Маърифат НАЗАРОВА,
устоди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои
хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

Муайян намудани давраҳои ташаккул ва таҳаввули андешаи бадеии  шоири шинохта ва маҳбуб Лоиқ Шералӣ, пеш аз ҳама, ба шинохт ва арзёбии зинаҳои пайдоиш ва рушди ормонҳои миллӣ ва умумиинсонии ӯ алоқаманд мебошад.

Меҳвари асосии шеъри Лоиқро даъват ба инсонияту инсонгароӣ ташкил медиҳад. Рӯзноманигоре аз вай пурсида буд, ки муродаш аз гуфтани шеър чист, ҷавоб дод, ки «одамиёнро ҳушёртар, бедортар, зеботар кардан. Шинохтани одаме ва шиносондани одаме ба худаш, ӯро дар рӯ ба рӯйи худаш қарор додан, ботинашро дар оинаи тасвир нишон додан» [9, 612].

Шоири номдор шеъре низ дорад, ки ин маъниро дар қолаби назм ифода мекунад:

Шеър гуфтам на аз барои худам,

То ба қадрам раседу бинвозед.

Шеър гуфтам, барои он ки шумо

Қадри худро дуруст бишносед [4, 250 ].

Дар заминаи ташаккули дидгоҳҳои бадеии Лоиқ эҷодиёти ӯро метавон ба се давра тақсим кард. Давраи аввал ба охири солҳои панҷоҳум ва солҳои ҳафтодуми асри гузашта марбут мешавад. Давраи дуюмро метавон ба оғози солҳои ҳаштодум то ибтидои навад марбут донист ва ниҳоят, аз ибтидои солҳои навади асри XX то поёни умри шоир давраи сеюми эҷодиёти ӯро ташкил медиҳад.

Бозҷустҳои бадеӣ бар пояи дарки нави таърих шакл гирифта, барои таҳкими худогоҳии миллӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд. Яъне, ин дигаргунӣ якбора ба амал наомадааст, балки ҳосили кӯшиш ва ҷасорати инсонӣ ва ҳунарии шоирони ҷудогона мебошад, ки дар саргаҳи он Лоиқ Шералӣ меистод. Бесабаб набуд, ки шеъри Лоиқ ва тарзи идроки бадеии ӯ диққати муҳаққиқонро ба худ ҷалб карда, доир ба хусусиятҳои хосси тафаккури бадеии ин шоир баъзе мулоҳизаҳо баён кардаанд. Аз ҷумла, Муҳаммадҷон Шакурӣ аз нахустмаҷмуаи шоир — «Сари сабз» истиқбол карда, навишта буд: «… аз шеърҳои маҷмуа тапиши дили софу беғубори ҷавоне эҳсос мешавад. Шеъри Лоиқ пур аз ҳаяҷон аст, ки аз ҳар мисраи он ҳис карда мешавад ва аз ин ҷиҳат ба шеърҳои шоири шаҳид Ҳ. Юсуфӣ ҳамоҳангӣ дорад» [6, 210]. Баъдтар ҳамин донишманд дар мақолааш бо номи «Тафаккури таҳлилӣ ва амиқрафти реализм» баъзе хусусиятҳои тафаккури бадеии Лоиқро муайян карда, дар ин замина, ба андешапарварӣ ва ҳикматомезии осор, ки қаробати шеъри ӯро бо шеъри классикӣ нишон медиҳад, ишора мекунад.

Ба ифодаи дигар, ҳадафҳои олии ғоявӣ, ки маҳдудияти миллӣ надорад, ба тору пуди эҷодиёти шоир пайванд мегирад. Ин масъала барои шоири тавоно мавзуъ набуд, балки «фазилат ва ҳадафи иҷтимоӣ, ғоявию зебоишинохтӣ» буд, ки минбаъд роҳу равиши ӯро дар интихоби мавзуъ муайян кард. Лоиқ чунин роҳро замоне шинохт ва идеали ҳунарии худ қарор дод, ки адабиёти тоҷик зери таъсири идеологияи замон қарор дошт.

Лоиқ Шералӣ дар ибтидои солҳои шастуми асри XX ба адабиёт ҳамчун шахсияте ворид шуд, ки аз талаботи синфиятгароӣ фаротар по гузошта, дар дохили ҳамин назарияи «Эстетикаи тасвири ҳаққонӣ» равиши хосси шоирии худро вазъ намуд ва андешаи бадеиаш тадриҷан бо ҳамин роҳ инкишоф ёфт. Лоиқ тавонист ба воқеият пироҳани худӣ пӯшонад ва ба ин васила, андешаи хосси бадеияшро, ки моҳияти миллӣ, умумиинсонӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқӣ дорад, баён кунад. Лоиқ дар доираи талаботи мафкуравии замони зиндагияш тавонист, осори арзишманди ҳунарӣ ба вуҷуд оварад.

Бинобар ин, давраи аввали эҷодиёти Лоиқ, ки ба «авҷи низоми булшивикӣ, он ҳам аз дили як ҷумҳурии кӯчаки осиёӣ» [2,190] рост меомад, хусусияти ҳаммонанд ба он чи дар боло гуфта шуд, дошт. Лоиқ аз камназиртарин шоире буд, ки аз мафҳумҳои тангназарона фаротар рафта, ба зулоли ваҳдатхоҳӣ ва ягонагиҷӯӣ ва бозгашт ба асли худу асолати ҳунарӣ расид.

Муҳаққиқ Х. Шарифов осори шоирро дар атрофи се мавзуъ дастабандӣ кардааст, ки иборат мебошад аз “муҳаббат ба шеър ва завқи суханварӣ; муҳаббат ба Ватан ва ҳувияти миллӣ ва ишқу муҳаббати табиии мардумӣ” [5, 54].

Лоиқ на фақат бо шеъраш, балки бо мақолаҳояш низ дар фазои фарҳангӣ ва ҷараёни шаклгирии тасаввуроти тоза оид ба воқеияту зиндагӣ ва таърих таъсир дошт. Мақолаҳои «Хӯшаҳои умед», «Дар боби анъана ва русуми нав», «Завқи шеър» ва ғайра, ифодагари андешаҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва бадеии тозаи ӯ буданд. Ин мақолаҳо масъалаи пуштибонӣ аз арзишҳои ҷовидонии умумиинсонро дар диди шоир матраҳ мекарданд. Ин мавзуъ, яъне, ҳимоят аз шарофати инсонӣ дар ашъори ин давра низ ҷойгоҳи хос дошт. Аз ҷумла, дар шеъри «Кӯҳистон» бо ҳасрат навишта буд:

… Дигар расму таомулҳои аҷдодӣ фурӯ мурданд,

Ки баҳри пойдорӣ ҳар яке муҳри худоӣ дошт.

Ба чашми мардумони хоксору содаи кӯҳсор.

Чу мероси азизи модарон қадру сафое дошт.

Вале ман зинда хоҳам кард он расму таомулро,

Ки бар он муҳри дасти рӯзгорон пахш гардида.

Ҳамон расму таомулро, ки бо он мардумони пок.

Чашида пухтаю хоми ҳаёту умр варзида [4, 55].

Шоири он вақт ҷавон дар ин шеър ва бисёр шеърҳои дигараш барои ҳимоя ва зинда доштани меросе савганд мехӯрад, ки на фақат арзиши миллӣ, балки моҳиятан арзиши таърихӣ ва умумибашарӣ дорад. Яъне, ҳифзи асолат ва фардияти миллӣ дорои арзишҳои башарӣ, пайванди таърихӣ ва ахлоқӣ мебошад, ки сарфи назар кардан аз он, дар ниҳоят, ба аз байн рафтани ҳувияти ин ё он қавм ва беранг гардидани ҳастии ҷисмонӣ ва маънавии башар меоварад.

Ниҳоят, солҳои навадум ва давраи баъд аз он фаро мерасанд, ки дар тафаккури бадеии Лоиқ нақши худро гузоштаанд ва худи Лоиқ низ ҷойгоҳи хешро дар фаросӯи адабиёти миллӣ ва ҷаҳон муайян кард. Агар ӯ бо офаридаҳояш дар ду давраи аввали эҷодиёташ мавзуъҳои миллӣ ва умумиинсониро дар муҳити адабии мо ба расмият дароварда, ба шаклгирии тафаккури бадеии миллӣ ва инсонгароӣ мусоидат карда бошад, пас, дар солҳои навадум ва баъд аз он андешаи худшиносии миллиро бо худсозӣ, инсонсозӣ, ҷомеасозӣ ва сарнавиштсозӣ пайванд дод.

Дар маҷмуъ, Лоиқ Шералӣ эҳёгар ва тақвиятбахши тафаккуре гардид, ки ба таъбири М. Шакурӣ онро метавон равияи худшиносӣ ва худшиканӣ дар адабиёти навини тоҷик номид.

Адабиёт:

  1. Акбаров Ю. Нубуғи шоир ва булуғи шеър. Хуҷанд, 2003, с. 218.
  2. Доктор Ҳушанги Толеъ. Андешаи фарҳангии шодравон Лоиқ Шералӣ. — Марсияи Хуршед. — с. 190-192.
  3. Сатторов А. Шеър ва зиндагӣ. – Нуқтаи пайванд. — Душанбе: Ирфон, 1982. — 63-88.
  4. Шералӣ Л. Куллиёт. Ҷилди 1. Ашъор. — Душанбе: Адиб, 2008. — 559 с.
  5. Шарифов Х. Шоири бузург //Садои Шарқ, 2001, №1-6, с. 52-66.
  6. Шакурӣ М. Сухан аз лирика ва мазмуни ҳастии он. — Душанбе: Маориф. — с. 183-224.
  7. Шакурӣ М. Нигоҳе ба адабиёти тоҷикии садаи бист -. Душанбе: Пайванд, 2006. — 456 с.
  8. Шакурӣ М. Мактаби одамият. — Душанбе: Адиб, 1991. с. 128-134.
  9. Шеърдӯст А. Таърихи адабиёти навини Тоҷикистон. — Теҳрон, 1390. — 775 с.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *