Хусусияти хоси мушкилоти зеҳнӣ аз он иборат аст, ки наврас онро тавассути усулҳои мавҷуда ҳал карда наметавонад. Бинобар ин, кӯшиш менамояд, ки дар асоси маърифати зеҳни худ онҳоро ҳал намояд. Мутахассисон дар ҷараёни таълими масъалаҳои дорои муаммо бояд на танҳо дар бораи мазмуну мундариҷа ва муҳтавои маводи таълимӣ фикр намоянд, балки роҳҳои ҳалли онҳоро низ нишон диҳанд.

Зеҳни эмотсионалии наврасон як навъи шуури фитрӣ маҳсуб шуда, дорои вижагӣ ва вазифаҳои хос аст, ки дар асоси таълимоти дуруст метавонад барои ташаккули шахсияти онҳо истифодаи муфид шавад. Вазифаҳои асосии омӯзгор дар ташаккули зеҳни эмотсионалии наврасон аз чанд масъалаи аслӣ ва усулӣ иборат аст. 

Аз ҷумла: 

— ба роҳ мондани фаъолияти амалии хонандагон, ташаккули маҳорату малака ва одатҳо дар заминаи ташкили самараноки корҳои таълимӣ 

-тарбиявӣ бо истифодаи усулҳои замони муосир;

— ташаккули ҷаҳонбинии баланди илмӣ; 

— таълимӣ ва ғоявии наврасон, бо истифода аз методҳои муосири педагогон ва равоншиносон; 

— ноил шудан ба сифатҳои муосири технологии хонандагони болаёқат ва ташаккули худшиносиву хештаншиносии насли наврас; 

— ташаккули меҳру муҳаббат ва эҳтиром гузоштан ба бузургони илму адаб;

 — ба роҳ мондан ва қавӣ гардонидани алоқаи донишҳои назарӣ бо амалӣ, ки наврасон ҳангоми омӯзиши фанҳои гуманитарӣ аз худ намудаанд; 

— шиносоии наврасон бо ҳолати корҳои таълимӣ – истеҳсолӣ дар осорхонаҳо, маҳфилҳои зеҳнию адабӣ – математика, география, расмкашӣ, театрҳо, дар рафти соатҳои тарбиявӣ ва корҳои лабораторӣ – амалӣ.

Бо назардошти ин, баъзе аз омилҳоеро, ки ба баланд бардоштани масъулияти омӯзгор дар амалӣ намудани иқтидори илмӣ – педагогӣ ва қобилияти зеҳнӣ ва ҳолати руҳии наврасон таъсир мерасонанд, чанд мисолҳоеро пешниҳод менамоем. Омӯзгор, пеш аз ҳама бояд мутахассиси дорои маълумоти олӣ, дорои маҳорату малакаи эҷодии тафаккур бошад, зеро малакаи эҷодии фикрронии мутахассис бо ташаккули чунин омилҳо муайян карда мешавад: 

— мустақилияти андешаронӣ; 

— ба таври фаврӣ ҷустуҷӯ намудан ва ба даст овардани донишҳои нави ба мавзуъ алоқаманд; 

— дарёфти усул ва воситаҳои муосири таҳқиқот; 

— таҳлили воқеӣ ва босамари ҳолати аз нав баамаломада; 

— ишғоли мавқеи интиқодӣ ҳангоми баҳо додан ба натиҷаи фаъолияти худ ва дигарон; 

— ҳангоми зурурат дар мавриди пеш омадани масъалаҳои душвор аз ҷиҳати амалӣ ва назарӣ истифодаи неруи худ, ҳамкасбон ва ҳамкорон. 

Сарчашмаҳои таълимии соҳаи педагогӣ ни-шон медиҳанд, ки дар рушду инкишофи зеҳнии наврасон на танҳо таълими фанҳои гуманитарӣ, балки фанҳои дақиқ ва риёзӣ ҳам аҳаммияти ка-лон доранд, зеро дар ҷараёни таълим ба масъалаҳои амалии ҳаётӣ рӯ ба рӯ шудан мумкин аст. 

Дар рафти таълим такмил додани зеҳни эмотсионалии наврасон дар ҳолате ба амал ме-ояд, ки омӯзгор на танҳо ба таври самаранок мазмуну мундариҷаи сарчашмаҳои асосӣ, ма-води назариявӣ ва китобҳои бадеӣ, балки як қатор омилҳои дигарро мавриди истифода қарор диҳад. Таҷриба нишон медиҳад, ки кор бо супоришу масъалаҳо зеҳни эмотсионалии наврасонро фаъол, донишҳои онҳоро васеъ ва шавқу рағбаташонро ба фанни мазкур зиёд мегардонад. 

Шарти дигари фаъолгардонии зеҳни эмотсионалии наврасон донистани қоидаҳои умумӣ мебошад, ки он ҳангоми истифодаи мавод дар мубоҳисаҳо ва бархӯрди ақидаҳои мухталиф мавриди истифода қарор мегирад. Ба наврасон доир ба мулоҳизаронии дурусти мантиқӣ ва интихоби принсипҳои дуруст маълумот додан зарур аст. Чуноне маълум аст, усулҳои ташаккул додани зеҳни эмотсионалии наврасон гуногун мебошанд. Он аз шароит, ашё, дараҷаи такомули ҳамаҷонибаи равандҳои маърифатии наврасон, аз шахсияти омӯзгор савияи дониш, маҳорату малака ва таҷрибаҳо таркиб меёбанд. Аммо як қатор қоидаҳои умумӣ барои тамоми шаклҳои кор ҳатмӣ шуморида мешаванд: 

а) ба таври дақиқ донистани мақсаду муҳтавои машғулият ва натиҷаи он; 

б) назорати махсуси иҷрои дурусти машғулият аз тарафи омӯзгор ва маъмурияти муассиса; 

в) мувофиқати теъдоди машғулиятҳо ба рушду инкишофи зеҳни эмотсионалии наврасон; 

г) машғулият бояд ҳадафнок интихоб гардад.

Фаъолгардонии кори зеҳнии наврасон ҳангоми машғулияти амалӣ ва муаммогузорӣ равшан мегардад. Моҳияти машғулияти амалӣ ва муаммогузорӣ аз идораи ташкили раванди таълимие иборат аст, ки дар ҷараёни он наврасон на танҳо аломатҳоро дар шакли омодашуда қабул, муайян ва азбар менамоянд, балки якҷоя бо омӯзгор ва ё мустақилона 

дар шароити вазъи муаммогузорӣ системаи масъалаҳои мантиқию маърифатиро дар асоси дониш, малака ва қобилиятҳои зеҳнӣ ҳал менамоянд.

Барои бедор намудани зеҳни эмотсионалии наврасон омилҳои зерин таъсир мерасонанд: 

— истифодаи оқилонаи китобхона ва рӯзномаву маҷаллаҳои соҳавии барои хонандагон хос; 

— барномаҳои инноватсионӣ ва шабакаи интернет; 

— забондонӣ.

Самти дигаре, ки метавонад ба соҳибмаъ-лумот шудани наврасон таъсири амиқ расонад, нақши падару модар мебошад.

Ба мақсади баланд бардоштани зеҳни эмотсионалии наврасон ва истифодаи самараноки он, ҳамчунин, ба самтҳои зерини раванди таълим диққат бояд дод: 

— қисми назариявии фанни таълимӣ (назариявӣ) бояд бо қисми амалию мустақилона дар робитаи мантиқӣ таълим дода шавад; 

— масъалаи ҳалталабро барои ҳар се қисми таълим (назарӣ, амалӣ ва кори мустақилона) бояд ба нақша гирифт, то ки онҳо давоми мантиқии якдигар ва дар асоси таълими якдигар пурра карда шаванд. Аз ҷумла, ҳангоми гузаштани дарс бо усули ба ёд овардан: «тавре, ки дар дарси назарӣ хонда будед ва ё тавре, ки дар кори амалӣ шоҳид шудед» ва монанди инҳо. 

Дарси назариявӣ бо назардошти камии вақт тавассути истифодаи воситаҳои техникӣ: тахтаи электронӣ дар шакли рӯнамо (слайд) бояд гузарад.

Бо мақсади баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва ташаккули зеҳни эмотсионалии наврасон зарур аст: 

— дар заминаи дастовардҳои нави илмӣ, таҷрибавӣ, технологияи иттилоотӣ ба роҳ мондани усулҳои нави таълим; 

— андешидани тадбирҳои зарурӣ оид ба баланд бардоштани зеҳни эмотсионалии наврасон, ташкили шуроҳои педагогӣ ва ҷамъиятӣ ва ҷалби падару модарон дар фаъолияти онҳо; 

— ҷустуҷӯи роҳҳои боэътимоди истифодаи пурраи иқтидори зеҳнии наврасон, ташкили машғулиятҳои иловагӣ барои наврасони сустхон; 

— густариши ҳамкориҳои муассиса бо муассисаҳои таълимию илмии бонуфузи кишварҳои хориҷӣ дар бахши тайёр намудани кадрҳои баландихтисос; 

— ташкили машғулияти намунавӣ, ҳисоботӣ ва чорабиниҳои беруназсинфӣ; 

— ҳамкорӣ бо педагог – психологи муассиса; 

— аз ҷониби омӯзгор ва маъмурияти муассиса андешидани тадбирҳои судманд ҷиҳати ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои беруназсинфӣ, истироҳатгоҳҳо, тамошои асарҳои рассомон, шинос шудан бо осорхонаҳо; 

— ҳамкории муассиса бо волидайн оид ба баланд бардоштани зеҳни эмотсионалии наврасон дар ҷараёни омӯзиши фанҳои гуманитарӣ. Дар маҷмуъ, ин ҳама тадбир барои ташаккули зеҳнӣ, фикрӣ ва ахлоқии насли наврас мусоидат намуда, наврасро ба сифати ҷавони қобилиятнок ва муҷаҳҳаз бо донишҳои муосиру ахлоқи намунавӣ бавоя мерасонад, ки ӯ дар 

раванди омӯзишҳои олӣ ва кору зиндагӣ ҳамчун неруи комили зеҳнӣ ва ниҳоятан ҳамчун сарвати миллӣ барои ҷомеа хизмат мекунад.

                                                                  Адабиёт 

1. Ашевская Л. А. Развитие творческих способностей и личности учащихся. // Русский язык в школе. — 2001. — №6. — С. 21 — 25. 

2. Дружинин В. Н. Психология творчества. // Психологический журнал. 2005. – Том № 26. — № 5. — С. 101 -109.

3. Қодиров С. , Давлатов М. Психология. — Душанбе; Сино — 2002 

4. Левин В. А. Воспитание творчества. — Томск: Пеленг, 1992. 

5. Мустафоқулов Т., Назруллоева М. Асосҳои психологияи синнусолӣ ва педагогӣ. Ду-шанбе. 1994. 

6. Юнусова Н. М., Давлатов М. — Дасту-ри психологияи амалӣ, Душанбе; СОБИРИЁН -2004.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *