Меҳваршоҳ ҲУСНОЕВ, 
омӯзгори фанни омодагии ибтидоии ҳарбӣ,
шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд
Тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастӣ яке аз ҷузъҳои муҳимми раванди таълим ба ҳисоб меравад. Зимни тадриси фанни омодагии ибтидоии ҳарбӣ ба хонандагон муҳимтарин паҳлуҳои тарбияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, интизоми ҳарбӣ ва омодагии ҷисмонию равонӣ омӯзонида мешаванд. Дар ин раванд диққати асосӣ ба ташаккули ҳисси масъулият, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва омодагӣ барои ҳимояи Ватан равона мегардад. Ҳамзамон, хонандагон бо асосҳои хидмати ҳарбӣ, қоидаҳои бехатарӣ, тартиботи дохилии қисмҳои ҳарбӣ ва малакаҳои ибтидоии ҳарбӣ шинос мешаванд.
Тавассути тарбияи хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ ҳар як хонанда бояд дарк намояд, ки ӯ мутааллиқи миллат, давлати соҳибистиқлол ва соҳиби Ватан буда, дорои ҳуқуқу озодиҳо мебошад. Ҳамзамон, ӯ бояд вазифаҳои худро дар назди давлат, ҷомеа ва оила дуруст фаҳмад ва иҷро намояд. Ҳар як нафар бояд қадру қимати худро донад, онро ҳимоя кунад, аз таърих ва фарҳанги миллӣ огоҳ бошад ва арзишҳои миллиро гиромӣ дорад.
Вазифаи асосии сиёсати давлатӣ дар ин самт таблиғи арзишҳои миллӣ, аз ҷумла, садоқат ба Ватан, ифтихор аз таърихи пуршараф, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва бунёди ҷомеаи пешрафта мебошад. Дар баробари ин, истифодаи усулҳои муосири тарбия ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ташаккули ҳисси ватандӯстӣ дар байни ҷавонон аҳаммияти хосса дорад.
Ҳоло дар кишвар маъракаи даъвати баҳории ҷавонон барои хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ идома дорад. Хурсандиовар аст, ки сол то сол сафи ҷавононе, ки бо ҳисси баланди масъулият ва ватандӯстиву меҳанпарастӣ ба таври ихтиёрӣ ба сафи артиш шомил мегарданд, зиёд шуда истодааст. Ҷавонони мо дарк мекунанд, ки хидмат дар сафи Артиши миллӣ қарзи виҷдонӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мебошад, зеро дар моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст». Яъне, муҳофизати Ватан нишонаи шараф ва ҷавонмардист.
Аз замонҳои қадим ниёгони мо дар ҳифзи Ватан ҷасорат ва фидокории бемисл нишон додаанд. Шахсиятҳои таърихӣ чун Шерак, Деваштич, Спитамен, Муқаннаъ, Исмоили Сомонӣ, Маҳмуди Торобӣ, Темурмалик ва Восеъ намунаи олии ватандӯстӣ ба шумор мераванд. Корнамоии онҳо дар тарбияи ҷавонон дар руҳияи далерӣ, ифтихори миллӣ ва инсонпарварӣ нақши муҳим мебозад.
Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар натиҷаи тадбирандешиҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат ба неруи қудратманд табдил ёфта, бо кадрҳои соҳибтахассус ва техникаи муосир таъмин гардидааст. Дар шароити муосир таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар аз сатҳи омодагии мутахассисони ҳарбӣ вобастагии мустақим дорад. Ҳамасола афсарони тоҷик дар муассисаҳои таълимии ҳарбии кишварҳои хориҷ таҳсил намуда, дониш ва малакаи касбии худро такмил медиҳанд.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон як қатор муассисаҳои муҳимми ҳарбӣ таъсис дода шудаанд, аз ҷумла, Донишкадаи ҳарбӣ, литсейҳои ҳарбӣ, Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар муассисаҳои соҳавӣ, ки ба тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси ҳарбӣ машғуланд.
Барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии насли наврасу ҷавон моро мебояд, ки мафҳумҳои асосии вобаста ба ин самтро дуруст шарҳу тавзеҳ диҳем, то дар шуур ва эҳсоси хонанда дарки амиқи масъулияти шаҳрвандӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва омодагӣ барои ҳимояи Ватан ташаккул ёбад. Хонанда бояд муқаддас будани мафҳуми Ватан, модар, миллат, забон, ҳувият ва фарҳанги миллиро амиқан дарк кунад. Педагоги маъруф В. Сухомлинский мафҳуми «Ватан»-ро бо арзишҳое чун инсон, маънои зиндагӣ, меҳнат, оила ва муҳити табиат алоқаманд медонад. Бале, Ватан он макону ҷойгоҳи муқаддасест, ки сарнавишт ва қисмати ҳар як инсон ба он вобаста аст. Он мисли модари меҳрубон инсонро парвариш намуда, барои зиндагии шоиста роҳнамоӣ мекунад.
Яке аз омилҳои асосии бедор гардидани ҳисси ватандӯстӣ баланд бардоштани ифтихори миллӣ мебошад, ки он бе донистан, эҳтиром ва қадр кардани муқаддасоти миллӣ – Парчам, Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ амалӣ намегардад. Маҳз ҳамин муқаддасот дар ташаккули эҳсоси ватандӯстӣ ва муҳаббат ба Ватан нақши муҳим мебозанд.
Дар дарсҳои омодагии ибтидоии ҳарбӣ истифодаи тасвир ва образҳои ватандӯстона, шеъру достонҳои қаҳрамонӣ ва ёдоварӣ аз қаҳрамониву ҷонфидоиҳои фарзандони сарсупурдаи миллат ба хонандагон таъсири амиқ мерасонад ва руҳияи онҳоро қавӣ гардонида, эҳсоси ватандӯстиро дар ниҳодашон боло мебарад. Хонандагон бояд донанд, ки дар олам як қатор арзишҳои муқаддас ва такрорнашавандае мавҷуданд, ки модар ва Ватан аз ҷумлаи онҳоянд. Ҳисси ватандӯстӣ инсонро водор месозад, ки хоки Ватанро аз ҳар ганҷи дунё болотар донад. Ба гуфтаи шоир:
Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар,
Хори Ватан аз лолаву райҳон хуштар.
Оромӣ, субот ва пешрафти Ватан ба масъулияти ҳар як шаҳрванд вобаста мебошад. Дар шароити сулҳу оромӣ сатҳи зиндагии мардум беҳтар гардида, эҳсоси муҳаббат ба Ватан тақвият меёбад. Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволи худ ҳифзи Ватанро аз ҳама арзишҳо болотар гузоштааст:
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.
Дар ашъори шоири ватандӯст Ҳабиб Юсуфӣ низ Ватан ҳамчун манбаи умед ва саодат тасвир ёфтааст:
Ватанро бинозам, маро дар канор
Чу модар гирифту намуд бахтёр.
Ватан ҷони ман, ҳам ҷаҳони ман аст,
Ватан боғ ҳам бӯстони ман аст.
Ҳадафи асосии тасвири образи ватандӯстона дар адабиёт бедор намудани ҳисси ифтихори миллӣ ва муҳаббат ба Ватан мебошад. Вале вазифаи мо танҳо бо ифтихор кардан маҳдуд намешавад. Мо бояд бо амал, дониш ва фаъолияти созанда барои пешрафти кишвар саҳмгузор бошем. Муҳаббат ба Ватан аз кӯдакӣ оғоз ёфта, тадриҷан дар синни мактабӣ ташаккул меёбад ва дар тамоми ҳаёт бо инсон ҳамроҳ мемонад. Ба гуфтаи шоир Ҳабибулло Файзулло:
Ватан дар синаам бо ин бузургӣ,
Ба монанди диле маъво гирифтааст.
Ки гӯё чун раги хун аз дили ман,
Ба саҳро роҳи нав дарё гирифтааст.
Бо итминон метавон гуфт, ки бо неруи ақлонӣ ва ҷисмонӣ мо метавонем Истиқлоли давлатиро ҳифз намуда, Ватани худро ободу пешрафта гардонем.
