OLYMPUS DIGITAL CAMERA

Аслиддин НАСРУДИНЗОДА,

унвонҷӯи Академияи идоракунии давлатии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нақши воситаҳои аёнӣ дар раванди машғулиятҳои забони англисӣ бениҳоят калон арзёбӣ мегардад. Муҳаққиқ А.Ф. Сендажи дар ин бора чунин қайд мекунад: «Дар раванди таълим аёният бояд ҳамчун воситаи маърифатӣ истифода шуда, бояд ба ташаккули салоҳиятнокии хонандагон боис гардад. Чунин аёният манбаи иттилооте ба шумор меравад, ки барои осонтар азхуд кардани забони хориҷии хонандагон мусоидат мекунад» .
Ба воситаҳои аёнӣ дохил мешаванд: расмҳо, мусаввараҳо, тасвирҳо ва аксҳо. Дар навиштаи зерин барои пурра ва мукаммал фаҳмидани моҳияти истифодаи воситаҳои аёнӣ дар рафти омӯзиши забони англисӣ таҳлилу мушоҳидаҳои хешро барои хонандагони маҷаллаи “Маърифати омӯзгор” пешниҳод менамоем.

Расмҳо, мусаввараҳо, тасвирҳо ва аксҳо

Яке аз воситаҳои муассири таълимӣ ва баланд бардоштани тафаккури таҳлилии хонандагони синфҳои болоӣ метавонад, истифодаи расмҳо, мусаввараҳо, тасвирҳо ва аксҳо дар ҷараёни дарсу машғулиятҳои забони англисӣ бошанд. Расмҳо, мусаввараҳо, тасвирҳо ва аксҳоро қариб ҳамаи омӯзгорон дар дарсҳои забони англисӣ истифода мебаранд.
Педагогон А.А. Юнусов, Д. Раҳимбек, А.А. Юнусова ва Н.Ж. Айтбаева дар ин бора чунин андеша доранд: «Маҳз таълим додани хонандагон ба воситаи ашёи аёнӣ ба омӯзгор имкон медиҳад, ки усулҳои фаъоли таълиму тарбияро дар раванди машғулиятҳо роҳандозӣ намояд. Ашёи аёнӣ ба таъмини принсипҳои илмӣ ва маърифатии хонандагон мусоидат намуда, ҷиҳати беҳтару хубтар аз худ кардани маводи таълимӣ, самараноксозии ҷараёни машғулиятҳо, ҳамаҷониба ва пурра ташаккул ёфтани маънавиёту тафаккур, бедор кардани шавқу рағбати дарсомӯзӣ, дарки ҷанбаҳои эстетикӣ ва инкишофи муносибатҳои эҷодкоронаи онҳо шароит фароҳам меоранд» .
Барои муассир ташкил кардани раванди дарси забони англисӣ омӯзгор дар асоси фаҳмиши худ, ба эътибор гирифтани синну соли хонандагон, вазъи саломатӣ ва тафаккури интиқодии онҳо, расмҳо, мусаввараҳо ва аксҳои гуногунро мавриди истифода қарор медиҳад. Расмҳо, мусаввараҳо, тасвирҳо ва аксҳо хотира, тафаккур ва тасаввуроти хонандагонро фаъол намуда, ба ташаккули маърифат, ҷаҳонбинӣ ва баланд гардидани санъати суханварии онҳо мусоидат мекунанд.
Расму мусаввараҳо дар машғулиятҳои англисӣ чунин ҷанбаҳои маърифатии хонандагони синфҳои болоиро инкишоф медиҳанд:
— хотира, тафаккур ва тасаввуроти хонандагонро фаъол мегардонанд;
— имкон медиҳанд, ки хонандагон дар раванди машғулиятҳо бештар ба забони англисӣ ҳарф зананд;
— нутқро бо тамоми ҷиҳатҳои забонӣ рушд мебахшанд;
— хонандагон дар асоси муқоиса воқеаҳои ҳаётиро дарк карда, бештар ба умқи онҳо сарфаҳм мераванд.
Ҳангоми истифодаи расмҳо, мусаввараҳо, тасвирҳо ва аксҳо дар машғулиятҳои забони англисӣ омӯзгорро мебояд, доираи мақсади дарс, хусусиятҳои синнусолӣ ва равонии хонандагонро ба назар гирад. Масалан, омӯзгор расму мусаввараҳои мавзуиро метавонад, ҳангоми ташкили шиносоии хонандагон бо калимаҳои нав, тарзи талаффузу шаклҳои муошират ва ҳам барои ташкили кори мустақилонаи хонандагон дар шаклҳои гуногун истифода барад. Дар ин раванд омӯзгор бояд равандҳои маърифатӣ, сатҳи ҷаҳонбинӣ ва ақлонию зеҳнии хонандагони синфҳои болоиро ба эътибор гирад. Дар ҳолати ба назар нагирифтани сифатҳои дар боло зикр гардида, мақсади дарс барои хонандагон нофаҳмо гардида, раванди самаранокии таълим коста мешавад. Ҳар як омӯзгор бояд нақши муҳимму возеҳи сенсории хонандагонро, махсусан, ҳангоми таълими забони дуюм ба назар гирад.
Ба андешаи педагог Э.М. Кравченя: «Одам тақрибан 90 фоизи тамоми иттилоотро дар бораи олами атроф тавассути анализатори чашм мегирад. Чашм ба мо имкон медиҳад, ки шакл, ранг, равшанӣ ва ҳаракати ашёро дарк кунем. Имконияти дарки сенсорӣ бо хусусиятҳои қувватнокӣ, фазоӣ, вақтӣ ва иттилооти қабулшуда муайян карда мешавад. Маҷмуи ин хусусиятҳо ва арзишҳои ададии онҳо тавассути дидани объект ба чашм муайян карда мешавад» .
Мақсади асосии истифодаи расмҳо, мусаввараҳо, тасвирҳо ва аксҳои мавзуӣ дар машғулиятҳои англисӣ ин инкишоф ва рушд бахшидани тафаккури хонандагони синфҳои болоӣ, таассурот, эҳсосот ва тахайюли онҳо мебошад.
Ҳангоми интихоби воситаҳои аёнӣ, алалхусус, расмҳо, мусаввараҳо, тасвирҳо ва аксҳо педагог бояд нуқтаҳои зеринро ба эътибор гирад:
— расмҳо, мусаввараҳо, тасвирҳо ва аксҳо барои хонандагон ҳисси кунҷкобӣ ва шавқу ҳавасро бедор месозанд;
— ба рушди эҷодиёти хонандагон мусоидат мекунанд;
— хусусиятҳои фарҳанги миллиро пайгир мебошанд;
— мақсади дарсро ба пуррагӣ ифшо месозанд.
Мушоҳидаҳои педагогӣ нишон медиҳанд, ки дар тӯли солҳо расмҳо, мусаввараҳо, тасвирҳо ва аксҳо самаранокии раванди таълимро афзоиш дода, ба хонандагон барои беҳтару хубтар омӯхтани фанҳои мухталифи таълимӣ кумак кардаанд. Маводҳои компютерӣ, ки дар амалияи муосири педагогӣ васеъ истифода мешаванд, нақш ва истифодаи расмҳо, мусаввараҳо, тасвирҳо ва аксҳоро дар машғулиятҳои забони англисӣ иваз накардаанд, зеро моҳияти онҳо дар раванди машғулиятҳо фаъолияти равонии хонандагонро дучанд карда, шавқу ҳавасро ба дарсҳои забономӯзӣ бедор мекунанд. Инчунин, ҳаҷми маводи азхудкардаи хонандагонро васеъ, хастагиро коҳиш, таассуротро ғанӣ, эҷодро сайқал ва иродаро ташаккул медиҳанд.
Хулоса, кор бо маводи аёнӣ дар раванди омӯзиши забони англисӣ ба хонандагони синфҳои болоӣ имконият медиҳад, ки раванди таълим таъсирнок гардад, шавқ ба эҷодиёти бадеӣ пайдо шавад, сатҳи мушоҳида, таваҷҷуҳ, диққат ва тахайюл, ки асоси тарбияи ҷаҳонбинӣ ва фарҳанги муошират ба шумор мераванд, шакли дигар гиранд. Дар ҳолати кор бо маводи аёнӣ тасаввуроти фазоӣ, хотира, малакаҳои дарки ашё, тафаккури эҷодӣ, ҳаракатҳои сенсории чашм ва ҳисси кунҷкобонаи хонандагон инкишоф меёбад. Инчунин, истифодаи ашёи аёнӣ дар раванди дарсҳои англисӣ ба баррасии масъалаҳо ва вазифаҳои ҳалталаби воқеӣ ва тавлиди ғояҳои муносиби ҳалли мушкилоти мавҷуда ёрии амалӣ мерасонад. Бояд қайд кард, ки зери мафҳуми ашёи аёнӣ расм, тасвир, ашёи табиӣ, китобҳо, намоиши порчаҳои филмӣ ва ғайра, фаҳмида мешаванд.
Адабиёт:
1. Кравченя, Э.М. Технические средства обучения и методика их применения: методическое пособие / Э.М. Кравченя. – Минск: БНТУ, 2011. – 55 с. –С.7
2. Сендажы А.Ф. Использование художественной наглядности в обучении устной речи на уроках английского языка в школе / Столыпинский вестник. -№11. –М., 2023. -658с. –С.35.
3. Юнусов А.А., Рахымбек Д., Юнусова А.А., Айтбаева Н.Ж. Наглядность в активизации познавательной деятельности учащихся. // Advances in current natural sciences. -№10, -М.: 2013. –С.240-243.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *