Дилафрӯз ҚУРБОНЗОДА,
«Маърифати омӯзгор»

Дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин

(11-14 майи соли 2026)

Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ бар пояи принсипҳои дӯстӣ, ҳамкории судманд, эҳтироми мутақобил ва мувозинат ташаккул ёфта, сиёсати “дарҳои боз” ном гирифтааст. Ин сиёсат дар тули солҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамчун механизми муассири таҳкими мавқеи байналмилалии кишвар хидмат намуда, барои густариши робитаҳо бо давлатҳои гуногуни ҷаҳон заминаи мусоид фароҳам овард. Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, ки аз баракати соҳибистиқлолӣ ва таҳти роҳбарии оянданигаронаву хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари сулҳҷӯ, ҷонибдори муколама ва ҳамкориҳои созанда шинохта шуда, мавқеи устуворро касб намояд.

Дар меҳвари сиёсати хориҷии Тоҷикистон таҳкими муносибатҳои неку ҳамсоягӣ, густариши ҳамкориҳои иқтисодиву гуманитарӣ ва рушди шарикии стратегӣ бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон қарор дорад. Дар ҷаҳони муосир, ки муносибатҳои байналмилалӣ бештар бар асоси манфиатҳои муштарак ва эътимоди сиёсӣ рушд мекунанд, Тоҷикистон талош менамояд бо шарикони худ равобити дарозмуддат ва устувор барқарор намояд. Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ин раванд яке аз шарикони боэътимоди Тоҷикистон ба шумор меравад. Муносибатҳои Тоҷикистону Чин дар тули солҳои соҳибистиқлолӣ бар асоси эҳтироми мутақобил, эътимоди сиёсӣ ва манфиатҳои муштарак рушд ёфта, ба сатҳи шарикии стратегӣ расидаанд.

Ҳар ду кишвар дар масъалаҳои муҳимми байналмилалӣ ва минтақавӣ мавқеи наздик дошта, дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамдигарро пайваста дастгирӣ менамоянд. Ин ҳамгироӣ, пеш аз ҳама, ба таъмини субот, амният ва рушди устувори минтақа мусоидат мекунад. Тоҷикистон ва Чин, ҳамчунин, дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла, Созмони ҳамкории Шанхай ҳамкории фаъол ва густурда доранд. Маҳз тавассути чунин созмонҳо ду кишвар имкон пайдо менамоянд, ки дар ҳалли масъалаҳои мубрами амниятӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ саҳми муассир гузоранд.

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки аз 11 то 14 майи соли 2026 баргузор гардид, аз муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсиву дипломатии сол ба ҳисоб меравад. Ин сафар дар шароите анҷом пазируфт, ки ҷаҳон марҳалаи нави таҳаввулоти сиёсиву иқтисодиро аз сар мегузаронад ва таҳкими шарикӣ бо давлатҳои боэътимод аҳаммияти бештар касб кардааст. Ин сафар идомаи муколамаи сатҳи олӣ миёни ду кишвари дӯст буда, ҳамзамон, марҳалаи нави шарикии стратегии Тоҷикистону Чинро оғоз бахшид.

Дар шароите, ки муносибатҳои байналмилалӣ рӯз ба рӯз печидатар гардида, рақобатҳои геополитикӣ шиддат меёбанд, Тоҷикистону Чин намунаи ҳамкории устувор, мутавозин ва бар пояи эҳтироми мутақобилро пешниҳод менамоянд. Чунин муносибатҳо бозгӯи онанд, ки ҳатто, дар фазои пуртазодди сиёсиию амниятии ҷаҳон низ метавон шарикии боэътимод ва созандаро ҳифз намуд.

Дар доираи сафари давлатӣ Пешвои миллат ба шаҳрҳои Пекин ва Чонгчин сафар намуда, бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, муҳтарам Си Ҷинпин, роҳбарони воломақоми давлатӣ ва намояндагони доираҳои соҳибкориву сармоягузории Чин мулоқоту музокироти судманд анҷом доданд. Баргузории чунин мулоқотҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷонибҳо ба густариши ҳамкориҳои иқтисодиву сармоягузорӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ доранд.

Натиҷаҳои ин сафари давлатӣ воқеан муҳим ва таърихӣ арзёбӣ шуда, санадҳои баимзорасида муносибатҳои ду кишварро вориди марҳалаи нав мекунанд. Аз рӯйи натиҷаи музокирот беш аз 80 санади нави ҳамкорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 8 миллиард доллари амрикоӣ ба имзо расид. Аз ҷумла, 31 санади байнидавлатӣ ва байниидоравӣ, ки самтҳои калидии муносибатҳои ду кишварро фаро мегиранд.

Дар миёни санадҳои баимзорасида Аҳднома оид ба ҳамҷавории неку абадӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, инчунин, Изҳороти муштарак оид ба таъмини шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ дар даврони нав аҳаммияти махсус доранд. Қабули чунин санадҳои бунёдӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳамкории Тоҷикистону Чин хусусияти дарозмуддат ва стратегӣ гирифтааст. Ин санадҳо заминаи ҳуқуқии муносибатҳои ду кишварро таҳким бахшида, аз иродаи қавии сиёсӣ барои густариши ҳамкории дарозмуддат шаҳодат медиҳанд.

Дар ҷараёни мулоқоти сатҳи олӣ, ки дар фазои самимӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, муҳтарам Си Ҷинпин аз нақши бузурги Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории Тоҷикистон ва рушди муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Чин ёдоварӣ намуда, иброз доштанд: «Дӯсти азизам! Вохӯрии имрӯзаи мо дар вуҷуди ман эҳсосоти хеле гармро бедор мекунад. Имсол 35-умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Таҳти роҳбарии шумо, Тоҷикистон дар бунёди давлатдорӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки ин ба мо шодмонии самимӣ мебахшад.

Ҳамчун шахсе, ки шарикии стратегии ҳамаҷонибаи Чин ва Тоҷикистонро дар давраи нав пешбарӣ кардааст, имрӯз ба шумо унвони профессори фахрии Донишгоҳи Пекин дода шуд. Ин эҳтиром ва дӯстии амиқеро, ки мардуми Чин нисбат ба шумо ва тамоми миллати тоҷик доранд, инъикос мекунад.

Дар шароити нооромиҳои байналмилалӣ, ҷаҳони муосир аз субот дур аст, аммо новобаста аз тағйирот дар муҳити беруна, Чин ва Тоҷикистон ҳамсояҳои хуб, дӯстони наздик ва шарикони боэътимод боқӣ мемонанд ва дар руҳияи кумаки мутақобила, эътимод ба ҳамдигар ва рушди муштарак боқӣ мемонанд.

Ҷаноби Президент! Ман омодаам бо шумо ҳамкорӣ кунам, то ҷомеаи боз ҳам муттаҳидтари сарнавишти муштаракро байни Тоҷикистон ва Чин ба манфиати мардумони ҳарду кишвар тақвият диҳем». 

Ин суханони самимӣ бозтоби эҳтироми шахсӣ ба Пешвои миллат буда, ифодаи муносибати хоссаи роҳбарияти Чин нисбат ба Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Чунин баҳои баланд аз ҷониби Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, муҳтарам Си Ҷинпин — роҳбари яке аз давлатҳои бузурги ҷаҳон аз нуфуз ва мавқеи устувори байналмилалии Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ таъкид намуданд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Чин имрӯз дар доираи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ босуръат рушд карда, ба манфиатҳои мардумони ҳар ду кишвар ҷавобгӯ мебошанд. Муҳим он аст, ки ин ҳамкориҳо танҳо хусусияти сиёсӣ надошта, ба беҳбудии сатҳи зиндагии мардум низ таъсири мустақим мерасонанд. Дар солҳои охир Чин ба яке аз шарикони асосии иқтисодии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Айни замон дар Тоҷикистон зиёда аз 700 ширкати дорои сармояи чинӣ фаъолият менамоянд, ки дар татбиқи лоиҳаҳои пУраҳаммияти иқтисодӣ саҳми назаррас доранд.

Ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои сохтмони роҳу нақбҳо, энергетика, саноат, коммуникатсия ва технологияҳои нав ба рушди иқтисоди миллӣ такони ҷиддӣ бахшидааст. Ин инфрасохторҳо барои рушди минтақаҳо, афзоиши имконоти тиҷоратӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ муҳим дониста мешаванд.

Дар баробари ҳамкориҳои иқтисодӣ, ҷонибҳо ба рушди илму маориф, технология ва инноватсия низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Ин омил нишондиҳандаи он аст, ки муносиботи Тоҷикистону Чин танҳо ба манфиатҳои кӯтоҳмуддати иқтисодӣ маҳдуд набуда, ба рушди дарозмуддати захираҳои инсонӣ низ равона шудаанд. Маҳз ҳамин самтҳо дар ҷараёни сафари давлатӣ бештар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

Яке аз рӯйдодҳои муҳимми сафар сарфароз гардидани Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони Профессори фахрии Донишгоҳи Пекин буд. Ин рӯйдоди фараҳбахшу пурифтихор барои ҷомеаи илмӣ ва академии Тоҷикистон низ аҳаммияти рамзии бузург дошта, нишонаи эҳтироми ҷомеаи илмии Чин ба саҳми Роҳбари давлати Тоҷикистон дар таҳкими робитаҳои илмиву фарҳангӣ ва пешбурди ташаббусҳои байналмилалӣ дар масъалаҳои обу иқлим мебошад.

Суханронии Пешвои миллат дар назди устодону донишҷӯёни Донишгоҳи Пекин аҳаммияти бузурги сиёсиву маърифатӣ дошт. Аз ҷумла, Роҳбари давлат чунин изҳор доштанд: «Тавре ки маълум аст, робитаҳои илмиву маърифатӣ ва фарҳангӣ дар ҳар давру замон ба қавӣ гаштани дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва рафоқати байни халқҳо мусоидат кардаанд».

Ҳамчунин, зимни суханронӣ таъкид гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳо масъалаи рушди неруи инсонӣ омили аслии рақобатпазирии давлатҳо ва илму дониш муҷиби асосии пешрафти ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, Тоҷикистон рушди неруи инсониро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ медонад. Бо дарназардошти он ки беш аз 70 фоизи аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи маориф, омодасозии кадрҳои рақобатпазир ва азхудкунии технологияҳои муосир аҳаммияти калидӣ касб мекунад. Ояндаи иқтисод ва рақобатпазирии кишвар низ маҳз ба сатҳи дониш ва малакаи насли ҷавон вобаста мебошад. Аз ҳамин ҷост, ки ҳамкории Тоҷикистону Чин дар соҳаҳои таҳсилоти олӣ, илм ва технология босуръат густариш меёбад.

Имрӯз наздики шаш ҳазор ҷавони тоҷик дар донишгоҳҳои Чин таҳсил намуда, зиёда аз даҳ ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон муассисаҳои таҳсилоти олии ин кишварро хатм кардаанд. Ин рақамҳо аз густариши бештари робитаҳои илмиву таълимии ду кишвар дарак медиҳанд. Аксари онҳо дар самтҳои илмҳои дақиқ, муҳандисӣ, технологияҳои иттилоотӣ, иқтисоди рақамӣ ва зеҳни сунъӣ таҳсил менамоянд, ки ин раванд аз афзоиши таваҷҷуҳи ҷавонони тоҷик ба донишҳои муосир ва технологияҳои пешрафта шаҳодат медиҳад.

Барои мо – аҳли маориф ва илми кишвар басо хурсандибахш аст, ки дар доираи сафари давлатӣ як қатор санадҳои ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм ба имзо расиданд. Аз ҷумла, Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати илм ва технологияи Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба густариши ҳамкории илмӣ ва инноватсионӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ ва Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати илм ва технологияи Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба тақвияти мубодилаи илмӣ, техникӣ ва гуманитарӣ, ки дар шароити имрӯз бисёр саривақтӣ ва зарур шумурда мешавад. Татбиқи чунин санадҳо метавонад барои рушди иқтидори илмӣ ва технологияи миллӣ заминаи воқеӣ гузорад.

Имрӯз зеҳни сунъӣ ба яке аз самтҳои калидии рушди ҷаҳонӣ табдил ёфтааст ва давлатҳое, ки тавони истифода аз технологияҳои рақамиро доранд, дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ мавқеи устувортар пайдо мекунанд. Аз ин рӯ, ҳамкории Тоҷикистону Чин дар ин бахш метавонад барои омодасозии мутахассисони баландихтисос, мубодилаи кадрҳо дар соҳаи зеҳни сунъӣ, рушди технологияҳои рақамӣ ва таҳкими иқтидори илмии кишвар заминаи мусоид фароҳам оварад.

Ҳамчунин, имзои санадҳои марбут ба таъсиси Маркази муштараки ҳамкорӣ дар татбиқи зеҳни сунъӣ, Парки инноватсионии илмию техникии кишоварзӣ, густариши мубодилаҳои илмӣ ва рушди Институти Конфутсий дар назди донишгоҳҳои Тоҷикистон аз ҷумлаи иқдомҳои шоиста ба ҳисоб мераванд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ махсус таъкид карданд, ки марказҳои Конфутсий дар Тоҷикистон дар омӯзиши забони чинӣ ва муаррифии фарҳанги Чин саҳми арзишманд доранд. Омӯзиши забон имрӯз яке аз воситаҳои асосии густариши робитаҳои илмиву маърифатӣ ва фарҳангиву иқтисодӣ ба шумор меравад. Имрӯз дар 13 донишгоҳи Тоҷикистон омӯзиши забони чинӣ ба роҳ монда шуда, 10 муассисаи таҳсилоти олии кишвар узви шабакаи донишгоҳҳои Созмони ҳамкории Шанхай мебошанд.

Дар баробари ин, Роҳбарияти Олии ду давлат ба густариши мубодилаҳои фарҳангиву гуманитарӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Ин раванд барои наздикшавии мардумон ва таҳкими робитаҳои байнифарҳангӣ аҳаммияти муҳим дорад. Тоҷикистон ҳавасмандии худро барои зиёд намудани бурсияҳои таҳсилотии Чин барои ҷавонони тоҷик, махсусан, дар самтҳои илмҳои дақиқ, муҳандисӣ ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ иброз дошт.

Ҷанбаи дигари муҳимми ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин ба рушди таҳқиқоти муштараки илмӣ вобаста мебошад. Бо дарназардошти тағйирёбии иқлим ва мушкилоти экологӣ, чунин таҳқиқот аҳаммияти байналмилалӣ касб кардаанд. Ду кишвар метавонанд дар соҳаҳои геология, тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо, захираҳои обӣ, бостоншиносӣ ва омӯзиши мероси фарҳангӣ ҳамкории муассир дошта бошанд, зеро рушди фаъолияти якҷоя дар ин самтҳо барои Тоҷикистон ҳамчун кишвари кӯҳсор ва дорои захираҳои бузурги табиӣ хеле муҳим аст.

Дар суханронии Пешвои миллат ба робитаҳои таърихии мардумони ду кишвар низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Таъкид шуд, ки муносибатҳои дӯстонаи тоҷикону чиниҳо аз даврони «Роҳи бузурги абрешим» сарчашма гирифта, таърихи чандинҳазорсола доранд. Ҳуҷҷатҳои қадимаи суғдие, ки соли 1907 дар Девори бузурги Чин кашф шудаанд, далели равшани робитаҳои фарҳангиву иқтисодии ду халқ ба шумор мераванд.

Ин воқеият гувоҳи он аст, ки ҳамкории Тоҷикистону Чин танҳо бар манфиатҳои имрӯз асос наёфта, балки дорои решаҳои амиқи таърихиву тамаддунӣ мебошад. Маҳз ҳамин заминаи таърихӣ барои рушди муносибатҳои устувор ва дарозмуддати ду кишвар нақши фаъол мебозад.

Муносибатҳои ду кишвар, бахусус, дар соҳаҳои илму маориф ва технология, барои тарбияи насли нави мутахассисони соҳибмаърифат, рушди иқтисоди донишбунёд ва таҳкими иқтидори илмии Тоҷикистон аҳаммияти бузург доранд. Дар ҷаҳоне, ки рақобат бештар бар сари дониш, технология ва неруи инсонӣ ҷараён мегирад, маҳз чунин ҳамкориҳо метавонанд ояндаи устувор ва пешрафтаи миллатҳоро таъмин намоянд.

Дар маҷмуъ, сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин саҳифаи нави муносибатҳои ду кишварро боз намуд. Натиҷаҳои ин сафар нишон доданд, ки Тоҷикистону Чин ба густариши ҳамкориҳои фарогир ва дарозмуддат иродаи комил доранд. Имрӯз Тоҷикистону Чин ду давлати бо ҳам дӯст, ҳамсоя ва шарикони воқеии стратегӣ мебошанд, ки ҳамкориҳои худро бар пояи эътимод, эҳтироми ҳамдигар ва манфиатҳои муштарак густариш медиҳанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *