Муъмин ҶУМЪАЕВ,
омӯзгори мактаби №40-и шаҳри Истаравшан
Ба ёрии омӯзгорони ҷавон
Аллома Бобоҷон Ғафуров ҳамчун шахсияти миллӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон ва чеҳраи хидматгузори миллат яке аз инсонҳои саршинос ва таҳкимбахши худшиносии миллӣ барои насли наврасу ҷавони кишвар маҳсуб мешавад. Дар ин нигошта як намунаи дарсӣ дар самти таҳкими худшиносӣ манзур карда мешавад ва боварманд ҳастем, ки барои омӯзгорони ҷавон ҳамчун маводи методӣ метавонад ба кор ояд.
Синф бо расмҳои гуногуни Бобоҷон Ғафуров, китобҳои Бобоҷон Ғафуров ва гуфторҳо дар бораи Бобоҷон Ғафуров оро дода мешавад.
Мақсади дарс: ба тимсоли ҳаёт ва фаъолияти Бобоҷон Ғафуров тарбия намудани хонандагон.
Омӯзгор: Халқи тоҷик дар ҳазорсолҳо ба шарофати шахсиятҳои муборизу ҷасур ватандӯсту меҳнатпарвар, донишманд ва бонангу номус тавонистааст, ки ба ганҷинаи таърих ва тамаддуни башар саҳми мондагор гузорад. Яке аз чунин шахсиятҳо фарзанди фарзонаи миллат, академик Бобоҷон Ғафуров мебошад.
Охири дарси гузашта ба гурӯҳҳо вазифаҳои зерин гузошта шуда буд.
Ба гурӯҳи якум супориш дода будем, ки оид ба «Ҳаёт ва фаъолияти Бобоҷон Ғафуров», ба гурӯҳи дуюм оид ба асари Бобоҷон Ғафуров «Таърихи халқи тоҷик» ва аҳаммияти он, гурӯҳи сеюм доир ба китоби шиносномаи миллат — «Тоҷикон» маълумотҳои зарурӣ пайдо намуда, манзури мо намоянд.
Ҳоло бошад сухан ба гурӯҳи якум:
Сабоҳат: Бо тақозои тақдиру таърих маҳз дар деҳаи Исфисор 31 декабри соли 1908 дар оилаи Ғафур — косиб ва бофандаи камбағал писаре ба дунё омад, ки волидайн барояш исми Бобоҷонро муносиб донистанд.
Нодирахон: Он замон ба гӯшаи хотири касе омада наметавонист, ки маҳз ҳамин писарбачаи навзод аз байни садҳо ҳамдеҳа ва миллионҳо тоҷики Осиёи Марказӣ, чун таҷассумгари дараҷаи аввали таърихи халқ ва ходими барҷастаи сиёсию ҷамъиятӣ ба воя мерасад.
Маҳлиё: Саводи ибтидоиро Бобоҷон аз модараш шоира Розия Озод гирифт.
Ирода: Соли 1922 дар деҳаи Қистақӯз мактаб-интернат кушода шуд. Солҳои 1922-1924 Бобоҷон дар ҳамин муассиса таълим гирифт.
Шаҳзода: Соли 1925 дар шаҳри Хуҷанд аввалин мактаби миёна кушода шуд, ки дар он Бобоҷон идомаи таҳсил намуд.
Зуҳрохон: Маҳз дар ҳамин мактаб, ки дар он намояндагони халқияту миллатҳои гуногун таҳсил мекарданд, ӯ аввалин сабақи ҷиддии ҳамбастагии халқҳо — башардӯстиро аз бар намуд, ки минбаъд дар тамоми ҳаёт ба ин таълимоти гуманистӣ содиқ монд.
Сабрина: Соли 1926 қобилияту лаёқати ташаббускории ҷавони 18-солаи дорои маълумоти миёна Бобоҷон Ғафуровро ба ҳисоб гирифта, ӯро ба Кумитаи комсомоли ноҳияи Хуҷанд ба кор даъват намуданд.
Манижа: Солҳои 1928-1929 бо сабаби зарурият ба ихтисосманди соҳаи ҳуқуқ роҳбарони вилоят Бобоҷонро ба курси яксолаи ҳуқуқшиносӣ ба шаҳри Самарқанд фиристоданд.
Гулшода: Раванди таҳсил дониши ӯро боз ҳам қавитар гардонид ва баъди анҷоми таҳсил чанд моҳ ҳамчун ёрдамчии Комиссари халқи адлияи Тоҷикистон адои хизмат намуд.
Заррина: Чун журналист Бобоҷон Ғафуров дар рӯзномаи «Овози тоҷик» ва «Бедории тоҷик» бо мақолаҳои таҳлилию танқидии рӯзмарра баромад менамуд.
Манзура: Дар ин раванд ӯ ба нозукиҳои беадолатии тақсимоти миллии ҳудудӣ ва мушкилиҳои таъсисёбии ҶМШС Тоҷикистон дар ҳайати Ӯзбекистон соли 1924 ва баъди 5 сол ташкилёбии ҶШС Тоҷикистон ба хубӣ сарфаҳм рафта, таваҷҷуҳаш ба таъриху тақдири халқаш бедор шуд.
Амирбек: Ибтидои соли 1930 истеъдоди баланди журналистиашро ба назар гирифта, ӯро ба сифати муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Қизил Тоҷикистон» ба идораи бонуфузтарини Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунист даъват намуданд.
Маҳваш: Солҳои 1931-1935 дар донишкадаи олӣ — Институти коммунистии журналистӣ таҳсил намуд.
Умеда: Солҳои 1935-1936 ба ҳайси муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Қизил Тоҷикистон», солҳои 1936-1937 дастурдиҳандаи КМҲК(б) Тоҷикистон, 1937-1939 мудири шуъбаи нашриёти КМXК(б) Тоҷикистон, солҳои 1939-1940 мудири қисми сиёсӣ маърифатии КМ ҲК(б) шуда, фаъолият бурдааст.
Меҳрона: Бо ташаббуси ӯ курси 6-моҳаи муҳаррирони рӯзномаҳои маҳаллӣ ва мактаби дусолаи муҳаррирони рӯзномаҳои маҳаллӣ ташкил шуд буданд.
Гулшода: Солҳои 1938-1939 бо ташаббуси Бобоҷон Ғафуров интишори маҷаллаҳои «Коммунисти Тоҷикистон» ва «Коркуни партиявӣ» ба роҳ монда шуда буд.
Меҳрангез: Истеъдод ва қобилияти таҳқиқотии Бобоҷон Ғафуровро ба инобат гирифта, Кумитаи Маркази Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон соли 1940 ӯро ба аспирантураи Институти таърихи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шуравӣ фиристод.
Бадриддин: Баъди хатми аспирантура моҳи марти соли 1941 узви бюро ва котиби Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон оид ба корҳои ташкилию ташвиқотӣ интихоб гардид.
Сабрина: Моҳи майи соли 1945 Котиби дуюми Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон интихоб гардид.
Маҳҷабин: Моҳи июни 1946 истеъдоди роҳбарӣ, кордонӣ ва дигар сифатҳои барҷастаи ӯро ба ҳисоб гирифта, ӯро котиби Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон интихоб намуданд.
Зайнура: Таҳти сарварии Бобоҷон Ғафуров дар ҷумҳурӣ раванди азнавбарқароркунии хоҷагии мамлакат ба анҷом расид, сохтмони муассисаҳои калони саноатӣ, азхудкунии заминҳои бекорхобида, рушди хоҷагии кишоварзӣ, пахтакорӣ, сохтмони роҳҳо, неругоҳҳои барқи обӣ, пешрафти рӯзафзуни соҳаи маориф ва илм, фарҳанг, таъсиси нахустин донишгоҳҳои давлатӣ, Академияи илмҳо ва садҳо комёбии дигар ба даст омаданд.
Ганҷина: Моҳи июни соли 1956 Бобоҷон Ғафуров аз вазифаҳои котиби якуми Кумитаи марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон озод гардида, директори Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шуравӣ таъйин гардид.
Гулчеҳра: Бобоҷон Ғафуров дар ин вазифаи пурмасъул низ ташаббускори моҳиру олими тавоно будани худро нишон дод.
Мухлиса: Бо таассуф умр ба олими нотакрору барҷаста вафо накард ва Бобоҷон Ғафуров 12 июли соли 1977 дар Душанбе дар 68-солагӣ вафот кард.
Моҳитобон: Меҳнат ва заҳмати Бобоҷон Ғафуров дар давраи Шуравӣ бо 6 «Ордени Ленин», «Ордени Байрақи сурхи меҳнат» ва чандин медалҳои соҳавӣ қадрдонӣ карда шудааст.
Шукрона: Арзишмандтарин подоши меҳнати ин фарзанди баруманди миллат сарфароз гардидан ба унвони фахрии «Қаҳрамони Тоҷикистон» мебошад, ки 8 сентябри соли 1997 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт.
Омӯзгор: Сухан ба гурӯҳи дуюм дода мешавад, марҳамат!
Шаҳноза: Бобоҷон Ғафуров ба омӯзиши таърихи халқи тоҷик оғоз карда, соли 1947 нахустин асари худро бо унвони «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» таълиф намудааст.
Мафтуна: Олими дақиқкор дар ин китоб бо далелҳои илмӣ исбот кардааст, ки тоҷикон қадимтарин халқи бумии Осиёи Миёна мебошанд.
Сабоҳат: Ӯ бо ин асараш саҳифаҳои норавшани сарнавишти халқи тоҷикро ошкор карда, илми тоҷикшиносии ватанашро бунёд гузоштааст.
Нодирахон: Чопи китоби «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» ҷавоби илмиву асоснок ба муаррихоне буд, ки аввали солҳои бистум сокинони аслии Осиёи Миёна будани тоҷиконро зери шубҳа гузошта буданд.
Маҳлиё: Бобоҷон Ғафуров бо нашри ин асар иктифо накарда, ду маротибаи дигар ин китобро бо иловаву тавзеҳот чоп намуда, исбот кард, ки тоҷикон дар Осиёи Миёна сокинони бумӣ ва соҳиби таъриху тамаддуни оламшумул мебошанд ва ҳамин тариқ ба олимони таҳрифгар зарбаи ҷонкоҳ зад.
Ирода: Донишманди борикбаён ва миллатдӯсту дурандеш ҳақиқати таърихиро бо ҷуръати бесобиқа таҳқиқ намуда, дар заминаи сарчашмаҳои муътамади илмиву таърихӣ ва ҳафриёти бостошиносӣ ба қавмҳои ориёӣ нисбат доштани тоҷиконро исбот кард.
Шаҳзода: Ин далелҳо боис шуданд, ки китоби «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» ва нашри минбаъдаи он бо забони русӣ дар миёни ҷомеа шуҳрат пайдо намояд.
Зӯҳрохон: Таҳқиқу ҷустуҷӯҳои пай дар пай боис гардид, ки Бобоҷон Ғафуров масъалаи чопи китоби бисёрҷилдаи «Таърихи халқи тоҷик»-ро ба миён гузорад.
Сабрина: Солҳои 1963-1965 «Таърихи халқи тоҷик» дар се ҷилд ва панҷ китоб нашр гардид.
Манижа: Ин китобҳо, ки омӯзиши таърихи тоҷикон ва халқҳои дигари Осиёи Миёнаро мукаммал гардониданд, дар асоси бозёфтҳои ҷадиду таърихиву бостоншиносӣ фарогири маълумоти нав дар бораи сокинони ин марзу бум ба ҳисоб мерафтанд.
Гулшода: Баъди ба вазифаи директори Институти шарқшиносии Академияи илмҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ таъйин гардидан, ба Бобоҷон Ғафуров имкон фароҳам омад, ки ба таълифи китоби «Тоҷикон» оғоз намояд.
Омӯзгор: Сухан ба гурӯҳи сеюм дода мешавад.
Заррина: Хушбахтона, баъди заҳматҳои зиёд китоби «Тоҷикон» бо забони русӣ соли 1972 бо теъдоди 10000 нусха аз чоп баромад.
Маҳлиё: Нашри китоби «Тоҷикон» дар он солҳо яке аз рӯйдодҳои муҳимми таърихӣ дар илми ховаршиносии Иттиҳоди Шуравӣ ва ҷаҳон ба шумор мерафт.
Амирбек: Табиист, ки дар он замон интишори китоб бо номи «Тоҷикон» кори осон набуд ва на ҳар шахсияти сиёсиву илмӣ ба чунин иқдом даст мезад.
Манзура: Мақоми илмиву ҷаъмиятӣ, ҷасорату матонати фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Бобоҷон Ғафуров имкон дод, ки ӯ асари худро маҳз бо номи «Тоҷикон» интишор кунад ва шуҳрати ҷаҳонӣ касб намояд.
Маҳваш: Китоби «Тоҷикон» соли 1983 ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр шуд.
Умеда: Дар нашри тоҷикӣ бо ҳидояти худи муаллиф сарчашмаҳои илмие, ки то соли 1977 доир ба халқи тоҷик ва халқҳои дигари Осиёи Миёна интишор нагардида буданд, ба китоб ворид ва феҳристи маъхазҳо такмил дода шуданд.
Меҳрона: Академик Бобоҷон Ғафуров дар китоби «Тоҷикон» таърихи халқи моро аз давраи қадимтарин то ибтидои асри XX таҳқиқ карда, қаламрави пайдоиш ва зисти гузаштагони тоҷиконро дуруст муайян намуда, давраҳои асосии ташаккулёбии ин халқро дар асоси сарчашмаҳои хаттии қадимӣ мавриди пажуҳиш қарор додааст.
Гулшода: Маҳз асари мондагори академик Бобоҷон Ғафуров пояи бунёди омӯзиши таърихи халқи тоҷикро ташкил дод.
Омӯзгор: Офарин, бачаҳо! Ба гурӯҳҳои якум, дуюм ва сеюм барои омодагии ҷиддияшон ташаккур гуфта, таъкид мекунем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шахсияти Бобоҷон Ғафуров баҳои воқеӣ дода, таъкид кардаанд, ки: «Фарзанди фарзонаи миллат, ходими номдори давлатию сиёсӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров тамоми ҳаёт ва фаъолияти худро ба гирдоварӣ ва манзури ҷаҳониён гардонидани он сарф намудааст».
ҶАМЪБАСТИ ДАРС:
Бо чунин равиш дарс анҷом меёбад ва аз ин тарзи дарсгузарӣ ҳар як хонанда маълумоти фаровону комил мегирад, донишҳои худро такмил мекунад ва худшиносии миллии шогирдон қавӣ мешавад.