Шоҳзамон РАҲМОН,
профессор

Филму наворҳо бахши муҳим дар раванди таълим ба шумор мераванд. Кадом наворҳо метавонанд ба нафъи дарсҳо бошанду бозгӯкунандаи шахсият ё қаҳрамонҳои воқеӣ дар дарсҳо шаванд? Доир ба нақши филмҳо дар муаррифӣ ва шинохти шахсиятҳои номвари Тоҷикистон мақолаи зерин манзур мешавад.

Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода ҳамчун шахсияти таъсиргузор ва тарғибгари арзишҳои сулҳу дӯстӣ ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи расонаҳо қарор дошт. Махсусан, пас аз шарафёб гардидан ба мукофотҳои баланд ва суханронӣ дар ҳамоишҳои бонуфузи байналмилалӣ рӯзноманигорону филмофарон ба ҳаёту фаъолият ва эҷоди устод таваҷҷуҳи бештар карданд.

Ҳоло дар бораи устод Турсунзода дар гӯшаҳои олам филмномаву намунаи дигари асарҳои санъат боқӣ мондааст, ки ҳар яке омӯзанда буда, баёнгари фаъолияти босамари ин шахсияти шинохта мебошанд.

Анъанае роиҷ аст, ки осори мунтахаби чеҳраҳои маълуму машҳурро дар чанд ҷилд нашр мекарданд, дар борааш киноочерк ё намунаҳои беҳтарини филм таҳия менамуданд. Устоди соҳибқирон Мирзо Турсунзода шахси муҳтараме буда, дар вазифаҳои гуногуни эҷодиву раҳбарӣ ҷойгоҳи шоиста доштанд. Бинобар ин, лаҳзаҳои зиндагӣ ва умри ин абармарди бузурги ҷаҳониро дар сурату наворҳо, киноочерку кинофилмҳо ҷамъоварӣ намудан ба манфиати кор аст.

Аз сурату лавҳаҳо то суханрониҳое, ки дар маҷлисҳо ва машваратҳои Иттиҳоди Шуравӣ, инчунин, берун аз он — дар конференсияҳои Кумитаи ҳамбастагии халқҳои Осиё ва Африқо ва назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ироа кардааст, бояд ҳама ҷамъоварӣ шаванд. Бар пояи ин мавод, зарур аст, ки достони зиндагӣ ва эҷодиёти ин шахсияти бузурги ҷаҳонро дар шакли силсилафилмҳои бадеиву мустанад ва ё асарҳои монументалӣ таҳия намуда, барои ибрати наслҳои имрӯзаву ояндаи пешкаш кунем.

Лоиқи зикр аст, ки ба муносибати 70-солагии шоир филми мустанади “Месароям ман суруди сулҳро” (1981) таҳия шудааст. Дар оғози филм расми шоирони классик аз навор мегузарад ва ин маънои онро дорад, ки шоирони муосир давомдиҳандагони фаъолияти абармардони он замон мебошанд. Устодони халқу миллатҳои гуногун, аз ҷумла, Ч. Айтматов, Д. Кугултинов, М. Миршакар, Б. Раҳимзода, Р. Ҷалил ва дигарон дар зодгоҳи шоир, дар қабули ҳамдеҳагон ва суҳбати онҳо ба рӯйи навор меоянд. Зодгоҳи шоир, хонаводаи ӯ, аҳли байт, дарёи шӯхи пурталотум, кӯҳу дараҳои Қаратоғ, суҳбат бо ҳамдиёрон, мулоҳизаҳои ровӣ Абдулқодир Маниёзов, хонда шудани шеърҳои “Замин”, “Дарёи кӯҳӣ”, “Ошён” ҳусни филмномаро афзудаанд. Шеърхониҳои шоиру ровӣ байни ҳамдигар дилу хаёли бинандаро ба ҷӯш меоранд.

Айёми ҷавониву наврасии Мирзо Турсунзода дар филми “Ошёни шеъри ман” аз забони худи шоир ҷозибанок ҳикоя мешавад. Ба мулоҳизаи ӯ, 21 октябри соли 1907 бар асари заминҷунбӣ деҳаи Қаратоғ тамоман ба хок яксон шуда, ҳазорон нафар зери хоку девори хонаҳо монда ҳалок мешаванд. Устод аз таърихи гузаштаи зодгоҳ, ҳамчунин, аз мактаби куҳна, кушода шудани аввалин мактаби Шуравӣ ҳикоя мекунад. Соли 1924 падараш ӯро аз домулло гирифта, ба мактаби нав медиҳад. Он ҷо барои анкета пур кардан ному насаб, соли таваллуд зарур шудааст. Муаллим аз падар мепурсад:

— Писар чандсола аст?

— Соли таваллудаш баъд аз чор соли заминҷунбии Қаратоғ, — гуфтааст падари шоир. Ҷавон аз ин суханҳо фаҳмидааст, ки соли таваллудаш 1911 будааст.

Суҳбатҳо гузаштаи дури ҳаёти шоирро фарогиранд. Устод Турсунзода дар чунин кинофилмҳо бештар шеър мехонад. Мо ба туфайли ин филмҳои мустанад беҳтарин шеърҳои лирикиро як бори дигар аз забони ширини устод мешунавем. Шоир шеърҳояшро пурҷозиба ва ботамкин мехонад. Ҳатто, дар суҳбат бо тарҷумон Яков Козловский аз пуроҳангӣ ва беҳтарин хосиятҳои шеъри форсии тоҷикӣ ёдрас шудааст.

Хусусан, суҳбат бо кишоварзону аҳли саноат, бо меҳмонони аз дуру наздик омадаи халқу миллатҳои гуногун, шеър навиштану хондан дар лаби рӯди пурхурӯши кӯҳӣ бинандагонро ҳамеша шод мегардонанд. Мо чеҳраҳои шоирони худиву хориҷӣ — Қаноат, Лоиқ, Гулрухсор, Тихонов, Айтматов, Козловский ва дигаронро мебинем, ки онҳо ҳамчун ёварон дар наздаш истода, дар ситоиши устод шеърҳо мехонанд.

Филми дигаре 60-солагии шоирро дар Маскав ба хотир меорад. Банда аввали солҳои ҳафтодум дар Институти шарқшиносии Маскав кор мекардам, ки ҷашни адиби фарзонаро шунида, ба Хонаи адибони Маскав рафтам. Он ҷо ҷашни солгарди шоир шукӯҳманд таҷлил мешуд. Адибони саршиноси давр дар ситоиши устод шеърҳо хонда, дар бораи рӯзгору эҷодиёти ӯ сухан мегуфтанд. Ин маҷлиси муҳташамро Тихонов раҳбарӣ мекард ва дар охир гуфт, ки давоми суҳбатро дар миёни аҳолии пойтахт мегузаронем.

Мо, чанд нафар ҷавони тоҷик он рӯз ба ҷамъомад ҳозир шудем. Шахсони зиёд ҷамъ омада буданд. Пас аз муддате адибон дар чанд мошин омаданд. Ҳамагон меҳмононро хуш истиқбол гирифтанд. Шоир Қайсин Қулиев ба маҷлис раҳбарӣ карда, суханҳои воло мегуфт. Адибон шеъру суханҳои самимӣ мегуфтанд. Устод Мирзо Турсунзода, ки хушҳол ва ҳамеша дар лаб табассуми ширине дошт, дар охир аз пазироии гарму ҷӯшон миннатдорӣ кард. Сипас, Қ. Қулиев аз Маҳмудҷон Воҳидов хоҳиш намуд, ки ба забони тоҷикӣ шеър хонад, то эҳсос шавад, ки ҷаззобияти сухани шоир ва ин қадар шуҳраи оламгир доштани ашъори Турсунзода аз кадом ҳисоб аст. Шеъру достонҳои устод ба кадом лаҳн навишта шуда, чӣ навъ садо медиҳанд. Маҳмудҷон шеъри “Ганҷинаи сурудҳо”-ро то ним хонда, дар як ҷое каме дармонд. Вай ҳеҷ гумон накарда будааст, ки ба тоҷикӣ шеър хонданашро талаб мекунанд.

– Шумо аз мазмуни олии шеъри устоди мо воқиф намешавед, — гуфта, бо эҳтиром реҷаи суханро ба русӣ гардонд ва қариб як соат беҳтарин шеърҳои устодро хонд. Ҳама бори дигар устод Турсунзодаву ровии машҳури тоҷикро аҳсанту офарин хонданд. Бо ҳамин маҷлис ба охир расид. Мо, тоҷикбачаҳо дарҳол назди устод рафта, бо ӯ вохӯрдем. Вақт кам буд, устод гарм аҳволпурсӣ карда, ба мушкилотамон кумак расондан хост…

Суханрониҳое, ки дар лаҳзаҳои ҳассос мисли тӯп деворҳои сангинро мешикофта бошанд, аз забони шоири тоҷик дар миёни халқу миллатҳои Осиёву Африқо борҳо садо дода, дар наворҳои филмбардорони халқу миллатҳои гуногун ҷойгоҳе муҳим пайдо менамуданд. Аммо аз ин суханрониҳои шоири тоҷик дар филмҳои муосир  кам дида мешаванд.

Замон чӣ қадар ба пеш рафтан гирад, шуҳрати шахсони номвар боз ҳам бештар меафзоянд. Ҳар даҳсола зина-зина мақоми эҷодиёт ва шуҳрати сиёсиву иҷтимоии устод Мирзо Турсунзода баланд мешавад.

90-солагии зодрӯзи устод бо тантана гузаронда шуд. Ба ин муносибат конференсияи илмӣ-адабӣ доир гардид, ки дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба фаъолияти эҷодии шоири номвар суханронӣ намуда, барои дар ин ҷода хидматҳои бузург адо карданаш унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон эҳдо карданд. Тоҷикфилм ба унвони “Қаҳрамони Тоҷикистон — Мирзо Турсунзода” (2001) филме пешниҳод кардааст, ки дар он боигарии маънавии шоир дар осорхонаи худи ӯ сабт шудааст. Муаллифони сенария Санавбар Раҳимзода ва Раҳмон Мирализода ҳамаи ёдгориҳои дар хона-музей ҷамъомада: қолин-портрет, шоҳмот, ҷевонҳои китоб, сару либос, утоқи корӣ, хонаи хоб, нимпайкараҳои адиб, утоқи дастхат, туҳфаҳои аз дӯстони дуру наздик ҷамъшуда, харитаи сафар, ҷойҳои ба номи ӯ гузошташуда, ҷоизаву стипендияҳоро як ба як дар филми мазкур қайд намуда, пайи ҳам ба тамошобинон нишон медиҳанд. Тамошобинон бо ин навор боигариҳои шайъии хонадони устодро мебинанд.

Тавре медонем, устод Турсунзода дар 66-солагӣ аз олам чашм пӯшид. Он рӯз тамоми халқи тоҷик ва дӯстони устод аз кишварҳои дур ба Душанбе омада, мотам гирифтанд. Мардум бо шоири мумтози худ падруд гуфта, ӯро дар оромгоҳи Лучоб ба хок супурданд. Дар арафаи 70-солагии шоир дар Лучоб ёдгории бошукӯҳ бо нимпайкара гузошта шуд, ки аҳли адаби кишвар бо меҳмонони олиқадр он ҷо зиёрат рафта, гулгузорӣ карданд. Номи устод ҷовидонӣ шуд ва шаҳри Регарро ба хотири бузургдошташ ба шаҳри Турсунзода табдили ном карданд.

Адибону донишмандони тоҷик ҳаёт ва фаъолияти устод Мирзо Турсунзодаро омӯхта, ба таҳқиқ мегирифтанд, асарҳои драмавию саҳназебашонро дар театрҳои шаҳриву вилоятӣ ба саҳна мегузоштанд. Филмофарон ба ин муносибат филмҳои ҳуҷҷатӣ таҳия менамуданд. Ҳамон сол филмофарони тоҷик киноочерки “Муаллим”-ро ба тамошобинон пешкаш карданд.

Минбаъд филмҳое ба муносибати 80, 90 ва 100-солагии устод Турсунзода таҳия шуданд. Филмсозон дар ин давра симои устодро бо тасвирҳои пештара такмил дода, ҳамеша ӯро дар фаъолияти шеърхонӣ, гоҳ миёни халқ ва аҳли адаби ҷаҳон дар мулоҳизаву андеша ба тасвир мегирифтанд.

Санъатшинос Ҳазрат Сабоҳӣ ҳанӯз дар замони Шуравӣ навишта буд: “Дар бораи устоди сухан Мирзо Турсунзода таҳия намудани филми пурраметражи ҳуҷҷатӣ аз рӯйи наворҳои мавҷуда ва бо ҳамин васила, дар экран абадӣ гардонидани чеҳраи ин фарзанди бузурги халқ аз қарзҳои суннатии санъаткорони мост”.

Муҳаққиқ Т. Некқадамов низ силсилаи филмҳои мустанади дар боло овардаамонро зикр намуда, аз филмҳои мазкур қонеъ нашуда, гуфтааст: “Акнун вақти он расидааст, ки симои пур аз табассум ва нуронии устод Мирзо Турсунзодаро бояд дар филмҳои ҳунарӣ инъикос намоем. Зеро Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба мо имконоти зиёдеро фароҳам овардааст. Пас, ҳиммате бояд кард, ки чеҳраҳои мондагори бузургони миллатамонро ҳарчи зудтар дар экран таҷассум намоем”.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *