Раҷабалӣ ХУДОЁРЗОДА, 

номзади илмҳои филологӣ, омӯзгори 

Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

Дар бораи нек донистани забони адабии тоҷикӣ солҳо боз мегӯему менависем, вале боз ҳам мебинем, ки мардум ҳангоми суханронӣ ба шеваю лаҳҷаҳои маҳалли хеш ва ё бо забони махлут гап мезананд. Дар моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» омадааст: «Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст забони давлатиро донад».
Имрӯз ба тарзи суханронии мардум гӯш дода, аз шунидани калимаҳои дурушту дағал, шевагию махлути ҳамдиёрон шарми кас меояд.
Барои мисол ба ин тарзи гуфтор диққат намоед: «Хдо бтата метата, натата наметата». Агар ҳамзабононамон аз кишварҳои Афғонистону Эрон ва ё меҳмонони хориҷӣ чунин суханронии моро шунаванд, чӣ мегуфта бошанд? Пас аз шунидани чунин суханронӣ яқин мегӯянд, ки забони тоҷикӣ чун садои автомат аз «тата-та-та» иборат будааст.
Кор то ба ҷое расидааст, ки баъзе муаллимони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таълимгоҳҳои олӣ низ бо тарзи шевагӣ дарс мегузаранд ва эшон аз сухан гуфтан бо забони адабӣ ор мекунанд. Агар ба онҳо оид ба ин масъала эрод гирӣ, онҳо ранҷида «мо забончӣ не» гӯён усули пешгирифтаи худро дуруст меҳисобанд.
Бисёр мешунавем, ки мардум мақоли маъруфи «Кор кунӣ мехӯрӣ»-ро ба шеваи маҳаллии худ «Кор кнӣ, мехрӣ» талаффуз мекунанд.
Иллати бо забони адабӣ сухан карда натавонистан на танҳо дар миёни оммаи халқ ё таълимгоҳҳо, балки дар миёни хизматчиёни давлатӣ, коркунони соҳаҳои фарҳанг, тандурустӣ ва ғайра ба назар мерасад. Агар имрӯз мо пеши роҳи ин гуна бесомониҳоро нагирем, фардо дер шуда, ислоҳ кардани он душвор мегардад.
Чанде пеш дар миёни мактаббачагон озмуни «Лоиқхонӣ» сурат гирифт, ки мо чанд нафар аъзои ҳакамон шоҳиди қироати шеърҳо будем.
Мактаббачагон шеърро хуб қироат кунанд ҳам, ҳангоми нақли мазмуни шеърҳо ба таври лаҳҷавӣ сӯҳбат мекарданд. Аъзои комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ дар муассисаю корхона, идораю ташкилот бояд ба ин масъала бетараф набошанд. Ҳар як тоҷике, ки худро вориси ҳақиқии ниёгони хеш меҳисобад, бояд ба масъалаи тозагии забон ва забондонии ҳамзамонони худ бепарво набошад.
Ҳарчанд шеваҳои гуфтори ҳар як маҳали кишвар қисми таркибии забон ва бойгарии фонди иҷтимоии он мебошад, аммо риоя ва ҳифзи забони адабӣ қарзи инсонӣ ва миллии ҳар як фарди миллат мебошад. Чаро имрӯз мардум чунин забони поку нобро бо дигар калимаву забонҳо махлут намуда, сухан меронанд? Чаро дар мактаб, маҷлис ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ мо ба ҷойи бо забони адабӣ сухан рондан, бо забони шевагӣ ҳарф мезанем? Ин иллат солҳо боз олимони соҳа, муаллимони забон ва адабиётро ба ташвиш овардааст ва айб аст, ки мо худро тоҷик ҳисобему бо забони адабӣ сухан карда натавонем.
Бинобар ин аз сарварони кӯдакистону таълимгоҳҳо, аз роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумию мактабҳои олӣ, корхонаю муассисаҳо талаб карда шавад, ки дар ҷаласаву ҷамъомад, ҳамоишу конфронсҳо ба забони адабӣ сухан кунанд ва ҳуҷҷатгузориҳояшон ҳам бояд бо забони адабӣ сурат гирад. Мардум ба шахс на аз лиҳози камгӯию бисёргӯӣ, балки бояд аз рӯи тарзи суханрониаш баҳо диҳад.
Ин масъаларо саҳлу сода пиндоштан нашояд. Чуноне, ки Саидаҳмадхоҷаи Аҷзӣ фармудааст: 

Агар сесад забон донӣ фузун нест, 

Ҳама рӯзе ба кор ояд забун нест.
Надонӣ гар забони давлати худ, 

Пушаймонӣ надорад оқибат суд. 

Набояд фаромӯш кард, ки ҳар як шахс забонҳои дигари оламро дар муқоиса ба забони модариии худ меомӯзад. Шахс агар забони модарии худро надонад, дар омӯхтани дигар забонҳо низ душворӣ мекашад. Агар мо барои забондонии худ кӯшиш накунем, он гоҳ забони адибони классикиамонро ҳам намефаҳмем.
Аз ин рӯ, ҳар як омӯзгорро, новобаста аз фанни дарсияш, ҳар як падару модарро, сарфи назар аз касбу кораш, ҳар як роҳбареро, ки ба одамон сару кор дорад зарур аст, ки ин масъаларо дар мадди назар гирад. Агар мо ғами забонамонро нахӯрем, ҳеҷ кас ғами онро нахоҳад хӯрд. Беҳуда нагуфтаанд: 

Гар ту надорӣ ғами кори хеш, 

Ғами ту надорад касе аз ту беш. 

Барои омӯхтани забони модарӣ чандин роҳу усулҳоро метавон пайдо кард. Чунончи: 

— ҳар рӯз вожаю калимаҳои номафҳумро аз фарҳангу луғатномаҳо дарёфта, дар дафтаре шарҳашро навишта, ҳифз кардан; 

— филмҳои бо забони тоҷикӣ-дарӣ-форсӣ тарҷумашударо тамошо кардан;

— бодиққат гӯш кардани суруду таронаҳои сарояндагон аз давлатҳои ҳамзабони Афғонистон, Эрону Покистон ва ғайра; 

— тамошои намоишномаю саҳначаҳои театрӣ; 

— қироат ва ҳифз кардани шеърҳои шоирони классикӣ ва муосири форсӣ-тоҷикӣ; 

-мутолиаи осори адибони классикӣ ва муосири форсӣ-тоҷикӣ; 

-мунтазам мавриди мутолиа қарор додани матбуоти даврӣ;
— диққат додан ба тарзи суханронии нотиқони телевизиону радои давлатӣ; -ташкили дафтарчаи кисагии луғатомӯзӣ; 

-муайян кардани калимаҳои решагии забон; 

— аланду бурро қироат кардани порчаҳо аз осори назмию насрии адибони тоҷику форс; 

-диққати ҷиддӣ додан ба маъниҳои аслию маҷозии калимаю вожаҳо; 

-дар ҳуҷҷатгузорию номанигорӣ «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»-ро риоя кардан.
Дар банди 6-и моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» омадааст: «Ҳангоми истифодаи забони давлатӣ риояи муқаррароти қоидаҳои имлои забони адабӣ ҳатмӣ мебошад». Мутаассифона, ин чиз дар навиштаи аксар рӯзноманигорону адибон риоя намегардад.
Кормандони бозрасии давлатии автомобилӣ вайронкунандагони қоидаи ҳаракати роҳро барои содир кардани ҷиноят бозмедоранду ҷарима мебанданд, чаро афроди вайронкунандаи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ҳам ҷарима нашаванд? Имрӯз ҳамагонро лозим аст, ки барои покиза нигоҳ доштан ва хуб донистани забони модарӣ талош намоянд.
Дар ҷомеаи мо боз як падидаи дигари нангине мавҷуд аст, ки он аз бефарҳангии падару модарон ва аз бемасъулиятии кормандони сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳо сар мезанад. Баъзе волидайн ба тифлони навзод номҳои номатлуб мегузоранд ва иддае аз масъулин зодномаҳои тифлонро бо иштибоҳу ғалат пур мекунанд. Халқи бостонию мутамаддини тоҷикро имрӯз айб аст, ки ба тифли худ номҳои Девона, Хоркаш, Санг, Табар, Теша, Кедман, Сафол, Борон, Ҷола, Каврак, Кафтарак, Туғай, Бӯрӣ, Гург ва ғайраро гузорад. Аксар кормандони САҲШ аз бепарвоию бетарафӣ ва ё аз бесаводию бемаърифатӣ дар пур кардани номи тифлон ба хатоҳои фаҳш роҳ медиҳанд, ки ин ғалат то дер боз ба ҷомеа зиён меоварад. Агар номи тифлро саҳеҳ нависанд, ҳангоми гирифтани шиноснома душворӣ ба бор намеорад. Ин масъалаҳо бояд ҳеҷ касро бетараф нагузорад. Бинобар ин аз хонандагон, хоса аз рӯзноманигорону адибону зиёиён хоҳиш менамоем, ки ба баҳси мо ҳамроҳ шуда, сари ин масъала нуқтаи назари хешро иброз намоянд.
Имрӯзҳо аксарият ҳангоми суханронӣ аз минбарҳои баланд калимаҳои лозиму нолозимро донистаю нодониста ба забон меоранд ва хаёл мекунанд, ки онҳо ба маънои аслии онҳо сарфаҳм рафтаанд. Масалан, онҳо ба кори касе муваффақият хостанӣ шаванд ва ё дар раванди табрикоти худ калимаи «бурдборӣ»-ро бо дилпуррӣ такрор мекунанд: «Ба Шумо бурдборӣ хоҳонам!» Вале дар асл калимаи «бурдборӣ» на маънои табрикотӣ, балки маънои ҳамдардӣро ифода мекунад.
Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» вожаи «бурдборӣ» чунин шарҳ дода шудааст: «сабру таҳаммул, тоқат» (ФЗТ, ҷилди 1, саҳ. 214). Пас маълум мешавад, ки бурдборӣ ба касе гуфта мешавад, ки ба сараш ягон мусибат, шикаст, бори гарон, ташвиши зиёд афтода бошад, на ба оне, ки дар корҳо комёб шуда бошад.
Инчунин дар баъзе навиштаҳо ва гуфторҳо калимаи «инобат» ва таркиби «ба инобат гирифтан» низ ғайримақсаднок истифода мешаванд. Яъне, гӯянда мехоҳад иброз намояд, ки мо он ҳамаро ба назар гирифтаем. Дар асл вожаи «инобат» дар фарҳанги мазкур чунин тафсир шудааст: «Иноба// инобат тавба кардан, бозгаштан аз чизе, даст кашидан аз гуноҳ; тавба, зорӣ; пушаймонӣ» (Фарҳанги забони тоҷикӣ, ҷилби 1, саҳ. 480).
Рӯзномаю маҷаллаҳо низ оид ба тозагии забон ва дараҷаи сухандонии мардум мақолаҳои кам чоп мекунанд. Дар воситаҳои ахбори омма доир ба вазъи забону забономӯзии ҷомеа мусоҳибаю мубоҳисаҳо қариб, ки сурат намегирад. Имрӯз дар рӯзномаю маҷаллаҳои вилояти Хатлон мақолаҳои мубоҳисавӣ оид ба забон, адабиёт, санъат, шеъри рӯз ва умуман фарҳанг қариб, ки дида намешавад. Олимони соҳа, адибону рӯзноманигорон вобаста ба ҳалли масъалаҳои ҷойдошта бетарафӣ зоҳир кардаанд.
Шиору навиштаҷот ва овезаҳои ағлаби корхонаю муассисаҳо низ дорои ғалатҳо ва ё бо забони бегона навишта шудаанд ва касе парвои ислоҳи онҳоро надорад. Комиссияи татбиқи Қонуни забони давлатии шаҳриву вилоятӣ дар ислоҳ ва бартараф намудани ин нуқ сон чандон фаъол нест. Зиёиёни мо ба ҷои ба дигарон намуна будан аксаран худ ба забони махлут ва ё шевагӣ сӯҳбат мекунанд.
Вақти он расидааст, ки ҷиҳати амалишавии Қонуни забони давлатӣ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо иқдому ибтикор нишон диҳем.
То он вақте ки забономӯзию забондонии ҷомеа дар сатҳи зарурӣ сурат нагирад, кори таълиму тарбия ҳам чандон самарабахш нахоҳад буд.
Ба ин масъала мо бояд бетарафӣ зоҳир накунем ва тоза нигоҳдоштани забон аз мадди назари мо дур набошад. Ҳамин вазъи ногувор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳам ба ташвиш оварда, дар Рӯзи забони тоҷикӣ барҳақ иброз дошта буданд: «Барои олимону забоншиносон, омӯзгорон, ходимони воситаҳои ахбори умум ва тамоми зиёиёни тоҷик замоне фаро расидааст, ки онҳо бояд дар роҳи ҳифзи асолати забон, ҳамчунин рушду тавсеаи истифодаи забони адабӣ рисолати таърихии худро дар назди Ватан ва миллати хеш адо кунанд».
Охири солҳои 80-ум ва аввали солҳои 90-уми асри гузашта халқи тоҷик барои омӯхтани забони модарӣ ва алифбои ниёгон кӯшишҳои зиёде карданд, мутаассифона, ҷанги шаҳрвандӣ он ҳама талошҳои худшиносии миллатро барбод дод. Имрӯз, ки миллати азизи мо дар пайкари ҳамдилию ҳамгироӣ зиндагӣ мекунанд ва насими сулҳи ориёӣ дар кишвари мо мевазад, замоне расидааст, ки дар қатори ташкили марказҳои савдо, дукону мағозаҳои моддӣ марказҳои омӯзиши забонҳо ва алифбои ниёгон низ ташкил карда шаванд.
Ин падида ҳам дар саводнок шудани шаҳрвандон ва ҳам ба роҳи мақсаднок равона кардани наврасону ҷавонон иқдоми хайр ба ҳисоб меравад. Баъзеҳо фарқи вожаҳои «коҳ»-у «кох», «нуқта»-ю «нукта», «мизоҷ»-у «миҷоз», «бе сутун»-у «Бесутун», «гиромӣ»-ю «киромӣ», «биҳишт»-у «биҳишт», «ҳарф»-у «ҳарф», «растанӣ»-ю «рустанӣ»-ро надониста, даъвои забондонӣ мекунанд. Забони тоҷикӣ (форсӣ-дарӣ) тибқи ривояте забони биҳиштиён ба ҳисоб меравад ва моро месазад, ки дар роҳи омӯзиши он бо азми ориёӣ ва тафаккури миллӣ қадамҳои устувор дошта бошем.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *