Вақте табиб ба мариз 7 бастаи  алоҳидаи аз растаниҳо омодакардаашро  пешниҳод карда, мефармояд, то онҳоро дар 7 косаи об тар намуда, дар 7 рӯз аз маҳлули ҳосилшуда 7 қошуқӣ нӯши ҷон кунад, маълум мегардад, ки ин дилбохтагӣ ба адади муқаддаси 7 аст. Дар байни мардум ибораҳои «7 муъҷизаи олам», «7 рӯзи ҳафта», «7 ранги табиат», «7 бор чен куну як бор бур» ва ғ. низ аз замонҳои қадим ихлоси  мардуми фирефта ва гумроҳро ба рақами алоҳида ифода менамояд.

Мутаассифона,  таассуб ва хурофот на танҳо дар ҳаёти воқеӣ, балки дар илм, аз ҷумла, дар шоҳи фанҳо  низ доман паҳн кардааст. Маълум, ки адад маҳсули тафаккури инсон аст. Парастиш кардани ин ё он адад, бартарӣ додан ба ин ё он рақам хоси мардуми кӯтоҳандеш буда, аз замонҳои хеле қадим пойдор боқӣ мондааст. 

Ҳатто дар замони мо  ҷавонони соҳибмаълумот низ  ба ҳар гуна рақамҳои чиптаҳо назар карда, дар онҳо рақамҳои «хушбахт» ро ёфтанӣ мешаванд. Баъзеҳо рӯзҳои алоҳидаи ҳафта ва моҳро «нобарор» шуморида, аз иҷрои амалиёти хеш дар ин рӯзҳо даст мекашанд. Дигарон  рӯзи 13 – уми моҳро рӯзи «наҳс» меҳисобанд ва ғайраву ва ҳоказо. Чаро ин тавр аст? Аз куҷо ин хурофотпарастӣ ва таассуб сарчашма мегирад? 

Таърихи мадании инсоният  гувоҳӣ медиҳад, ки хурофот дар парастиши  ададҳо  хоси мардуми қадимтарини олам мебошад. Гаҳвораи мавҳумияти ададӣ, ҳамчун асрорҳои ноаёни илм Холдейи қадим ба шумор меравад. Сарзамини Холдей водии байни наҳрҳои Даҷла ва Фуроти Ироқи имрӯз эътироф шудааст. Дар ин сарзамин тамаддунҳои суриёиҳо  ва шумериҳо —  давлати қадимтарини  Бобулистонро ташкил медоданд, ки дар таърихи инсоният  нақши муассир бозидааст. Бо шарофати ҳафриёти археологӣ, ки олимон анҷом додаанд, имкон фароҳам омад, то осори адабии қадима, таърих ва маданияти халқҳои ин сарзамин муфассал омӯхта шавад.

Бошандагони Холдей (ассуриҳо ва шумерҳо) доир ба математика ва илми ситорашиносӣ дониши хеле зиёд доштанд. Ин мардум  осмони ситоразорро  ба бурҷҳо ҷудо карда, ба онҳо номҳои мувофиқро гузоштаанд, ки  баъзеашон то рӯзҳои мо боқӣ мондаанд. Маҳз онҳо дар осмон  роҳи гардиши ба назар намоёни солонаи Офтобро аз рӯи Эклиптика омӯхта, ситораҳои алоҳидаи Минтақатулбурҷро номгузорӣ карда, роҳи ҳаракоти Моҳтоб ва сайёраҳоро омӯхтаанд. Ҳаракати Офтобро мушоҳида карда, онҳо ошкор сохтанд, ки дар рӯзи баробар шудани шабу рӯзи баҳорӣ Офтоб аз лаҳзаи тулуъ то лаҳзаи ғуруб нимдоираеро тасвир мекунад, ки қутри намоёни он дар ин нимдоира 180 маротиба меғунҷад. Бинобар ҳамин, тавре ки дар геометрияи мактабӣ қабул шудааст, ҳар гуна нимдоираро ба 180 ҳисса ва ҳар гуна давраро ба 360 ҳисса ҷудо кардаанд. Давраҳои такрор ёфтани кусуфҳои Моҳ ва хусуфҳои Офтобро  омӯхта, онҳо ин ҳодисаҳои табииро пешакӣ хеле дақиқ муайян мекарданд. Қайд кардан ҷоиз аст, ки вақтро онҳо бо соатҳои обӣ ва офтобӣ чен мекарданд. Шабонарӯзро бобулиҳо  ба дуто давраи 12 соатӣ ҷудо мекарданд (шаб ва рӯз). Ба 60 дақиқа ҷудо шудани 1 соат ва ба 60 сония ҷудо шудани 1 дақиқа ба мо аз бобулиҳои атиқа мерос мондааст.

Омӯзиши ҳамаҷонибаи осмони ситоразор ва корҳои хоҷагӣ мардуми Бобулистонро барои  чуқур омӯхтани математика равона карда буд. 

Аз ҳамин ҷост, ки махсусан илми ҳисоб дар ин сарзамин хеле хуб инкишоф ёфта буд. Ба ғайр аз чор амали ҳисоб онҳо метавонистанд ададҳоро ба квадрат, ба куб бардоранд, аз ададҳо решаи квадратӣ ва решаи кубӣ ҳосил кунанд ва ғ. Барои бобулиҳо прогрессияҳои арифметикию геометрӣ маълум буданд.

Тааҷҷубовар он аст, ки дар баробари аз системаи даҳии ҳисоб истифода бурдан, онҳо системаи ҳисоби асосаш адади 60 — ро дар истифода қарор дода буданд ва онро дар касрҳо низ татбиқ карда метавонистанд. Мутаассифона, донишҳои астрономиро бобулиҳо барои мақсадҳои астрологӣ, яъне илми ботил низ истифода мебурданд, ки мувофиқи таълимоти он аз рӯи ҷирмҳои осмон гӯё иродаи худоҳо ва ояндаро пешгӯӣ кардан мумкин бошад. Онҳо ба ҳафт табақаи осмон: Офтоб, Моҳ ва панҷ сайёраи ба назар намоён (Аторуд, Зуҳра, Миррих, Муштарӣ ва Зуҳал)  эътибор медоданд. 

Ба ҳар кадоми ин ҷирмҳо ва ҷирмҳои дигари осмон рақамҳои мувофиқро аз 1 то 60 сазовор дониста, онҳоро парастиш мекарданд ва ин рақамҳоро муқаддас мешумурданд. Дар ин ҷо, махсусан ададҳои 7, 3, 6, 12 ва 60 ададҳои муқаддас ҳисоб меёфтанд. Адади 653- ро, ки дар илми соҳиронаи онҳо рамзи абадият ба ҳисоб мерафт, ба ду ҷамъшаванда ҷудо мекарданд: 653 = 292 + 361. Барои онро шарҳ додан ҳарду тарафи баробарии ҳосилшударо ба 5 зарб зада, баробарии зеринро соҳиб мешавем: 3 265 = 1 460 + 1805. Агар адади якуми ин навишт даври гардиши бурҷи Фениксро ифода кунад, ҷамъшавандаи аввали тарафи рост даври гардиши ситораи Сириус (Сотис) ва адади 361 адади каратии давраҳои 19 — солаи Моҳро (Сикли Метон)  ифода мекунанд. Ана аз ҳамин ҷо парастиши ин ё он адад сарчашма мегирад.

Хурофоти ададии холдейҳо ба Юнони Қадим низ таъсири хешро боқӣ гузошт. Дар пайравӣ бо бобулиҳо юнониҳо низ рақамҳои 3 ва 7 – ро муқаддас эътироф мекарданд. Парастиши ададии бобулиҳо, махсусан, ба  олим ва математики Юнони Қадим Пифагор (соли 580 то милод) таъсири амиқ боқӣ гузошт. Пифагор ба Миср, Холдей ва дигар мамолики ҳамсоя  сафар карда, бисёр чизҳоро мушоҳида кард, омӯхт ва 

пас аз бозгашт ба зодгоҳаш (Италияи ҷанубии ҳозира) дар он ҷо ҷамъияти динӣ  фалсафии хешро асос гузошт. Дар ин ҷамъияти пӯшида ва пинҳонӣ  пайравони Пифагор  илмҳои замона, аз ҷумла, арифметика, геометрия ва астрономияро меомӯхтанд. Онҳо як қатор кашфиёти муҳимро низ анҷом додаанд. Вале аз болои ҳаводисӣ табиӣ мушоҳида намуда, пайравони Пифагор ба хулоса омаданд, ки қонуниятҳои такрор ёфтани онҳоро бо воситаи ададҳо ифода намудан мумкин аст. Аз ин ҷо хулоса баровардаанд, ки ададҳо моҳияти асосии ашёро ифода мекунанд ва оламро маҳз ададҳо идора мекунанд.

Ададҳоро омӯхта, пифагориҳо кӯшиш карданд, ки ба воситаи онҳо тамоми ашёи моддӣ ва маънавиро маънидод намоянд. Дар натиҷа, онҳо ба ададҳо моҳияти рамзӣ бахшиданд. 

Масалан, ададҳои ҷуфтро мардона ва ададҳои тоқро (аз 3 сар карда) занона шуморида, суммаи адади якуми мардона (2) ва адади якуми занона (3), яъне, адади 5 – ро рамзи никоҳ меҳисобиданд. Ададҳои квадратӣ (зарби адад бо худаш)-ро рамзи адолат ва баробарӣ ҳисоб мекарданд. Адади 6 =1+2+3 рамзи мукаммалӣ ба шумор мерафт, чунки ба суммаи тақсимкунандаҳои худаш баробар аст:  6 =1+2+3. Адади 28 низ адади мукаммал эътироф гашта буд, чунки  28 = 1+ 2 + 4 +7 +14. 

Агар ду адад дорои чунин хосият бошанд, ки суммаи тақсимкунандаҳои яке аз онҳо ба адади дуюм баробар бошаду суммаи тақсимкунандаҳои адади дуюм ба адади якум баробар бошад, ин ҷуфтро ададҳои дугоник ё ҷуфти муносиб меномиданд. Тахмин меравад, ки чунин ҷуфти нахустинро барои ададҳои 220 ва 284 онҳо ошкор сохта буданд. 

Адади 36 боз адади муқаддастар ҳисоб меёфт, зеро вай аз суммаи 4 адади ҷуфти нахустину 4 адади тоқи нахустин иборат буд: 36 = 2+4+6+8 +1+3+5+7. Тавре Плутарх овардааст, қасам бо ин адад барои пайравони Пифагор аз ҳама болотарин ва даҳшатноктарин ҳисоб меёфт.

Кашфиёт ва маълумоти дигари  ҷуғрофии хешро  пифагориҳо бо хурофот марбут медонистанд.  Онҳо тақсими порчаро ба нисбати қисмҳои канорӣ ва мобайнӣ (буриши илоҳӣ ё таносуби тиллоӣ) медонистанд ва бо ёрии он панҷгӯшаи мунтазамро, ки ба саломатии инсон марбут буд, парастиш мекарданд. Ин панҷгӯша пантограм номида шуда, рамзи иттиҳоди пифагориҳо ҳисоб меёфт. Панҷ ҷисми мунтазами геометрӣ: тетраэдр, куб, октаэдр, икосаэдр ва додекаэдр рамзҳои ҳаводиси табиӣ, аз қабили ҳаво, Замин, об, оташ ва эфир ҳисоб меёфтанд, ки ҳамаи ҷирмҳои осмон аз онҳо бунёд ёфтаанд. Мактаби Пифагор, ки бо асрори ниҳонии дохили хеш ҳамагонро ба ташвиш оварда буд, 100 сол идома ёфт. Пифагориҳо  аксари дастовардҳои олимони бобулӣ ва мисриро тасарруф карда, моли худ меҳисобиданд. Аз ҷумла, теоремаи машҳури Пифагор, ки онро хонандагони синфҳои 8-и макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ меомӯзанд, 1000 сол пеш аз тавлиди Пифагор ба бобулиҳо маълум буд. Ин мактаби машҳур мардумро ба мушкилот ва дилтангӣ мувоҷеҳ кард ва ниҳоят аз ҷониби ҳокимони Юнон пароканда карда шуд, аммо тарафдорони ин мактаби бузург дар инкишофи фалсафаи мамолики дуру наздик таъсири худро боқӣ гузоштанд. Аз ҷумла, Афлотун (с.427- 347 то милод), ки ба инкишофи математика аҳаммияти хосса додааст, талқин мекард, ки «геометрия аз ҷониби илоҳӣ татбиқ карда мешавад», бинобар ҳамин, шахсони аз геометрия бехабарро ба академияи таъсисдодаи хеш роҳ намедод. Пас аз Афлотун математикаи юнонӣ дар симои олимони искандарӣ,  аз қабили Эвклид, Архимед, Аполлония ва шогирдони онҳо ба авҷи тараққиёт ноил гашта, аз унсурҳои таассуфу хурофот раҳо ёфт. 

Аммо дере нагузашта, дар асри 1 -и то милод боз парастиши ададҳо аз нав эҳё гардид. Олим Никомах, ки бо асарҳояш дар соҳаи арифметика ном бароварда буд, дар китоби «Арифметикаи илоҳиёт» моҳияти ададҳои аз 1 то 10- ро чунин овард: «Воҳид ин парвардагор  аст ва он ақл, хирад, некӣ, гармония ва хушбахтиро ифода мекунад. Адади 2 (ду) ғояи нобаробариро ифода намуда, он материя, ҷамъи ашёро ифода мекунад, ҷасорат аст, ки аз он ададҳои дигар ҳосил карда мешаванд. 3 (се) нахустин адади мукаммал аст, чунки он ибтидо, мобайн ва охирро ифода мекунад (3 = 2+1). Олимони дигари яҳудитабор низ ададҳои аз 1 то 10 — ро мутобиқ ба дину мазҳаби худ ба таври хосса маънидод мекарданд. Маълум, ки дар ҳамин замина, анъанаи фолкушоӣ дар байни мардуми авом васеъ паҳн гардид ва ҷамъият бо як ҳолати ногувор дучор омад. Ахирон императори византӣ Юстиниан бо фармони махсус астрологҳо ва математикҳои хурофотпарастро аз пойтахти давлаташ ронд.

Дар Рими Қадим низ анъанаи ададпарастии холдейҳо доман паҳн кард. Онҳо низ 3 ва 7 — ро ҳамчун ададҳои муқаддас аз бобулиҳо қабул карданд. Ба ғайр аз ин, онҳо адади 13 — ро адади «наҳс» меҳисобиданд ва аз барпо кардани ҳар гуна маросиму идҳо дар ин рӯзи моҳ даст мекашиданд. Ин адад дар аҳди насрониҳо боз ҳам адади бехосияттар шуморида мешуд.

Таъсири хурофотпарастии холдейҳо ба мардуми Шарқ, аз ҷумла, ҳиндуҳо низ бетаъсир намонд. Дар ин ҷо ҳам ададҳои 3 ва 7 ҳамчун ададҳои муқаддас эътироф мешуданд. Ҳоло ҳам ҳиндуҳо рӯзҳои панҷшанбе ва шанбе тарошидани мӯи сарро фоли нек намеҳисобанд. 

Вале ҳиндуҳо боз ба ададҳои калон низ бартарӣ медоданд ва ба онҳо арҷ мегузоштанд. Дар хурофоти динии онҳо доир ба 24 000 биллион худоҳо сухан меравад; Буддо гӯё 600 000 миллион писар доштаасту дар ҷанги байни одамон бо маймунҳо 10 000 сектиллион маймун иштирок карда будааст. Мувофиқи ривоятҳо гӯё Кошифи бозии шоҳмот (шатранҷ) аз шоҳ дархост кардааст, ки барои бозии ихтироъкардааш миқдори муайяни донаҳои гандумро талаб кунад:  барои  катаки якум 1 дона, барои катаки дуюм-2 дона, барои катаки сеюм — 4 дона, барои катаки чорум – 8 дона ва ғайра, барои ҳар як катаки минбаъда назар ба катаки пештара ду баробар зиёдтар донаи гандум талаб кунад, дар натиҷа адади ниҳоят калони донаҳои гандум, яъне 264-1 дона гандум лозим меояд. Ин адади бистрақамаи 18 446 744 073 709 551 615 чунон калон аст, ки агар тамоми сатҳи сайёраро даҳсолаҳо гандум мекориданд, ин миқдор гандумро ҳосил кардан ғайриимкон буд! Мувофиқи ривоятҳо дар бораи Буддо гӯё худои ҳиндуҳо метавонистааст ададҳои аз 1 ва 54 сифри пас аз он омадаро аз рӯи разрядҳояш ҳисоб кунад. Ин завқи донишандӯзии ҳиндуҳои қадим нисбати ададҳои ниҳоят калон ба олимони минтақа имкон фароҳам овард, ки ба воситаи шумораи маҳдуди рақамҳо ададҳои бисёррақамаро  ифода намоянд.

Пас аз таназзули империяи ғарбии Рим дар минтақаи Аврупо муддати садсолаҳо алангаи илм хомӯш гашт ва мардуми мамолики Аврупои ғарбӣ ба торикии ақлонӣ ва  зулмоти маънавӣ  гирифтор шуда, ба   ҷаҳолати тӯлонӣ дучор гардид. Шумораи зиёди олимон, ки аксарияташонро аҳли музофоти ғарбии империяи Рим ташкил медоданд, аз қабили юнониҳо, суриягиҳо ва яҳудитаборон ба сарзамини Форс фирор карданд. Дар муддати беш аз ду аср, то аз ҷониби арабҳо забт гаштанаш, сарзамини Форс нигоҳдоранда ва ҳимояткунандаи донишҳои илмӣ ба ҳисоб мерафт. Олимони арабизабон, ки барояшон забони арабӣ забони илм ба шумор мерафт, баробари бо дастовардҳои илмии юнониҳо ошноӣ пайдо кардан, забонҳои онҳоро омӯхтанд, асарҳои илмиашонро бо хатти арабӣ (форсӣ) тарҷума карданд ва дар асоси он ба кашфиёти бузурги илмӣ ноил гаштанд. Арабҳо, аслан ба илмҳои математика ва табиатшиносӣ, аз ҷумла, ситорашиносӣ (нуҷум) таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Тавре медонем, АлМансур аз ҳар гӯшаву канори мамолики дуру наздик дар шаҳри Бағдод олимону орифони машҳури онвақтаро гирд   овадра, «Хонаи ҳикмат»- ро таъсис дода буд. 

Барои мушоҳидаи ситораҳову сайёраҳо расадхонаҳо бунёд гардиданд. Дар ин марказҳои илмӣ намояндагони бузурги мардуми арабизабон ба кори илмӣ ҷалб карда шуданд. Бо ҳамин мақсад, асари машҳури «Алмаҷест»-и Афлотунро дар бораи Сохти олам, инчунин, асарҳои дигари ситорашиносони юнониро тарҷума карда, ба онҳо арҷ гузоштанд. Бо вуҷуди ин, тарҷумонҳои араб аксари хурофотеро, ки дар абёти юнонӣ вуҷуд дошт, бе дигаргунӣ нигоҳ доштанд. Аз ҷумла, ситорашиносони арабизабон (забони илми онвақта арабӣ буд) бо ҷидду ҷаҳди зиёд ба илми хурофотпарастии астрология машғул  шуда, аз худ асарҳо боқӣ гузоштанд, ки минбаъд онҳо аз ҷониби олимони Аврупои Ғарбӣ ба забони лотинӣ тарҷума шуда, дар истифода қарор гирифтанд. Аз ҷумла, дар соҳаи арифметика онҳо бо ададҳои мукаммал, бо ҳам дӯст ва дугоникҳо аз кашфиёти Пифагор шинос шуда, онҳоро аз нуқтаи назари тасаввуф маънидод мекарданд. Барои ёфтани ҷуфти ададҳои бо ҳам дӯст Собит ибниҚурра формулаеро ошкор кард, ки дар асоси он шумораи беохири ҷуфтҳои бо ҳам мувофиқро ёфтан мумкин аст. 

Ин қоида чунин аст: Агар ададҳои р = 3 ∙ 2n-1; q = 3 ∙ 2n-1-1; r = 9 ∙ 22n-1 сода бошанд, он гоҳ ададҳои    А = 2n ∙ pq   ва   В = 2n ∙ r ҷуфти ададҳои бо ҳам дӯстро ҳосил мекунанд. Масалан, ҳангоми n = 2 будан, ҳосил мекунем: p = 11, q = 5, r = 71. Дар ин маврид, ададҳои А = 220 ва В = 284 ҳосил мешаванд. Дар ҳақиқат, тақсимкунандаҳои адади 220 ададҳои 1, 2, 4, 5, 10, 11, 20, 22, 44, 55, 110 ва тақсимкунандаҳои адади 284 ададҳои 1,2,4,71,142 буда, баробариҳои зерин ҷой доранд:  220 = 1+2+4+71+142 ва 284 = 1+2+4+5+10 +11+20+22+44+55+110.                      

Доир ба ин ададҳо нависандаи ғарби араб АлМадскритӣ дар асари «Бокира» овардааст, ки барои ҷалб кардани муҳаббати ҷинси муқобил кифоя аст, ки ба ӯ рақами 220 – ро дар ягон ашё навишта хӯронед ва худ рақами 284 – ро фурӯ баред. Таъкид кардааст, ки ин таҷрибаро дар ҳаёти хеш озмоиш карда, натиҷаи боварибахш ҳосил кардааст. Ҳамин тавр, парастиши хурофот бо ададҳо дар асрҳои миёна дар байни  мардуми мамолики исломӣ низ дида мешавад. 

Олимони арабизабон «квадратҳои сеҳрнок» — ро низ хислати хурофотӣ додаанд. «Квадратҳои сеҳрнок» гуфта, ҷадвалҳои шакли квадрат доштаро меноманд, ки дар ҳар як катаки онҳо ададҳои 1,2,3, … навишта шудаанд ва талаб карда мешавад, ки бояд суммаи ададҳо аз рӯи сатрҳо, сутунҳо ва диагоналҳои аз катакҳо тартибёфта ба ҳамон як адад баробар шавад. Ба ин квадратҳои ба 9 катак ва ба 16 катак ҷудокардашуда мисол шуда метавонанд.       

Чунин квадратҳои сеҳрнок дар дастхатҳои қадимаи чинӣ, ки 3500 сол то милод навишта шудаанд, дучор меоянд. Доир ба квадратҳои сеҳрнок ҳиндуҳо ҳам маълумот доштанд ва ин маълумот аз онҳо ба мардуми арабу форсҳо паҳн гашт. Дараҷаи баланди илми мардуми арабу форс ба маданияти асримиёнагии аврупоиён бетаъсир намонд. 

Аллакай дар асри X аврупоиён ба фарҳангу маданияти мардуми арабизабон рӯ оварда, аз кашфиёт ва дастовардҳои  илмии онҳо баҳраманд гаштаанд. Якҷоя бо унсурҳои илмии арабҳо аврупоиён, инчунин, хурофоти таассубии астрологӣ ва ададии онҳоро омӯхтанд. Қайд кардан бамаврид аст, ки ҳоло ҳам дар аксар меҳмонхонаҳои амрикоӣ ва баъзе мамлакатҳои аврупоӣ на ошёнаи 13 вуҷуд дораду на ҳуҷраи рақами 13. Ба ҳамин монанд, рақами 4 дар Хитой аз ҳама «даҳшатноктарин» шуморида мешуд ва онро дар баъзе мавридҳо на навиштан мумкин буду на  талаффуз кардан. 

Натиҷаи ҳамин аст, ки аксари хонаҳо, ҳуҷраҳо, лифтҳо дар Чини ҳозира рақами тартибии 4 – ро дар баробари 13 ва 23 надоранд. 

Ҷолиб ба ёдоварист, ки ба астрология ва пешгӯӣ кардан на танҳо одамҳои одӣ, балки ашхоси аз таассуф орӣ, ҳатто олимони бузург низ эътиқоди хосса доштанд. Дар таърихи инсоният ҳодисаву воқеаҳое дучор омадаанд, ки пешгӯии нодурусту беасос боиси ташвиши садҳо ҳазор инсон гардидааст. Масалан, олими маъруфи соҳаи математикаи Аврупо Михаил Штифель (1486 — 1567), ки дар соҳаи алгебра кашфиёти пурарзиш кардааст, ба хурофот дода шуда, оқилтарошии бесамар нишон медиҳад. Ӯ ба мардум эълон кард, ки 13 октябри соли 1533 дунё ба охир мерасад. Деҳқонони музофоти Голтсдорф ба ӯ ҳамчун олими соҳаи математика ва руҳонии олимартаба бовар карданд. Қисме аз онҳо ба тоату ибодат дода шуда бошанд, қисми дигарашон боигарии хешро фурӯхта талаву тороҷ карданд, қисми боқимонда корро бас карда, фаро расидани рӯзи маҳшарро интизор шуданд. 

Вақте ки дар рӯзи муқарраргашта ягон дигаргунӣ мушоҳида нашуд, аҳолӣ ба қаҳру ғазаб омада, ба муқобили руҳонии фолбин баромада, ӯро куштанӣ шуданд. Ба Штифели ноком лозим омад, ки ба Виттенберг гурезад ва ҷон ба саломат барад. Ин гуна мисолҳо хеле зиёданд. 

Ҳолатҳое низ мушоҳида мешаванд, ки дар онҳо ин ё он адад дар ҳаёти шоҳону сарфармондеҳон, одамони машҳур  нақши муҳим гузошта «муқаддас» гаштааст. Масалан дар ҳаёти шоҳи Фаронса Генрих IV адади 14 хеле нақши муҳим бозидааст. Бисмарк ба адади 3 эътиқоди бузург дошт. Барои Наполенони III адади 17 адади бобарор ҳисоб меёфтааст ва ғайра. 

Рафта — рафта кашфиёти илмӣ дар соҳаи астрономия ба астрология зарбаи ҳалокатовар заданд. Соли 1543 асари Николаи Коперник доир ба сохти нави Кайҳон чоп шуд. Телескопи ихтироъкардаи Галилей (с.1609) имкон фароҳам кард, ки мушоҳидаҳои астрономии аниқ гузаронида шаванд. Кеплер қонунҳои математикии гардиши сайёраҳоро дар гирди Офтоб ошкор кард. Нютон тавонист конуни ҷозибаи ҷаҳониро ошкор созад, то қонунҳои Кеплерро бо воситаи он маънидод кардан имконпазир намояд. Бо чунин дастовардҳо таъсири сайёраҳо ба қисмати одамон як хаёли пучу бемаънӣ ҳисоб ёфт. Мутаассифона, ба тараққиёт илму техника нигоҳ накарда, таассуфи илмӣ ва ададӣ ҳоло ҳам умр мебинаду ҳоло намурдааст. Инкишофи минбаъдаи он дар нимаи дуюми асри XVIII ва ибтидои асри XIX ба қайд гирифта шудааст.

Дар рӯзҳои мо  рӯзномаву маҷаллаҳо барои бозоргузару хонданибоб гардонидани саҳифаҳояшон ҳар гуна толеъномаҳоро рӯи коғаз оварда, диққати мардумро ба худ ҷалб мекунанд. Дар натиҷа, даҳҳо ҳазор хонанда ба ин суханони бофта бовар мекунанд ва худро ба ин ё он ҳолати сохтаву хаёлӣ омода месозанд. Агар дар асрҳои миёна мардум аз ҳодисаҳои табиии гирифтани Офтобу Моҳ ба изтиробу таҳлука меафтида бошанд, ҳоло ба ин ҳодисаҳо ҳамчун бо ҳодисаи одӣ муносибат мекунанд. Астрономҳо ҷадвали хусуфҳои Моҳ ва кусуфҳои Офтобро то миёнаи солҳои 3000 – ум тартиб додаанд ва рӯй додани чунин ҳодисаҳоро  хеле дақиқ пешгӯӣ мекунанд.

Адабиёт 1.С.А. Воронской. «Нумерология или наука о числах». Центрополиграф, 2009, 2.И.Чистяев. «Числовые суеверие», «Мир»,1985, 3. Кордемский Б.А.,Ахадов А.А «Удивительный мир чисел», «Просвещегие» 1986.