Аброр НАЗИРОВ,
муовини сардори шуъбаи тайёркунии
касбии хизматчиёни давлатии
Академияи идоракунии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 28.12.2023)

28 декабри соли 2023 дар толори калони “Кохи Сомон”-и Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми хешро “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ироа намуданд.

Дар Паёми Пешвои муаззами миллат оид ба пешбурди самараноки сиёсати хориҷӣ ва дохилӣ дар самтҳои таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ ва дигар масоили калидӣ таҳлилу баррасиҳо сурат гирифта, ҳамзамон, ҷиҳати рушди соҳаҳои калидӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дода ва роҳкорҳо муайян карда шуданд.
Сарвари давлат аснои ироаи Паём доир ба ҷараёни корҳои созандагию ободонии мамлакат, амалигардонии нақшаву стратегияҳо, барномаҳо, таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ, рушди сармоягузории дохилию хориҷӣ ва баландбардории сатҳи зиндагии мардум ба вакилони мардумӣ рақамҳои мушаххасро манзур намуда, инчунин, вазъи мураккаби сиёсиву иқтисодии ҷаҳон ва танишҳои минтақавиро дар самти азнавтақсимкунии ҷуғрофӣ таъкид карданд.
Соҳаи маориф ва илм дар Паёми Роҳбари кишвар яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати давлат ва Ҳукумати мамлакат арзёбӣ шуда, таъкид гардид, ки бо фароҳам омадани имконият хусусияти иҷтимоии буҷети давлатӣ тақвият дода шуда, хароҷот барои илму маориф ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,6 миллиард сомонии соли 2017 ба 18,5 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расонида шуд, яъне, 1,9 баробар зиёд гардид. Ҳамзамон, таъкид карда шуд, ки аз ҷониби соҳибкорони кишвар 1380 иншооти соҳаи маориф, аз ҷумла, соли ҷорӣ 117 иншоот барои беш аз 43 ҳазор хонанда бунёд гардида, мавриди истифода қарор дода шудааст.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба масъалаи маориф ва илм афзалият дода, дар Паёми ҷадидашон низ масъалаи маориф ва илмро аз афзалиятҳои сиёсати давлатӣ маънидод намуданд. Аз ҷумла, қайд карданд, ки “рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад”.
Агар ин масъаларо амиқ омӯзем, воқеан, соҳаи маориф асоси рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҳар як давлати мустақилро ташкил дода, ҳамаи афроди ҷомеа танҳо баъди гузаштан аз зинаҳои гуногуни таҳсилот вориди ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, фарҳангу маориф, тиҷорату бозаргонӣ ва низомӣ мегарданд. Бо дарназардошти аҳаммияти фавқулода муҳимми соҳаи маориф дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ин соҳа аҳаммияти махсус зоҳир менамоянд. Ба вижа, дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ комилан маълум аст, ки маориф ҳамчун соҳаи афзалиятнок дар сиёсати давлатӣ аз ҷойгоҳи баланде бархӯрдор аст.
Аҳли илму маърифат низ ин таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Сарвари давлатро ба таври шоиста дарк намуда, талош менамоянд дар посух ба ин дастгириҳо рисолати хешро лар сатҳи баланд иҷро намоянд. Тавре шоҳидем, аз Паём то Паём соҳаи маориф дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз пеш тараққӣ ёфта, заминаҳои воқеӣ барои рушди минбаъдаи соҳа гузошта мешаванд. Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатӣ иброз доштанд: “Соли 2017 низоми маорифи кишвар 2,1 миллион нафарро ба таҳсил фаро гирифта бошад, пас дар соли 2023 ин нишондиҳанда ба 2,6 миллион нафар расидааст. Тибқи дурнамо ин шумора то соли 2025 ба 2,7 миллион нафар мерасад. Ин раванд зарурати бунёди муассисаҳои таълимии нав ва баланд бардоштани имкониятҳои низоми маорифро тақозо мекунад”. Ин таъкид далолат аз он мекунад, ки низоми маориф, равандҳои таълим ва дурнамои ин соҳа барои Роҳбарияти олии кишвар муҳим ва калидӣ маҳсуб мешавад.
Яке аз масъалаҳои дигаре, ки Сарвари давлат зимни баррасии масъалаҳои марбут ба соҳаи маориф пайваста ба он дахл мекунанд, масъалаи забономӯзист. Дар Паёми имсола низ бар он таъкид карда шуд, ки “авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд.
Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад”. Аз ин нуктаи назар, Сарвари давлат дастур доданд, ки дар ин раванд, вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ҳамкории фаъол бо корхонаҳои истеҳсолӣ ва омода кардани кадрҳои баландихтисоси техникиву муҳандисӣ чораҷӯйӣ намоянд.
Дар маҷмуъ, ҳамаи ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф гувоҳи он аст, ки ояндаи дурахшони миллату давлат ба рушди ин соҳаи ҳаётан муҳим вобаста мебошад. Роҳбари давлат борҳо таъкид намуданд, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ кардан ба маориф, яъне, ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта — сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад.
Пас, аҳли илму маърифат, омӯзгорону мураббиён ва аҳли маорифи мамлакатро лозим аст, ки дар ростои ҳадафҳои оянданигаронаи Пешвои миллат муттаҳид бошанд ва дар тарбияи насли наврасу ҷавон, ки ояндаи миллати тамаддунофари мо мебошанд, бо иродаи қавӣ ва матонати комил талош намоянд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *