Заррагул БОБИЕВА,
мураббии кӯдакистони №84-и
ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе

(Шиносоӣ бо муҳит дар гурӯҳи дуюми хурдсолон)

Баъзан калонсолон ҳайрон шуда мепурсанд, ки “Оё қумбозӣ кардани кӯдакон зарур ва ҳатмист?” Ин савол дар ибтидо содаву аҷиб ва дар асл хеле муҳим ва бамаврид мебошад. Қум дар табиат беҳисоб буда, дар рӯйи Замин ҳатто, биёбонҳои азимро ташкил кардааст, барои кӯдак омили омӯзандагӣ-шиносоӣ бо муҳитро дорад. Дар илми педагогика майдатарин чизе, ки дар табиат вуҷуд дорад, омӯзишаш барои кӯдак аҳаммиятнок мебошад. Агар бодиққат мушоҳида карда бошед, ҳар як кӯдак аз хурдсолиаш бо майли том бо қум бозӣ мекунад, онро бод медиҳад, пойлуч бо ҳаловат болояш мегардад, бо қуми тар ҳар гуна шакл, хонача, теппача ва қалъачаҳо месозад.
Дар муассисаҳои таълимии томактабӣ барои шиносоӣ бо хосиятҳои қум ва аҳаммияти он машғулияти гуногун дар гурӯҳҳои хурдсолон гузаронда мешаванд. Дар кӯдакистонҳо ба ин мақсад махсус қумдонҳои чоркунҷа месозанд ва онро доим бо қум пур нигоҳ медоранд, қумашро зуд-зуд иваз мекунанд. Илман исбот шудааст, ки қумбозӣ ба инкишофи моторикаи дастон мусоидат менамояд. Кӯдак қумро аз даст ба даст рехта, қолабҳоро пур мекунад ва ҳамзамон, аввалин малакаҳои муошират бо ҳамсолонашро меомӯзад, қобилияти эҷодиаш низ инкишоф меёбад. Қумбозии шавқовар фикрронӣ, хотира, диққат ва тасаввуроти кӯдакро ангезиш медиҳад.
Мураббӣ ҳангоми баргузории машғулияти шиносоӣ бо қум дар гурӯҳи дуюми хурдсолон вазифаҳои барномавии таълимӣ, инкишофдиҳанда ва тарбиявиро иҷро менамояд. Бачаҳоро бо хосиятҳои пошхӯрандагӣ (резандагӣ), обногузарӣ, ҳаракатӣ, қобилияти қабулкунии шакли дилхоҳи қум ошно мегардонад. Кӯдак мефаҳмад, ки қум чизи зинда нест. Кунҷковии кӯдакро бедортар месозад, мефаҳмонад, ки бо қум муомилаи дуруст намоянд, то ба чашмонаш зарар нарасонад, тозагиро риоя бикунад. Мураббӣ дар машғулият “Афсонаи қум”-ро нақл мекунад. Кӯдакон дар навбати худ ҳангоми бозӣ аз пешдоманҳо, белу сатилчаҳо, салфеткаҳои тар, қолибчаҳо барои қум, табақчаҳо, қошуқҳо, истаконҳои обдор ва пурбин истифода мекунанд. Мураббӣ қабл аз машғулият кори пешакиро барпо мекунад: бо кӯдакон бозиҳо ва таҷрибаҳоро бо қум мегузаронад ва қумро бо хок муқоиса менамояд, чораҳои бехатариро ҳангоми бозӣ бо қум меомӯзонад, чистонҳо ва шеъреро дар бораи қум аз ёд мекунонад, кӯдакон калимаҳои навро ба луғати гуфтугӯиашон зам мекунанд.
Бинобар ин, алҳол машғулияти зерини шиносоӣ бо қумро намуна меорем ва умедворем, ки мураббиёни закиву кордони мо аз он самаранок истифода хоҳанд бурд.

РАФТИ МАШҒУЛИЯТ
Мураббӣ: — Салом, бачаҳо! Аз дидори шумо ниҳоят шодам. Имрӯз мо як машғулияти аҷиб мегузаронем. Барои ин шуморо ба саёҳати шавқовари кишвари аҷиб — Қумистон таклиф менамоям ва мо бо хосиятҳои қум, ки шумо бо он бозиданро дӯст медоред, шинос мешавем. Ман аввал ба шумо “Афсонаи қум”-ро нақл мекунам.
Буд-набуд, як замоне кӯҳҳо аз абрҳо баландтар буданд ва ҳаёт дар рӯйи замин акнун оғоз мешуд. Як кӯҳи харсангӣ зиндагӣ мекард. Иқлим обу ҳаво тағйир меёфту замона ҳам дигар мешуд. Кӯҳ ниҳоят пир ва хирадманд буд. Дар як ҷо истодан ба дилаш заду хост ба мардум фоида бирасонад. Ӯ бо шамолу борон ва офтобу хунукӣ маслиҳат кард, ки вайро ба қум табдил диҳанд, то ба мардум хурсандӣ бахшад. Чор нафар хеле заҳмат кашида, кӯҳро ба зарраҳои қум табдил доданд. Шамол қумро ба баҳрҳо рӯфта партофт, дарёҳо қумро ба соҳилҳо бароварданд. Ҳамин тавр, кӯҳи харсангӣ дар шакли қум умри дубора пайдо намуд. Дар рӯйи Замин биёбонҳо пайдо шуданд.
Бачаҳо, афсона ба шумо писанд омад? Кӯҳ чӣ орзу мепарварид? Чӣ кӯҳро ба қум табдил дод? Пас, мо ба як кишвари Қумистон сафар мекунем.
Мураббӣ: — Бачаҳо, ба паси миз, ки дар рӯйи он як пораи кишвари Қумистонро ҷой додаем, меравем. Ана, қуми ҳақиқӣ. Биёед, барои шиносоӣ бо он ба кафи даст ва пушти даст салом мекунем. Чӣ ҳис кардед? Қум хушк ва гарм аст. Акнун қумро ба даст гирифта, байни кафҳо молиш диҳед. Гармиашро ҳис мекунед, зарраҳои қум ба кафи дастон мефорад ва мерезад. Дар Қумистон борони қум меборад. Ин қумборонро худатон ҳам карда метавонед.(Мураббӣ қуми дасташро ба кафи дасташ мерезад ва кӯдакон ҳам чунин мекунанд). Бачаҳои азиз, оё хосиятҳои қумро донистан мехоҳед?
Бачаҳо: — Оре.
Мураббӣ: — Барои ин мо, ҳамчун муҳақиқ дар озмоишгоҳ таҷрибаҳои илмӣ мегузаронем.
Таҷрибаи №1: “Пошхӯрандагӣ (резандагӣ)-и қум.
Мураббӣ: — Бо қошуқ аз табақчаҳо қум бигиред ва ба табақча бирезед. Қум чӣ кор мекунад?
Бачаҳо: — Пош мехӯрад.
Мураббӣ: — Қум осон пош мехӯрад?
Бачаҳо: — Осон.
Мураббӣ: — Барои чӣ осон пош мехӯрад?
Бачаҳо: — Зеро хушк ва резанда аст.
Мураббӣ: — Агар қум тар бошад, пош мехӯрад?
Бачаҳо: — Не, мечаспад.

Таҷрибаи №2 . Қум аз чӣ иборат аст?
Мураббӣ: — Акнун мо қумро аз назар мегузаронем. Барои ин кор ба мо асбоби ғайриодӣ-пурбин мадад мерасонад. Бо пурбин қумро аз назар гузаронед, чиро мебинед?
Бачаҳо: — Заррачаҳои қумро.
Мураббӣ: — Яъне, қум аз заррачаҳои беҳисоби регӣ иборат будааст.

Таҷрибаи №3. «Ҳаракати қум»
Мураббӣ: — Бачаҳо, қум ҳаракат карда метавонад. Инро чӣ тавр муайян мекунем? Найчаҳоро бигиред ва бо онҳо оҳиста ба қум пуф кунед. Яъне, қум аз таъсири боду шамол ҳаракат мекунад.

Таҷрибаи №4. “Обгузаронии қум”
Мураббӣ: — Як пиёла обро ба қуми табақча бирезед. Об куҷо шуд? Бо қум чӣ шуд? (тар шуд). Яъне, қум обро аз худ мегузаронад.

Таҷрибаи №5. “Хосияти қуми тар”
Мураббӣ: — Акнун мо аз қум кулчаҳо месозем. Барои ин қуми тарро ба қолабчаҳо мерезем. Қуми тар кадом шакле, ки қолаб бошад, ҳамон шаклро мегирад.
Ҳамин тавр, мо дар натиҷаи таҷрибаҳо хосиятҳои асосии қумро муайян кардем. Такрор мекунем.
— Бачаҳо, қум чизи зинда аст ё не? Қумро дар куҷоҳо истифода кардан мумкин аст? (Ҷавобҳои гуногуни бачаҳо)
Машғулият бо чунин равиш гузаронида мешавад ва бачаҳо аз кишвари Қумистон ба гурӯҳ бармегарданд. Шиносоии бачаҳо дар кӯдакистон тахминан ҳамин тарз сурат мегирад. Онҳо хосиятҳои аҷиби қумро дониста мегиранд ва бо он бозиҳои гуногун мекунанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *