
Фарзона ИСМАТОВА,
мураббии кӯдакистони №132,
ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе
Намунаи як машғулият дар гурӯҳи калони томактабӣ
Яке аз вазифаи асосии калонсолон, махсусан, мо-мураббиёну омӯзгорон, ки бештари вақтамон ба таълиму тарбияи кӯдакону наврасон мегузарад, тарбияи дурусти ин қишри ҷомеаи ояндасоз дар руҳияи одобу ахлоқи ҳамида ва фарҳанги дурусти муошират бо бузургон ва эҳтироми калонсолон, махсусан, падару модар ва дигар узви оила мебошад. Бояд гӯям, ки ин вазифаи ҷониву виҷдонии ҳар яки узви ҷомеа ва махсусан, мо-калонсолон аст. Зеро насли калонсол нахустин манбаи пайравии кӯдакон ба ҳисоб мераванд.
Мо низ хостем, як машғулияти муфид ба унвони намуна дар бораи эҳтироми калонсолон дар гурӯҳи калони томактабӣ ба хонандагони маҷаллаи «Маърифати омӯзгор», хусусан, мураббиёни ҷавон пешниҳод кунем, то ки дар оянда ҳангоми гузаштани машғулиятҳо аз он истифода баранд.
Мақсад аз машғулият: дар замири кӯдакони гурӯҳи калони томактабӣ тарбия кардани ҳисси эҳтироми калонсолон, инкишофи таваҷҷуҳи кӯдакон ба атрофиён.
Воситаҳои машғулият: Нишонаҳо барои викторина, тасвирҳо, рӯнамо, видеоролик (агар имкон бошад), нишони «Хушмуомилаи беҳтарин».
Рафти машғулият
Мураббӣ: Салом, дӯстрӯякони ман, машғулияти имрӯзаи мо дар бораи ҳурмату эҳтироми калонсолон ва бо онҳо чӣ тавр хушмуомила будан мебошад. Шумо — азизони ман, «Ҳурмати калонсолонро ба ҷо биёр» гуфта, чиро мефаҳмед?
Бачаҳо: Ин маънои ба калонсолон салом гуфтан, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, махсусан, автобусу троллейбус ҷойи нишаст додан, ба онҳо ёрӣ расонидан ва дигар амалҳои нек мебошанд.
Мураббӣ: Офарин, бачаҳои азиз, аз ҷавобҳои боварибахшатон маълум мешавад, бисёре аз шумо дар бораи эҳтироми бузургон маълумот доред. Аммо дар байнатон ҳоло ҳам ҳастанд шахсоне, ки доир ба ин мавзуъ кам маълумот доранд. Онҳо то ҳол намедонанд, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ-кӯчаву бозор, нақлиёти мусофиркаш ва дигар маконҳои серодам чӣ тавр рафтор намоянд. Барои ҳамин бачаҳои азиз, барои дуруст ва бештар аз худ кардани ин мавзуъ викторина мегузаронем. Викторина аз саволҳо доир ба эҳтироми бузурсолон иборат аст. Шумо бояд бодиққат бошед ва ба саволҳои пешниҳодшуда ҷавобҳои дуруст гардонед. Ҳар шахсе, ки дуруст ҷавоб медиҳад, соҳиби як нишона мешавад.
Оғози викторина
Мураббӣ саволҳоро ба бачаҳо пешниҳод мекунад ва барои ҳар як ҷавоби дуруст нишонаҳо такдим менамояд.
Савол: Бачаҳо вақте ба хонаатон шахси калонсол ворид шаваду шумо нишастаед, дар ин ҳолат шумо чӣ тавр рафтор мекунед?
Ҷавоб: Аз ҷоямон хеста, ба ӯ салом дода, ҷойи худамонро пешниҳод мекунем.
Савол: Вақте бори аввал дар кӯча, хона ва ё дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо шахси бузургсол вомехӯред, чӣ гуна рафтор мекунед?
Ҷавоб: Дар ҷойи худ рост истода, аз рӯйи одоб салом медиҳем.
Савол: Вақти мулоқот бо шахси калонсол шумо чӣ гуна рафгор мекунед?
Ҷавоб: Дар рӯ ба рӯйи ӯ рост истода, даст ба ҷайб накарда, оромона суҳбат мекунем.
Савол: Ба онҳо “ту” гуфта, муроҷиат мекунед ё “шумо”?
Ҷавоб: Албатта, «шумо» гуфта, сухан мекунем.
Савол: Шумо дар кӯчаву хиёбонҳо шахсони калонсоли маъюберо мебинед, ки дар даст бор доранду аз баландие, роҳи мошингарду пиёдагарде гузашта наметавонанд ва ба ёрӣ ниёз доранд. Дар ин ҳолатҳо шумо чӣ кор мекунед?
Ҷавоб: Аз дасташон гирифта, мадад мерасонем, то ки ба ҷойҳои бехатар гузаранд.
Савол: Бачаҳои азиз, вақте мебинед, ки шахсони калонсол бо ҳам гап зада истодаанд ё дар кунҷе истироҳат доранд, шумо дар ин ҳолат чӣ кор мекунед?
Ҷавоб: То вақте ки аз мо сухан напурсанд, ба суҳбати онҳо халал намерасонем. Ҳамзамон, дар вақти истироҳати онҳо баланд намехандему сухан намекунем ва дар гирду атрофашон беҳуда гаштугузор ва бозӣ намекунем.
Баъд аз он ки мураббӣ викторинаро ҷамъбаст мекунад, ба кӯдаконе, ки бештар ҷавобҳои дуруст додаанд, нишонҳои «Хушмуомилаи бехтарин» месупорад.
Баъдан дар бораи эҳтироми калонсолон якчанд сухани насиҳатомез, ба монанди: Писарони азиз, бо суханҳои дағалу бад ва рафтори ношоиста бузургсолон, махсусан, волидони худро наранҷонед. Ҳар гоҳе мебинед, ки онҳо кор карда истодаанд, рафта ба онҳо ёрӣ расонед, бепарво дар гирду атрофи онҳо нагардед ва бозӣ накунед. Дар ягон ҳолат пирони рӯзгордидаро, ки дар даст асо доранд ё каме миёнашон хам задааст ва ё оҳиста роҳ мегарданд, масхара накунед ва ба ҳолашон нахандед, чунки шумо ҳам рӯзе бузурсол мешавед. Ҳамеша ба гапи калонсолон гӯш диҳед ва ҳар насиҳати кардаи онро қабул кунед ва онро дар зиндагии ояндаатон истифода баред. Онҳо аз таҷрибаи зиндагии худ, ки дар тӯли ин солҳо дидаанд, ба шумо мегӯянд, то ки дар оянда ранҷ накашед. Шумо, писарони азиз, ҳамеша ёру мададгори шахсони калонсол бошед. Ҳеҷ гоҳ ба тарафи падару модар ва бобову бибии худ садо баланд накунед ва бо рафтори бади худ онҳоро наранҷонед. Дар назди онҳо эркагӣ накунед, агар ба шумо бозичае ё шириние медиҳанд, бо хушнудӣ қабул намоед ва бо сухани ширин «ташаккур» гӯед. Ин рафтори шумо онҳоро хушҳол ва хушбахт мекунад.
Дӯстрӯякони ман, ҳоло бошад, ба шумо як воқеаеро мегӯям, ки худам шоҳиди он будам. Як субҳи барвақт дар автобус нишаста, коргоҳ мерафтам. Дар яке аз истгоҳҳо автобус мусофиронро фароварда, ҳаракат карданӣ буд, ки ногоҳ як мӯйсафед асо дар даст ворид шуд.
Дар автобус, ки хеле мусофири зиёд дошт, ҷойи нишаст набуд. Дар яке аз курсиҳои автобус ду бародар баҳузур нишаста буданду бо ҳам шӯхӣ карда, механдиданд. Ногоҳ яке аз он бародарон, ки ба синну сол хурд буд, чашмаш ба мӯйсафед афтид. Ӯ аз ҷой хеста, мехост ҷой диҳад, аммо бародари бузургаш, ки ҳамсинну соли шумо буд, аз дасти додараш дошта, намегузошт, ки ба мӯйсафед ҷой диҳад. Дасти ӯро маҷбур мекашид, то ки дар ҷояш баргашта шинад, вале додар, ки одобу ахлоқи баланд дошт, ба тарафи бародари калониаш чунин гуфт:
-Акаҷон, магар шумо фаромӯш кардед, ки модарам чӣ гуфта буданд? Модарам ҳамеша ба ману шумо мегӯянд, ки ҳар вақте ба автобус шахси калонсол медарояд, ҳатман аз ҷоятон хеста, ҷойи нишасти худро ба ӯ пешниҳод кунед.
Писарак баъди ин суханҳо аз ҷояш хеста, мӯйсафедро дар ҷойи худ шинонд.
Мӯйсафед рафтори писаракро дида, хеле хушҳол гашту ба ӯ ва волидонаш барои чунин тарбияи дуруст «ташаккур» гуфт ва дуои нек намуд.
Бо чунин тарз мураббӣ машғулияти худро ҷамъбаст мекунад.
Ин дарс аз ду ҷиҳат барои кӯдакон фоидабахш аст: нахуст, аз тариқи иштироки бевоситаашон дар саволу ҷавоб ва дуюм, дар натиҷаи шунидани ҳикояҳои тарбиявӣ кӯдакон хислатҳои хубу бадро барои худ ташхис медиҳанд ва барои дар оянда пайравӣ кардан меомӯзанд.
Мураббие, ки хислати омӯзишӣ ва ҷустуҷӯиро дорад, ҳатман барои таҳкими мавзуъ аз зарбумасалу мақолҳои халқӣ, шеърҳо ва ҳикояҳои хурду афсонаҳо, бозиҳои нақшдор дар бораи иззату эҳтироми калонсолон бамаврид истифода мебарад.