Акбар ҲУРМАТЗОДА,
директори Маркази таҳсилоти
иловагии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

Омӯзгор дар ҳама давру замон яке аз шахсиятҳои муҳимму таъсиргузор дар ҷомеа ба ҳисоб меравад. Пешрафти давлат, рушди илму маърифат, ташаккули ҷаҳонбинии ҷомеа ва тарбияи насли худшиносу ватандӯст маҳз ба фаъолияти пурсамари омӯзгор вобастагии амиқ дорад. Аз ҳамин ҷост, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи илму маориф ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба масъалаи баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, барои фаъолияти босамари кормандони соҳаи маориф шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» яке аз иқдомҳои муҳим дар роҳи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои омӯзгорон ба шумор меравад. Қонуни мазкур мақоми иҷтимоии омӯзгорро таҳким бахшида, барои боз ҳам боло бурдани нуфузи ин касби пуршараф дар ҷомеа заминаи воқеӣ гузошт.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ масъулияти омӯзгор боз ҳам бештар гардидааст. Зеро дар баробари омӯзонидани илму дониш, ӯ бояд шогирдонро дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ҳифзи фарҳангу забон ва садоқат ба Ватан тарбия намояд.

Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои хеш пайваста таъкид менамоянд, ки ояндаи давлат аз фаъолияти омӯзгор ва сатҳи донишу маърифати насли наврас вобаста мебошад. Ҳоло дар саросари кишвар муассисаҳои нави таълимӣ бунёд гардида, шароити таълиму тарбия муҳайё гардидааст. Ҳамчунин, тадбирҳои муҳим ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии омӯзгорон, такмили ихтисоси онҳо ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълим амалӣ мегарданд.

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар доираи сиёсати давлатӣ баҳри рушди соҳаи маориф иқдомҳои назаррасро роҳандозӣ менамояд. Ҷорӣ намудани технологияҳои навини таълим, таҳияи барномаҳои муосир, баргузор намудани озмунҳои фаннӣ, олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва баланд бардоштани сифати таълим аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки барои рушди соҳа мусоидат мекунанд. Самараи чунин иқдомҳо имрӯз дар дастовардҳои хонандагони тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ баръало ба чашм мерасад.

Мақому манзалати омӯзгор дар фарҳанги миллати тоҷик аз қадимулайём баланд арзёбӣ шудааст. Бузургони илму адаб омӯзгорро чароғи маърифат, роҳнамои зиндагӣ ва созандаи ҷомеаи солим номидаанд. Воқеан ҳам, омӯзгор бо донишу таҷриба ва ахлоқи намунавии худ на танҳо ба шогирдон илм меомӯзад, балки онҳоро ҳамчун инсонҳои комил ба камол мерасонад. Бузургон фармудаанд:

Ҳар киро устод набвад, кор бар бунёд нест,

Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз устод нест.

Имрӯз ҷомеа беш аз ҳар вақти дигар ба омӯзгорони донишманд, ватандӯст, масъулиятшинос ва дорои ҷаҳонбинии муосир ниёз дорад. Зеро маҳз онҳо метавонанд, насли ояндаро дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва донишандӯзӣ тарбия намоянд. Ҳар сухан, ҳар рафтор ва ҳар амали устод метавонад, дар ташаккули шахсияти шогирд нақши муҳим бозад. Аз ин рӯ, эҳтирому қадршиносии омӯзгор эҳтиром ба илму маърифат ва ояндаи миллат мебошад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *