Р. ШЕРЗОДА,
омӯзгори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ

Халқи тоҷик аз қадимулайём дорои урфу одат ва анъанаҳои нотакрори миллӣ буд, ки вобаста ба ҳар як давраи таърихӣ такмил ва инкишоф меёфтанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба давраи нави тараққиёти таърихии худ – бунёди ҷомеаи демократӣ қадамҳои устувор гузоштааст, дар назди мактаб, оила ва ҷомеа вазифаи муҳим — тарбияи насли навро мегузорад.

Дар замони имрӯз омӯзгорон ва падару модарон уҳдадоранд, ки шогирдону фарзандони худро дар асоси анъана ва урфу одатҳои неки ниёгонамон тарбия карда, дар онҳо одатҳои мусбати фарҳанги муоширатро парвариш кунанд. Риояи фарҳанги мусбати муошират дар ҳаёти хонандагони синфҳои ибтидоӣ боиси ташаккули ягонагии шуур ва рафтор мегардад, ки омӯзгорон бояд дар ҷараёни фаъолияти худ инро ба назар гиранд.

Падару модарон аз қадим ба хурдсолон панд медоданд, ки дар байни омма фарҳанги одобу муошират ва рафтори некро риоя намоянд. Ҳамаи ин тавассути дуруст ба роҳ мондани тарбия ба даст меояд. Дар ин бора педагоги маъруфи тоҷик Муҳаммад Лутфуллозода чунин менависад: «Маҳз тарбия инсонро водор месозад, ки некро аз бад, сафедро аз сиёҳ, равшаниро аз торикӣ, дӯстро аз душман, пухтаро аз хом фарқ намояд».

Таҳқиқоти муосир дар соҳаи педагогика ва психология ба ҷойгоҳи нутқ дар ташаккули одатҳои устувори фарҳанги мусбати муошират ишора мекунанд. Фаҳмиши одатҳои устувори фарҳанги мусбати муошират дар такя ба илмҳои забоншиносӣ, ҷомеашиносӣ, педагогика ва психология таҳлили ҳамаҷонибаро талаб мекунад. Бе ошкор кардани механизмҳои амиқи ташаккули сохторҳои дохилии психикаи инсон, тавассути азхудкунии фаъолияти берунии иҷтимоӣ, азхудкунии таҷрибаи ҳаёт, ташаккули вазифаҳои психологӣ ва рушд, дар маҷмуъ, меъёрҳои нутқӣ сохтани стратегияи аз лиҳози педагогӣ асосноки ташаккули онҳо имконнопазир аст. Аз ин рӯ, одати муошират бояд на ҳамчун маҷмуи амалҳои нутқӣ, балки ҳамчун сохтори барои шахсият аҳаммиятнок, ки дар раванди таҷрибаи иҷтимоӣ ташаккул меёбад, баррасӣ гардад.

Мафҳуми одатҳои мусбати муошират дар адабиёти педагогӣ таърифи ягона ва устувор надорад, аммо онро метавон ҳамчун мавқеи устувори рафторӣ баррасӣ намуд, ки ба муоширати эҳтиромона, кушода ва созанда бо атрофиён дар ҳолатҳои гуногун равона шудааст. Дар таҳқиқоти Е. И. Пассова чунин таъкид мегардад: «Амалҳои коммуникативӣ танҳо дар натиҷаи такрори чандинкарата ва дар ҳолатҳои аз ҷиҳати эҳсосотӣ муҳим ба одат табдил меёбанд».

Бояд байни одатҳои коммуникативӣ ва салоҳиятҳои иртиботӣ фарқ гузошт. Агар салоҳиятҳои иртиботӣ мавҷудияти дониш ва малакаҳоро дар назар дошта бошад, пас, одати кӯдак дар натиҷаи такрори чандинкаратаи рафтори устувор ба амал меояд. Ин имкон медиҳад, ки одати иртиботӣ ҳамчун шакли амиқтар ва пойдортари иҷтимоишавӣ арзёбӣ гардад, ки ба рушди шахсияти кӯдак ва услуби муоширати ӯ таъсири мустақим мерасонад. Илова бар ин, одатҳои мусбати фарҳанги муошират бояд ҳамчун ҷузъи фарҳанги умумии шахсият ва нишонаи камолоти ахлоқии ӯ дониста шаванд. Ташаккули чунин одатҳо муроҷиат ба асосҳои ахлоқии муоширатро талаб мекунад, яъне, эҳтиром ба дигарон, эътирофи арзиши онҳо ва омодагӣ ба муколама.

Ҳамин тариқ, одатҳои мусбати муошират дар хонандагони хурдсол на танҳо қолаби рафтор, балки шакли муносибати ӯ бо ҳамсолон, падару модарон ва дигарон аст, ки дар ҷараёни ҳамкории педагогӣ аз худ карда мешавад.

Чӣ тавре ки Д. Б. Элконин таъкид менамояд: «Синни хурди мактабӣ бо гузариш аз тафаккури худмарказона ба дарки заминаи иҷтимоӣ, рушди худидоракунӣ ва танзими ахлоқии рафтор тавсиф меёбад».

Л. С. Виготский бошад, қайд менамояд, ки «танҳо дар раванди фаъолияти муштарак азхудкунии меъёрҳои иҷтимоӣ ва шаклҳои нутқӣ ба амал меояд». Аз ин рӯ, вазифаи омӯзгор на танҳо интиқоли намунаҳои муошират, балки фароҳам овардани шароит барои мустаҳкам шудани онҳо тавассути амалияи муошират мебошад. Тафаккури кӯдакон дар ин синну сол хусусияти мушаххас-образӣ ва аёнӣ дорад. Ин маънои онро дорад, ки ҳама гуна шаклҳои муошират (масалан, одоб ҳамчун арзиш) бояд ба забони образҳо, нақшҳо ва ҳолатҳои амалӣ ифода ёбанд. Одатҳои мусбати муошират на танҳо тавассути панду насиҳат, балки дар натиҷаи таҷриба кардан ва такрори чандинкарата ташаккул меёбанд. Инчунин, хонандагони синни хурди мактабӣ дорои таъсирпазирии баланд буда, ба дастгирии иҷтимоии калонсолон ниёз доранд. Ин аз омӯзгор ҳассосияти махсусро талаб мекунад: намунаи муоширате, ки маҷбуран таҳмил мешавад, метавонад танҳо ба таври зоҳирӣ азхуд карда шавад, вале ба одати шахсӣ табдил намеёбад. Танҳо дар фазои мусоиди эҳсосотӣ ва бовариву эътимод шароит барои ташаккули малакаҳои воқеиии муоширати мусбат дар хонандагони хурдсол фароҳам оварда мешавад.

Бояд суръати рушди инфиродии кӯдак низ ба назар гирифта шавад. Дар як синф кӯдакон бо сатҳи гуногуни худназоратӣ, ҳамдардӣ ва фаъолнокии иҷтимоӣ метавонанд таҳсил кунанд. Барномаҳои умумие, ки ба фарқиятҳои синнусолӣ, психологӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангӣ мутобиқ нестанд, хавфи бесамар буданро доранд.

Баҳисобгирии хусусиятҳои инфиродӣ ва психологии хонандагони хурдсол низ яке аз шартҳои муҳимми рушди одатҳои устувори фарҳанги муоширати онҳо маҳсуб меёбад. Ниҳоят, аҳаммияти зеҳни эҳсосотӣ, ки ташаккули он маҳз дар ҳамин синну сол оғоз мешавад, бояд ба ҳисоб гирифта шавад. Қобилияти дарк ва танзими эҳсосоти худ ва ба назар гирифтани эҳсосоти дигарон асоси муоширати мусбати созанда мебошад. Омӯзгоре, ки бо хонандагони синфҳои ибтидоӣ кор мекунад, бояд на танҳо аз воситаҳои методӣ истифода барад, балки ҳассосияти онҳоро низ бояд ба ҳисоб гирад.

Лозим ба тазаккур аст, ки ҷараёни дарс ва ташкили корҳои беруназсинфӣ низ дар ташаккули малакаи одатҳои мусбати фарҳанги муоширати хонандагони хурдсол мавқеи махсусро ишғол менамоянд. Дарс дар доираи назорати интизомӣ ташкил мешаванд. Аммо технологияҳои муосир – таълими гурӯҳӣ, шаклҳои диалогӣ, баҳсҳои мутобиқ ба синну сол имкон медиҳанд, ки дарс ба муҳити иҷтимоишавӣ табдил ёбад.

Муҳим аст, ки дар дарс зимни татбиқи фарҳанги муошират унсурҳои таҳлили таҷрибаи ҳаётии пешгузаштаи худи хонандагон ба ҳисоб гирифта шавад ва инчунин, ба назар гирифтан даркор, ки хонандагон чӣ гуна ҳамкорӣ карданд, ба чӣ муваффақ шуданд ва чӣ душворӣ ба вуҷуд омад.

Лозим ба тазаккур аст, ки дар сурати оқилона ташкил намудани фаъолияти беруназсинфӣ бо ташкили мубоҳисаҳо, бозиҳо, лоиҳаҳои эҷодӣ ва ғайра, низ ташаккули одатҳои мусбати фарҳанги муоширати хонандагони хурдсолро таъмин намудан мумкин аст. Дар сурати мақсаднок истифода бурдан аз корҳои беруназсинфӣ маҳз одатҳои муошират самараноктар ташаккул меёбанд, зеро ҳавасмандии шахсӣ ва ҷалби эҳсосӣ фаъол мебошанд. Аз ин рӯ, омӯзгорон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бояд фазои ягонаи иртиботӣ эҷод намоянд, ки дар он дарс ва корҳои беруназсинфӣ якдигарро пурра кунанд.

Омили муҳим ихтиёрӣ будани иштирок дар корҳои беруназсинфӣ ва мавҷудияти ҳадафи муштарак мебошад. Лоиҳаҳое, ки дар онҳо кӯдакон худашон самтҳои корро муайян мекунанд, нақшҳоро тақсим менамоянд ва барои натиҷа масъуланд, ҳавасмандии онҳоро фаъол намуда, одати ба назар гирифтани андешаи дигаронро ташаккул медиҳанд. Фаъолияти беруназсинфӣ тақозо мекунад, ки волидон низ ба он ҷалб карда шаванд. Чорабиниҳои муштарак (ҷашнҳо, нишастҳои муҳокимавӣ, ҳамоишҳо) фазои иловагии мустаҳкамсозии шаклҳои мусбати муоширатро фароҳам меоранд.

Имкони муҳимми дигар фаъолиятҳои эҷодӣ (театр, мусиқӣ, рассомӣ, журналистика) мебошанд, ки на танҳо шаклҳои ифодаи нутқ, балки муоширати ғайрилафзиро низ дар хонандагон инкишоф медиҳанд. Лозим ба таъкид аст, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ наметавонад таъсири оила, воситаҳои ахбори омма (ВАО) ва муҳитро нодида бигирад. Намунаҳои муоширате, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мешаванд, аксар вақт бо арзишҳои мактаб мухолифанд. Ба андешаи А. Г. Асмолов «зарур аст, ки шароити «филтри арзишии муошират» фароҳам оварда шавад, то хонанда худаш фарқ кардани шаклҳои мусбат ва вайронкунандаи муоширатро омӯзад». Ин маънои онро дорад, ки тарбияи иртиботӣ бояд ҷузъи барномаи ягонаи иҷтимоишавӣ бошад ва кор бо волидонро низ дар бар гирад.

Дар асоси таҳлили адабиёти илмӣ ва таҷрибаи педагогӣ шаклҳои зерини тарбияи фарҳанги мусбати муоширати хонандагони хурдсол пешниҳод мегардад:

– ҷорӣ намудани «дақиқаҳои одоб» дар ҳар дарс;

– бозиҳои нақшофарӣ: «Дар ин ҳолат чӣ бояд кард?»;

– кор дар ҷуфтҳо ва сегонаҳо бо такя бо таҷрибаи ҳосилшудаи шахсӣ;

– маҳфилҳои беруназсинфии муошират бо унсурҳои театрӣ;

– ташкили худидоракунии хонандагон бо таъкид ба муоширати корӣ.

Дар ин ҷо мо намунаи шахсии одоби педагогии омӯзгорро, ки шарти муҳимтарини тарбияи одоби мусбати муоширати хонандагони хурдсол ба ҳисоб меравад, махсус зикр менамоем. Дар ҳамин росто ташаккули одатҳои мусбати муошират вазифаи ҷудогона нест, балки қисми стратегии рушди шахсияти кӯдак дар шароити нави иҷтимоӣ-фарҳангӣ мебошад. Танҳо дар сурати самаранок истифода бурдани ҷараёни дарс ва корҳои беруназсинфӣ рушди устувори фарҳанги муоширатро дар хонандагон ташаккул додан имконпазир мегардад. Одати фарҳанги мусбати муошират на танҳо василаи мутобиқшавӣ ба муҳити мактабӣ, балки заминаи боэътимоди иҷтимоишавии хонандагони хурдсол мебошад.

Адабиёт:

1.Асмолов А. Г. Как проектировать универсальные учебные действия. – М.: Просвещение, 2009.

2.Выготский, Л. С. Психология развития ребёнка. – М.: Айрис-пресс, 2020

3.Гулмадов Ф. Ҳамгироии донишҳои ахлоқӣ ва рафтори мактаббачагони хурдсол. Душанбе, Ирфон. 2014.-302 с.

4.Громова Е.Е. Коммуникативная компетентность как педагогическая категория // Педагогика. – 2018. – №4. – С. 65–70.

5.Ильин Е. П. Навыки и привычки в психологии развития. – СПб.: Питер, 2021. – 288 с.

6.Коломинский Я.Л., Обозов Н.Ф. Внеурочная деятельность: Психология и педагогика. – Мн.: Харвест, 2016.

7.Лутфуллозода М. Чаҳоргонаи тарбия. Душанбе, 2022. – 398 с.

8.Пассов Е.И. Коммуникативный метод обучения иностранным языкам. – М.: Просвещение, 1991.

9.Романова Н. Н. Культура речевого общения младшего школьника. – М.: Владос, 2015. – 160 с.

10.Сластёнин В. А., Подымова Л.С. Педагогика. – М.: Академия, 2019.

11.Эльконин Д. Б. Психология развития. – М.: Академия, 2007.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *