Азмиддин Убайдов,
омӯзгори физикаи мактаби №6-и
ноҳияи Мастчоҳ

Дарси физика яке аз дарсҳои муҳим дар гурӯҳи фанҳои дақиқ маҳсуб шуда, барои наврасону ҷавонон роҳро ба дунёи илмҳои техникӣ мекушояд. Физика ҳамчун фанни таълимӣ дақиқият ва аёниятро тақозо намуда, дар баробари омӯзиши назарияҳои физикӣ дарсҳои беруназсинфӣ яке аз усулҳои амиқ омӯхтани ин фан мебошад. Дар ин мақола мехоҳем, доир ба методикаи ташкилу баргузор намудани яке аз тарзҳои ғайриодии чорабинии беруназсинфиро дар шакли «Мурофиаи судии инертсия» пешкаш намоем. 

Мавзуи интихобнамудаи мо барои амиқ омӯхтани ҳодисаи инертсия дар синфи 7 мадад намуда, боварӣ дорам, ки ин нигошта ба омӯзгорони ҷавон кумаки калони илмию методӣ хоҳад расонд.  

Барои ташкилу гузаронидани чорабинии мазкур омӯзгорро лозим аст, ки омодагии хуб дошта бошад. Ба он ҷалб намудани хонандагони синф дар вазифаи судяи калон, айбдоркунанда, ҳимояткунанда, шоҳидон ва арзёбикунандагон имкон медиҳад, ки бачаҳо мавзуъро комилан аз худ намоянд. 

Котиботи суд: Аз ҷой хезед! Суд меояд!

Судяи калон: Имрӯз парвандаи рақами 1 оид ба айбдоркунии Инертсия шунида мешавад. Инертсия ба он айбдор карда мешавад, ки бо гуноҳи вай як қатор садамаву фалокатҳои автомобилӣ рӯй медиҳанд. Мо мехоҳем, имрӯз воқеъбинона, адолатмандона ва мунсифона сабабҳо ва омилҳои ба вуҷуд омадани чунин ҳолатро мувофиқи талаботи қонун баррасӣ карда, қарори дуруст барорем. 

Судяи калон: Айбдоршаванда даъват карда шавад. Шахсияти айбдоршавандаро муайян мекунем. Айбдоршаванда, насаб ва номатонро баён кунед.

Айбдоршаванда: Инертсияи физикӣ.

Судяи калон: Роҳбарони шумо киҳоянд?

Айбдоршаванда: Галилео Галилей ва Исаак Нютон. 

Судяи калон: Ҳолномаи худро баён кунед. 

Айбдоршаванда: Олими Юнони Қадим Арасту чунин мепиндошт, ки ҷисми зери таъсири ҷисми дигар ба ҳаракат даромада бо гузашти вақт бояд ҳаракаташ қатъ гардад, зеро маҳз ҳолати оромӣ хоси ҳар гуна ҷисм аст. Ӯ дар ҳайрат буд, ки чаро санги аз даст сардодашуда ҳаракаташро идома медиҳад. Ба ин савол Галелео Галелей, ки дар Италия баъди 2000 сол аз гуфтаи ӯ таваллуд шудааст ва баъдтар Исаак Нютон, ки соли 1678 таваллуд шудааст, ҷавоб гардонидаанд. 

Судяи калон: Шумо чӣ гуна худро муаррифӣ карда метавонед?

Айбдоршаванда: Ҳолати оромӣ ё ҳаракати ростхаттаи мунтазами худро нигоҳ доштан ҳангоми таъсир накардани ҷисмҳо ба ҷисм. 

Судяи калон: Оё ба айбдоршаванда ягон савол доред?

Айбдоркунанда: Не

Судяи калон: Тарафи ҳимояткунанда чӣ?

Ҳимоякунанда: Ман ба судя савол дорам: оё ба эътибор гирифта мешавад, ки бузургони инертсия шахсиятҳои барҷастае, мисли Галелео Галелей ва Исаак Нютон мебошанд?

Судяи калон: Суд ҳама гуна фактро дида мебарояд. 

Ҳимоякунанда: Дар чунин сурат оё судя метавонад хизматҳои шоёни бузургони инертсияро ба эътибор гирифта, нисбати айбдоршаванда сахтгир набошад. 

Судяи калон: Суд ҳама гуна фактро дида мебарояд. 

Ҳимоякунанда: Ман дигар савол надорам.

Судяи калон: Оё арзёбикунандагон савол доранд? 

Арзёбикунандаи 1. Шумо мутааллиқ ба кӣ ҳастед?

Айбдоршаванда: Ба ҳама ҷисмҳо. 

Арзёбикунандаи 1. Шумо мутааллиқ ба чӣ ҳастед?

Айбдоршаванда: Физика, техника, ҳаёт. 

Арзёбикунандагон ва котиби суд бо навбат телеграммаҳои ба тобеияти суд воридшударо мехонанд.

Телеграммаи 1. Ман Аристотел, яке аз мутафаккирони қадим ҳастам. Ин судро ғайриқонунӣ меҳисобам. Ҳамаи он чиро, ки ин ҷо дар ҳаққи Инертсия гуфта шудааст, ҳеҷ алоқамандӣ ба ӯ надорад. Баъди барҳамхӯрии таъсири як ҷисм ба ҷисми дигар, бояд он ҷисм аз ҳаракат монад. 

Телеграммаи 2. Ман Галилео Галилей, физики барҷастаи асри миёнагӣ мебошам. Ман ба адолату ҳақиқат дар суди имрӯза бовар дорам. Ҳар касе, ки мехоҳад ҳақиқати ҳодисоти табиатро дарёбад, шоистаи эҳтиром аст. Бигзор илм ба шумо дар мардонагӣ ва ҷасорату истодагарӣ кардан дар пешорӯи ҳамагуна фишоровариҳо ёрӣ диҳад. Ба шумоён барор хоҳонам.

Телеграммаи 3. Ман Исаак Нютон, физик ва математики англис ҳастам. Шодам, ки қонунҳои табиат шуморо бетафовут нагузоштааст. Баҳс кунед. Дар баҳс ҳақиқат ошкор мегардад ва агар шумо онро ҷӯё ҳастед, пас ба умқи қонуни 1 механика — қонуни инертсия меравед, ки он дар кушодани бисёр муаммоҳои аҷиби олам кумак мерасонад. 

Судяи калон: Акнун ба гӯш кардани нишондодҳои шоҳидон мегузарем. Ҳоло сухан ба шоҳиди якум Ҳамида дода мешавад. 

Шоҳиди якум Ҳамида: Худро хеле нороҳат ҳис карда истодаам, зеро пештар дар ҷамъомадҳои судӣ иштирок надоштам, вале наметавонам хомӯш истам. Ман дидам, ки аз роҳи калони назди хонаамон зане мегузашт. Баногоҳ аз хамгашт бо суръати баланд автомобили сабукрав пайдо шуду ӯро пахш кард. Ин ба он хотир рӯй дод, ки аз сабаби инертсия автомобилро якбора доштан имкон надорад.

Судяи калон: Шоҳиди дуюм Кароматулло даъват карда мешавад. 

Шоҳиди дуюм Кароматулло: Ман ба варзиш шавқи беандоза дорам ва тавассути телевизор доимо барномаҳои варзиширо тамошо мекунам. Чанде пеш ҳангоми тамошои мусобиқаи дучархаронӣ дидам, ки дучархасаворе ба санги роҳ бархурда, аз пеши чамбараки дучарха парид ва ба канори роҳ афтид. Дар ин муддат дучарха ба як тараф рафт. Дигар дучархаронҳо дучархаи худро нигоҳ дошта натавониста (тормоз), аз ҳисоби инертсия афтиданд.  

Айбдоркунандаи асосӣ: Аз аҳли толор хоҳиш менамоям, ки ба масъалаи мазкур ҷиддӣ муносибат кунанд. Мо бояд ҳар як далел ва фактро дида бароем. Мехостам, дар ин самт боз чанд шоҳиди дигар низ пурсида шавад. 

Судяи калон: Иҷозат.

Шоҳиди сеюм Адиба: Ман дар автобус мерафтам. Автобус ногаҳон истод ва ҳама мусофирон аз ҷойҳои худ беҷо шуда, пеш рафтанд. Чанд нафар лат хурд, аз ҷумла, ман ҳам худро дошта натавонистам ва ба як мард бархурда, пояшро пахш кардам. Ӯ маро таҳқир ва гунаҳкор кард. Дар ҳоле ки дар ин вақт айбдори асосӣ инертсия мебошад. 

Шоҳиди чорум Орзугул: Модарам аз ман хоҳиш намуд, ки дар рӯйи миз дастархонро кушоям. Ҳангоми косаи шурборо ба рӯйи миз гузоштан як қисми оби шӯрбо ба рӯйи дастархон рехт. Модарам маро барои чунин вазъ гунаҳкор донист. 

Шоҳиди панҷум Акбарҷон: Бибии ман дар бистари беморист. Шабона ҳангоми роҳ гаштан дар саҳни ҳавлии лойолуд пояш лағжид. Ӯ, ки аз ҳисоби инертсия наметавонист пеш равад, афтид ва пояш шикаст. 

Судяи калон: Акнун навбат ба шоҳидони ҳимоятӣ дода мешавад. 

Судяи калон: Шоҳиди шашум Наргис, марҳамат.

Шоҳиди шашум Наргис: Модарам аз ман хост, ки гилеми хонаамонро тоза кунам. Ман бо ёрии чӯбдаст ба гилем задам ва он аз ман дур шуду чангаш монд. Агар инертсия намешуд, ман гилемамонро тоза карда наметавонистам.

Шоҳиди ҳафтум Хайём: Ба шарофати инертсия дучархаронҳо на ҳама вақт рикоб мечархонанд (педал мезананд). Пас аз суръат гирифтан онҳо рикобчархониро бас мекунанд. Дучарха бошад, роҳашро аз ҳисоби инертсия давом додан мегирад. 

Ҳимоякунандаи асосӣ: Рафиқон ва аҳли толор! Хуб фикр кунед, чӣ қадар айбдоршаванда фоида оварда аст, баён созед. 

Шоҳиди ҳаштум Ашрафҷон: Амаки ман дуредгар мебошанд. Борҳо дидаам, ки барои дастаи болғаро даровардан вай дастаро ба рӯйи миз мезанад, болға бошад, аз ҳисоби инертсия дар даста мустаҳкам мешавад. 

Шоҳиди нуҳум Фозилҷон: Инертсия имкон медиҳад, ки «ядро»-и партофтаи варзишгар аз рӯйи инертсия боз чанд вақти дигар дар ҳаракат бошад ва масофаи муайянеро тай кунад.

Судяи калон: Сухан ба айбдоркунанда дода мешавад. 

Айбдоркунанда: Муҳтарам судя! Рафиқони гиромӣ! Мо барои чӣ ин ҷо ҷамъ омадаем? Гуноҳи айбдоршаванда дақиқ аст. Ман намефаҳмам, барои чи тарафи ҳимояткунанда мехоҳад ӯро беайб барорад. Ҳар яки мо масхарасозии айбдоршавандаро нисбат ба худ дидаем. Кадоме аз мо ҳангоми пешпо хурдан наафтидааст? Магар гуноҳи ӯ нест, ки автомобилҳо ба ҳам бармехуранд. Як ба ӯ назар кунед, бо вуҷуди ин қадар гуноҳ шарм намедорад. Ҳамаи инро дидаву дониста, боз баъзеҳо мехоҳанд ӯро бегуноҳ эълон кунанд. 

Судяи калон: Ҳоло сухан ба ҳимояткунанда дода мешавад.

Ҳимояткунанда: Агар рафтори инертсияро аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ нигорем, он гоҳ метавон ба хубӣ дарк кард, ки ҷиҳатҳои хубии ӯ аз бадиаш бештар мебошад, зеро онро ҳам дар техника ва ҳам дар рӯзгор истифода мебаранд. Масалан, ронандаи хуб бо дарназардошти инертсия суръати таъйиншударо риоя мекунад ва сабабгори фалокати техникӣ намешавад. Албатта, агар пиёдагард беэҳтиёт, сабукфикр ва парешонхотир роҳро гузарад ва якбора аз пеши роҳи автомобил барояд, ронанда нохудогоҳ ӯро пахш мекунад, зеро аз ҳисоби инертсия худро дошта наметавонад. Бояд таъкид кунам, ки дар ҳолати болоӣ на инертсия, балки пиёдагард гунаҳкор аст.

Ба ҳолати дигар менигарем. Одаме, ки лағжида меафтад, инертсияро гунаҳкор меҳисобад, на ин ки худу рафтори беэҳтиётонаашро. Айнан дар чунин ҳолат инертсия водор месозад, ки ба зери поямон нигарем ва ҳангоми роҳ гаштан бодиққат бошем. Чунин мисолҳо зиёданд, ки дар боло қисме аз онҳоро шумо шунидед. Маҳз бо дарназардошти инертсия варзишгарон чандин рекордҳои оламро гузоштаанд. Ҳамзамон, ман фикр мекунам, ки мо бояд миннатдор аз инертсия бошем, зеро дар сурати набудани он ҳамаи сайёраҳо аз мадор (орбита)-и хеш берун хоҳанд шуд. Моҳ ба Замин меафтиду Замин дар навбати худ ба Офтоб. Суханҳои гуфтаи ман ҳамин қадар мебошанд. 

Судяи калон: Суд барои муҳокима мебарояд. 

Судяи калон: (қарори судро мехонад). Суди мо зарурӣ ва саривақтӣ буд. Суд бодиққат ҳамаи тарафҳоро шунид. Бо дарназардошти як миқдор айбҳои баёншуда, суд ба ҳар ҳол ба таҷрибаи хеш ва нишондодҳои изҳордоштаи ҳимоякунандаву шоҳидони ҳимоятӣ, аксари айбҳои баёншударо аз меъёр зиёд нишондодашуда ҳисобид ва чунин қарор намуд:

Бо дарназардошти таъсири судманди инертсия ва зарарнокии он имкон медиҳанд, ки аз тарафҳои судмандиаш истифода кунем ва муқобили тарафҳои манфиаш мубориза барем, то аз он зарар набинем. Барои ин бояд қонунҳои физикаро хонем ва онро дарк кунем. Ба умқи ҳодисоти табиат равем ва онҳоро барои хизмат кардан дар ҳаққи инсоният истифода барем. Бо ҳамин ҷаласаи судро хотимаёфта меҳисобам. 

Ҳамин тавр, омӯзгори физика дар сатҳи баланд чорабинии мазкурро ташкил ва баргузор намуда, барои баланд бардоштани донишҳои хонандагон доир ба мавзуи интихобшудаи физикӣ мусоидат мекунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *