Мусоҳиб Ҳасан АЗИЗОВ,
«Маърифати омӯзгор»

Мусоҳиба бо устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

 Манучеҳр Сулаймонзода

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани соҳибистиқлолӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлатӣ ҳуқуқбунёд муаррифӣ гардид. Аз ин рӯ, дар раванди ташаккули чунин давлат ҳуқуқ нақши бузургу ҳалкунанда дошта, ҳамагуна муносибатҳо бояд дар асоси ҳуқуқ ва қонун танзим гардад. Беҳуда нест, ки таъмини волоияти қонун ва ташаккули маърифати ҳуқуқӣ дар ҷомеа баробари дигар унсурҳои давлати демокративу ҳуқуқбунёд аз рӯйи аҳаммият дар як сатҳ ниҳода шудаанд. Оид ба ташаккули маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва дар партави “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидани соли 2024 бо мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ ва маъмурии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дотсент Манучеҳр Сулаймонзода суҳбате оростем, ки фишурдаи онро манзури шумо – хонандагони азиз мегардонем.

— Муҳтарам Манучеҳр Сулаймонзода, тавре огаҳӣ дорем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ (28-12-2023) ба Маҷлиси Олӣ дар баробари муҳимтарин масъалаҳои сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ ба масъалаи ҳуқуқӣ тамаркуз намуда, ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карданд, ки соли 2024, “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шавад. Лутфан, аҳаммияти ин рухдоди муҳимро барои хонандагони маҷаллаи “Маърифати омӯзгор” шарҳ медодед.
— Дар воқеъ, Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» боз ҳам аз сиёсати оқилонаву ҳадафмандонаи Сарвари давлат маншаъ гирифта, фарогири тамоми соҳаҳои муҳимми кишвари азизамон буд. Дар баробари самтҳои афзалиятноки сиёсати дохиливу хориҷӣ – масъалаи ҳаёти ҳуқуқии кишвар низ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Таҳлили ташаккул ва инкишофи низоми ҳуқуқии мо нишон медиҳад, ки давоми соҳибистиқлолӣ дар баробари таъмин намудани сулҳу субот, ҳамчунин, низоми ҳуқуқии кишвар низ марҳила ба марҳила мукаммал шуда истодаанд. Дар баробари ин, рушди давлат ва дастгоҳи давлатӣ ба қонунгузории устувори миллӣ вобастагии зиёд дорад, ки кафолати таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба шумор меравад. Ҳамчунин, танзими пурраи муносибатҳои ҷамъиятӣ, асоси инкишофи тамоми самтҳои сиёсати дохиливу хориҷии давлат мебошад.
Масъалаи дигари сиёсати ҳуқуқии кишвар — баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони мамлакат буда, дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мавзуъҳои меҳварӣ маҳсуб мешавад. Баланд бардоштани сатҳи маданияти ҳуқуқии аҳолии кишвар дар асоси санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии кишвар ба амал бароварда шуда, аз сифати қонунгузорӣ, қонунҳои ҳуқуқӣ, риояи принсипҳои қонунгузорӣ ва дигар масъалаҳои ба ин алоқаманд вобастагии амиқ дорад.
Дар низоми санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқии кишвар Конститутсия мавқеи аввалиндараҷаро касб намуда, ба ҳайси манбаи низоми қонунгузорӣ ва санадҳои дигари ҳуқуқӣ баромад менамояд. Тавре Пешвои муаззами миллат дар Паёмашон дуруст қайд намуданд: «… Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии давлатамонро таъмин намоем, барои ҳар шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем».
Конститутсия асосҳои низоми ҳуқуқии давлатро муқаррар намуда, он санади асосии бунёдии давлат мебошад, ки ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро таъмин менамояд. Асоси қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои ба танзим даровардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, муайян намудани муносибатҳои давлату инсон, муносибатҳои байниҳамдигарии инсон ва шаҳрванд ва ҳифзи моликият мебошад, ки барои қабули он зарурат ба вуҷуд меояд. Ҳар давлати мутамаддин дар шароити ҳозира, бояд дорои конститутсия бошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, имсол 30-юмин солгарди қабули он таҷлил мешавад, ҳадду ҳудуд, хусусияти танзими давлатдорӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа буда, қувваи олии юридикиро соҳиб аст.
Дар ин замина, Роҳбари давлат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод намуданд, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон шавад. Дар натиҷа Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024» аз 30 декабри соли 2023, №668 ба имзо расид, ки мақсади асосии ин фармон аз баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона ба он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон иборат мебошад.

— Ташаккур барои чунин посухи фарогиру мушаххас. Дар воқеъ, масъалаи маърифати ҳуқуқӣ яке аз асоситарин аркони муносибатҳои ҷамъиятии низоми демократӣ маҳсуб мешавад. Зеро бо гузашти 30 сол аз қабули Конститутсия ва баргузории корҳои зиёди маърифатию ҳуқуқӣ, нашри китобҳо, рӯзномаву маҷаллаҳо ва барномаҳои зиёди телевизиониву радиоӣ имрӯз ҳам воқеаву ҳолатҳое мушоҳида мешаванд, ки нишондиҳандаи камогоҳии ҳуқуқии аксари сокинонро бозгӯ менамоянд. Мехостам, ки ҳамчун мутахассиси соҳаи ҳуқуқ моҳияти маърифати ҳуқуқиро аз лиҳози касбӣ тафсир менамудед.
— Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ яке аз масъалаи асосии сиёсати ҳуқуқии мамлакат ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба ин раванд таваҷҷуҳи махсус равона шудааст ва дар ин замина, як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатӣ қабул гардидааст. Мақсад аз тасвиби Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024» низ баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.
Маърифати ҳуқуқӣ яке аз навъҳои маърифати ҷамъиятӣ буда, барои таснифи ҳамаи низоми ҳуқуқии кишвар аз нуқтаи назари муайян истифода мегардад. Вай вазъи сифатии ҳаёти ҳуқуқии ин ё он ҷомеаро муайян намуда, дониши аҳолиро оид ба қонун муайян мекунад, дар кадом ҳолат қарор доштани эҳтироми қонунҳоро аниқ намуда, инчунин, нишонаи чигунагии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷараёни қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад.
Маърифати ҳуқуқии ҷомеа, пеш аз ҳама, аз сатҳи инкишофи фаҳмиши ҳуқуқии аҳолӣ вобаста мебошад. Яъне, маърифати ҳуқуқӣ аз он, ки аҳолӣ то чӣ дараҷа арзишҳои ҳуқуқиро медонад ва оид ба муносибатҳои ҳуқуқӣ маълумот дорад, муносибати аҳолӣ ба қонун, суд ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чӣ гуна мебошад, ақидаву мафҳумҳои ҳуқуқӣ то чӣ андоза дар шуури одамон акс ёфтаанд, вобаста мебошад.
— Ба пиндори шумо усулҳои татбиқи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» бояд чӣ гуна бошанд ва шаҳрвандони кишвар дар раванди амалӣ шудани нақшаву чорабиниҳои тарҳрезишуда чӣ масъулиятеро бар дӯш доранду чӣ корҳоеро метавонанд иҷро намоянд?
— Бояд қайд намуд, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз вазифаҳои муҳим ва аввалиндараҷаи мамлакатҳое маҳсуб меёбад, ки роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро пеш гирифтаанд. Дар ин роҳ нахуст шаҳрвандони ҳамон мамлакатҳо бояд ҳавасманд ва масъулу муваззаф бошанд, ки роҳи интихобнамудаи худро самимона, содиқона ва масъулона тай кунанд, то самараи он як фазои боз, солим ва баргирифта аз озодиҳои фитрию инсонӣ бошад. Дар моддаи 1-и Конститутсияи мамлакат хусусиятҳои соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст. Арзишҳои номбурда собит менамоянд, ки давлат дар пояи қонун ва ҳуқуқ бунёд ёфта, рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад.
Анҷом додани тадбирҳои зикргардида арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро таъмин намуда, ба эҳтиром ва риояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тақвияти рағбати шаҳрвандон ба донишҳои соҳаи ҳуқуқ, васеъ намудани дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти ҳуқуқӣ, иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва паст гардидани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ мусоидат менамояд.
Эълон гаштани «Соли маърифати ҳуқуқӣ»-ро фикр мекунам, бо роҳҳои зерин амалӣ сохтан мумкин аст: Аввалан бо роҳи инкишофи фаъолияти ҳуқуқӣ, яъне, фаъолияти омӯзишии донишҷӯён ва шунавандагони факултаҳо ва донишкадаҳои ҳуқуқӣ, инчунин, аз фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва татбиқи он иборат аст. Ҳамзамон, маърифати ҳуқуқии ҷомеаро дар бисёр ҳолатҳо рафтори воқеии ҳуқуқии шаҳрвандон, фаъолияти онҳо оид ба амалӣ намудани ҳуқуқ, дараҷаи дониши ҳуқуқӣ ва дар сари вақт иҷро намудани уҳдадориҳо, инчунин, тамоми амалҳои манъшуда ва то чӣ андоза иҷроиши ҳуқуқҳои шаҳрвандони кишвар алоқаманд аст. Ҳамчунин, тавассути вохӯриву суҳбатҳои олимони соҳаи ҳуқуқ ба тамоми қишрҳои ҷомеа ва тамоми зинаҳои мақомоти давлативу худидоракунии маҳаллӣ ва пахши онҳо тавассути воситаҳои ахбори оммаву шабакаҳои иҷтимоӣ боиси боз ҳам баланд гардидани маърифати ҳуқуқии ҷомеа хоҳад гашт.
Сониян, бо роҳи баланд бардоштани сатҳи қабули санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ. Яъне, ҳама гуна санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд ба талаботи тасаввурот оид ба адолатнокӣ, баробарӣ ва озодии дар шуури ҷомеаи ҳукмрон ҷавобгӯ бошанд. Санади меъёрии ҳуқуқӣ аз нуқтаи назари шакл бояд мукаммал, бемухолифат, ба қадри имкон кӯтоҳ, аниқ ва ба аҳолӣ фаҳмо, ба Конститутсия мутобиқ бошад ва дар сарчашмаи ба аҳолӣ дастрас ба нашр расонида шавад… Тавре огаҳӣ дорем, сиёсати давлатӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар асоси санадҳои ҳуқуқии гуногун, аз ҷумла, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997, №691 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997, №383 «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 3 марти соли 2006, №94, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028» аз 6 феврали соли 2018, №1005, «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, №599 тасдиқ гардидааст, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» аз 31 декабри соли 2023, №668 амалӣ карда мешавад.
Ҳамчунин, аз ҷониби субъектҳои масъул ба таври самаранок амалӣ намудани чорабиниҳое, ки дар Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои солҳои 2020-2025 пешбинӣ шудаанд. Аз ҷумла, ташкил ва гузарондани озмунҳои «Беҳтарин омӯзгор-ҳуқуқшинос» ва «Беҳтарин хонандаи ҳуқуқдон» дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, инчунин, таҳияи маводи дарсии «Асосҳои ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ» аз ҷониби ниҳодҳои марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории онҳо. Ҳамзамон, тибқи банди 57-и Барномаи болозикр барои ташкилу гузарондани озмунҳои зикршуда мақомоти ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот низ масъул мебошанд. Дар охир, аз ҷониби муассисаҳои илмӣ ва муҳаққиқони ҳуқуқшинос бо забони сода ва оммафаҳм интишор намудани маводҳои муайяни ҳуқуқӣ, тафсир ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ба доираи васеи аҳолӣ дастрас намудани онҳо. Аз ҷумла, таҳия ва ба аҳолӣ дастрас намудани тафсири оммавӣ (на илмӣ ва амалӣ)-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар “Соли маърифати ҳуқуқӣ” иқдоми муҳим ва самаранок мебошад. Чунин тафсир он вақт натиҷа медиҳад, ки он ба таври сода, равону фаҳмо, оммафаҳм ва мувофиқ ба сатҳи шуури ҳуқуқии аҳолӣ таҳия гардад.
Ҳамин тариқ, эълон гардидани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» барои ҳар як узви ҷомеа пураҳаммият буда, бе сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии аҳолӣ таҳкими ваҳдати миллӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ, риоя ва иҷрои қонун, афзалияти инсон, бегонанашавандагии ҳуқуқу озодиҳои ӯ, эҳтиром ба ҳуқуқи инсон ва таъмини манфиатҳои оммавӣ мураккаб мебошад. Дар партави ташаббуси Пешвои муаззами миллат тамоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шаҳрвандонро зарур аст, дар ташаккули маърифати ҳуқуқии аҳолӣ саҳмгузор бошанд.
— Сипосгузорам барои шарҳи тахассусӣ ва умедворам, ки ин андешаву тавсияҳои судманди шумо дар партави «Соли маърифати ҳуқуқӣ» барои хонандагони маҷаллаи “Маърифати омӯзгор” василаи хуби омӯзиш бошад.
-Саломат бошед.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *