Набӣ ҚОДИРОВ,

мутахассиси пешбари шуъбаи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва технологияҳои инноватсионии таълими Академияи  таҳсилоти Тоҷикистон ва омӯзгори калони МД ДҶТИБКСМ


Имрӯзҳо дар ҷомеа шоҳиди рафтор ва гуфтори дағали баъзе ҷавонон ва наврасон гашта, таъбатон хира мешавад ва ба андеша фуру меравед, ки наход дар забони мо суханони хуби меҳрубонона, таскинбахш, рӯҳбаландкунанда ва дилхушкунанда набошанд, ки ин ҷавонони беодоб истифода баранд. Ҳатто ин рафтори онҳо дар ҷомеа як раванди муқаррарӣ гашта, бисёр ҷавонони ба қавле «боодоб» низ ба онҳо пайравӣ мекунанд ва дар мавриди муайян аз чунин рафтору гуфтори дағал ва беодобона истифода мебаранд, ки ин хеле ташвишовар аст. Дар шабакаҳои интернетӣ низ аҳвол ҳамин, шарҳи баъзе нафаронро хонда, фикр мекунед, ки аз кӯчаи маърифат комилан нагузаштаанд.

Мутаассифона ин гуна муносибатро дар рафтору гуфтори хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ низ мушоҳида мекунем. Албатта, барои чунин будани рафтори ҷавонону наврасон қариб ҳама аҳли ҷомеа омӯзгор ва муассисаи таълимиро гунаҳкор меҳисобанд, вале онҳо фикр намекунанд, ки фарзандашон дар давоми шабонарӯз ҳамагӣ 4-5 соат дар муассисаи таълимӣ қарор дорад, боқии вақт дар тарбияи падару модар ва муҳити оила мебошанд. Баъзе падару модарон фарзандони худро ба меҳнати ҳалол одат накунонида, ба қавле «эрка» тарбия мекунанд, ки дар ниҳоят ин эркаҳо гапи худи волидонро гӯш намекунанд. Баъд, барои чунин будани фарзандашон омӯзгорон ва муассисаи таълимиро гунаҳкор мекунанд, ин дар ҳолест, ки ягон маротиба дар маҷлисҳои падару модарон иштирок намекунанд ва аз дари мактаб намедароянд то ба раванди таълими фарзандро шоҳид шаванд, аз бурду бохти фарзанд огоҳ бошанд, рӯзномаи фарзандро таҳлилу ташхис намекунанд ва дар ниҳоят тамоми номуваффақии фарзандро бар дӯши омӯзгор мегузоранд. Аз ин лиҳоз, дар тарбияи наврасон ва ҷавонон, дар баробари омӯзгорон, падару модарон ва тамоми аҳли ҷомеа низ вазифадор мебошанд. 

Ба хотири тарбияи насли наврас, баланд бардоштани сатҳи маърифат ва маданияти хонандагони муассисаҳои таълимӣ ҳангоми муошират дар поён, нақшаи намунавии дарси тарбиявӣ оварда мешавад, ки фикр мекунем барои истифодаи омӯзгорон аз манфиат холӣ нест. 

МАВЗУЪ: ИСТИФОДАИ «СУХАНҲОИ СЕҲРНОК» ҲАНГОМИ МУОШИРАТ.

Мақсад: Баланд бардоштани малакаҳои истифодаи «суханҳои сеҳрнок» ҳангоми муошират дар хонандагон.

Натиҷаҳои интизоршаванда: Дар охири машғулият хонандагон: 

— «суханҳои сеҳрнок»-ро номбар карда метавонанд; 

— хусусияти онҳоро шарҳ дода метавонанд; 

— мавриди истифодаи «суханҳои сеҳрнок»-ро мефаҳмонанд; 

— дар ҳаёт аз «суханҳои сеҳрнок» истифода бурда метавонанд.

Мавод: коғазу қалам (флипчарту маркер), варақаҳо бо супориш, тестҳо.

Методҳо: ангезиши зеҳн, сӯҳбат, корҳои фардӣ, дунафара ва гурӯҳӣ, истифодаи варақаҳо ва воситаҳои навишторӣ.

Вақт: 1 соати академикӣ (45 дақиқа).

РАВИШИ МАШҒУЛИЯТ:

1. Ба ҷо овардани одоби салом ва омода намудани хонандагон – 1 дақ. 

2. Шинос кардани хонандагон бо мақсади машғулият – 1 дақ. 

3. Ангезиши зеҳн – 4 дақ.

Омӯзгор бо саволҳои зерин ба хонандагон муроҷиат мекунад ва ҷавобҳои ҷолиби онҳоро дар тахтаи синф менависад. 

Саволҳо: 

— Бачаҳои азиз, шумо зери мафҳуми «сеҳрнок» чиро мефаҳмед? 

— Оё сухан ҳам сеҳрнок буда метавонад? 

— Ба суханони сеҳрнок кадомҳо дохил мешаванд? 

— Шумо онҳоро чӣ гуна истифода бурда метавонед?

Саволҳо ҳарчи бештар муҳокима карда шаванд. Баъд аз муҳокимаи саволи охирин кори гурӯҳӣ ба роҳ монда мешавад. Вазифаҳо барои кори гурӯҳҳо ҳангоми навиштани ҷавобҳои хонандагон дар тахтаи синф пайдо мешаванд. Масалан, ҳангоми муҳокимаи саволи сеюм – «Ба суханони сеҳрнок кадомҳо дохил мешаванд?», ин суханҳо бояд дар тахта аз тарафи омӯзгор навишта шаванд: «Салому алейк», «Раҳмат», «Марҳамат», «Бубахшед ё узр» ва ғайра. Агар ҷавобҳои хонандагон зиёд бошанд, омӯзгор онҳоро ба ҳамин чор мафҳум муттаҳид мекунад. 

4. Кори гурӯҳӣ – 10 дақ.

 Омӯзгор хонандагонро ба 4 гурӯҳ муттаҳид мекунад. Тарзи гурӯҳбандии хонандагон ба ихтиёри омӯзгор аст. Ба ҳар гурӯҳ аз суханҳои сеҳрнок яктогӣ медиҳад. Масалан, вазифаҳоро дар гурӯҳҳо бо чунин тарз тақсим кардан мумкин аст: 

Гурӯҳи 1. «Салому алейк».

Гурӯҳи 2. «Раҳмат».

Гурӯҳи 3. «Марҳамат».

Гурӯҳи 4. «Бубахшед ё узр». Пас аз тақсимоти вазифаҳо ба гурӯҳҳо чунин супориш дода мешавад: — вобаста ба вазифаатон дар гурӯҳ маслиҳат намуда, ҳолатҳоеро аз ҳаёт муайян кунед, ки шумо дар он аз ин сухани сеҳрнок истифода бурда метавонед; — фикрҳоятонро бо истифодаи ягон воситаи навишторӣ (нақша, ҷадвал) дар варақи калон қайд кунед, рӯнамо (муаррифӣ – презентатсия) омода намоед; — натиҷаи коратонро ба дигарон муаррифӣ кунед. 

5. Муаррифии корҳо (барои ҳар як гурӯҳ то 3 дақиқа) – 10-12 дақ. Пас аз анҷоми вақти ҷудошуда, омӯзгор баррасии корҳоро ба роҳ мемонад. Баррасиро аз гурӯҳи хоҳишманд оғоз кардан мумкин аст. Агар хоҳишмандон набошанд, аз гурӯҳи якум оғоз ёфта, мувофиқи тартиби рақамашон гурӯҳҳо идома медиҳанд. Ҳангоми баромади гурӯҳҳо ва муҳокимаи масъалаҳо ҳаракат кардан лозим, ки вазъиятҳои ҳаётӣ аз ҳар нуқтаи назар муҳокима гарданд. Ин барои пайдо кардани малакаҳои истифодаи «суханҳои сеҳрнок» дар вазъиятҳои гуногуни ҳаётӣ бабачаҳо ёрӣ мерасонад. 

6. Арзёбии кори гурӯҳҳо – 5 дақ.  Пас аз анҷоми муаррифии гурӯҳҳо омӯзгор фаъолияти баҳодиҳӣ ба кори гурӯҳҳоро ба роҳ мемонад. Баҳодиҳӣ ба таври шифоҳӣ гузаронида мешавад. Омӯзгор аз хонандагон хоҳиш мекунад, ки бо навбат (аз гурӯҳи 1 сар карда) ба фаъолияти ҳамдигар баҳо медиҳем. 

Ҳангоми баҳодиҳӣ ба се меъёри асосӣ диққат медиҳем – ороиши кор (то чӣ андоза хоно ва фаҳмо оро дода шудааст), мазмуни кор (то чӣ андоза аз мазмуни кор баҳра бардоштан мумкин аст) ва муаррификунанда (то чӣ андоза муаррификунада мазмуни корро ба дигарон фаҳмонида тавонист). 

7. Хулоса ва ҷамъбасти машғулият – 5 дақ. Хулосаҳои машғулияти тарбиявӣ якҷоя бо хонандагон тариқи суҳбат бароварда мешавад. Бо ин мақсад омӯзгор ба хонандагон бо саволи «Шумо аз машғулият чиро омӯхтед?» муроҷиат мекунад ва ҳамаи ҷавобҳои хонандагонро мешунавад. Дар охири суҳбат бо якчанд фикрҳои ҷолибу асосӣ дарс ҷамъбаст карда мешавад. Масалан: «Бачаҳои азиз! Ҳамин тариқ, мо бо шумо оид ба истифодаи суханони сеҳрнок суҳбат кардем ва фаҳмидем, ки онҳо дар муоширати байни инсонҳо хеле муҳиманд. Суханони сеҳрнок байни одамон меҳру муҳаббат ва якдигарфаҳмиро ба вуҷуд меоранд». 

8. Баргаштан ба мақсади машғулият ва пайгирии онҳо – 5 дақ. Омӯзгор ба мақсади дарс бармегардад ва пайгирӣ мекунад, ки оё хонандагон ба онҳо ноил гаштаанд ё не. Ҳангоми пайгирии мақсадҳои машғулият омӯзгор аз баъзе хонандагон хоҳиш мекунад, ки фикрҳояшро нисбати ин ё он мақсад мушаххас гӯяд, то боварӣ ҳосил шавад, ки дар ҳақиқат онҳо ба мақсадҳо ноил гаштаанд. 

9. Рефлексия – 5 дақ.  Ба хотири гирифтани таассуроти хонандагон аз машғулият омӯзгор ба онҳо бо саволҳои зер муроҷиат мекунад: 

1. Аз машғулияти имрӯза чӣ ба шумо писанд омад? 

2. Кадом фаъолият дар машғулияти мо ба шумо маъқул нашуд? 

3. Аз машғулияти имрӯза кадом донишҳои навро омӯхтед? 

4. Ин донишҳоро дар куҷо истифода бурда метавонед?

Ҳар як савол ба таври муфассал муҳокима карда мешавад. Хонандагон бояд муваффақияту норасогии машғулиятро қайд намоянд. 

Ин чиз барои омӯзгор низ муҳим аст. Ӯ рӯйи саволҳои якум ва дуюм гӯё аз забони шогирдони худ ба машғулияти гузаронидашуда баҳо медиҳад ва норасогиҳоро дар машғулияти навбатӣ бартараф месозад. Зимни муҳокимаи саволҳои 3 ва 4 хонандагон ҳолатҳои истифодаи маводи омӯхтаашонро дар ҳаёт шарҳ медиҳанд, ки ин талаботи муносибати босалоҳият аст. 


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *