Эҳром РАҶАБОВ,
омӯзгори фанни географияи МТМУ №63-и
шаҳри Истаравшани вилояти Суғд

Боиси сарфарозист, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 1 январи соли 2026 таҳти №АП-950 Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» дар миқёси кишвар баргузор гардида истодааст. Озмуни мазкур дар доираи татбиқи ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)»  роҳандозӣ гардида, ба таҳкими пояҳои сиёсати давлатӣ дар самти рушди илм, маориф ва иқтисоди донишбунёд равона шудааст. Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» бо мақсади ташаккули тафаккури илмӣ, рушди қобилиятҳои таҳлилӣ ва эҷодӣ, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, инчунин, таҳкими робитаи илм бо истеҳсолот баргузор мегардад. Ҳадафи асосии озмун ҷалби фарогири хонандагон, донишҷӯён, омӯзгорон, муҳаққиқон ва намояндагони касбу кори гуногун ба омӯзиши амиқи фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиатшиносӣ буда, он ҳамзамон ба дарёфт, муаррифӣ ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон дар самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодии кишвар  нигаронида шудааст.

Мувофиқи низомнома иштирокдорон аз рӯйи номинатсияҳои зерин ширкат меварзанд:

— математика (арифметика, алгебра, геометрия);

— физика ва астрономия;

— химия;

— биология (ботаника, зоология, анатомия);

— география;

— технологияи иттилоотӣ;

— зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ;

— ихтироъкорӣ ва навоварӣ.

Дар он хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии типи нав, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, магистрантон, аспирантону докторантон, омӯзгорон, муҳандисон, конструкторон ва дигар намояндагони қишрҳои ҷомеа иштирок карда метавонанд.

Тартиб ва марҳилаҳои баргузорӣ:

Тибқи Низомнома Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» дар чор давр – аз моҳи апрел то ноябр баргузор карда мешавад. Даври якум дар муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ, даври дуюм дар сатҳи шаҳр ва ноҳияҳо, даври сеюм дар сатҳи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва даври чорум ҳамчун марҳилаи ниҳоии ҷумҳуриявӣ бо ҳамкории Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мегардад. Чунин тартиб шаффофият, рақобати солим ва интихобу ҷобаҷогузории одилонаи иштирокчиёнро таъмин менамояд.

Меъёрҳои арзёбӣ ва талаботи илмӣ:

Арзёбии сатҳи дониш, малака ва маҳорати иштирокчиён тибқи низоми ягонаи 100-хола сурат гирифта, дар он донишҳои назариявӣ, қобилияти татбиқи амалӣ, иҷрои корҳои озмоишӣ ва пешниҳоди дастовардҳои илмӣ ва навоварона ба назар гирифта мешаванд. Дар номинатсияҳои зеҳни сунъӣ, барномасозӣ ва ихтироъкорӣ ба самаранокии иқтисодӣ, имкони татбиқи амалии натиҷаҳо ва унсурҳои навоварӣ аҳаммияти махсус дода мешавад.

Ҳавасмандгардонӣ ва имтиёзҳои иҷтимоӣ:

Ғолибони ҳамаи даврҳои озмун бо мукофотҳои моддӣ ва маънавӣ қадрдонӣ мегарданд. Ғолибони даври ниҳоӣ ва барандаи Шоҳҷоиза, дар баробари мукофотҳо аз имтиёзҳои муҳимми иҷтимоӣ ва таълимӣ, аз ҷумла, ҳуқуқи қабул ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ бе супоридани имтиҳон, бархурдор мешаванд. Омӯзгорон ва волидони ғолибон низ мавриди қадршиносӣ қарор мегиранд.

Таҳлили муҳтавои Низомномаи озмун нишон медиҳад, ки ин тадбири муҳим аз лиҳози фарогирӣ, миқёс ва таъсиргузорӣ ба рушди истеъдодҳои ҷавони имрӯзи кишвар мусоидат менамояд. Ин озмуни бошукӯҳ, ки бо сарпарастии бевоситаи Пешвои муаззами миллат баргузор мешавад, барои наврасону ҷавонон ва дигар қишри ҷомеа имкони мусоиди санҷиш ва ташаккули донишу таҷриба мебошад.

Танҳо барои баргузории ин иқдом дар соли 2026 аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 миллиону 870 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст, ки ин рақам худ далели равшани аҳаммияти бузург доштани озмун ва таваҷҷуҳи махсус доштани Сарвари давлат ба рушди иқтидори зеҳнии кишвар ва насли ҷавони миллат мебошад. Илова бар ин, мақомоти маҳаллӣ ва муассисаҳо уҳдадоранд хароҷоти даврҳои якум, дуюм ва сеюмро таъмин намоянд, ки ҳаҷми умумии маблағгузориро боз ҳам бештар мекунад.

Имтиёзҳои пешбинишуда низ бо нишондиҳандаҳои мушаххас арзишманд мебошанд. Ғолибони даври ниҳоӣ то 3 сол ҳуқуқи иштирок дар ҳамин номинатсияро надоранд, ки ин ба ворид шудани истеъдодҳои нав замина фароҳам намуда, ба афзоиши шумораи ҷавонони боистеъдод дар соҳаи илм ва техника мусоидат мекунад.

Пешниҳодҳо ҷиҳати таҳкими самаранокии бештари озмун

Бо дарназардошти миқёси баргузорӣ ва аҳаммияти илмии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» тадбирҳои иловагӣ метавонад, самаранокии онро боз ҳам баланд бардорад:

  1. Таҳия ва ҷорӣ намудани барномаҳои ягонаи методӣ ва дастурҳои омӯзишӣ барои омӯзгорон ва довталабон, то сатҳи омодагӣ ба озмун дар тамоми минтақаҳо як гуна таъмин гардад.
  2. Муассисаҳои таълимӣ, бахусус, дар шаҳру ноҳияҳои дурдаст бо озмоишгоҳҳо, таҷҳизоти муосири илмӣ ва воситаҳои рақамӣ барои омодагии амалӣ ба озмун таъмин бошанд.
  3. Ташкили низоми мониторинг ва дастгирии минбаъдаи ғолибон пас аз анҷоми озмун, аз ҷумла, ҷалби онҳо ба лоиҳаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва барномаҳои инноватсионӣ.
  4. Ҷалби корхонаҳо, марказҳои илмӣ ва бахши хусусӣ ба равандҳои арзёбӣ ва татбиқи амалии натиҷаҳои озмун, то ки ихтироот ва барномаҳои пешниҳодшуда ба истеҳсолот роҳ ёбанд.
  5. Боз ҳам баланд бардоштани сатҳи таблиғу ташвиқ тавассути воситаҳои ахбори омма ва платформаҳои рақамӣ бо мақсади ҷалби бештари ҷавонон, бахусус, духтарон ба фанҳои дақиқ ва техникӣ.
  6. Бо мақсади таъмини шаффофият, пешниҳод мегардад, ки дар ҷойҳои баргузории озмун камераҳои назоратӣ насб карда шаванд ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳамчун нозирони мустақил ҷалб гарданд.
  7. Риояи қатъии низомнома дар масъалаи қадрдонии омӯзгорон дар тамоми шаҳру ноҳияҳо.

Хулоса, ин тадбирҳо кафолат медиҳанд, ки раванди озмун холисона сурат гирифта, хонандаи босавод ва лаёқатманд соҳиби ҷой гардад. Бо такя ба сифру рақамҳо метавон хулоса кард, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» на як чорабинии рамзӣ, балки як низоми мукаммали рушди истеъдодҳо мебошад. Фарогирии чандмоҳа, шумораи зиёди иштирокдорон, низоми дақиқи 100-хола, ҳиссаи баланди корҳои амалӣ, маблағгузорӣ ва имтиёзҳои дарозмуддати таълимӣ нишон медиҳанд, ки ин озмун метавонад ба таври воқеӣ ба пешрафти илм, ташаккули захираи кадрии илмӣ ва таҳкими мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти иқтисоди донишбунёд мусоидат намояд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *