Ш. ПИРНАЗАРОВ,
С. СОЛИҲОВ,
устодони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Ҳамасола дар ҷаҳон 15 май ҳамчун Рӯзи байналмилалии оила таҷлил мегардад ва он имкони муносибест, то бори дигар ба нақши калидии оила дар ташаккули инсон ва пешрафти ҷомеа таваҷҷуҳ намоем. Оила ҳамчун нахустин муҳити иҷтимоии инсон дар бунёди ҷаҳонбинӣ, ахлоқ, рафтор ва арзишҳои маънавии шахсият таъсири амиқ мерасонад. Маҳз дар доираи оила инсон аввалин дарсҳои ҳаёт, эҳтиром, масъулият ва ҳамзистиро меомӯзад.

Дар шароити ҷаҳони муосир, ки тағйироти босуръати иҷтимоиву технологӣ ба амал меоянд, аҳаммияти оила ҳамчун пояи устувори тарбия боз ҳам бештар мегардад. Аз ин рӯ, таҳкими арзишҳои оилавӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модар ва мутобиқ намудани равишҳои тарбия ба талаботи замон яке аз масъалаҳои асосии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Маҳз тавассути оилаи солим ва тарбияи дуруст метавон насли солим, босавод ва ватандӯстро ба воя расонд, ки ояндаи давлату миллатро таъмин карда тавонанд.

Бунёди оилаи солим, пеш бурдани ҳаёти босаодат ва тавлиду тарбияи фарзандон аз сатҳи маърифат, дониш ва ахлоқи зану мард вобастагии калон дорад. Волидон дар тарбияи кӯдак нақши бузург доранд ва агар худ тарбиядида бошанд, ин худ дар рафтору амал ва ахлоқи кӯдакон таъсири мусбат мегузорад.

Дар таърихи фарҳангу адабиёти мо оиладорӣ ва таълиму тарбияи фарзанд аз масъалаҳои меҳварӣ маҳсуб меёбад. Дар асрҳои миёна масъалаи тарбияи инсон ва такомули ғановати маънавии он ба ҷойи аввал баромад. Ин аст, ки дар баробари рушду ташаккул ва инкишофи адабиёти бадеӣ, илмӣ, таърихӣ ва фалсафӣ асарҳои сирф ахлоқӣ, ба монанди «Насиҳатнома»-и Унсурулмаолии Кайковус, «Бӯстон»-у «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ, «Баҳористон»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ барин асарҳо саросар ба насиҳати фарзанд бахшида шуда, як қисмати муҳимми таъмини тарбияи ахлоқиро фаро гирифтаанд.

Ҳоло равиши тарбиявии қисми зиёди падару модар ҳамон равиши тарбиявии суннатиест, ки дар гузашта дар фазои он худашон тарбия ёфта буданд. Албатта, пайравӣ аз суннатҳои неку омӯзандаи ниёгон хуб аст, аммо дар замони муосир — замони рушди босуръати техника ва технологияи нав бо ин равиш наметавон фарзандро дуруст ва комил тарбия кард. Шароити кунунӣ ва муносибатҳои нави иҷтимоӣ дар замони инкишофи босуръати технологияи муосири иттилоотӣ ҳамчун падидаи нав дар ҷаҳони имрӯза то андозае тавонистааст, ки ба ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ таъсири худро расонад. Раванди ҷаҳонишавӣ, дар баробари дигар омилҳо, ба таълиму тарбия низ таъсири худро расонида истодааст. Дар ин ҷараён ҳифзи анъанаҳои миллӣ ва тарбияи фарзандон дар руҳияи эҳтироми фарҳангу тамаддуни миллӣ ва арзишҳои волои он бояд дар мадди аввал қарор гирад.

Имрӯз технологияи ҷадид ва интернет вориди ҳар як хонадон гардидааст. Дар ин шароит волидон бояд дониши замонавӣ дошта бошанд, то тавонанд аз таъсири манфии интернет кӯдакро эмин нигоҳ доранд. Пӯшида нест, ки имрӯз дар интернет маводде пахш мешаванд, ки ба мафкураи кӯдакон ва наврасон таъсири манфӣ мерасонад. Ин омил ба ахлоқу рафтори кӯдак таъсири бад расонида, боиси даст ба корҳои ношоям задани ӯ мешавад.

Оила ҳамон вақт солим ва хушбахт буда метавонад, ки дар он фарзандони хушахлоқу донишманд тарбия ёбанду бар камол расанд. Маънои аслии зиндагӣ низ дар ҳамин аст. Дар ғайри сурат, агарчи ҳаёти оилавӣ пеш равад, вале на волидон ва на фарзандон хушбахту саодатманд буда наметавонанд.

Тарбияи кӯдак раванди мураккаб аст. Он бояд бо дарназардошти табиати кӯдак ва муҳит анҷом дода шавад. Аз ин рӯ, мақсади тарбия тавсеа ва густариши зарфияти ботинӣ ва қувваи фаҳми кӯдак буда, он набояд маҷбурӣ ва ба воситаи зӯру танбеҳ амалӣ шавад. Дар асоси гуфтаҳои боло метавон натиҷагирӣ кард, ки нақши хонавода дар тарбияи фарзанд хеле назаррас аст, зеро волидон муҳимтарин омили созанда ва ташаккули шахсияти кӯдак маҳсуб меёбанд.

Мувофиқи таҳқиқоти муосир кӯдакон то синни ҳафтсолагӣ, асосан, дар муҳити оила, яъне, канори падару модар ҳастанд ва бештари таъсиротро аз онҳо гирифта, ташаккул меёбанд. Ба ҳамин далел, тарбия дар ин давра бояд комилан бар дӯши хонавода бошад. Агар волидон дар ин давра тарбияи кӯдакро масъалаи сода шуморанд ва ба он беаҳаммиятӣ зоҳир намоянд, аз кӯдак рафтори дуруст, тани солим ва ахлоқи ҳамидаро набояд интизор шаванд.

Ҳар як хонаводаи тоҷик дорои хусусият ва шеваи махсус аст, ки дар воқеъ, онҳо дар тафаккури кӯдак инъикос гардида, шахсияти ӯро муайян менамоянд. Тарбияи кӯдак дар асоси ҷаҳонбинӣ, дониш ва арзишҳои маънавии падару модар сурат гирифта, баёнгари шахсияти падару модар дар тафаккури кӯдак мебошад.

 Имом Муҳаммади Ғазолии Тӯсӣ дар асари бузурги худ «Насиҳат-ул-мулук» чунин фармудааст: «Падару модар ба мисли сарчашмае мебошанд, ки агар оби он мусаффо бошад, поёноб низ мусаффо хоҳад буд».

Маҳз бо такя ба панду андарзҳои гузаштагони орифамон дар кишвар масъалаи таълиму тарбияи кӯдак дар доираи санади хос, қонуни миллӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» танзим шудааст. Дар қонуни мазкур масъалаҳои муҳимми тарбияи насли наврас ба назар гирифта шудааст, то ин ки мо тавонем дар ҷомеаи имрӯза кӯдакони солим ва боодобу донишмандро тарбия намоем. Агар мо имрӯз насли дорои ахлоқи ҳамида ба камол нарасонем, фардо ҷомеа ба мушкилоти сангини иҷтимоиву фарҳангӣ дучор меояд. Дар қонуни мазкур масъулияти асосӣ ба зиммаи оила вогузор карда шудааст, ба ибораи дигар, хонавода масъули аслии тарбияи кӯдак мебошад. Ба андешаи мо, танҳо дар ин сурат волидон дар тарбияи фарзанд муваффақ шуда метавонанд, ки агар худ тарбияёфта ва роҳҳои таълиму тарбияи муосирро аз худ карда бошанд.

Бояд гуфт, ки дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ кумитаҳои падару модарон ва омӯзгорон таъсис дода шудааст. Хуб мебуд, ки кори онҳо боз ҳам фаъол гардонида шуда, дар назди мактабҳо курсҳои машваратӣ оид ба тарбияи кӯдакон барои волидони ҷавон ба роҳ монда шавад. Дар ин росто, бояд таҳияву нашри осори мутафаккирони гузаштаамон дар соҳаи ахлоқ ва одоби оиладорӣ бештар гардад.

Дар кишварҳои пешрафта аз тарафи олимон, равоншиносон ва мутахассисони соҳаи тиб таҳқиқоти амиқ гузаронида шуда, инчунин, барои тарбияи кӯдакону наврасон тавсияҳои методӣ интишор мегарданд. Мутаассифона, бо вуҷуди адабиёти зиёди аз ҷониби ниёгонамон ба меросмонда, имрӯз мо тавсия ва роҳнамоҳо барои тарбияи фарзандонамон ба қадри кофӣ надорем.

Ногуфта намонад, ки дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ комиссияҳои доимӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак фаъолият менамоянд.

Мақсади таъсиси мақоми мустақили ваколатдор ва додани салоҳиятҳои иловагӣ ба комиссияҳои доимӣ дар маҳалҳо оид ба пешбурди назорати раванди таълиму тарбияи фарзанд, пеш аз ҳама, ба манфиати худи фарзандон, таъмини ояндаи неки онҳо ва дарки воқеии масъулияти ба зиммадоштаи падару модарон мебошад. 

Аҳаммияти ин масъаларо Ҳукумати кишвар ҳанӯз аз аввали рӯзҳои ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дарк карда, доимо он дар мадди назари роҳбарияти сиёсии ҷумҳурӣ мебошад. Аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар ин давра бо мақсади пуштибонии иҷтимоии оилаҳои камбизоат ва ҳавасмандгардонии кӯдакону наврасон ба раванди таълим як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои зиёде қабул карда шудаанд, ки онҳо барои баамалбарории ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдакон заминаи мусоиди ҳуқуқӣ гузоштаанд.

Рушди босуръати муносибатҳои ҷамъиятӣ дар шароити кунунӣ ҳар як падару модарро водор месозад, ки барои таълиму тарбияи фарзанд дар оила масъулияти бештар ҳис кунад, зеро беаҳаммиятӣ ва бетарафӣ нисбат ба тарбияи фарзанд дар оила ба раванди инкишофи минбаъдаи ҷанбаҳои гуногуни ҷомеа монеъ мегарданд.

Тарбияи фарзанд дар руҳияи баланди ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, пеш аз ҳама, аз муҳити хонаводагӣ маншаъ мегирад. Агар фарзанд аз овони кӯдакӣ дар муҳити оилаи орому солим тарбия наёбад ва моҳияти таълиму тарбияро дарк накунад, дар ҳаёти минбаъдаи худ ба мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ мегардад ва дар ҷомеа мавқеи худро пайдо карда наметавонад.

Мувофиқи анъана ва мероси ахлоқие, ки аз табиати мардуми мо бармеояд, эҳтироми волидон, нигоҳубини онҳо дар пиронсолӣ яке аз рукнҳои асосии тарбия маҳсуб меёбад. Дар тули асрҳо ин ба меъёри ахлоқии миллати тоҷик табдил ёфтааст.

Албатта, падару модар дар назди фарзанд якчанд масъулият, аз қабили номи нек гузоштан, маълумот додан, хонадор карданро бар дӯш доштанд ва ин анъана то имрӯз идома дорад. Вале таҳлил ва мушоҳидаҳо далели онанд, ки ҳанӯз ҳам баъзе падару модар барои ба таҳсил фаро гирифтани фарзандон монеъ мешаванд ва онҳоро дар синну соли наврасӣ ва ташаккули шахсият ба корҳои вазнини ҷисмонӣ ва берун аз мактабу таълимгоҳ сафарбар менамоянд, ки ин боиси нигаронист.

Волидон бояд огоҳ бошанд, ки фароҳам овардани муҳити солими оилавӣ, ҷалби фарзандон ба илму дониш, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва назорати дурусти истифодаи технологияҳои муосир метавонанд заминаи ташаккули шахсиятҳои донишманд, ватандӯст ва масъулиятшиносро гузоранд.

Ҳамин тавр, оила ҳамчун пояи асосии тарбия ва ташаккули шахсият дар шароити ҷаҳони муосир нақши ҳалкунанда дошта, танҳо бо масъулияти волидон, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва истифодаи усулҳои муосири тарбия метавон насли солиму донишманд ва ватандӯстро ба камол расонд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *