Ҳусноро ТУРАЕВА, 

сардори кафедраи муҳандисӣ-техникӣ, 

оташнишонии МДТ «Коллеҷи техникӣ-оташнишонии 

ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара», 

майори хизмати дохилӣ

Аз замонҳои қадим то ба имрӯз, аз нахустин давраҳои рушду такоммули худ, аҳли ҷомеа бар зидди ҷинояткорон муборизаи беамон мебарад ва ҷинояткорӣ дар афкори мардум ҳамчун амали манфӣ, нақш бастааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дигар кишварҳо солҳои охир ба хатарҳои нави ҷаҳонӣ ба монанди терроризм ва экстремизм рӯ ба рӯ шудааст.

Ин масъала омилҳои гуногун дошта, яке аз сабабҳои пайдошавии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсилоти ғайрирасмии иддае аз наврасону ҷавонони тоҷик дар мадрасаҳои динию мазҳабии кишварҳои хориҷ мебошад. Аз ҷумла, ин падидаҳо дар солҳои 90-уми асри гузашта ва дар айни носуботиҳои дохилӣ вусъат пайдо намуданд. 

Нооромии сиёсии ҷаҳон барои ҷомеаи инсонӣ фоҷеаи бузург буда, амнияти башариятро дар сайёраи замин халалдор месозад. Аммо ин вазъ барои баъзе кишварҳои абарқудрат, ки мехоҳанд зимондори кулли дунё бошанд, зарур мебошад. Аз ин рӯ, абарқудратҳо аз тамоми имкониятҳои иқтисодию сиёсӣ ва таблиғотии хеш истифода намуда, мушкилоти минтақавӣ ва мухолифату зиддиятҳои байни кишварҳо ва гурӯҳҳои сиёсию мазҳабӣ ва динию ақидавиро аланга бахшида, барои дар ҳолати ноустувори сиёсӣ нигоҳ доштани минтақаҳои мухолиф талош мекунанд. Дар кишварҳои дунё яке аз заминаҳои асосии ташаккули рушди терроризм ва экстремизмро ҳолати буҳронии инкишофи ҷомеа ва шаҳрвандон, махсусан буҳрони иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ташкил медиҳад. Дигаргун гаштани аҳволи мардум ба монанди камбағалию нодорӣ ва инчунин камбизоатӣ, саросар қашшоқу бенавою бекас гаридани мардум ва дар заминаи инҳо ба амал омадани афкоре, ки инсонро ба тағйироти сифатӣ дар зиндагияш савқ медиҳад боис мешавад, ки инсонҳо ба он самт тамоюли бештар пайдо мекунанд. Дар чунин шароит кишварҳои манфиатҷӯ, гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ барои худ ҷойи пой пайдо намуда, боиси шомил шудани баъзе аз табақаҳои ҷомеа бо гурӯҳҳои террористӣ мегардад.  Маҳз барои пешгирӣ аз ташаккули заминаҳои тамоюли аҳолӣ ба афкори хурофотпарастию экстримистӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт мавқеи ҷиддию устувореро пеш гирифтааст, ки он ҳам бошад устувории мактабу маориф мебошад. 

Тавре ба ҳамагон маълум аст, мақсади аввалиндарҷаи терроризм ин халалдор сохтани амнияти мардум, давалату ҳукмат, тарсонидани одамон бо роҳи зӯроварӣ, инфиҷору интиҳор, воҳима ва ба таҳлука овардани аҳолӣ буда, тавассути чунин амалҳои ифротӣ фишор овардан ба мақомоти давлатӣ мебошад. Чунин ҳаракатҳои ношоиста мақсади ниҳоии ҷинояткорон дар маҷбур сохтани мақомоти давлатӣ барои қабули қарори ғайриҳуқуқӣ мебошад, ки ба фоида ва манфиати худи онҳо бошад ва ё бо мақсади резонидани обрӯ ва эътибори мақомоти давлатӣ мебошад. Ҳолатҳои зиёде ба вуҷуд меоянд, ки терроризм хосияти инфиродӣ пайдо менамояд ва онро бештар сабабҳои қасд ва норозигии шахсӣ бунёд месозанд, ки аксаран дар зери омилҳои рӯҳӣ ва носозгорию нобасомониҳои чунин амалҳо ба вуқуъ мепайвандад.

Бояд донист, ки унсури аз ҳама марказии террор амалӣ террористӣ аст ва он аз се қисмат таркиб ёфтааст: Ғояҳо ва амалҳои сиёсие, ки амали террористиро асоснок менамояд; фаъолияти зӯроварӣ ба тамоми зуҳуроташ; худи амали террористӣ, ки ба муқобили кадом объекте равона гардидааст. Ёдовар кардани се навъи асосии терроризм масъалаи ниҳоят муҳиме аст, ки дар ҷомеаи имрӯза аксаран шахсҳо бо ин мафҳумҳо сарфаҳм намераванд. 

Ва сарфаҳм нарафтани онҳо боиси шомил шуданашон ба ин гурӯҳҳои ифротӣ мегардад.

Бояд дарк кард, ки ҳадаф аз амалҳои террористӣ, қабл аз ҳама хушунату зӯроварӣ, хунрезиву низоъҳои диниву мазҳабӣ ва нажодӣ мебошад. Боиси нигаронии амиқ аст, ки террористон ба намуди дигар ифротгароён, аз ҷумла ташкилоти террористию экстримистии наҳзат бо суистифода аз номи поки дин мехоҳад дар тафаккури ҷомеа тарсу даҳшатро ҷой намояд ва барои ҳадафҳои худ заминаи мусоид пайдо намояд.

Дар шароити кунунӣ ва авҷи ихтилофоти мазҳабии ҷаҳон бояд миллати тоҷик ҳар як сухани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Перзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сарманшаи кори худ қарор дода, зиракии сиёсиро ҳифз кунанд.

Дар шароите, ки илму техника ба таври максималӣ тараққӣ меёбад ва аср 21-ро “асри илм” меноманд, насли ҷавон бояд маърифати сиёсию фарҳангӣ ва тафаккури технолигии худро тақвият бахшанд. 

Барои гумроҳу фирефтаи чунин ҳизбу ҳаракатҳо нашудан бояд дар фазои орому осоиштаи ин диёри биҳиштосо илму омӯхт. Маҳз илму маърифат аст, ки боис мешавад то мардумони мо дар фазои амн ва осоишта зиндагӣ кунанд ва рушди минбаъдаи кишварро ба хотири наслҳои оянда таъмин созанд.

Зимнан, моро зарур аст, то фазои эътимод, таҳаммулгароӣ ва ҳамдигарфаҳмиро миёни ҷомеа тавсия бахшем, ки ин дар навбати худ имкониятҳои моро дар муқовимат бар зидди хатару таҳдидҳои муосир бештар месозад.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Перзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштаанд: “Террористу ифротгаро ватану миллат ва дину мазҳаб надорад. 

Террорист — террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ “худӣ” ё “бегона” ва ё “таҳаммулгарову”, “тундгаро” буда наметавонад. Муборизаи самарабахш алайҳи терроризму ифротгароӣ ва тундагароии хушунатангез ба ҳеҷ ваҷҳ сиёсати меъёрҳои дугона”-ро намепазирад”.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *