Леонард Эйлер (1707-1783) математики машҳури асри XV111 дар Швейтсария таваллуд шудааст. Ӯ соли 1727 бо таклифи Академияи илмҳои Петербург ба Россия омад ва дар ин ҷо дар иҳотаи олимони машҳури математика, физика ва астрономия соҳиби имконоти зиёд гардид, ки барои эҷоди асарҳояш заминаи мусоид фароҳам овард.
Эйлер бо ҷидду ҷаҳди зиёд ба таҳқиқи математикӣ машғул шуд, ки дар натиҷа дар 17-солагиаш аз қувваи биноӣ маҳрум гардид ва то охири умр нобино монд. Ба ин нигоҳ накарда, мувофиқи ақидаҳои олимони онвақта ва муосир, ҳамчун математики машҳуртарини олам эътироф гардид. Рӯйхати корҳои илмии анҷомдодаи ин нобиға 825 номгӯйро ташкил додаанд, ки ин нишондиҳандаи беҳтарин аст. Кашфиёт ва дастовардҳои илмии ӯ минбаъд ба китобҳои дарсии фанҳои математика, физика, химия ва соҳаи киштисозӣ ворид гардида, дар тарбияи наслҳои минбаъдаи олимони ҷаҳон саҳми босазо гузоштаанд.