Некрӯз МУМИНЗОДА,
сармутахассиси раёсати илм ва инноватсияи
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Истиқлоли давлатӣ дастоварди бузург ва таърихии миллати тоҷик ба шумор рафта, барои эҳёи арзишҳои миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва рушди ҳамаҷонибаи соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа заминаи устувор гузошт. Маҳз дар фазои озодӣ ва худшиносии миллӣ имкон фароҳам омад, ки соҳаҳои калидӣ, аз ҷумла, илму маориф ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, ба омили асосии пешрафти давлат табдил ёбанд.
Дар тули 35 соли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳкими соҳаи маориф, рушди илм ва ворид шудан ба фазои ҷаҳонии илмию технологӣ қадамҳои устувор гузошта, ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Имрӯз соҳаи илму маориф на танҳо ҳамчун бахши иҷтимоӣ, балки ҳамчун неруи пешбарандаи рушди иқтисодӣ, фарҳангӣ ва зеҳнии ҷомеа эътироф мегардад. Пешрафти ҳар як кишвар ба низоми илму маориф ва сатҳи саводнокии ҷомеаи он робитаи ногусастанӣ дорад. Маҳз сатҳи дониш ва маърифати аҳли ҷомеа пойдории давлату миллатро таъмин менамояд. Дар ин росто, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини давлатдории миллӣ дар баробари таъмини сулҳу субот ва амнияти ҷомеа ба рушди соҳаи илму маориф ҳамчун самти афзалиятнок таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд.
Воқеан, дониш омили асосии рушди устувор ва пешрафти иқтисодиву иҷтимоии ҳар як давлат буда, ҳамзамон, сарчашмаи муваффақият ва зиндагии осудаи инсон мебошад. Дар ин замина, Фирдавсии бузург дар шоҳасари безаволи хеш — «Шоҳнома» чунин мефармояд:
Биёмӯзу бишнав зи ҳар донише,
Биёбӣ зи ҳар донише ромише.
Дар замони муосир, ки техникаву технология ва бахусус, зеҳни сунъӣ вориди ҳаёти ҳаррӯзаи мо гардидааст, донишандӯзӣ ва ҳамқадамӣ бо замон шарти зарур дониста мешавад, зеро бе дониш ва маълумот пеш бурдани зиндагӣ ва фаъолият дар ҳама соҳаҳо душвор мегардад. Яъне, асри имрӯз асри илму дониш, кашфиёту ихтироот ва технологияҳои навтарин маҳсуб меёбад.
Аз файзи истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони азиз барои илмомӯзии насли наврас ва ҷавонон тамоми шароиту имконоти зарурӣ фароҳам оварда шудаанд.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар (30 майи соли 2024) чунин таъкид намуда буданд: «Дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд. Мову шумо дида истодаем, ки имрӯз кишварҳои мухталифи дунё бар пояи илму дониш, ихтироъкориву истеҳсол ва истифодаи техникаву технологияҳои муосир чӣ гуна тараққӣ карда истодаанд». Ин суханони пурҳикмат далели равшани таваҷҷуҳи давлат ба баланд бардоштани сатҳи саводнокӣ, тарбияи мутахассисони баландихтисос ва рушди ҷаҳонбинии илмии ҷомеа мебошад.
Бо ҳамин ҳадаф, дар солҳои охир озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ – китоб аст», «Илм — фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ва соли равон Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардида, дар баланд бардоштани маърифати фарҳангӣ ва илмии ҷомеа саҳми назаррас мегузоранд.
Бояд зикр намуд, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ маблағгузорӣ барои таҳкими заминаҳои моддиву техникии илм пайваста афзоиш ёфта истодааст. Аз ҷумла, барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25,4% ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне, соли 2015-ум панҷуним баробар зиёд мебошад.
Соли 2025 аз буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф 10 миллиарду 909 миллиону 496 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид, ки 6,6%-и ММД ва 21,1%-и қисми хароҷоти буҷети давлатиро ташкил дода, нисбат ба соли 2024-ум 2 миллиарду 677 миллиону 600 ҳазор сомонӣ, ё ин ки 32,5% зиёд мебошад.
Дар соли 2025 ба зинаи таҳсилоти томактабӣ 606,9 миллион сомонӣ (нисбат ба соли 2024-ум 21,9% зиёд), таҳсилоти умумӣ 6 миллиарду 195 миллион сомонӣ (нисбат ба соли 2024-ум 35,6% зиёд), таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 576,2 миллион сомонӣ (нисбат ба соли 2024-ум 18,7% зиёд), таҳсилоти олии касбӣ 1 миллиарду 511 миллион сомонӣ (нисбат ба соли 2024-ум 22,1% зиёд) ва барои дигар хароҷотҳои соҳа бошад, 1 миллиарду 18 миллион сомонӣ (нисбат ба соли 2024-ум 40% зиёд) маблағ ҷудо гардида буд.
Истиқлоли давлатӣ, инчунин, имкон фароҳам овард, ки таҳқиқи мероси моддиву маънавӣ ва таърихи куҳанбунёди тоҷикон вусъати тоза касб намояд. Дар натиҷа, миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангпарвар, эҷодкору илмдӯст муаррифӣ гардид.
Барои саҳми арзанда дар рушди илм ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ даҳҳо олим ва муҳаққиқони соҳаҳои гуногуни кишвар бо ҷоиза ва унвонҳои бонуфузи байналмилалӣ сарфароз гардонида шуданд.
Бо мақсади ҳавасмандгардонии олимон ва омӯзгорон унвонҳои фахрии «Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон» ва «Корманди шоистаи Тоҷикистон», инчунин, ҷоизаҳои давлатӣ, аз ҷумла, ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, Абуалӣ ибни Сино, Бобоҷон Ғафуров ва Исмоили Сомонӣ таъсис дода шудаанд.
Ҳамаи ин тадбирҳо далели равшани ғамхории давлат нисбат ба аҳли илму маориф буда, барои кашфи истеъдодҳои нав ва рушди фаъолияти илмӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд. Эълони солҳои 2020–2040 ҳамчун «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» низ дар ҳамин замина сурат гирифтааст.
Дар баробари ин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи паркҳои технологӣ» ва тасдиқи чандкаратаи «Номгӯйи самтҳои афзалиятдоштаи таҳқиқоти илмӣ» ба рушди ихтироъкориву навоварӣ такони ҷиддӣ бахшидаанд. Соли 2021, инчунин, Стратегияи рушди илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 қабул гардид.
Танҳо дар даҳ соли охир барои амалисозии зиёда аз 3350 лоиҳаи илмиву таҳқиқотӣ беш аз 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки ин нишондиҳанда аз афзоиши таваҷҷуҳи давлат ба рушди илм дарак медиҳад.
Ҳамин тариқ, рушди минбаъдаи илм ва инноватсия аз ҳар як фарди ҷомеа, бахусус, аз кормандони муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва омӯзгорон тақозо менамояд, ки дониши худро пайваста такмил дода, технологияҳои муосирро самаранок истифода баранд.
Зарур аст, ки насли ҷавон ба омӯзиши амиқи илмҳо, азхуд намудани техникаву технологияҳои пешрафта ва рӯ овардан ба ихтироъкориву навоварӣ ҳидоят карда шавад, зеро маҳз ҳамин омилҳо асоси пешрафти давлат ва шукуфоии Ватани азизамон мебошанд.
