Хайрулло РАҲИМОВ,
омӯзгори собиқадор,
Аълочии маорифи Тоҷикистон

Омӯзиши шеърҳои Ҳабиб Юсуфӣ баъди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз синфи 7 оғоз мешавад. Дар ин синф омӯзиши се шеъри ӯ – «Ба Ватан», «Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар», «Ба ҳар куҷот равам, дил диёри ман гӯяд» тавсия гардидааст. Ин шеърҳо дар эҷодиёти Ҳабиб Юсуфӣ дар мавзуи Ватан аз навиштаҳои беҳтарини ӯ ба шумор рафта, омӯзиши онҳо ба хонандагон дорои аҳаммияти бузурги таълимию тарбиявианд. Муҳассилин зимни омӯхтани ин шеърҳо дар худ ҳисси муҳаббат ба Ватан, вафодорӣ ба он ва дар тиннати худ хислатҳои қаҳрамонӣ мепарваранд.
Аз ин рӯ, дар барномаи забон ва адабиёти тоҷикӣ ба таълими ин мавзуъҳо 2 соат вақт ҷудо гардидааст. Муаллим метавонад ба таълими шеърҳои «Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар» ва шеъри «Ба ҳар куҷот равам, дил диёри ман гӯяд» як соатӣ ҷудо кунад ва ҳангоми омӯхтан ва таҳлили ин шеърҳо метавонад, тарз ва усулҳои гуногуни хониш, фаҳмондадиҳиро истифода барад.
Дарси 1.
Мавзуъ:
Таҳлили шеъри «Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар».
Ҳангоми таълими ин шеър ба шогирдон дар ҳаҷми зерин маълумот дода мешавад: а) баёноти муқаддимавӣ; б) шарҳи ҳоли шоир; в) хондан ва хонондани шеър; г) шарҳи луғат; д) таҳлили мазмун ва мундариҷаи шеър; е) маълумоти назариявӣ дар бораи тазмин.
Чунон ки маълум гардид, ин дарс мураккабу сервазифа аст. Ин ҷиҳатро ба эътибор гирифта, омӯзгор баъди пурсиши вазифаи хонагӣ дар бораи ҳаёти шоир, сол, ҷои таваллуд, таҳсил, зиндагии ӯ дар Самарқанду Сталинобод ва ба сафи артиши Шуравӣ рафтанаш мухтасар маълумот медиҳад. Сипас, дар бораи шеъри «Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар» маълумоти муқаддимавӣ дода, қайд мекунад, ки Ҳабиб Юсуфӣ дар мавзуъҳои гуногун шеърҳои зиёде навиштааст. Шеъри «Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар» яке аз охирин шеърҳои ӯст, ки дар мавзуи Ватан буда, онро дар аввалин рӯзҳои саршавии Ҷанги Бузурги Ватанӣ эҷод намудааст. Ин шеър аз ҳамон рӯзҳо то имрӯз дар рӯзномаю маҷаллаҳо даҳҳо маротиба чоп гардида, ба воситаи радиову телевизион бо садои ровии маҳбуб – Маҳмудҷон Воҳидов шунавонида, вирди забонҳо гардид ва ҳар дафъа ба ҳисси ватандӯстонаи ҳар як фард таъсири амиқ ва нав ба нав мегузошт.
Хониши намунавии шеъри «Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар». Муаллим шеърро пурра ва ифоданок хонда, мазмунашро ба шогирдон нақл намуда, илова мекунад, ки шеъри мазкур дорои вазни муайян буда, он дар асоси мазмун, мундариҷа ва вазни байти ҳаштум, ки аз они Саъдии Шерозист, бо услуб ва тарзи баёни нав навишта шудааст.
Хониши хонандагон. Муаллим шеърро ба чор қисм ҷудо мекунад ва чор хонанда бо навбат онро хонда, мазмуни матни хондагиашонро нақл менамоянд.
Хониши хотимавӣ. Ҳангоми хониши хотимавӣ омӯзгор хонандаҳои дар давоми дарс нофаъолро ба хондани шеър ҷалб менамояд ва дарсро ба воситаи саволҳои зерин мустаҳкам мекунад:
1. Ҳабиб Юсуфӣ кай ва дар куҷо таваллуд шудааст?
2. Ӯ дар куҷоҳо ва чӣ гуна таҳсил намудааст?
3. Ҳаёти минбаъдаи ӯ дар куҷо ва чӣ тавр гузаштааст?
4. Ин шеърро кай, ба кадом муносибат навиштааст?
5. Ин шеър дар кадом навъи адабӣ иншо гардидааст ва чаро онро тазмин мегӯянд?
6. Шоир қудрати қаламу суханро ба чӣ ташбеҳ додааст?
7. Зери мафҳуми «манҳус –анчар» чӣ ва кӣ дар назар аст?
Супориш: Дар хона ифоданок хондани шеърро машқ ва онро аз ёд кунед.
Дарси 2.
Мавзуъ: Таҳлили шеъри «Ба ҳар куҷот равам, дил диёри ман гӯяд».
Ин дарсро низ мисли дарси гузашта аз пурсиши вазифаи хонагӣ шуруъ намуда, аз саволҳое, ки барои мустаҳкамкунии дарс ба кор бурда шуда буд, бо каме тағйирот истифода бурда, омӯзгор онро бо дарси нав алоқаманд менамояд. Баъди ҷамъбасту баҳогузорӣ омӯзгор ба хонандагон супориш медиҳад, ки китоби адабиёт, саҳифаи 213-ро кушода, ба шеъри мазкур нигаранд. Сипас, худ онро ифоданок хонда, мазмунашро нақл менамояд ва қайд мекунад, ки шоир ин шеърро соли 1938 эҷод намудааст. Он солҳо дар Германияи фашистӣ Гитлер — душмани башарият ба сари ҳокимият омада буд. Ин вазъият шоири ватандӯстро ба ташвиш наоварда наметавонист ва ӯ дар шеъри номбурда муносибати хешро ба воқеаҳои замон бо чунин суханон: «Қалам бигзор, бигир теғу ба фарқи аду бизан» ифода намудааст. Баъдан, муаллим барои муайян кардани шакли шеър аз талабаҳо мепурсад:
— Дар ин шеър кадом калимаҳо қофия ва кадомаш радиф аст? Онҳо ба китобҳои худ нигариста, чунин ҷавоб хоҳанд дод:
— Мисраъҳои аввали байтҳо аз қофия озод ва дар мисраъҳои дуюм дар калимаҳои Ватан, хештан, чаман, ман, сухан, тан, куҳан, бизан ҳиссаи «ан» қофия ва калимаи «гӯяд» радиф аст.
Барои он ки мазмуни шеърро хонандагон дуруст дарк намоянд, муаллим аввал мазмуни мафҳуми Ватанро дар эҷодиёти Ҳабиб Юсуфӣ мефаҳмонад ва мегӯяд:
— Бачаҳо, Ватан дар эҷодиёти Ҳабиб Юсуфӣ тамоми сарзамини собиқ Иттиҳоди Шуравиро ифода мекунад, — ва аз харитаи ҷаҳон сарзамини паҳновари Русия ва 15 ҷумҳурии иттифоқиро нишон медиҳад. Баъди ин матлабро фаҳмонидан як хонанда байти аввали шеърро ифоданок қироат ва мазмуни онро чунин шарҳ медиҳад:
— Шоир мегӯяд, ки ҳар гоҳ қалам ба даст гирифта шеър навиштанӣ мешавам, забони ман аз ҳама пештар Ватан мегӯяд.
Шогирди дигар байти дуюмро хонда, чунин мегӯяд:
— Дили шоир аз ишқи Ватан саршор буд. Бинобар ин, ӯ онро хазинаи илҳоми худ номидааст.
Байти сеюмро духтаре хонда, ба тариқи зайл шарҳ медиҳад:
— Дар ин байт дар мисраи аввал калимаи «таронаву» дар китоб ғалат чоп шудааст, онро агар «таровату» менавиштанд, чунин маъноро ифода мекард:
— Ватан, ту аз он ки чунон зебо ҳастӣ ва дорои рангу бӯй хосӣ, тамоми гӯшаю канори туро боғу бӯстон номидан месазад.
Байти чорумро хонандаи дигаре ифоданок хонда, чунин маънидод менамояд:
— Дар оғӯши Ватанам ҳазорон диёру шаҳр ҳаст. Ман ба ҳар гӯшаи он равам, он ҷойро Ватани худ мешуморам.
Бо ҳамин усулу равиш байтҳои 5-9-ро ҳам хонандагон бо ёрии омӯзгор таҳлил мекунанд. Дар фарҷом аз рӯи саволҳои дар зер додашуда дарсро мустаҳкам ва ҷамъбаст кардан мумкин аст:
1. Ин шеър дар кадом навъи адабӣ эҷод гардидааст?
2. Қофияи он дар кадом калимаҳо чӣ гуна аст?
3. Калимаи баъди қофия омада чӣ ном дорад?
4. Ишқи Ватанро шоир ба кадом маъшуқаи таърихӣ ва худро ба кадом ошиқи ӯ нисбат додааст?
5. Шеъри «Ба Ватан»-ро хонда, ба наср гардонед.
Супориши хонагӣ: Аз китоби «Роҳи нотамом» чанд шеъри шоирро интихобан мутолиа намоед.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *