Б. ҲАЙДАРОВ,
мутахассиси Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пешаи омӯзгорӣ фаъолияти мураккаб буда, одамро ташаккул медиҳад, дар руҳияи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ тарбия мекунад. Аз ин сабаб, низоми таҳсилот дорои зинаҳои хоси таълимӣ буда, ҳар бахшу синфе барои худ мураббӣ, роҳбари синф ва сарпараст дорад. Дар ин нигошта доир ба нақши роҳбари синф ва вазифаҳои он дар рушди тафаккур ва ҷаҳонбинии донишомӯзон таҳлил сурат гирифтааст.
Дар назди роҳбари синф вазифа гузошта шудааст, ки насли наврасро дар асоси талаботи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тарбия намояд, инчунин, шахси хушахлоқ, обруманд бо донишҳои замонавӣ мусаллаҳро ба камол расонад. Барои ин ба роҳбари синф лозим меояд, ки бо хонандагон пайваста кор барад, таълим диҳад, омӯзонад, корҳои тарбиявии берун аз синфу берун аз мактаб ташкил созад. Дар байни падару модарон донишҳои педагогиро тарғиб намояд. Баҳри иҷрои ин корҳо аз роҳбари синф талаб карда мешавад, ки дониши фарогир дошта бошад, пешаи худ ва шогирдонро дӯст дорад.
Вазифаи асосии муассисаи таълимӣ на фақат додани дониш, рушди зеҳну заковат ва маҳорату малакаи шогирдон, инчунин, дар навбати аввал, тарбияи шогирдон дар руҳияи инсондӯстӣ, меҳнатпарастӣ, эҳтироми муқаддасоти миллӣ ва меҳнати каси дигар, риояи қонун, эҳтироми падару модар ва насли калонсол, дӯст доштани Ватан-модари худ низ мебошад. Ин масъулият омӯзгорон, бахусус, роҳбарони синфро муваззаф менамояд, ки сатҳи корҳои таълимию тарбиявиро баланд бардоранд. Бо волидон, аҳли ҷомеа ҳамкории густурда дошта бошанд. Дар ин бора дар боби 5-и моддаи 19-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” чунин омадааст: “Кӯдакро дар руҳияи эҳтиром ба Ватан, волоияти қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, эҳтиром ба шахсияти худ ва атрофиён, оила, урфу одат, анъанаҳо, фарҳанги миллӣ ва таҳаммулгароӣ, инчунин, бартарии манфиатҳои миллӣ тарбия намояд”.
Роҳбари синф, пеш аз ҳама, бояд ҷӯяндаю эҷодкор, ботадбир ва рамузфаҳм буда, шахсияти шогирдонро эҳтиром карда тавонад. Ӯ дар синф, берун аз он дар мувофиқа бо маъмурияти муассиса бо иштирок ва ҳузури падару модарон, равоншиносон, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва адибону олимон корҳои тарбиявиро ташкил карда тавонад. Масъули асосӣ ва пешбарандаи ин корҳо роҳбари синф мебошад. Агар роҳбари синф дониши хуби равоншиносӣ дошта бошад, кораш натиҷаи хубтар медиҳад.
Заҳмати роҳбари синф басо гарону пурмасъулият аст. Дар назди волидон, маъмурияти муассисаи таълимӣ ва аҳли ҷомеа ҷавобгар ва ҳисобдиҳанда аст. Аз ин хотир, вай бояд пайваста худомӯзӣ кунад, дониши касбӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ, педагогию равоншиносии худро баланд бардорад. Инчунин, аз фанҳои анатомия, физиология, гигиенаи мактабӣ, психология ва методикаи муосир хабардор бошад.
Роҳбари синф дар синфи худ ҳам мураббӣ, ҳам нозир, ҳам мудири хоҷагӣ ва ҳам додрас мебошад. Аз ҳама муҳим, вай дар ҳузури шогирдон бояд дуруст ҳарф занад, ба либоспӯшии хеш эътибори ҷиддӣ диҳад, соатҳои тарбиявӣ ва чорабиниҳои беруназсинфиро ба дараҷаи аъло гузаронад, пайваста ба шогирдон маслиҳату тавсияҳои судманд диҳад, ботадбир бошад, зиддияти байни хонандагон ва масъалаҳои баҳсноки онҳоро оқилона ҳаллу фасл карда тавонад, нисбат ба шогирдонаш ғамхор бошад ва онҳоро фаҳмида тавонад.
Дар шароити соҳибистиқлолии кишвар омӯзгорони тоҷик имконияти таълимию дарсӣ ва дастрасӣ ба сарчашмаҳои миллию таърихияшон бештару беҳтар гардид. Баъд аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзгорон имкон пайдо карданд, ки таърих, фарҳанг, урфу одатҳои неку волои миллати хешро ба шогирдон омӯзонанд, онҳоро дар ҳамин руҳия тарбия намоянд, ки худрову ниёкони худро бишиносанд. Ин мақсади наҷиб роҳбарони синфро водор менамояд, ки минбаъд баҳри тарбияи ахлоқии хонандагон, ҷаҳонбинию ҳувияти миллии онҳо кӯшиш ба харҷ диҳанд, ҷиҳати худшиносии насли наврас-насли ояндасози кишвар донишу маҳорат ва таҷрибаи андӯхтаи худро самаранок истифода баранд. Дар ин бора Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли хониш чунин гуфтааст: “Омӯзгор шахсест, ки бо нури саводу маърифат ва илму дониш ҳаёти ҷомеаро равшан месозад, хуруфоту ҷаҳолатро аз ҳаёти ҷомеа берун мекунад ва созандагону ободгарони ояндаи Ватанро ба камол мерасонад”.
Роҳбари синф бояд бо волидон ҷиҳати тарбияи фарзанд дар шароити оила дар чунин мавзуъҳо суҳбат гузаронад:
— таваҷҷуҳ ба саломатӣ ва тарзи либоспӯшии кӯдак;
— бедор намудани шавқу завқи донишандӯзии кӯдак дар шароити оила;
— муносибату муоширати вай бо аҳли оила;
— хислат, рафтору гуфтори кӯдак бо аҳли хонавода;
— шавқманд намудани кӯдак ба таҳсил;
— аҳаммияти дониш дар ҳаёти кӯдак ва ҳолати дарстайёркунии вай;
— дар руҳияи эҳтироми арзишҳои миллӣ тарбия намудани кӯдак;
— арҷгузорӣ ба анъанаҳои неки хонаводагӣ;
— муносибати некбинона ва хайрхоҳонаи кӯдак ба ҳар як узви оила.

Ҳадафи асосии ба роҳ мондани робитаи роҳбари синф бо волидони хонандагон баланд бардоштани маданияти равоншиносӣ-педагогӣ, беҳтар намудани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон ва маърифати оиладории онҳо мебошад.
Роҳбари синф бояд маданияти баланд ва ҷаҳонбинии илмии васеъ дошта бошад. Таърихи бой, дастовардҳои миллатро на танҳо дар таълиму тарбияи хонандагон, балки дар байни падару модарон, бахусус, оммаи мардум тарғибу талқин карда тавонад. Вай бояд сухандону сухангӯй бошад, бо забони адабӣ озоду ифоданок фикрашро баён карда тавонад.
Роҳбари синф таълимгирандагонро на танҳо дӯст дорад, балки барои ояндаи неки онҳо шавқу ҳавасашонро ҳаматарафа рушд дода тавонад, инчунин, ба хонандагон қадршиносӣ намудани арзишҳои ватандорӣ ва ҳифзи асолати миллию фарҳангиро ёд диҳад.
Зарур аст, ки ӯ нутқи равон дошта бошад, забони давлатиро хуб донад ва дар шогирдон меҳру муҳаббати бепоёнро нисбат ба забони модарӣ парварад.
Дар шахсияти роҳбари синф бояд одобу ахлоқи педагогӣ таҷассум гардад. Ӯ дар ниҳоди бачаҳо суботкорӣ, худро идора карда тавонистан ва дигар хислатҳои неки инсониро тарбия менамояд, ба онҳо воситаҳои таъсиррасониро дар вақташ ёфта истифода карданро омӯзонад. Агар роҳбари синф одобу рафтори хуб дошта бошад, намунаи ибрати шогирдон мегардад ва дар дилу дидаи онҳо ҷой мегирад.
Ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ ва муносибату мадоро яке аз хислатҳои зарурии педагог мебошад. Роҳбари синф қобилияти ташкилотчигӣ ва ташаббускориро дар ниҳоди хонандагон ҷой карда тавонад ва ба қувваи худ боварӣ доштану аз рӯйи имконияти мавҷуда амал карданро талқин намояд. Роҳбари синфи ташаббускор, фаъол ва серғайрат шогирдонро аз ақиби худ мебарад, ҳамроҳи онҳо пеш меравад.
Пешаи омӯзгорӣ қувваи маънавӣ ва ҷисмонии зиёд талаб мекунад. Омӯзгор саломатии худ ва бачаҳоро бояд ҳифз кунад. Зарур аст, ки садоро нағз шунавад, шунавоии хуб ва қобилияти хуби биноӣ дошта, мушоҳидакор бошад. Азбаски дуру дароз рост меистад, бисёр қадам мезанад, чолок ҳаракат мекунад, бояд бештар ба машқи варзишӣ шуғл варзад.
Ҳамин тариқ, вазифаҳои хизматии роҳбарони синф дар самтҳои зерин муайян карда шудааст:
— ташкил ва барпо кардани иттиҳоди бо ҳам дӯст, тарбия намудани хонандагон дар руҳияи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, бахусус, меҳнатдӯстию меҳанпарастӣ ва ростқавлию поквиҷдонӣ;
— омӯхтани руҳияи шахсии хонандагон ва ташкили корҳои фардӣ бо онҳо;
— ташкилу гузаронидани корҳои гуногуни беруназсинфӣ ва беруназмактабӣ;
— баланд бардоштани савияи дониш, маҳорат ва малакаҳои хонандагон;
— кор бо созмонҳои хонандагону наврасон, бо падару модарон ва омӯзгорони фаннӣ;
— ҷалб намудани хонандагон ба корҳои ҷамъиятӣ ва шинос намудани онҳо бо касбу ҳунарҳои гуногун, эҳтироми меҳнати дигарон;
— ҷалби хонандагон ба маҳфилҳои фаннӣ;
— риояи одоби гуфтору рафтор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ;
— риояи одоби суҳбат бо телефони мобилӣ;
— дар руҳияи эҳтироми арзишҳои миллӣ тарбия намудани шогирдон;
— риояи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ, ҳурмату эҳтироми падару модар ва насли калонсол;
— арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ — Суруди миллӣ, Парчами давлат
ӣ, Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар муқаддасоти миллӣ.
Хулоса, роҳбари синф масъулияти баланд дар тарбияи донишомӯзон дошта, аз лиҳози маънавӣ ҳамон вақт масъулияти худро иҷрошуда медонад, ки шогирдони ӯ дар ҷомеа инсонҳои тавоно ва содиқ ба арзишҳои миллӣ бошанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *