Ғайратшоҳ ҲАНАФИЯЕВ,
омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики
МТМУ №19-и ноҳияи Лахш

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва пешрафти босуръати илму техника мақоми фанни адабиёт дар низоми таълим торафт муҳимтар мегардад. Адабиёт ҳамчун оинаи зиндагӣ дар баланд бардоштани савияи маърифати хонандагон ва инкишофи ҷаҳонбинии онҳо нақши муҳим дошта, барои ташаккули тафаккури мустақил ва ҳисси зебоипарастиву худшиносии миллӣ мусоидат менамояд. Бо вуҷуди ин, усулҳои анъанавии таълими адабиёт дар шароити кунунӣ наметавонанд шавқу завқи хонандагони асри рақамиро қонеъ гардонанд. Аз ин ҷост, ки истифодаи воситаҳои техникии муосир дар дарсҳои адабиёт ба як талаботи зарурӣ табдил ёфтааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ (28.08.2025) дар робита ба зарурати корбурди самараноки технологияи муосир бамаврид қайд карданд: “Дар замони мо, ки рушди босуръату бесобиқаи илму дониш, техникаву технологияҳо ва бахусус, зеҳни сунъӣ хусусияти барҷастаи он мебошад, донишомӯзӣ аҳаммияти аввалиндараҷа ва ҳатто, ҳаётӣ пайдо кардааст. Яъне, асре, ки мо дар он кору зиндагӣ карда истодаем, асри илму дониш, кашфиёту ихтироот, техникаву технологияҳои навтарин – замони пешрафту тараққиёти миллату халқҳои босаводу донишманд ва навовару ихтироъкор мебошад”.  

Ҳамчунин, Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ замони муосирро асри пешрафти илму техника ва технология номида, бар аҳаммияти омӯзиш чунин таъкид фармудаанд: “Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тули беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям.

Асри 21 – асри пешрафти илму техника ва технологияҳо мебошад. Мо дида истодаем, ки давлатҳои мутамаддину тараққикардаи дунё ба чӣ дастовардҳо ноил шуда истодаанд”.        

Дар аксари кишварҳои пешрафта истифодаи воситаҳои техникии муосир дар таълими адабиёт ба ҷузъи муҳимми раванди таълим табдил ёфтааст. Масалан, дар Финландия китобҳои дарсӣ ва осори бадеӣ бештар дар шакли электронию аудиоӣ истифода мешаванд, ки ин ба хонандагон имкон медиҳад асарҳоро ҳам мутолиа ва ҳам гӯш кунанд. Дар Эстония ва Дания омӯзгорон аз платформаҳои интерактивӣ ва видео-таҳлилҳо барои шарҳи асарҳо истифода мебаранд, ки ин усул ба таҳлили амиқи матн ва тавсеаи ҷаҳонбинии хонандагон мусоидат мекунад. Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Амороти Муттаҳидаи Араб технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла, тахтаҳои интерактивӣ ва барномаҳои омӯзишии онлайн васеъ истифода мешаванд. Онҳо фаҳмиши хонандагонро дар бораи маънои бадеӣ ва андешаи муаллиф амиқтар мегардонанд. Таҷрибаи кишварҳое чун Уругвай низ нишон медиҳад, ки ворид намудани компютер ва интернет ба дарсҳои адабиёт шавқу ҳаваси хонандагонро зиёд карда, муҳити омӯзиширо фаъолтар месозад.

Воситаҳои техникӣ дар таълим маҷмуи дастгоҳу таҷҳизоте мебошанд, ки ҷараёни омӯзишро бо унсурҳои биноӣ, шунавоӣ ва интерактивӣ ғанӣ мегардонанд. Ба онҳо видеопроектор, тахтаи электронӣ, компютер, ноутбук, планшет, телефонҳои ҳушманд, китобхонаҳои электронӣ, барномаҳои таълимӣ ва воситаҳои мултимедиявӣ дохил мешаванд. Ҳадафи асосӣ аз истифодаи чунин технологияҳо беҳтар сохтани фаҳмиши хонандагон ва баланд бардоштани самаранокии дарс аст. Маҳз яке аз усулҳои асосии  дарси босалоҳият  истифода аз воситаҳои техникӣ мебошад. Ҳоло ки мо дар асри тараққиёти илму техника ва рушди зеҳни сунъӣ қарор дорем, рушди соҳаи маориф ва илмро бидуни истифода аз воситаҳои техникӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. 

Таҷрибаи шахсии банда нишон медиҳад, ки ҳатто, як воситаи техникии сода метавонад завқи хонандагонро баланд бардорад. Масалан, дар яке аз дарсҳои адабиёт, вақте ки шеъри шоири номвар Лоиқ Шералиро бо хонандагон меомӯхтем, ман аввал онро худам қироат кардам, сипас, ҳамон шеърро дар иҷрои худи шоир тавассути аудио ба хонандагон шунавондам. Қиёси ду иҷро ба онҳо бисёр таъсир кард: онҳо на танҳо мазмунро амиқтар дарк карданд, балки ҳиссиёти шоирро низ эҳсос намуданд. Инчунин, дар дарси адабиёти синфи 11 ҳангоми омӯхтан ва таҳлили  шеъри машҳури “Забони модарӣ”-и Бозор Собир, аз шабакаҳои иҷтимоӣ навори қироати ин шеърро дар иҷрои ровии шинохта Ортиқ Қодир пайдо кардам, ки хонандагон онро бо як шавқу завқ ва таваҷҷуҳи хос гӯш карданд.

Ҳамчунин, истифодаи видеопроектор ҳангоми омӯзиши зиндагиномаи шоирон ва омӯзиши асарҳои эпикӣ самаранокии зиёд дорад. Омӯзгор метавонад ҳангоми омӯзиши ҳаёт ва фаъолияти Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ наворҳо аз филми “Қисмати шоир”-ро ба хонандагон дар тахтаи электронӣ намоиш диҳад. Дар омӯзиши қисматҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, намоиши наворҳои таърихӣ, муҳорибаҳову корномаҳо ва расмҳои қаҳрамонон муҳити асарро пеши назари хонандагон зинда месозад. Хонандагон низ дар навбати худ метавонанд, ки  саҳнаҳои ҷангро бо расмкашӣ ё намоиши саҳнавӣ бозсозӣ кунанд. Ин таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки техника на танҳо воситаи ёридиҳанда аст, балки метавонад омили эҷодкории хонандагон гардад.

Албатта, дар раванди ҳар коре мушкилот ва норасоиҳо низ вуҷуд дорад. Баъзан вақт бар асари қатъи барқ дар деҳот ё дигар сабабҳо омӯзгор наметавонад аз воситаҳои техникӣ истифода барад. Дар чунин  ҳолатҳо омӯзгор бояд ҳамеша ду нақшаи дарсӣ дошта бошад: яке бо истифодаи техника ва дигаре бе он. Ҳамин гуна ҳолатҳо таҷрибаи кориро ғанӣ мегардонанд ва моро ба ҳалли роҳҳои нав таҳрик медиҳанд.

Таҳлили таҷрибаҳои омӯзгорон нишон медиҳад, ки омезиши усулҳои анъанавӣ ва муосир самараноктарин роҳ дар таълими адабиёт мебошад. Масалан, хондани порчаи наср дар синф бо садои баланд, сипас, намоиши пораи филм аз рӯйи ҳамон асар ва дар охир муҳокимаи мазмуни он ба хонандагон имкон медиҳад, ки асарро аз чанд ҷиҳат дарк кунанд.

Хулоса, истифодаи воситаҳои техникӣ дар дарсҳои адабиёт дигар як интихоби иловагӣ нест, балки зарурати замон мебошад. Барои амалӣ сохтани ин раванд лозим аст:

— омӯзгорон бо роҳи иштирок дар курсҳои такмили ихтисос ва ё аз тариқи худомӯзӣ дониши техникии худро баланд бардоранд;

— барномаҳои таълимӣ бо имкониятҳои техникии нав мутобиқ гарданд;

— мактабҳо бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шаванд.

Танҳо дар ин сурат мо метавонем таълими адабиётро дар сатҳи баланд ва мувофиқ ба талаботи замон ба роҳ монем ва ба хонандагон на танҳо зебоии сухани бадеиро, балки аҳаммияти онро дар ҷаҳони муосир нишон диҳем.

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *