
Имрӯз, 13-уми декабри соли 2024 бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бинои нави шуъбаи маориф дар ноҳияи Ҷайҳун мавриди истифода қарор дода шуд.
Бинои нави шуъбаи маориф дар ноҳияи Ҷайҳун иншооти ҷашнӣ буда, дар асоси дастуру роҳнамоиҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таҷлили сазовори ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шудааст.
Бинои шуъбаи маорифи ноҳия дар ошёнаҳои якум ва дуюм дорои 10 ҳуҷраи корӣ, ҳуҷраи кории мудир бо қабулгоҳ ва дар ошёнаи сеюм толори маҷлисгоҳ барои 100 ҷойи нишаст ва 3 ҳуҷраи хобгоҳ барои 6 нафар мебошад.
Бо бунёд ва мавриди истифода қарор додани бинои шуъбаи маориф дар ноҳияи Ҷайҳун барои кормандону мутахассисони соҳа шароити арзандаи корӣ фароҳам оварда шуд. Акнун, аҳли маорифи ин ноҳия имкон доранд, ки фаъолиятро беҳтар ба роҳ монда, барои рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва таълиму тарбияи хонандагон саҳми муносиб гузоранд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон