Ноз ОДИНАЕВА,
мудири муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии
«Боғи мурод»-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе
Ташаккули тасаввуроти ибтидоии математикӣ яке аз самтҳои асосии рушди зеҳнӣ, мантиқӣ ва эҷодии кӯдакон ба ҳисоб меравад. Математика барои кӯдак воситаи дарки муҳити атроф, инкишофи тафаккур, мушоҳидакорӣ, мустақилият ва малакаи ҳалли масъалаҳо мебошад. Аз ҳамин ҷиҳат, истифодаи усулҳои шавқовар, бозию саёҳат ва машғулиятҳои интерактивӣ дар раванди таълим зарур мебошад.
Машғулияти «Сафар ба сарзамини математика» бо дарназардошти хусусиятҳои синнусолии кӯдакони гурӯҳи омодагӣ ба мактаб таҳия гардида, ба рушди қобилияти фикрронӣ, нутқи пайваста, хотираи визуалӣ ва фаъолияти мустақилонаи онҳо нигаронида шудааст.
Вазифаҳо:
- Дар хотираи кӯдакон мустаҳкам кардани номи шаклҳои геометрӣ;
- Мустаҳкам кардани қобилияти муқоисаи рақамҳо, ёфтани рақами гумшуда ва пур кардани ҳисобкунӣ (аз 1 то 20);
- Идома додани рушди қобилияти тартиб додани масъала, ҳалли масъалаҳои мантиқӣ ва мисолҳо;
- Инкишофи эҷодкорӣ, хотираи визуалӣ, тахайюл;
- Мусоидат ба рушди равандҳои зеҳнӣ, нутқ ва қобилияти баҳс кардан вобаста ба ақидаи худ;
- Рушди мустақилият, қобилияти дарки вазифаи таълимӣ ва иҷрои мустақилонаи он.
Мавод барои машғулият: кортҳо бо тасвирҳои шаклҳои гуногуни геометрӣ; кортҳо барои лаҳзаҳои дамгирӣ; варақаҳо барои диктанти математикӣ; қаламҳои ранга; қуттӣ бо туҳфа.
Рафти машғулият:
Мураббӣ:
— Бачаҳо, машғулияти имрӯзаи мо аз математика мебошад.
Бачаҳо:
— Имрӯз бо мо низ муъҷизае рӯй дод: мо аз парии сарзамини афсонавии математика чунин нома гирифтем: «Бачаҳои азиз, ман шуморо ба сафари баҳрӣ ба ҷазираи аҷоибот, ба ҷустуҷӯи ганҷҳои қалъаи қадим даъват мекунам. Дар роҳ шуморо саргузаштҳои ҷолиб интизоранд. Шумо барои хотирмон гузаштани сафар бояд дониш, маҳорат ва ҳунари худро нишон диҳед».
Мураббӣ:
— Бачаҳо, оё шумо мехоҳед, ба сафари аҷоиб равед? Ба ман бигӯед, ки мо барои сафари баҳрӣ аз кадом намуди киштӣ истифода бурда метавонем?
Агар рақамҳоро аз 1 то 12 пайваст кунем, аз кадом киштӣ барои сафарамон истифода хоҳем бурд?
(Бачаҳо рақамҳоро пайваст мекунанд ва киштӣ месозанд).
Мураббӣ:
— Мо бо киштӣ шино мекунем. Бароҳат нишинед, чашмонатонро пӯшед. Ана, мо дар баҳр ҳастем. (Мусиқӣ)
- Ҷазираи «Рақам»
Кӯдакон номи ҷазираро мехонанд ва муайян мекунанд, ки ҷазира чӣ шакл дорад.
Мураббӣ:
— Ба фикри шумо, дар ин ҷазира киҳо зиндагӣ мекунанд? (рақамҳо ва шаклҳо).
Мураббӣ ба бачаҳо саволу супориш дода, чунин муколама мекунад:
- Шумурданро аз 0 то 10 ва ба таври баръакс ба ёд оред.
- Рақамеро, ки ман аз даст додам, номбар кунед.
- Агар як адад аз 12 зиёд ва як адад аз 14 кам бошад, он кадом адад аст? (13).
- Рӯзи ҳафтаеро, ки ман аз даст додам, ёбед: душанбе, сешанбе, чоршанбе, ҷумъа, шанбе, якшанбе (панҷшанбе).
- Рӯзи шашуми ҳафтаро номбар кунед.
- Бачаҳо, кадомаш дарозтар аст: як ҳафта ё як моҳ?
- Шумо кадом моҳҳоро медонед?
- Моҳҳои тобистон ва баҳорро номбар кунед.
- Калимаи зиёдатиро дар қатори калимаҳо номбар кунед:
а) зимистон, чоршанбе, баҳор, тобистон, тирамоҳ;
б) як, ду, се, давра, чор, панҷ;
в) ҷамъ, тарҳ, ҷумъа, баробар;
г) доира, мураббаъ, декабр, бисёркунҷа.
- Рақамҳои хурдтар аз 10-ро бо қалами сабз ва рақамҳои аз 10 калонтарро бо қалами сурх доира кунед. Чаро шумо рақами 15-ро бо қалами сурх доира кардед?
— Биёед, пеш равем! (Мусиқӣ)
- Ҷазираи «Фикр»
(Кӯдакон номи ҷазираро хонда, муайян мекунанд, ки ҷазира чӣ гуна шакл дорад.)
Мураббӣ:
— Бачаҳо, биёед, ба хотир орем, ки кадом аломатҳо мавҷуданд (< ; > ; =) ва онҳоро дар миёни рақамҳои зерин дуруст ҷойгир кунем:
2 … 8; 7 … 2; 5 … 5; 6 … 14; 4 … 6;
6 … 2; 8 … 2; 20 … 12; 15 … 12;
5 … 12; 9 … 5; 12 … 8; 7 … 12; 3 … 18.
Биёед, пеш равем! (Мусиқӣ)
Лаҳзаи истироҳат
- Ҷазираи «Интеллектуалӣ»
Кӯдакон номи ҷазираро мехонанд ва муайян мекунанд, ки ҷазира чӣ гуна шакл дорад.
Мураббӣ:
— Афлесун ба кадом қисмҳо тақсим шуд?
Бачаҳо:
— Ба қисмҳои хурд.
Мураббӣ:
— Тасаввур кунед, ки се дӯстатон барои дидорбинии шумо омадаанд. Шумо бояд онҳоро бо торт зиёфат диҳед. Тортро чӣ тавр тақсим мекунед?
Бачаҳо:
— Ба чор қисм.
Мураббӣ:
— Офарин! Ташаккур баро ҷавоби дуруст, бачаҳо! Биёед, пеш равем! (Мусиқӣ)
- Ҷазираи “Муаммо”
Кӯдакон номи ҷазираро мехонанд ва муайян мекунанд, ки ҷазира чӣ гуна шакл дорад.
Мураббӣ:
— Муаммоҳои душвор дар ин ҷо зиндагӣ мекунанд:
- Ду писар бо ҳам 2 соат шоҳмот бозӣ карданд. Ҳар кадом чанд вақт бозӣ карданд? (2 соат).
- Дар рӯйи миз 3 себ ҳаст, як себ ду тақсим карда шудааст. Дар рӯйи миз чанд себ боқӣ мондааст? (3).
- Бибӣ барои набераҳояш 3 шарф ва 6 дастпӯшак бофт. Бибӣ чанд набера дошт? (3).
— Биёед, пеш равем! (Мусиқӣ)
- Ҷазираи «Шаклҳои геометрӣ»
Мураббӣ:
— Бачаҳо, геометрия чист?
Бачаҳо:
— Геометрия сарзаминест, ки дар он фигураҳои геометрӣ зиндагӣ мекунанд: порча, нур, хатҳо, кунҷҳо, нуқтаи буриш.
Ба кӯдакон кортҳо бо тасвирҳо нишон дода мешаванд:
- Нуқта, хатти рост, хатти каҷ;
- Хатҳои уфуқӣ, амудӣ ва каҷ;
- Нуқтаи буриш, порча, хатти шикаста;
- Кунҷи рост, тез, кунд.
Кӯдакон бояд дар бораи ҳар як шакл суҳбат кунанд ва онро бо дигар шаклҳо муқоиса кунанд, донанд, ки фарқияту шабоҳатҳояшон чист.
Машқҳои ҷисмонӣ:
Вақти танаффус расидааст. Дар ҳоле ки мусиқӣ садо медиҳад, рақс кунед; вақте ки он қатъ мешавад, ҳаракати дар корт нишондодашударо иҷро кунед (бозӣ 2-3 дақиқа давом мекунад).
Мураббӣ:
— Биёед, идома диҳем! (Мусиқӣ)
Масъалаи 1: Дар зери дарахт чор занбӯруғ рӯид. Борон борид ва боз ду занбӯруғи дигар рӯид. Дар маҷмуъ, чанд занбӯруғ дар зери дарахт рӯид? (4 + 2 = 6)
Мураббӣ:
— Офарин, бачаҳо, шумо ҳамаи масъалаҳоро дуруст ҳал кардед! Биёед, пеш равем! (Мусиқӣ)
- Ҷазираи «Муъҷизаҳо»
— Мо дар ниҳоят ба ҷазираи «Муъҷизаҳо» расидем! Аммо ворид шудан ба ин ҷазира он қадар осон нест. Он посбонӣ карда мешавад ва мо намедонем, ки посбон кӣ аст. Барои фаҳмидани он ки кӣ ҷазираро посбонӣ мекунад, шумо бояд вазифаи зеринро иҷро кунед.
Мувофиқи дастури мураббӣ бачаҳо чоркунҷаҳо мекашанд.
Мураббӣ:
— Ин ҷазираро кӣ посбонӣ мекунад? (Саг).
Мураббӣ:
— Бачаҳои азиз, сафари мо ба охир расид. Шумо ба шарофати диққат ва таваҷҷуҳи худ чунин вазифаҳои душворро иҷро кардед. Ман бо шумо ифтихор мекунам. Парии афсонавӣ аз сарзамини математика барои шумо туҳфа омода кардааст, ки барои қадрдонӣ аз меҳнатдӯстӣ ва мушоҳидаҳои шумост. Акнун вақти он расидааст, ки мо ба кӯдакистон баргардем. Лутфан, чашмонатонро пӯшед. (Мусиқӣ)
Ҷамъбаст
Мураббӣ:
— Оё сафари мо ба сарзамини афсонавӣ ба шумо писанд шуд? Кадом супоришҳо барои шумо душвор буданд? Оё медонед, ки баҳои беҳтарин дар кӯдакистон кадом аст? Албатта, баҳои «Офарин»! Ман аз тарзи омӯзиши имрӯзаи шумо хеле миннатдорам! Шумо мушоҳидакор, бодиққат ва зирак ҳастед ва аз ин рӯ, шумо тавонистед, ки ҳамаи супоришҳоро иҷро кунед.
