Маъдӣ АБДУРАҲМОНОВ,
дотсенти Академияи идоракунии давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақриз ба рисолаи илмии Шаҳло Музаффарова «»Ҳафт пайкар»-и Низомӣ
ва таҳаввули достони Баҳроми Гӯр». — Душанбе: ДРСТ, 2014.-169 с.

Агар ба пажуҳиш доир ба бузургтарин шоири достонсарои адабиёти тоҷику форс дар асри ХII Низомии Ганҷавӣ таваҷҷуҳ намоем, маълум мегардад, ки ин шоири маънисаро ва тозагӯй бо вуҷуди мероси бузурги эҷодӣ дар муҳити фарҳангии мо ҳанӯз ба таври шоиста таҳқиқ нагардидааст. Бояд тазаккур дод, ки Ҳаким Низомӣ дар асри ХII равиш ва самтгирии адабиёти тоҷику форсро тағйир дода, дар адабиёти мо суннати хамсасароиро эҳё намуд ва чун Фирдавсӣ таъриху фарҳанги ҳазорсолаи тоисломии мардумони ориёитаборро ба риштаи назм дароварда, ҳамзамон, ҳунари суханвариро дар ҳама гуна жанри адабӣ роиҷ намуд. Аз достонҳои оламшумули Низомии бузург донишманди эронӣ Барот Занҷонӣ дар рисолаи “Сувари хаёл дар “Хамса”-и Низомӣ” калимоту таъбиротеро ҷамъ овардааст, ки шоир ба онҳо ҷомаи сабзи маънӣ пӯшонидааст. Ин шаҳодат бар он аст, ки Н. Ганҷавӣ дар достонҳои худ ба нақли сужет маҳдуд нашуда, балки ҳунари маъниофариниро дар лаҳзаҳои мувофиқ ба кор бурда, таъсиру нуфузи осорашро бештар кардааст. Дар тамоми тазкираю таърихномаҳои адабию илмӣ Низомӣ ба сифати шоири бузурги фарҳанги тоҷику форс муаррифӣ шудааст.

Дараҷаи омӯзиши осори Ҳаким Низомии Ганҷавӣ дар рисолаҳои илмии профессор Аълохон Афсаҳзод, Худоӣ Шарифзода, Шаҳло Музаффарова ва Нигина Гадоева хеле муфассал баён гардидааст. Аз ин баррасиҳои илмии муҳаққиқон маълум мегардад, ки Низомӣ ва осори гаронқадри ӯ дар Тоҷикистон ҳанӯз ба омӯзиш ниёз дорад. Бо ибтикори Аълохон Афсаҳзод ва Алии Муҳаммадӣ “Хамса”-и Низомии Ганҷавӣ аз солҳои 60-ум сар карда, дастраси хонандаи тоҷик гардида бошад ҳам, вале ашъори ӯ дар доираи илмии Тоҷикистон ворид намегашт.

Дар воқеъ, дар охири солҳои 90-уми асри ХХ ба Низомӣ ва достонҳои оламшумули ӯ аз ҷониби профессор Худоӣ Шарифзода ва дигарон таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Рисолаи муҳим ва пурарзише, ки дар ин солҳо дар боби Низомӣ ва осори ӯ таҳия гардид, таҳқиқоти пурарзиши Шаҳло Музаффарова дар мавзуи «»Ҳафт пайкар»-и Низомӣ ва таҳаввули достони Баҳроми Гӯр» мебошад, ки ин асар соли 1999 ба сифати рисолаи номзадӣ ва соли 2014 чун монографияи илмӣ дастраси хонандаи тоҷик шуд. Ин рисола аз он ҷиҳат ҷолиб аст, ки Шаҳло Музаффарова бо ин таҳқиқоти худ аз нав омӯзиш ва пажуҳиши илмии Низомӣ ва осори ӯро ба миён гузошт ва таваҷҷуҳи хонандаи имрӯзро ба шеъру достонҳои ин шоири бузург ҷалб намуд. Хусусан, достони Баҳроми Гӯрро мавриди пажуҳиш қарор додани муҳаққиқ ҳаргиз тасодуфӣ нест. Аз байни қаҳрамонони офаридаи Низомӣ достони Баҳроми Гӯр ва симои барҷастаи ӯ аз рӯзгори соҳибтамаддун ва мулкдории ниёгони мо шаҳодат медиҳад ва дар ин замон таҳқиқи рӯзгор ва пайкори ин гуна шахсиятҳо дар тарбияи насли ояндасоз дорои аҳаммияти бузург мебошад. Ҳамзамон, талошҳои устодону муҳаққиқони тоҷик ба муддаиёни ному шуҳрати Низомӣ ҳушдоре буд, ки мансубияти ин шоири бузургро ба адабиёти тоҷику форс таъкид менамуд.

Омӯзиши аҳволу осори Низомӣ дар Тоҷикистон, хусусан, аз солҳои 40-ум ва ба муносибати 800-солагии шоир ривоҷи тамом ёфт. Аммо бо сабаби сар задани Ҷанги ҷаҳонии дуюм ин ҷашн соли 1947 баргузор гардида, дар ин муддат дар саросари собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, аз он ҷумла, дар Тоҷикистон теъдоди зиёди осори илмӣ – таҳқиқотӣ дар бораи рӯзгору осори Низомӣ ба миён омаданд. Аз ҷумла, соли 1940 мақолаи Абдусалом Деҳотӣ бо номи “Низоми Ганҷавӣ” чоп шуд, ки дар он рӯзгору осори шоир хеле мухтасар баррасӣ шуда, дар бораи маснавиҳои ӯ бо намунаҳои манзуми “Лайлӣ ва Маҷнун” зикр гардидааст. Ҳамзамон, соли 1962 адабиётшиносони тоҷик С. Саъдиев ва С. Сиддиқов китоберо бо унвони “Ҳикояҳо аз “Хамса” нашр намуданд.

Боиси зикри хос аст, ки дар солҳои пасин дар Тоҷикистон аҳли таҳқиқ ва дӯстдорони каломи манзум, амсоли Х. Мирзозода, А. Афсаҳзод, А. Амрияздон, А. Зоҳир, А. Воҳид, Ҷ. Бобокалонова ва дигарон дар асару мақолаҳои худ осори шоирро мавриди пажуҳиш қарор дода бошанд ҳам, вале нисбат ба мансубияти ӯ ба илму адаби форсӣ хеле боэҳтиёт муносибат намуда, ҳатто, аз ҷумлаи суханварони гузашта будани ӯро сарфи назар менамуданд.

Дар асри бархӯрди тамаддунҳо ва тазодду муқобалаи байни ақвом пажуҳандагону муҳаққиқони тоҷикро лозим аст, ки бо иродатмандӣ ва бо фаҳму дарки воло ба таҳқиқу пажуҳиши осори адибони адабиёти классикии тоҷику форс, алалхусус, ба осори Низомӣ рӯ оварда, дурдонаҳои назми адабиёти классикиро ба риштаи таҳқиқ кашида, пешкаши мардум намоянд ва дар дастрасӣ ба ашъори шоир дар замони муосир саҳми арзандаи худро гузоранд.

Боиси шодмонист, ки дар замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пажуҳандагоне ба арсаи адабиёт қадам гузоштанд, ки бо ҷаҳонбинии васеъ ва таҷрибаи фаррох тавонистанд ба таҳқиқу пажуҳиши осори Низомӣ машғул гарданд ва бо дидгоҳи мутафовит дурдонаҳои адабиёти классикии тоҷику форсро ба самъи ҳаводорони адабиёти ноби тоҷик расонанд.

Рисолаи Шаҳло Музаффарова «»Ҳафт пайкар»-и Низомӣ ва таҳаввули достони Баҳроми Гӯр» аз муқаддима, се боб, 9 зербоб, хулоса ва китобнома (141 адабиёти илмӣ ва пажуҳишӣ) иборат мебошад. Дар ин рисолаи басо ҷолиб масъалаҳои муҳимтарин, ки дар шинохти “Ҳафт пайкар”-и Низомӣ, аз қабили шахсияти Баҳроми Гӯр, пайдоиши достони Баҳром ва ташаккули он дар аҳди исломӣ, сабаби таълифи “Ҳафт пайкар” ва ғайра, хеле муфассал ва густурда таҳқиқ шудаанд. Муҳаққиқ Шаҳло Музаффарова дар ин таҳқиқоти худ ба чунин натиҷа мерасад, ки достони “Ҳафт пайкар”-и шоир баёни зиндагиномаи Баҳроми Гӯрро аз рӯзи таваллуд то ғайб заданаш дар бар мегирад. Барои ҳамин номи дигари ин асар “Баҳромнома” мебошад. Онро шоир дар 14-уми моҳи рамазони соли 593 ҳиҷрӣ, мутобиқ ба 31-уми июли соли 1197-и мелодӣ ба охир расонидааст.

Маснавии мазкур асарест, ки ба назм оварданашро касе аз муаллиф хоҳиш накарда, онро шоир бо хости дили худ ба қалам овардааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки қаҳрамони асосии маснавии “Ҳафт пайкар”-и Н. Ганҷавӣ Баҳроми Гӯр, аслан, шахси таърихист. Баҳром писари Яздгурди Сосонӣ буда, бо номи Баҳром шуҳрат дошт. Барои он ки дилбастагии тамом ба шикори гӯр дошт, лақаби Баҳроми Гӯрро ба ӯ додаанд. Ӯ дар таърих, ҳамчунин, бо ишқбозиҳояш ва доштани майл ба айшу ишрат машҳур мебошад. Муҳаққиқ ба Баҳроми Гӯр на чун симои хаёлӣ назар дорад, балки ӯро чун шахсияти таърихӣ ба риштаи таҳқиқ кашида, тамоми ривояту гуфторҳои мардумиро нисбат ба ин қаҳрамон мавриди ҷустуҷӯ қарор медиҳад. Ш. Музаффарова Баҳроми Гӯрро дар майдонҳои ҳарбу кашмакашҳои сиёсӣ мебинад ва талошҳои ӯро ба инобат гирифта, чунин менависад: “Бузургону сарони хонадонҳои сосонӣ пас аз фавти Яздигурд Баҳромро, ки дар байни бародарони худ ягона сазовори тахти шоҳӣ буд, бо баҳонаи он ки бо ӯ ҳаргиз вилояте ё коре надоштанд, ки вайро бад-он тавон озмуд ва ҳоли вайро бад-он тавон шинохт ва русуми Аҷам наёмӯхта ва равиши арабон дорад ва хӯи вай чун хӯи онҳост, ки миёни арабон бузург шудааст, аз салтанат маҳрум карданд ва ба ҷойи ӯ аз хонадони дигаре шоҳ баргузиданд” [4, с.15].

Ш. Музаффарова дар таҳқиқот Баҳроми панҷумро аз доираҳои дигар берун меорад ва муносибати ӯро бо аҳли суруду мусиқӣ мавриди шинохт қарор медиҳад. Ӯ аз “Муруҷ-уз-заҳаб”-и Масъудӣ, “Ятимат-уд-даҳр”-и Саъолибӣ муносибати Баҳроми панҷумро ба мусиқӣ нишон дода, ин андешаи олими аврупоӣ А. Кристенсенро чун далел меорад: “Баҳром мусиқиро хеле дӯст медошт ва навозандагону мутрибон ва ҳатто, тақлидкорону масхарабозон дар дарбори ӯ мақоме доштанд ва ҳангоми бори ом додани подшоҳ дар баробари ашрофи олирутбаи давлат менишастанд”.

Боби аввали монографияро муҳаққиқ “Пайдоиши достони Баҳроми Гӯр ва таҳаввулоти он то Фирдавсӣ” унвон дода, дар бораи шахсият ва зиндагии Баҳроми Гӯр ё Баҳроми панҷуми сосонӣ, ки дар ин бора афсонаву ривоёти фаровоне пайдо гардидаанд ва минбаъд дар осори таърихиву адабии аҳди исломӣ, амсоли “Таърихи Табарӣ”-и Муҳаммад Ҷарири Табарӣ, “Таҷоруб – ул – умам”-и Ибни Мискавайҳ, “Ал-феҳрист”-и Ибн – ан – Надим, “Китоб – ул – ағонӣ”-и Абулфараҷ ал – Исфаҳонӣ, “Аш – шеър ва – ш – шуаро”-и Ибни Қутайба, “Шоҳнома”-и Абумансурӣ, “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, “Ҳафт пайкар”-и Низомӣ ба риштаи тасвир кашида шуда, ба намунаи шоҳи одил, раиятпарвар ва ормонӣ табдил шудааст. Аз равиши ин таҳқиқот маълум гардид, ки пайдоиши достони Баҳроми Гӯр ва таҳаввули он то замони Фирдавсӣ ба таври хронологӣ аз ҷониби муҳаққиқ хеле дақиқкорона муайян гардидааст. Аз мутолиаи рисола маълум мегардад, ки муҳаққиқ дар шинохти ин шахсияти таърихӣ – Баҳроми Гӯр ба “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва достони маъруфи “Ҳафт пайкар”-и Низомӣ қонеъ нашуда, ҳамзамон, ба дигар сарчашмаҳои муҳимтарини илмию адабӣ муроҷиат намудааст. Басо ҷолиб аст, ки дар рисола дар бораи шахсияти таърихии Баҳроми Гӯр мисолҳои фаровоне оварда шуда, дар баробари сарчашмаҳои боэътимоди илмӣ, ҳамзамон, ба қиссаву афсона ва ривоёти дар ин бора дар байни мардум мавҷудбуда, такя намуда, шахсияти таърихӣ ва ривоятии Баҳроми Гӯрро муайян намудааст.

Ш. Музаффарова дар боби дигар мазмун ва сужети достони Баҳроми Гӯрро дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ҷустуҷӯ менамояд ва кӯшиш дорад, ки сужети ин достонро дар асоси манбаъҳои таърихӣ ва илмӣ созмон диҳад. Ҳарчанд ки симои Баҳром дар достони Фирдавсӣ ҳанӯз аз таърихият орӣ нест, вале ӯ нахустин образи бадеии ин шоҳи сосонӣ дар назми форсӣ аст, ки минбаъд барои шоироне чун Низомӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Ҷомӣ, Навоӣ ва осори онҳо чун раҳкушову раҳнамо хидмат кардааст. Дар рисола дар бораи аҳаммияти таърихию бадеии Баҳроми Гӯри Фирдавсӣ чунин хулоса мешавад: “Дар “Шоҳнома” достони Баҳромро бо пирояи бадеият ва тахайюли шоирона оро дода, ба он силсилаи ривоёти омиёнаро ворид намудааст, ки зоҳиран аз маъхазҳои дигаре дастрас шуда, на дар “Таърихи Табарӣ” ва “Ҳафт пайкар” ба назар намерасанд” [4, с.156].

Дар ин боби ҷадид, ки сухан дар бораи мазмун ва сужети достон дар нигориши Фирдавсӣ меравад, ҳаминро метавон гуфт, ки барои тақвияти андеша муҳаққиқ ривоёте марбут ба валодат, камолот ва ба тахти подшоҳӣ нишастани шоҳзодаро таҳқиқ намуда, ба ду асар — яке асари таърихӣ ва дигаре асари бадеӣ такя намуда, аз дигар сарчашмаҳо, ки саргузашти шоҳони сосониро бозгӯ мекунанд, дар мавридҳои зарурӣ истифода менамояд.

Низомӣ чун Фирдавсӣ “Ҳафт пайкар”-ро дар асоси саргузашти Баҳроми панҷуми сосонӣ эҷод карда, вале устухонбандии он ба тарзи дигар тадвин шудааст. Зиндагиномаи Баҳром дар Низомӣ танҳо қолаби достонро ташкил намудаасту бас ва дар он ривоёти аҷибе, ки бо Баҳроми Гӯр робитаи бевосита надорад, ворид гардидааст. Хатти сужети достони “Ҳафт пайкар”-и Низомӣ ба “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ мушобеҳ аст, аммо аз нигоҳи сохторӣ, тасвирӣ ва иштироки қаҳрамонон тафовут доранд, ки муҳаққиқ ин умумиятро бо такя ба сарчашмаҳои таърихию адабӣ нишон додааст.

Дар натиҷаи баррасии шахсияти таърихии Баҳроми Гӯр дар достони “Ҳафт пайкар” ба чунин хулоса метавон расид, ки Низомӣ зимни таҳияи ин достон, пеш аз ҳама, ба мероси гузаштаи ниёгон такя карда, дар такмили ин образи ҷовидонаи фарҳанги тоҷикон ба достонҳои “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ муроҷиат мекунад. Баҳром, ки дар достон ва дар таҳқиқоти мазкур ҳамчун Баҳроми панҷум ёд мешавад, назар ба фарзандони дигари Яздигурд дар ташаккули давлатдории Сосониён саҳм дорад ва Низомӣ зимни офариниши шоҳи ормонӣ бештар корнамоиҳои Баҳроми Гӯрро дар назар дорад. Агар ба умқи образи Баҳроми Гӯр таваҷҷуҳ намоем, Низомӣ ҳам чун Фирдавсӣ дар тасвири ин образҳо, аввалан, аз фарҳанги давлатдории ниёгони мо ёдоварӣ мекунад ва аз ҷониби дигар мехоҳад, насли ояндаро ба шинохти арзишҳои миллию мардумони бумии ин сарзамин баргардонад, зеро дар замони Низомӣ таассуби мазҳабӣ ва нодида гирифтани арзишҳои миллӣ ба дараҷае расида буд, ки дар байни мардум ва аҳли фарҳанг рӯ гардондан аз таърихи гузашта рӯз ба рӯз доман паҳн карда, фарҳанги ҳазорсолаи мо аз ҷониби қувваҳои иртиҷоии мазҳабӣ бидъат эълон мешуд. Ш. Музаффарова дар ин рисола ба ин масъалаи хеле муҳим муфассал изҳори назар намуда, ба иқдоми Фирдавсӣ нисбат ба офариниши образи Баҳроми Гӯр хулосаи воқеӣ изҳор мекунад, ки ба назари мо хеле мувофиқ аст: “Фирдавсӣ бо офариниши достони Баҳроми Гӯр ва тамоми достонҳои дигари “Шоҳнома” ба ҷуз зинда кардани фарҳанги рӯ ба завол овардаи Эрони бостон ҳадафи олитаре доштааст ва бо таълифи асари хеш мехостааст ба муосирону ояндагони худ роҳу равиши дурусти подшоҳӣ ва раъиятдориро намоиш диҳад.” [4, с.76].

Суннати достонсароии Низомӣ дар асрҳои минбаъда дар эҷодиёти Х. Деҳлавӣ, А. Ҷомӣ, Б. Ҳилолӣ, А. Мушфиқӣ ва шоирони дигар идома ёфта бошад ҳам, вале симои қаҳрамонони миллат, ба мисли Баҳроми Гӯр дар эҷодиёти ин шоирон маҳдуд гашта, ҳатто, дар замони Ҷомӣ аз байн рафт. Дар эҷодиёти Ҷомӣ симои Искандар бо “Хирадномааш” таваҷҷуҳи аҳли таҳқиқро ба худ кашида бошад ҳам, аз Баҳроми Гӯр ва дигар қаҳрамонони миллӣ ёд намешавад. Ин аз он сабаб аст, ки аз як тараф фарҳанги миллии мардумони бумии ин сарзаминро аз як ҷониб нуфузи фарҳанги мазҳабӣ маҳдуд карда бошад, аз ҷониби дигар, таъсири сиёсати салтанати туркзабонон ба ташаккули фарҳанги миллии тоҷикон имкон намедод. Рисолаи мазкур ба ин масъала ишораҳои махсус намуда, муҳаққиқони ояндаро даъват менамояд, ки дар шинохт ва пажуҳиши адабиёти ниёгон, пеш аз ҳама, ба манфиатҳои миллӣ ва тарғиби арзишҳои ниёгон, ки дар бунёди давлати миллӣ мусоидат менамояд, такя кунанд.

Забони достонҳои Низомӣ назар ба шоирони дигар хеле пурмазмун, ҷолиб ва аз таъбироту ибороти шоирона саршор мебошад. Шаҳло Музаффарова ба ин масъала ҳам мароқ зоҳир намуда, таҳқиқи ин вижагии осори шоирро муҳим ва воқеӣ арзёбӣ мекунад ва умед дорем, ки забон ва услуби нигориши осори шоир дар пажуҳишҳои оянда ҷойгоҳи хоссе хоҳад дошт.

Хулоса, достонҳои Низомӣ, монанди достонҳои  “Шоҳнома” дорои сюжет ва вежагиҳои хосси бадеӣ мебошанд ва барои хонандаро ба мутолиаи ин достонҳо ҷалб намудан месазад, ин достонҳоро ба таври мухтасар ба тариқи наср баргардонем, то хонандаи тоҷик ба мутолиаи муфассали ин достонҳои пурмазмун азм кунад.

Замони истиқлол ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо имкон фароҳам овардааст, ки ба фарҳангу тамаддуни миллии худ аз замони қадим то имрӯз такя намуда, ҳарчи ба забони тоҷикӣ-форсӣ дар тамаддуни башарият маҳфуз аст, онро ҳамчун мероси фарҳангии ниёгон мавриди дастрасӣ ва тарғиби васеъ қарор диҳем.

Рисолаи мазкур дар замони истиқлол аз аввалин иқдомест, ки барои шинохти мероси адабии Низомии Ганҷавӣ имкон фароҳам оварда, дар оянда пажуҳиши густурдаи эҷодиёти Низомиро ба миён мегузорад. Ин моро водор месозад, ки дар масъалаи мансубияти шахсиятҳои фарҳангӣ ва таърихӣ ба миллати тоҷик бо ҷасорати баланд ва масъулияти миллӣ муносибат намоем.

 

Адабиёт:

  1. Алиев Г. Ю. Темы и сюжеты Низами в литературах народов Востока. — М., 1985. — 145 с.
  2. Бертельс Е. Э. Низами и Фузули. — М., 1962. — 554 с.
  3. Занҷонӣ Б. Сувари хаёл дар “Хамса”-и Низомӣ. — Теҳрон. 1377. — 617 с.
  4. Музаффарова Ш. “Ҳафт пайкар”-и Низомӣ ва таҳаввули достони Баҳроми Гӯр. — Душанбе: РТСУ, 2014. — 166 с.
  5. Муҳаммад Муин. Таҳлили “Ҳафт пайкар”-и Низомӣ. Бахши аввал. – Теҳрон. — 1363.- 400 с.
  6. Низомии Ганҷавӣ. Куллиёт, Ҷ. 3. — Душанбе, 1983.- 416 с.
  7. Фирдавсӣ А. Шоҳнома Ҷ. VII / . — Душанбе, 1966.- 651 с.
  8. Ҳерман Эте. Таърихи адабиёти форсӣ/. Теҳрон. — 1356. — 361 с.
  9. Шарипов Х. Муқаддимаи маснавиҳои Низомӣ // Дар кит. “Шоир ва шеър”. — Душанбе 1998. — 217 с.
  10. Шарифов Х. Нашри куллиёти Низомӣ // Садои Шарқ. — 1966.- №7. — С. 129-131.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *