РОҲҲОИ ИННОВАТСИОНИИ ТАДРИС ВА ИСТИФОДАИ ОНҲО ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ
Фирӯза НАЗРИЕВА,
корманди шуъбаи таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоии
ПРМ ба номи Абдураҳмони Ҷомии АТТ,
Ситора ҚУРБОНОВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоии
Литсейи №4-и ноҳияи Шоҳмансур
Замони муосир, ки «асри технологияҳои иттилоотӣ» гуфта мешавад, аз ҳар омӯзгор тақозо менамояд, ки дар раванди таълим технологияи иттилоотию коммуникатсиониро истифода бурда тавонад, зеро ҷомеаи муосирро бе истифодаи самараноки воситаҳои иттилоотии коммуникатсионӣ тасаввур кардан номумкин аст.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар вохӯрӣ ва суханронияшон бо аҳли илму маориф, ки 23 декабри соли 2009 баргузор гардида буд, оид ба Соли маориф ва фарҳангӣ техникӣ эълон гардидани соли 2010 масъалагузорӣ намуда, қайд карда буданд: «Имрӯз дар ҷаҳон рушди илму технология ва ҷараёни корҳои инноватсионӣ суръати рӯзафзун пайдо карда истодааст ва табиист, ки мо низ аз ин раванди пешрафтаву тараққиёти ҷаҳони мутамаддин дар канор буда наметавонем».
Воқеан ҳам, дар раванди татбиқи барномаҳои таълимӣ нақши технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар зиёд намудани ҳавасмандии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ муҳим буда, махсусан, дар мавриди омӯзиши фанҳои дақиқ, техникӣ ва ҷамъиятӣ дар шароити татбиқи низоми нави рейтинги сифати дониши хонандагон нақши асосӣ дорад.
Дар ҷаҳони муосир техникаву технология асоси пешрафти иқтисодию иҷтимоии ҷомеа арзёбӣ мешавад. Бинобар ин, аҳли маорифро лозим аст, ки шогирдонро аз донишҳои технологияи навин бархурдор намуда, насли наврасу ҷавонро ба донишандӯзӣ ва аз худ кардани ҳунарҳои инноватсионӣ сафарбар намоем. Бояд кӯшиш кард, ки дарсҳо ба ҳаёти имрӯза ва кашфиёти навини илму техника марбут бошанд ва хонандагонро ба ҳаёт омода созанд.
Тамоми бурду бохти муассисаи таълимӣ, аз қабили ҷорӣ намудани низом барои баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгор бо истифода аз техника ва технологияи муосир, натиҷабардорӣ аз раванди низоми инноватсионии таълим, дастовардҳои хонандагон ва муваффақиятҳои омӯзгорон, назорати муассисаи таълимӣ, ташкили шароити самараноки санҷиши педагогӣ, усул ва методи назорат ба раванди таълим, истифодаи методҳои назорати корҳои беруназсинфӣ бо истифодаи технологияи инноватсионӣ вобастагии барзиёд дорад.
Омӯзгори асил бо истифодаи шароити муосир, дар ҷамъоварии маводи нав дар самти фаъолияти таълими худ, баланд бардоштани такмили маҳорати касбӣ, иштирок дар семинару машваратҳо ё худ иштирок ба дарсҳои омӯзгорони таҷрибадор, истифода аз маводи марказҳои методӣ дар шакли электронӣ аз техника ва технологияи инноватсионӣ истифодаи самаранок менамояд.
Омӯзгори фидокор аз имконоти инноватсионӣ истифода бурда, метавонад бойгонии озмоишгоҳи таълимию тарбиявии худро ғанӣ ва бо истифодаи имкониятҳои технологияи иттилоотию комуникатсионӣ муҷаҳҳаз гардонад. Инчунин, чорабиниҳои методиро дар муассиса тибқи мундариҷа ва муҳлати гузаронидани онҳо ба нақша гирифта, ҳамеша кӯшиш намояд, то ҳар лаҳзаи дарси ӯ пурсамар, таъсирбахш ва хотирмон гузаронида шавад.
Дар замони муосир татбиқи дастовардҳои илмию техникӣ ва технологияи навин ба омӯзиши ҳамаҷонибаи донишҳои нав ва илму техника будан вобастагӣ дорад. Компютеркунонии таълим низ як рукни донишҳои муосир буда, яке аз масъалаҳои муҳимми дидактика ба шумор меравад ва дарккунии хонандаро баланд мебардорад.
Собит гардидааст, ки пешравии ҷаҳон бо ду ҷанбаи асосӣ: техникаву технология ва ахлоқу маънавиёт вобаста аст. Рушди техника ва технология бе маънавиёт амалӣ нахоҳад шуд. Бинобар ин, мо бояд дар баробари ташаккули тафаккури техникӣ маънавиёти насли наврасро баланд бардошта, аз анъанаҳои неки миллии худ онҳоро бархурдор намоем, то ба арзишҳои волои инсонӣ арҷ гузоранд.
Ташаккули тафаккури фарҳанги техникии насли наврас ба эҷодкорӣ, навовариву ихтироъкорӣ аз айёми кӯдакӣ ва наврасӣ, яъне, аз муассисаҳои томактабӣ, мактаби миёна оғоз гардида, дар таълимгоҳҳои олӣ рушд меёбад. Ин амал тақозо менамояд, ки шогирдон бояд дар мактаб аз фанҳои дақиқ дониши хуб гиранд, ки он ба ихтироъкорӣ ҳамчун таҳкурсӣ хизмат мекунад. Шароити мусоиди кор ва мавҷуд будани кабинетҳои фаннӣ, устохонаҳои таълимӣ дар мактабҳои миёна ба раванди касбомӯзӣ тақвият мебахшад. Зеро онҳо омили муҳимми интихоби бошууронаи касбу ҳунар ва равияҳои касбӣ ба шумор мераванд. Аз ин лиҳоз, ба мо омӯзгорон лозим аст, ки шогирдонамонро бо донишҳои нав ба нав мусаллаҳ намуда, онҳоро ба интихоби бошууронаи касб ҷалб намоем.
Яке аз корҳои самарабахши таълимию методӣ ин бо технологияи ҳозиразамон, яъне, компютерҳо, воситаҳои сабти овоз, аудио, видео, телевизорҳо ва дастгоҳҳои аккосию барномасозӣ муҷаҳҳаз гардонидани раванди таълим мебошад. Ин роҳ имконият медиҳад, ки аз тамоми нозукиҳои технологияи навин огоҳ гашта, ҳамчун сарчашмаи таълим аз он ғизои маънавӣ гиранд ва фарҳанги истифодаи технологияи муосирро дуруст дарк намоянд.
Таълими техника ва технология дар шароити кунунӣ талаб мекунад, ки хонандагон бо қонунҳои табиат, ҷамъият ва бо дигар илмҳои муосир ошно бошанд, афкори илмию техникӣ, донишу маҳорати эҷодкорӣ ва малакаҳои истифодаи донишҳои амалии онҳо рушд дода шаванд, зеро толибилмон дар мактаб ҳангоми таълими фанҳои дақиқ оид ба қонуниятҳои табиат, ҷамъият, истеҳсолот, сарватҳои табиат, ашёи хом, манбаъҳои энергетикӣ ва дигар сарватҳои табиӣ дониш мегиранд.
Хонандагон дар рафти таълим бо донишҳои техникӣ ва технологияи муосир ҳамаҷониба шинос шуда, дар интихоби бошууронаи касб малакаю маҳорат пайдо мекунанд. Муҳим ва мураккаб будани тарбияи насли ҷавон дар шароити ҳозира дар назди омӯзгорон талаботи калон мегузорад, ки дар баробари дониши назариявӣ, маҳорату малакаи техникӣ ва технологияи муосирро дарстрас намудан, бояд дар амал татбиқ намудани онро низ омӯзанд ва қобилияти озодандешию эҷодкории наврасону ҷавононро такмил диҳанд. Бинобар он, ҳаминро ба эътибор гирифтан лозим аст, ки ҷомеаи мо, пеш аз ҳама, барои баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи наврасону ҷавонон диққати ҷиддӣ медиҳад ва аз ҳар як омӯзгор тақозо менамояд, ки нисбат ба таълиму тарбияи шогирдон аҳаммияти бештар зоҳир намоянд, ки онҳо дар пешрафт ва тараққиёти ҷомеаи навин саҳмгузор бошанд.
Хулоса, истифодаи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар такмили маҳорати касбии омӯзгор ва зиёд намудани ҳавасмандии хонандагони муассисаҳои таҳсилот бо дарназардошти баланд бардоштани сифати дониш хеле таъсирбахш аст. Бояд қайд кард, ки вазифаи технологияи коммуникатсионӣ аз тарзҳои ҷамъоварӣ, тасвир, коркард, мушоҳидакорӣ ва ирсоли иттилоот иборат мебошад. Илова бар ин, тамоюлоти зиёди инноватсионӣ гувоҳи он аст, ки асри XXI асри таҳаввулоти бузурги инноватсия ва коммуникатсия хоҳад буд.