Омӯзгори фанни биологияи Муассисаи таълимии махсусгардонидашуда барои хонандагони болаёқати ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Дилором Ҷалолова ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2024» гардида, бо мукофоти пулӣ ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ ва туҳфаи хотиравии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.
Имрӯз, 28-уми сентябри соли 2024 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода озмуни мазкур ҷамъбаст шуда, ғолиб эълон гардид.
Ҳамчунин, иштирокчиёни озмун – Беҳрӯз Мамаднасимов ва Наргис Ширматова бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон», Зебунисо Қосимова ва Гулнора Сулейманова бо «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон” ҳамасола бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти эҷодии омӯзгорон, такмил додани раванди таҳсилот, дарёфт ва ҳавасмандгардонии омӯзгорони эҷодкор, рушди касбии омӯзгорон, дастгирӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав дар раванди омӯзиш, муайян намудани самтҳои афзалиятноки таҳсилот дар соҳа, инчунин дарёфти кадрҳои боистеъдод ва ба вуҷуд овардани махзани кадрӣ гузаронида мешавад.
Дар озмун иштирокичён аз рӯйи шартҳои муаррифии таҷрибаи корӣ, дарси конкурсӣ аз рӯйи ихтисос, таҳлили дарс, маҷлиси падару модарон, соати тарбиявӣ, ҷавоб додан ба 10 савол ва кор бо компютер ва тахтаи электронӣ ҳунару маҳорат ва донишу малакаи худро нишон дода, барои ғолибият сабқат мекунанд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *