳи мактаб» низ дар китоби «Таҳзиб-ус-сибён» ҷой дошта, бо вожаву таркибҳои содаи халқӣ  мазмун, мундариҷа ва моҳияти мактаб баён карда шудааст, ки бе  ҳеҷ шарҳе матлаб фаҳмост:

Мактаб сабаби ҳаёт бошад,

Мактаб сабаби наҷот бошад.

Мактаб ба ту ақлу ҳуш бахшад,

Мактаб ба ту шаҳду нӯш бахшад.

Мактаб ба ту дод илму одоб,

Мактаб ба ту дод дурри ноёб.

Суруди мактаб (Саҳаргоҳон), ки маъруфияти бештар дорад, на танҳо даъват ба сӯйи махзани илму дониш, маърифату фазилат, ахлоқу одоб, балки ҳушдорест аз ҳамлаи ҷаҳлу бедонишӣ, ки оқибати баде дорад:

Биёед, эй рафиқон, дарс хонем,

Ба бекорию нодонӣ  намонем.

Ба олам ҳар касе бекор гардад,

Ба чашми аҳли олам хор гардад…

Зи илму маърифат гар баҳра ёбем,

Тавон бозуи нодонӣ битобем.

Вагарна ҷаҳл бар мо ҳамла орад,

Димор аз рӯзгори мо барорад.

Дар шеъри «Ба парда то ба чандин рози тоҷик», ки ба муносибати нашри рӯзномаи «Овози тоҷик» бахшида шуда, дар шумораи дуюми он 4 сентябри соли 1924 чоп гардид, устод сайри мухтасари таърихи маърифату фарҳанги миллати тоҷикро намуда, нисбати дертар боз шудани мактабҳои усули нав барои тоҷикон шиква менамояд.

…Ба зеҳни софу истеъдоди фитрӣ,

Набошад дар ҷаҳон анбози тоҷик.

…Фақат бемактабӣ дар аҳди ҳозир,

Каме монеъ шуд аз парвози тоҷик.           

Дар ҷамъ сохтану дарёфтани миллат, раҳнамоӣ бар самти мактабу маориф, соҳибӣ  намудани мероси таърихӣ, фарҳангӣ, ахлоқию санъатӣ  хидматҳои ин марди ҷонфидо бо арҷшиносии шоири ҳақгӯй Бозор Собир муносиб баён ёфтааст:

Тоҷиконро аз замин чун донаҳо дарёфт ӯ,

Чун китоби куҳна аз вайронаҳо дарёфт ӯ.

Тоҷикистон гар на, ҳар як тоҷике осори ӯст,

Хотири бедори мардум хотири бедори ӯст.

Хидмату ҷоннисориҳои устод Айнӣ бемислу монанд ва беш аз қаҳрамонисту тавсиф, зеро рубоии дебочаи «Ёддоштҳо»-и устод баёнгари мухтасари он аст:

Ин хона зи хишти куҳна андохтаам,

Дар вай ҷашне зи рафтагон сохтаам.

То аҳли замони мо бидонанд, ки ман

Як умри ҷавонӣ бо чӣ раҳ бохтаам.

Дар боби мактабу маориф ва саҳми он дар рушди ҳамаи рукнҳои ҳаёти инсонӣ фармудаву таъкидҳои ҳамешагии устод Садриддин Айнӣ  фаровон аст, лек рубоии зер хулосаи мантиқӣ  ва содаву дақиқест, ки арзишу таъсири беназири мактабро баёнгар аст:

Мактаб ба ту ёд медиҳад илму адаб,

Мактаб зи ту мебарад ғаму ранҷу тааб,

Як нуктаи мухтасар зи мактаб гӯям:

Одам нашавад касе магар аз мактаб.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *